Котиботи Шӯро

Котиботи Шӯро сохтори кории Шӯро мебошад, ки таъминоти иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилӣ-техникии фаъолияти Шӯроро амалӣ месозад.

Котиботи Шӯро:

   · омодасозии маводҳои барои гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро зарурӣ ва қабул кардани қарорҳоро аз ҷониби Шӯро таъмин мекунад;

   · мувофиқсозии умумӣ ва муносибати байниҳамдигарии сохторҳои давлатӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ ва инчунин бо гурӯҳҳои корӣ оид ба омодасозии маводҳои барои гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро зарурӣ ва қабул кардани қарорҳоро аз ҷониби Шӯро таъмин мекунад;

  · пешниҳодоти сохторҳои давлатӣ, намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ тибқи беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва иқлими сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ ба Шӯро фиристода мешаванд, ҷамъбаст мекунад;

  · таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии батартибандозандаи фаъолиятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкориро мегузаронад ва ба баррасии Шӯро пешниҳодотро оид ба такмилдиҳии онҳо пешниҳод мекунад;

  · пешниҳодотро тибқи ташаккули механизмҳои нави ҷалби сармояҳои хориҷиро таъминкунанда (муайянкунии стратегия ва бартариҳо) ва беҳсозии фазои соҳибкориро коркард мекунад;

  · мониторинги ҷараёни амалисозии қарорҳои аз тарафи Шӯро қабулшавандаро амалӣ мекунад;

  · таъминоти иттилоотии фаъолияти Шӯроро амалӣ мекунад;

  · муколама ва алоқаи байниҳамдигарии Шӯроро бо тарафҳои манфиатдор таъмин мекунад;

  · дар иҷроиши барномаҳои байналмиллӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи сиёсати сармоягузорӣ иштирок мекунад.

  · Фаъолияти гурӯҳҳои кориро мувофиқа мекунад ва ба фаъолияти онҳо кӯмаки техникӣ мерасонад.

Котиботи Шӯро ҳақ дорад:

  · ба сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи масъалаҳои ба салоҳияти Шӯро дахлдошта дархостҳо равона кунад;

  · экспертҳоро ба кори худ барои коркарди пешниҳодот тибқи масъалаҳои беҳгардонии фазои соҳибкорӣ ва иҷлими сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кунад;

  · ташкилкунӣ ва гузаронидани конференсияҳои матбуотӣ, мизҳои мудаввар тибқи масъалаҳои ба салоҳияти Шӯро дахлдошта;


Пешниҳодот ба Шӯрои машваратӣ
Чумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Рудаки 100, ошёнаи 11-ум
Тел.: (+992 44) 610-60-04, тел./факс: (+992 44) 610-60-04, (+992 44) 610-60-09 
Почтаи электронӣ:secretariat@investmentcouncil.tj