Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ

Дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси гуруҳи корӣ ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва пешниҳод намудани тавсияҳо барои рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ супориш дода, таъкид намуданд, ки «Ҳамаи сохторҳо ва мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки аз баҳри манфиатҳои идоравӣ ва гуруҳии худ гузашта, дар доираи ваколатҳои худ ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат намоянд».

Гуруҳи корӣ бо ҷалби шарикони рушд дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла: а) хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён; б) раводид ва бақайдгирӣ; в) иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ; г) омор ва маълумот ва д) дигар ҷанбаҳои бахши сайёҳӣ таҳлили ҳамаҷониба гузаронид, ки дар ҳуҷҷати мазкур натиҷаҳои он инъикос карда шудаанд. Дар бахшҳои зикргардида асосан вазъи кунунӣ ва мушкилоти соҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар заминаи он Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо фарогирии тавсияҳо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои бахши сайёҳӣ таҳия карда шуд. Дар асоси тавсияҳои пешниҳодгардида, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ таҳия ва қабул карда гардид.

Ҳуҷҷати номбурда аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ таҳти сарварии Роҳбари гуруҳи кории мазкур Завқиҷон Завқиев бо иштироки коршиноси байналмилалӣ оид ба рушди бахши сайёҳӣ профессор Филлип Ридл, ки бо дастгирии Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷалб шудааст, таҳия гардида, бо пешниҳодоти аъзои дигари гуруҳи кории мазкур ва гуруҳи кории шарикони рушд омода карда шудааст. Инчунин дар ҳуҷҷати мазкур натиҷаҳои таҳлили рушди бахши сайёҳӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ки бо дастгирии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир гардида буданд, ба инобат гирифта шудаанд.

Дар фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ як қатор шарикони рушд, аз ҷумла Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Агентии Олмон оид ба ҳамкорињои байналмилалӣ ва Дафтари Ҳамкориҳои Швейтсария саҳмгузорӣ намуданд. 

Бо ҳуҷҷати мазкур метавонед баъди зер кардани калимаи линк пурра шинос шавед. 



Возврат к списку

Манбаъҳои муфид