Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахши туризм яке аз бахшҳои асосии таъминкунандаи рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар даҳсолаи охир туризм дар ҷаҳон бо вуҷуди бӯҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд карда истодааст.

Тибқи омори ҷаҳонӣ, соли 2011 ҳиссаи бахши туризм дар иқтисоди глобалӣ 6,5 триллион доллари амрикоӣ ё 9,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро ташкил додааст ва даромади бахши туристӣ дар муддати 10 сол ба андозаи 116 фоиз афзудааст.

Шумораи туристон дар ҷаҳон аз 698 миллион нафар дар соли 2000-ум то ба 1 миллиарду 35 миллион нафар дар соли 2012 афзоиш ёфтааст.

Рушди бахши туристӣ ба ташкили ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва зиёдшавии воридоти асъори хориҷӣ мусоидат намуда имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор фароҳам меорад.

Ғайр аз ин, рушди бахши туристӣ ба соҳаҳои дигари алоқаманд низ манфиати зиёд меорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон ба ҳисоби миёна ҳар як доллари дар бахши туристӣ сарфшуда ба соҳаҳои дигари алоқаманд се доллари иловагӣ фоида оварда, аз ҳар як доллари дар бахши туристӣ харҷшуда 91 сенти он дар иқтисоди ватанӣ боқӣ мемонад.

Дар ин радиф, бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон имкониятњои бузурги рушди бахши туристиро доро мебошад. Аз ҷумла мавҷудияти қуллаҳои азимикӯҳҳои Помир, Роҳи бузурги абрешим, табиати нотакрор ва иқлими мусоид, фарҳангу таърихи қадима, мавзеъҳои нодири тиббиию муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, маданияти баланди меҳмоннавозӣ, таъмини амнияти шахсӣ ва дигар омилҳо барои туристони хориҷӣ ҷолиби диққат аст.

Илова бар ин, Тоҷикистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, метавонад тавассути қаламрави худ барои рафтуомади туристон ба як қатор мамлакатҳои Аврупо, Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором мусоидат намояд ва мавқеи худро ҳамчун кишвари транзитӣ барои рушди туризми минтақавӣ устувор намояд.

Бо дарназардошти нуқтаҳои баёнгардида ва рушди туризм дар Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки “якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд бо ҷалби коршиносони соҳа оид ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гузаронида, натиҷаҳои он ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод карда шавад”.

Тибқи супориши протоколии ҷаласаи 12-уми Шӯро, Котиботи Шӯро якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризмро бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа намуд, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард.

 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тибқи пешгӯии коршиносон татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида саҳми мустақими бахши туристиро дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими онро барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида метавонад.

26 июни соли 2014, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро метавонед бо пахши калимаи линк пайдо намоед. 


Возврат к списку

Манбаъҳои муфид