Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон» аз 11.06.2009, №338

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои такмил додани санадҳои

меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои Нақшаи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон гурўҳи корӣ таъсис диҳад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмонро дар мўҳлатҳои муқарраргардида таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрии дохилиидоравии худ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда, барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 


Возврат к списку

Манбаъҳои муфид