Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати мамлакат масъалаи рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати фаъол ва мақсаднокро дар самти беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ амалӣ мегардонад, ки ба баланд бардоштани рейтинги ҷолибнокии сармоягузории мамлакат равона карда шудаанд. Дар рафти гузаронидани чунин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории фаъолро бо гуруҳи Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардонад.

Бояд қайд намуд, ки баҳогузории байналмилалӣ, аз ҷумла тибқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои арзёбӣ намудани натиҷаҳои ислоҳоти гузаронидашуда ва муайян намудани дастовардҳои мамлакатҳо дар натиҷаи ислоҳот саҳми назаррас мегузорад. Зеро тавассути чунин баҳогузорӣ, имконият пайдо мешавад, ки сари вақт камбудиҳои ба миёномада бартараф гардида, мақсади ниҳоии ислоҳот ба даст оварда шавад.

Аз соли 2009 инҷониб Тоҷикистон мавқеи худро дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ба қадри назаррас беҳтар намуда, дар натиҷаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2010-2011 тибқи ҳисоботи мазкур ду маротиба дар қатори 10 кишвари беҳтарини ислоҳотгари олам эътироф карда шуд.

Дар баробари ин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ бояд корҳои зиёде анҷом дода шаванд. Зеро мувофиқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» дар соли 2014 дар Тоҷикистон ду ислоҳоти мусбӣ ва як ислоҳоти манфӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла:

♦ Дастрасӣ ба иттилооти қарзӣ ба қадри назаррас беҳтар гардидааст, ки ин натиҷаи ташкили Бюрои машваратии қарзии Тоҷикистон дар соли 2013 мебошад;

♦ Раванди андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ соддатар ва камхарҷ гардонида шуд, ки ин натиҷаи паст шудани меъёри андоз ба фоидаи корхонаҳо, муттаҳиднамоии андози минималӣ аз даромади корхонаҳо бо андоз аз фоида ва инчунин барҳам додани андоз аз фурӯши чакана ба ҳисоб меравад.

Аммо, чи хеле ки қайд гардид, дар баробари ду ислоҳоти мусбат аз ҷониби мутахассисони ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон як ислоҳоти манфӣ низ ба қайд гирифта шуд, ки бо мураккаб гардидани раванди ташкили субъектҳои соҳибкорӣ аз ҳисоби зиёд кардани номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии корхонаҳо вобаста мебошад. Ин аз паст шудани самаранокии нисбии ислоҳот шаҳодат медиҳад, ки дар натиҷаи он дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли 2013 ду зина поён гардида, дар соли 2014 ҷумҳурӣ мавқеи 143-юмро дар байни 184 мамлакат ишғол намуд.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки мувофиқи ҳисоботи мазкур самаранокии мутлақи ислоҳот дар маҷмӯъ баланд шуда, мамлакат ба сатҳи таҷрибаи беҳтарин дар Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ду зина, яъне аз 45,12% то 47,52% наздик гардид.

Инчунин тибқи Ҳисоботи мазкур қисми зиёди ислоҳоти бахши андоз ва ҷоринамоии «Равзанаи ягона» оид ба воридоту содирот дар Ҳисоботи соли ояндаи «Пешбурди соҳибкорӣ» ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Аз ин рӯ, бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо назардошти фикру мулоҳизаҳои соҳибкорон, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбуди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ таҳия карда шуд

Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои мазкур як қатор чорабиниҳоро мувофиқи ҳар яке аз даҳ нишондиҳандаҳои “Пешбурди соҳибкорӣ” фаро гирифтааст. Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани оид ба нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” боназардошти тавсияву пешниҳодоти ҷонибҳо ба ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 13 декабри соли 2013, муаррифӣ карда шуданд.

Мақсади асосии татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, дастрас намудани иҷозатҳо, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, ҳимояи сармоягузорон, маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани баъзе монеањои сунъӣ ва ғайра башумор меравад, ки сари вақт амалӣ намудани онҳо, дар навбати худ нишондиҳандаҳои байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас беҳтар менамояд.

Аз ин рӯ, тибқи супориши протоколии ҷаласаи 12-уми Шӯро, Котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳониро бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа намуда, ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ 3 майи соли 2014, № 300 бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Бояд гуфт, ки баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ барои вусъат пайдо кардани ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат менамояд. Зеро мусаллам аст, ки сармоягузорони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар таваҷҷӯҳи хоса доранд.

Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик Нақшаи чорабиниҳои мазкурро ба доираи васеи бахши хусусӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд муаррифӣ намояд.

Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар Ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ"-и Бонки Ҷаҳониро метавонед бо пахш намудани калимаи линк пайдо намоед. 


Возврат к списку

Манбаъҳои муфид