Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012»


Барномаи давлатӣ

оид ба афзун намудани имконияти

содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот

барои солҳои 2010-2012

(Карори ХЧТ аз 1.04.2011 № 183)

1. Муқаррароти умумӣ

Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012 (минбаъд Барнома) барномаи чорабиниҳои кўтоҳмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади инкишофи истеҳсолоти маҳаллии коркарди меваю сабазавот, ҳавасмандгардонии молистеҳсолкунандагони маҳаллии маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин содироти он ва ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши кишоварзии мамлакат равона шудааст.

Таҳияи Барнома аз самтҳои асосии рушди афзалиятноке, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015, инчунин Барномаи рушди коркарди саноатӣ то соли 2015 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди соҳаи боғдорӣ ва ангурпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 -2014" инъикос гардидаанд, ба вуҷуд омадааст.

Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2010-2012 барои татбиқи сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани самаранокии иқтидори содиротӣ, суръатнокии рушди иқтисодиёт дар бахши кишоварзии мамлакат ва гузариши соҳа ба муносибатҳои бозаргонӣ равона шудааст, омили муҳим мебошад.

2. Мушкилоти асосии рушди иқтидори содиротӣ

дар бахши коркарди меваю сабзавот

Яке аз масъалаҳои асосии имрӯза беҳдошти иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он дар шароити бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Вобаста ба ин бояд ба чорабиниҳои дастгирии давлатии бахши истеҳсолӣ, пеш аз ҳама ба қисми таркибии рақобатпазири он - корхонаҳои истеҳсолии (коркардкунанда) содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, эътибори махсус дода шавад.

Иқтидори содиротии меваю сабазвоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори минтақавӣ рақобатпазир мебошад. Рушд ва дастгирии он механизми муҳими нигоҳдошт ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар соли 2009 гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти барқ ва гази табиӣ, 4676,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2007 16,5 фоиз (660,9млн.доллари ИМА) зиёд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 97 давлати ҷаҳон муносибатҳои савдои берунаро ба роҳ мондааст, ки аз онҳо 11 ҷумҳурии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 86 давлати хориҷии дур мебошанд.

Маблағи содироти мол дар соли 2009 1010,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз он 55,5млн. доллари ИМА маҳсулоти бахши меваю сабзавот буда, 10,1 млн. доллари ИМА-ро ҳиссаи саноати коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ташкил медиҳад.Дар соли 2009 воридоти маҳсулоти бахши меваю сабзавот 251,876 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Таҳлил нишон медиҳад, ки рушди содирот новобаста ба инкишофи босубот ва босуръати тарақиёт ба имкониятҳои воқеии иқтисодиёти миллӣ мутобиқат намекунад. Ҳаҷми содироти маҳсулоти меваю сабзавот, суръати тараққиёти истеҳсолот ва саноати коркард дар мамлакат талаботи бозори берунаро қонеъ гардонида наметавонад.

Корхонаҳои соҳаи коркарди саноати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар ҳолати норасои ашёи хом, нархи баланди ашё ва маводи харидоришаванда, хароҷоти назарраси нақлиёт оид ба кашондани маҳсулоти кишоварзӣ барои коркарди саноатњ ва норасогии маблағи гардишњ фаъолият мекунанд. Ин ҳолат боиси баландшавии нарх ва сатҳи пасти рақобатпазирии маҳсулоти коркарди саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳо мегардад.

Бахши коркарди меваю сабзавоти ҷумҳурӣ дар худ тахминан 40 корхонаи коркарди меваю сабзавотро дар бар мегирад, ки аз он 3 маҷмўи саноатӣ, 6 заводи-бузурги конесрвабарорӣ, 3 корхонаи хусусӣ ва сехҳои хурди дар замимаи ашёи хоми хоҷагиҳои деҳқонӣ фермерӣ ташкилшуда бо иқтидори истеҳсолии 150,000 тонна (334 миллион қуттии шартӣ) дар як сол мебошад.

Ҳоло коркарди саноатии маҳсулоти меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1990 қариб шаш маротиба кам шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2009 дар мамлакат 74,5 миллион қуттии шартӣ маҳсулоти консерва истеҳсол шудааст. Дар Барномаи давлатии рушди саноати коркард барои соліои 2007-2015 мууаррар шуда буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 350 миллион қуттии шартӣ расонида шавад.

Асосан меваю сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти коркардшуда ба давлатҳои ИДМ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Кирғизисгон ва қисман ба Ҷумҳурии Молдова содир мешавад. Рушди соҳа дар солҳои наздик дар самти фардикунонии маҳсулоти содиротӣ ва пеш аз ҳама зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот бо арзиши иловагии зиёдтар, беҳтар намудани сифати маҳсулот, инчунин инкишофи босуъати истеҳсолоти ивазкунандаи маҳсулоти воридшаванда (ҷадвали №1) пешбинӣ мешавад, ки он имконият медиҳад бозорро бо маҳсулоти сифатноки истеҳсоли ватанӣ ҳаҷман пурра гардонад.

Айни замон бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ пур шудааст, ки онҳо аксари вақт аз рўи нишондиҳандаҳои таъму сифат нисбат ба маҳсулоти ватанӣ пасттар мебошанд. Вобаста будан ва аксари воридот беасос ба барқароршавӣ ва рушди бахши соҳибкории дохилидавлатии коркарди меваю сабзавот, инчунин содироти маҳсулотро мушкил мегардонад ва бо ҳамин сабаб иқтидори содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот дар ҳаҷми пурра истифода намегардад. Дар сохтори содироти бахши меваю сабзавот молҳое бартарӣ доранд, ки арзиши иловаи онҳо паст мебошанд.

Қобили зикр аст, ки муқаррар намудани чораҳои рушд ва таҳкими соҳаи коркарди меваю сабзавот ва содироти минбаъдаи онҳо барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти Байналмилалии Савдо (ТБС) бартарӣ медиҳад, зеро яке аз шартҳои он ҳамкории фаъолонаи субъекти муносибатҳои иқтисодӣ бо бозори ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ мебошад. Дар навбати худ қоидаҳои чунин ҳамкориҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо дастаҷамъона бо бартарии нақши ташкилоти Байналмилалии Савдо муайян карда мешавад. Ташкилоти мазкур 153 давлатро муттаҳид намуда, зиёда аз 95 фоизи гардиши савдои ҷаҳониро фаро мегирад ва масъалаҳои ҳамкории савдои берунаро дар сатҳи ҷаҳонӣ танзим менамояд.

Ҳамзамон, меъёр ва қоидаҳои воридшавӣ ба Ташкилоти Байналмилалии Савдо барои соҳибкории минтауавӣ амалигардонии муҳити нави ташкилию ҳуқуқиро таъсис медиҳад, ки баъзе мураккабиҳоро ба миён меоварад.

Дар ҳолати ба Ташкилоти Байналмилалии Савдо ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои иштирокчӣ бо тартиби мутақобила меъёрҳои нархномаи воридотӣ ва шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ, мувофиқанамоии сатҳи дастгирии давлатии бахши кишоварзии иқтисодиёт, инчунин нархномаи муқарраршудаи молҳои махсусан нозук ба эътибор гирифта мешавад. Бо мақсади ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ дар рафти гуфтушунидҳо бо давлатҳои узви гурӯҳи корӣ оид ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти Байналмилалии Савдо муқаррар намудани нархномаи воридотии муносиб ба консерваҳои меваю сабзавот мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳангоми воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти Байналмилалии Савдо зарур аст, ки ба содиркунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротӣ дастгирии ҳамаҷонибаи иттилоотию машваратӣ расонида шавад, ки он тавонад рақобатпазирии молҳоро дар бозори ҷаҳонӣ баланд бардошта, инчунин барои диверсификатсияи содирот аз ҳисоби маҳсулоти тайёр ва баландсифат шароит фароҳам оварад. Вобаста ба ҳамин бояд чораҳои дастрасӣ ба иттилоот ва пешниҳоди кӯмаки машваратӣ оид ба рушди кишоварзӣ, инчунин таҳкими рушди имкониятҳои институсионалӣ таҳия карда шаванд.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми мавҷудаи дастгирии молиявии давлатӣ барои коркардкунандагони меваю сабазавот кифоя намебошад. Дар мамлакат маҷмўи чораҳои системавӣ оид ба ҳавасмандгардонии содирот ва беҳтар кардани сохтори он дар самти зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти сифатнок бо ҳиссаи баланди арзиши иловашуда вуҷуд надорад. Ҳамчунин системаи маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби он мубодилаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда таъмин карда шуда, ба бартарияти мубодилот, нишонрасии воқеии истеҳсолоти умумӣ, ки баъзан мақсаднокии оғози истеҳсолот тавассути номувофиқатии маълумоти ниҳоӣ байни талабот ва пешниҳодот маҳсуб мешавад, таҳия нашудааст.

Барои зиёд намудаии иқтидори бахши коркарди саноатии маҳсулоти меваю сабзавот фаъолияти заводҳои бузурги коркарди меваю сабзавот зарур мебошад. Вале заводҳои консервабарории бузург дар марҳилаи ҳозира аз сабаби мушкилоти молиявӣ, нокифоягии ашёи хоми зарурӣ, дур будани масофаи боркашонӣ, инчунин мавҷуд набудани мавод барои қуттиҳои замонавӣ манфиатовар нестанд. Вобаста ба ҳамин бояд корхонаҳои хурду миёнае, ки дар бахши коркарди меваю сабзавот фаъолият мекунанд, дастгирӣ карда шаванд.

Бннобар ин, бо назардошти арзёбии зикршудаи бахши меваю сабзавот ва таҳлили ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мсгардад, ки истифодаи захираҳои ташкилию ндоракунии мавҷуда барои ҳалли мушкилоти асосӣ дар самти рушди қудрати содиротии соҳа имконият намедиҳанд. Барои татбиқи самарабахши он истифодаи системаи дастгирии давлатии коркардкунандагон ва содиркунандагони ин соҳа талаб карда мешавад.

Ҳоло рушди иловагии соҳа дасггирии молиявии давлатии содиротро талаб мекунад. Барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ бояд фаъолияти мақомоти иҷозатдиҳӣ такмил дода шавад.

Таҳлили ҷараёни барасмиятдарории содирот нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои нигоҳдорандаи рушди гардиши савдои беруна мавҷуданд, ки мураккабии низоми иҷозатдиҳии давлатии амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ яке аз онҳо мебошад. Талаботи аз меъёр зиёд ва риояи онҳо метавонад халали ҷиддӣ барои идораи мақомоти давлативу бахши соҳибкорӣ ворид намоянд ва барои рушди савдои байналмилалӣ монеа эҷод созанд. Бо мақсади такмили ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти иҷозатдиҳӣ зарурати ворид намудани низоми содаи гузариши марҳилаи содиротӣ-воридотӣ, ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатнокии савдои давлатӣ ва рушди иқтисодии он зарур мебошад. Фаъолияти мақсаднок ва суботкорона дар ин самт, яке аз стратегияи асосии аксари давлатҳои мутараққӣ маҳсуб мешавад. Масъалаи содда намудани марҳилаи савдои байналмиллалӣ аз нуқтаи назари паст намудаии нигоҳдории муроҷиатҳо, беҳтар намудани марҳилаи барасмиятдарории он, баланд бардоштани тақсимоти захираҳо ва пурзўр намудани шаффофият муҳим мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми иҷозатдиҳии муносибатҳои содиротӣ-воридотии мураккаб ва баъзан такроршаванда амал менамояд. Дар сатҳи мақомоти давлатӣ сатҳи пасти ворид намудани технологияи иттиллотонӣ ва компютерикунонии гардиши ҳуҷҷат ба назар мерасад.

Дар ин замина пурзўр намудани иқтидори рушди коркарди меваю сабзавот ва содироти минбаъдаи он зарур аст, ки:

- расмиёти содироти маҳсулот содда карда шавад;

- рамиёти воридоти техника ва таҷҳизот, инчунин қисмҳои эҳтиётии барои соҳаи коркарди меваю сабзавот зарурие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол намешавад, содда карда шаванд;

Барои татбиқи самараноки чорабиниҳои барнома бояд на танҳо имкониятҳои тиҷорати хориҷии мавҷуда ва бартарияти рақобат, балки эҳтимолияти хавф низ ба ҳисоб гирифта шаванд:

- рақобатпазирии нокифояи маҳсулот ва хизматрасонии аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пешниҳодшаванда;

- коста шудани фондҳои асосӣ ва нокифоя будани сатҳи техникии истеҳсолот;

- камчинии қувваи барқ ва вобастагии зиёд аз нархи қувваи барқ;

- қафомонии рушди бахши роҳҳои нақлиётӣ.

Татбиқи чорабиниҳои Барнома бо назардошти паст намудани хавфи зикршуда метавонад ба рушди гардишоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби содироти соҳаи меваю сабзавот мусоидат намояд.

3. Мақсади Барнома

Мақсади асосии Барнома ин баланд бардоштани рақобатпазирии мол ва хизматрасонии коркарди маҳсулотҳои меваю сабзавот, инчунин зиёд намудани ҳаҷми содирот аз ҳисоби дастгирии давлатӣ ба корхонаҳои содиротии воқеӣ ва иқтидорманд ба ҳисоб меравад.

4. Вазифаҳои Барнома

Барои ба мақсадҳои асосии Барнома расидан амалӣ намудани вазифаҳои зерин оид ба дастгирии корхонаҳои содиротчиён маҳсулоти соҳаи меваю сабзавот зарур аст:

- дастгирии молиявии корхонаҳосодиротчиён аз ҳисоби рушди низоми қарзӣ - молиявӣ;

- дастгирии иттилоотӣ - маслиҳатии корхонаҳо - содиротчиён ва истеҳсолкунандагони маҳсулот ва хизматрасонии содиротӣ;

- содда намудани расмиёти содиротӣ-воридотӣ;

- рушди гурӯҳҳои саноатии молиявӣ дар соҳа ва дигар шаклҳои идоракунии замонавӣ дар дохили силсилаи арзиши иловашуда;

- беҳтар намудани низоми маркетинги маҳсулоти меваю сабзавоти ватанӣ.

Барои таъмини рушди бомароми соҳаи кишоварзӣ ва коркарди саноатии меваю сабзавот таъминоти мувофиқи молиявӣ зарур аст. Дар ин асос тибқи Барнома, таҳияи низоми зарурии дастрасии корхонаҳо ба маблағҳои кредитӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад дар оянда ташкил намудани гурӯҳҳои молиявӣ - саноатӣ ё Шаклҳои идоракунии замонавӣ (минбаъд "ГМС") барои шахсоне, ки бо парвариш, коркард ва фурўши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ машғуланд. Гурӯҳҳои молиявӣ -тавассути бастани шартномаҳо оид ба парвариш ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо муқаррар намудани хусусияти муайяншудаи ҳамаи шаклҳои хоҷагидориро дар истеҳсолоти кишоварзӣ таҳти тамғаи тиҷоратии ягона муттаҳид менамояд.

Таъсис намудани гурӯҳҳои молиявӣ-саноатӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба паст шудани сатҳи таносуби хароҷот, баланд гардидани рақобатнокии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва таъсиси тамғаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозори хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар оянда содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори хориҷӣ, ки фоидаи калон меорад, дар назар дошта шудааст. Истеҳсоли шарбатҳои мевагӣ, маҳсулоти меваю сабзавоти хушккардашуда бо истифодаи технологияи табии хушккунӣ ва технологияи чандирии саноатии коркард яке аз самтҳои афзалнятнок ба ҳисоб меравад.

Тибқи Барнома дар як вақт масъалаҳои зерин дар назар аст:

- нигоҳ доштани низоми андозбандии имтиёзноки истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- беҳтарнамоии вазъи молиявин молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар асоси такмили заминаи қонунгузорӣ, ки ба беҳтарнамоии молиявӣ тааллуқ доранд.

Дар мӯҳлати татбиқи Барнома устуворнамоии ҳолати молиявӣ дар саноати коркард дар назар аст.

Ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкории байни агентиҳо, мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар танзими ғайритарифии расмиёти тиҷорати хориҷӣ иштирок менамоянд, зарурати ҷорӣ намудани принсипи Равзанаи ягона (РЯ) ҷиҳати содда намудани расмиёти содиротӣ-воридотӣ рўи кор меояд. Мақсади асосии Равзанаи ягона, ин муносибгардонии сохторн маъмурӣ ва кам намудани монеаҳои маъмурӣ дар ҳолати омода намудани ҳуҷҷатҳо (сертификатҳо, шаҳодатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва ғайра), ки барои барасмиятдарории гумрукӣ талаб карда мешаванд, маҳсуб меёбад.

Дар ни замина, асосноксозии техникии иқтисодии (АТИ) ворид намудани Равзанаи ягона, ҷиҳати содда гардонидани расмиёти содиротию воридотњ таҳия карда шудааст. Оид ба ин масъала қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 майи соли 2010, №222 қабул карда шуд. Ҷиҳати пайвастшавӣ ба низоми Равзанан ягона корхонаҳои коркарди соҳа бояд асосноксозии техникии иқтисодии ҷорӣ намудани низоми мазкурро дар соҳа таҳия намоянд.

Мақсади таъсиси низоми таъмини иттиллоотии давлатӣ дар соҳаи коркард аз таъсиси низоми таъминоти давлатии иттиллоотӣ иборат мебошад. Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои гузошташуда ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:

- таъсиси сарчашмаҳои давлатии иттилоотӣ дар соҳаи коркард ва таъмини дастрасии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, инчунин субъектҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ ба онҳо;

- таьмин намудани пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ оид ба таъминоти иттилоотии соҳаи коркард барои молистеҳсолкунандагони ҳамаи шакли моликият дар асоси рушди низоми иттилоотии коммуникатсионӣ.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати мушаххас намудани ҳолатҳои зикршуда, ки ба корхонаҳои коркардкунанда дахл доранд, бояд таҳлилҳои зерин амалӣ шаванд:

- муқаррар намудани эҳтиёҷот, дархост ва талаботи харидорон;

- таҳияи пешниҳодот дар бозори мол, ки барои харидор зарур аст ва талаботи онҳоро қонеъ менамояд;

- муқаррар намудани нарх, ки барои харидор дастрас буда, ба фурўшанда даромади кофиро таъмин месозад;

- интихоби роҳҳои манфиатдор ва мувофиқи дастраснамоии мол то харидор;

- асоснокнамоӣ ва истифодаи усул ва манбаи таъсиррасонии фаъол ба бозор, бо мақсади ташкил намудани талабот ва ҳавасмандгардонии фурўш.

Барои ин таҳияи комплекси таҳлилӣ (сиёсати молӣ, сиёсати нархӣ, фурўши мол ва сиёсати комуникатсионӣ) оид ба татбиқи маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст.

Вазифаи асосии сиёсати молӣ аз таҳияи самтҳои муносиби феҳристи мол ва муқаррар намудани навъҳои моле, ки барои фаъолияти босамар мақбуланд ва фаъолияти самараноки соҳаи коркарди ҷумҳуриро дар маҷмўъ таъмин менамоянд, иборат аст.

Инчунин, муайян намудани афзалиятҳои маҳсулоти коркардшудае, ки дар бозори хориҷӣ талабот доранд. Мутобиқи Барномаи давлатии қаблан қабулшуда, дар соли 2012 то 150 миллион қуттии шартӣ зиёд намудани ҳаҷми содироти консерваҳои меваю сабзавот дар назар мебошад.

Ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ оид ба рушди минтақаҳо то соли 2015, таъсиси комплекси инфрасохтори иҷтимоӣ, бо афзалияти ташаккули хизматрасонии бахши хусусӣ, бо тақсимоти нақш ва вазифаҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ зарур аст.

Иҷрои Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки Мақсади Рушди Ҳазорсола, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Барномаи рушди содирот барои давраи то соли 2015 ва Барномаи рушди коркарди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 амалӣ шаванд. Ин дар навбати худ имкон медиҳад:

- баланд бардоштани иқтидори истеҳсолотии бахши коркард;

- васеъ намудани навъ ва азнавкунии маҳсулот;

- ташаккули рақобат ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ;

- ташкил намудани шароити мусоид барои фурўши маҳсулот дар бозор;

- паст намудани вобастагии истеъмолӣ аз маҳсулотҳои асосии хӯрокворӣ тавассути зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ки ба коста гардонидани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Ҳолатҳои асосии зикршудаи Барнома хислати дарозмуддат доранд.

5. Манбаи маблағгузории Барнома

Татбиқи Барномаи мазкур ва маблағгузории он дар ҳамкорӣ ва бо мувофиқаи вазорати ваколатдор амалӣ мегардад. Чорабиниҳои барномавӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии лоиҳаҳои кўмаки техникии ташкилотҳои донорӣ татбиқ мегарданд. Татбиқи чорабиниҳои Барнома аз ҷониби вазорату идораҳо бо истифодаи захираҳои кадрии дохилӣ амалӣ мегарданд.

6. Ташкил ва назорат оид ба татбиқи Барнома

Назорати умумии татбиқи Барномаро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Товикистон дар доираи ваколатҳои муқарраршуда амалӣ менамояд. Вазоратҳо, іар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои барнома ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ташкил намудани гурӯҳи кории мустақил ҷиҳати мониторинги ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур мебошад.

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияти худро дар соҳаи беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ амалӣ менамоянд, инчунин намояндагони ассотсиатсияхои соҳибкорӣ аз ҳисоби Шўрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва итгиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма шомиланд.

7. Мӯҳлати татбиқи Барнома

Татбиқи Барнома аз ду марҳила иборат аст.

Марҳилаи якуми татбиқи Барнома соли 2010 мебошад. Дар ин марҳила пеш аз ҳама таъсиси инфрасохтор ва низоми амалигардии Барнома, ки ба ин таъсиси сомонаи иттилоотӣ ва барқарорнамоии мубодилот бо вазорату идораҳо дар самти дастгирии фаъолияти содиротӣ, дохил мешаванд, ба нақша гирифта шудааст.

Марҳилаи дуюми татбиқи Барнома солҳои 2011-2012 дар худ чорабиниҳоро оид ба татбиқ ва баландбардории иқтидори содиротӣ дар заминаи инфрасохтор ва низоми амалинамоии Барнома, ки дар марҳилаи якум таъсис ёфта буд, инъикос менамояд.

Натиҷаи татбиқи Барномаи мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаи коркарди меваю сабзавот истифода карда мешавад.



Возврат к списку

Манбаъҳои муфид