Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии
ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани
фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои
солҳои 2012-2014
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба раванди беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар семоҳа ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2011 № 459
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" октябри соли 2011, № 459
тасдиқ шудааст
Барномаи
дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар
намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи
сохтмон барои солҳои 2012-2014
1. Муқаррароти умумӣ
Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон, (минбаъд Барнома) ин Барномаи чораҳои иловагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон, инчунин рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ин соха равона карда шудааст.
Зарурияти таҳияи Барнома аз меъёрҳои афзалиятноки самтҳои асосии рушд, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" инъикос гардидаанд, бармеояд.
Барнома омили муҳим дар татбиқи самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудааст, маҳсуб мешавад.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома
1) Мақсади асосии Барнома ин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар соҳаи сохтмон ва фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар бобҳои 3-10 ҳамин Барнома зикр шудаанд, мебошад.
2) Барои ба мақсадҳои асосии Барнома расидан амалӣ намудани чорабиниҳои дар замимаи Барномаи мазкур пешбинишуда зарур аст.
3. Татбиқи гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста
ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон
§1) Нарасидани кадрҳо, захираҳои моддию техникӣ.
3) Амалӣ гардидани Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 тасдиқ шудааст, аз фаъолияти босамари мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ (сармеъмори шаҳр, ноҳия) вобастагии калон дорад. Аммо вазъи молиявии мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва сохтори мавҷудаи онҳо дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошта, танҳо аз як адад воҳиди корӣ (сармеъмори шаҳр, ноҳия) иборат мебошад, ки ҳатто аз оддитарин шароити корӣ, ба мисли утоқи алоҳидаи корӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва ғайра маҳруманд. То ҳанўз фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ мешавад. Бинобар мавҷуд набудани базаи моддию техникӣ ва дигар захираҳои дахлдор, сармеъмори ноҳия (шаҳр), ки масъули таъмини принсипи "Равзанаи ягона" аст, ҳангоми муроҷиати аризадиҳанда (фармоишгар, сармоягузор) ҷиҳати гирифтани шартҳои техникӣ ва супоришҳои меъморию банақшагирӣ бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, мўҳлатҳои муқарраршударо риоя карда наметавонад.
§2) Мавҷуд набудани системаи ягонаи автоматизатсияшуда.
4) Системаи ягонаи автоматизатсияшуда миёни мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозњ ва дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меъморӣ, инчунин, хадамоти муҳандисӣ мавҷуд нест, ки дар натиҷа ҳам мўҳлатҳо риоя намешаванд (чӣ аз ҷониби мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва чӣ аз ҷониби хадамоти муҳандисӣ) ва ҳам имконияти фароҳам овардани базаи ягонаи оморӣ оид ба муроҷиатҳо ва натиҷаи баррасии онҳо, оид ба додан ва ё надодани шартҳои техникӣ ва супоришҳои меъморию банақшагирӣ ва дар маҷмўъ, оид ба тарҳрезии иншооти бунёдшаванда ва бунёдшуда нест.
5) Мавҷуд набудани ҳамкорӣ миёни мақомоти меъморию шаҳрсозӣ ва хадамоти муҳандисӣ-техникӣ. Бинобар мавҷуд набудани заминаи моддию техникӣ хадамоти муҳандисӣ-техникӣ дар маҳалҳо омода нестанд, ки тибқи принсипи "Равзанаи ягона" бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкорӣ кунанд.
6) Ташкили кори Комиссияи давлатии қабул. Дар бисёр ҳолатҳо ташкили кори Комиссияи давлатии қабул тўл мекашад, дар натиҷа мўҳлатҳои муайяншуда риоя намегарданд ва иншоот сари вақт ба истифода дода намешавад. Чи тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, дар бисёр ҳолатҳо аризадиҳанда ҳар як аъзои комиссияро худаш дар алоҳидагӣ пайдо намуда, имзояшро мегирад, ки ин боиси дурудароз шудани ҷараёни қабул ва фароҳам омадани имкониятҳо барои cap задани ришваситонӣ мегардад. Ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо аризадиҳанда худаш санадро барои тасдиқ ба мақомоте, ки Комиссияи давлатии қабулро таъсис додааст, мебарад, ки ин боиси дар маҷмўъ вайрон шудани принсипи "Равзанаи ягона" мегардад.
7) Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдор. Бо мақсади татбиқи Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 тасдиѕ шудааст, ба қонунгузорӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, аз ҷумла, оид ба кўтоҳ кардани мўҳлатҳои амалкунанда, муайян намудани масъалаи пулакӣ ва ё бепул будани ин ё он расмиёт, номгўи хуҷҷатҳои талабшаванда, тартиби пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, бекор кардани расмиёти маъмурие, ки гузаштани он ба ғайр аз хароҷоти зиёдатӣ дигар манфиате надорад, инчунин баланд бардоштани масъулият барои вайрон намудани Тартиби гузаштани расмиёти маъмурӣ. Вале тавре таҷриба ва таҳлилҳо оид ба амалӣ намудани "Равзанаи ягона" нишон медиҳанд, бинобар сабаби дар маҳалҳо аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз набудани мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, хадамоти муҳандисӣ техникӣ қарори номбурда нокифоя амалӣ гашта истодааст.
8) Мавҷудияти Нақшаи генералӣ на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо. Тибқи талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла, Тартиби гузаштани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ, Шартҳои техникӣ ва Супоришҳои меъморӣ-банақшагирӣ бояд бо назардошти талаботи Нақшаи генералӣ дода шаванд. Айни замон, дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ Нақшаи генералии 33 шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст. Бинобар ин, дар шаҳру ноҳияҳое, ки Нақшаи генералӣ вуҷуд надорад, ин талабот риоя намегардад.
9) Мавҷуд набудани сохторҳои баъзе аз мақомоти дахлдор дар маҳалҳо. Баъзе аз мақомоти дахлдор, ки ба раванди амалигардонии принсипи "Равзанаи ягона" алоқамандй доранд, дар маҳалҳо (ноҳияҳо, шаҳрҳо) сохтори худро надоранд, ки дар натиҷа аризадиҳанда барои мувофиқа намудани ин ё он ҳуҷҷат ва ё гирифтани он бояд аз ноҳияи дурдаст ба Душанбе биёяд.
10) Оид ба татбиқи бечунучарои Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 тасдиқ шудааст, зарур аст:
- зиёд намудани шумораи кормандони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва маблағгузории фаъолияти онҳо бо мақсади таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ", Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №127 тасдиқ шудааст, Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 тасдиқ шудааст;
- фароҳам овардани шароити моддию техникӣ, ташкили системаи пайваста миёни мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меъморӣ, инчунин миёни мақомоти меъморию шаҳрсозӣ ва хадамоти муҳандисӣ;
- аз ҷониби Агентии сохмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилотҳои донорӣ ташкил ва гузаронидани маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ барои мутахассисони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, хадамоти муҳандисию техникӣ ва корхонаҳои сохтмонӣ вобаста ба мазмун, моҷият ва оқибатҳои риоя нагардидани принсипи "Равзанаи ягона" ҳангоми гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ;
- ташкили кори комиссияҳои давлатии қабул дар маҳалҳо тибқи принсипи "Равзанаи ягона";
- ташкил ва дасграс намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва дигар тағйироти ба қонунгузорӣ воридгардида;
- ба роҳ мондани корҳои вобаста ба таҳия ва ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои дахлдор;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоте, ки дар ҷараёни гузаронидани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ иштирок менамоянд, вале дар маҳалҳо сохтор надоранд;
- ба роҳ мондани корҳо оид ба ошкор ва ҳал намудани мушкилоти вобаста ба таъмини устувории иншооти мавҷуда ва сохташавандаи таъмини оби нўшокӣ ва канализатсия дар маҳалҳо;
- гузаронидани инвентаризатсия ва баҳисобгирии объектҳои мавҷудаи системаҳои таъмини оби нўшокӣ ва канализатсия.
4. Ташкили дуруст гузаронидани тендерҳо
11) Аз маблағи тендер кам нишон додани маблағи дархост бо мақсади ҷолиб омадан дар тендер ва ба даст овардани шартномаи пудратӣ. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" яке аз меъёрҳои интихоби ҷолиби тендер ин аз ҷониби довталаб пешниҳод шудани нархи аз ҳама паст, барои иҷрои кори дахлдор мебошад. Бо назардошти ин, баъзе аз довталабон бо мақсади ҷолиб омадан дар тендер ва ба даст овардани шартномаи пудратӣ, маблағи дархосташонро аз маблағи умумии барои иҷрои корҳои сохтмонӣ муайяншуда бениҳоят кам ва сифати кори иҷрошавандаро хуб нишон дода ҷолиби тендер мешаванд. Ҳангоми иҷрои корҳо бошад, аз масолеҳи пастсифат ва ё қувваи кории арзон истифода мебаранд, ки ин ба паст гаштани сифати иншоот оварда мерасонад. Аз дигар тараф, аз сабаби нишон надодани талабот оид ба сифати масолеҳи сохтмонњ мутобиқи лоиҳа дар эълони даъват барои иштирок дар тендер ва ё дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ки аз ҷониби харидор ба довталабон пешниҳод карда мешаванд, чунин камбудиҳо роҳ дода мешаванд.
12) Барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда зарур аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" тағйиротҳои зерин ворид карда шавад:
- пешбинӣ намудани талаботи ҳатмӣ дар хусуси аз ҷониби комиссияи тендерӣ рад намудани дархости иштирок дар тендер, дар ҳолати ба андозаи зиёда аз 10 фоиз аз нархи умумии муқарраршудаи тендер паст пешниҳод шудани дархост;
- омўзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва стандартҳои байналмиллалӣ оид ба усулҳои таъмини кафолат, аз їумла, системаи суғурта дар соҳаи сохтмон, ба роҳ монда шуда, аз натиҷааш таклифҳо пешниҳод карда шавад.
5. Хотима додани санҷишҳои доманадор баъди ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ
13) Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" санҷиши мавзўи пудратчиён оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблағҳои Буҷетњ давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо кафолати ў ҷалбшаванда аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" танҳо оид ба ҳамин маблағҳо ба амал бароварда мешавад. Лекин тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни мазкур, нисбати фаъолияти молиявии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмоние, ки тибқи тендер амалӣ карда мешаванд, танҳо дар намуди санҷиши мутақобила сурат мегирад. Санҷиши мутақобила бояд танҳо оид ба масъалағои дуруст дарҷ гардидани амалиёти мушаххас дар ҳуҷҷатҳои молиявии пудратчӣ дар давраи санҷиш, ки бояд дар қарори оид ба гузаронидани чунин санҷиш дарҷ гардад, гузаронида шавад. Тибқи иттилои ташкилотҳои сохтмонӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мутақобилаи молиявии фаъолияти пудратчиён, мўҳлатҳои дар Қонун муайяншуда риоя карда намешаванд.
Санҷиши мутақобила ҳамчунин на танҳо оид ба масъалаҳои дуруст дарҷ гардидани амалиёти мушаххас дар ҳуҷҷатҳои молиявии пудратчӣ дар давраи санҷиш, балки инчунин оид ба сифати кор, риояи нархномаи аз ҷониби Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқшуда, ки ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷетӣ он ҳатмӣ мебошад, инчунин оиди аз ҷониби пудратчиён истифода гардидани усулҳои нархгузорӣ (захиравӣ ва ё калонкардашуда) низ гузаронида мешавад ва ба санҷишҳои мавзўӣ табдил меёбад. Вале Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" санҷиши мавзўиро пешбинӣ накардааст ва санҷиши мутақобила дар ҳолати гузаронидани санҷиши асосии фармоишгарон бояд танҳо оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблағҳои Буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо кафолати ў ҷалбшаванда гузаронида шавад. Ҳамчунин тибқи Қонуни номбурда мўҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти молиявии пудратчӣ то 20 рўзи тақвимӣ мебошад ва ин мўҳлат танҳо дар ҳолатҳои истисноии пешбининамудаи Қонуни мазкур ва танҳо як маротиба ба мўҳлати на зиёдтар аз сеяки мўҳлати асосии санҷиши мутақобила (яъне, ба мўҳлати ҳафт рўзи дигари тақвимӣ) дароз карда шуда метавонад.
14) Дар баъзе ҳолатҳо пудратчиён ҳангоми тартиб додани сметаи хароҷот тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ки аз ҷониби фармоишгар ба онҳо пешниҳод мешаванд, аз усули нархгузории калонкардашуда истифода мебаранд. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои молиявӣ аз пудратчиён талаб карда мешавад, ки сметаи хароҷотро бо усули нархгузории захиравӣ баргардонанд, ки ин на танҳо ғайриқонунӣ мебошад, балки инчунин як кори зиёдатӣ буда, вақти зиёди пудратчиро мегирад.
15) Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 731-736, 755-774) барои оқибати қабули иншоот барои истифода ва ба таври бояду шояд иҷро гардидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, барои сифати кор ва дурустии нархҳо, фармоишгар масъул аст. Фармоишгар вазифадор аст, ки ҳангоми қабули иншоот то кадом дараҷа риоя шудани сифат ва арзиши муқарраршударо санҷад ва ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо, иншоотро кабул накунад ва аз пудратчӣ талаб намояд, ки камбудиіоро бартараф созад. Дар іолати беасос сарфи назар гардидани камбудиҳо аз ҷониби фармоишгар, ў ҳуқуқи минбаъд талаб кардани рафъи камбудиҳоро аз даст медиҳад ва барои оқибати он масъул аст. Вале тавре ки таҷриба нишон медиҳад, пас аз қабул гардидани иншоот аз ҷониби фармоишгар ва комиссияи давлатии қабул, ки барои оқибатҳои қабули иншоот масъулият доранд (моддаи 430 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳангоми санҷиши фаъолияти молиявии фармоишгар, фаъолияти молиявии пудратчӣ мавриди санҷиши мутақобила қарор мегирад. Дар натиҷаи ошкор гардидани камбудиҳое, ки фармоишгар ва ё комиссияи қабул мебоист ошкор ва ислоҳашонро то қабули иншоот аз пудратчӣ талаб мекарданд, пудратчӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аммо фармоишгар ва комиссияи қабул аз масъулияти оқибатҳои қабули иншооти камбудидошта дар канор мемонанд.
16) Аз ин рў мақомоти санҷиширо зарур аст, ки:
- ташкил ва гузаронидани санҷишҳоро бо риояи талаботи қонунҳо, аз ҷумла, моддаҳои 1,9, 14 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба роҳ монанд;
- гузаронидани ҳама гуна санҷишҳои беасос ва ғайриқонуниро манъ намоянд;
- ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мутақобилаи молиявӣ, тафсили ҷузъиёт (яъне ба усули захиравӣ пешниҳод кардан)-и сметаи хароҷоте, ки аз тендер бо усули калонкардашуда гузаштааст (ва баръакс), талаб накунанд;
- ҳангоми дар рафти санҷишҳо ошкор гардидани камбудиҳо, аз он ҷумла, вобаста ба нархгузорӣ, ҷавобгарии пудратчӣ, фармоишгар ва дигар иштирокчиёни ҷараёни сохтмониро тибқи талаботи қонунгузорӣ вобаста ба дараҷаи гунаҳкории ҳар кадомашон баробар муқаррар намоянд.
6. Ба танзим даровардани системаи нархгузорӣ ва
муайян кардани фарқи арзиши масолеҳ дар бозор ва маҷмўъ
дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ
§1. Мукаммалдиҳии тартиби амалкунандаи нархгузорӣ ва муайян
кардани фарқи арзиши масолеҳ дар бозор
ва маҷмўъ дар соҳаи сохтмон
17) Мавҷуд набудани "Консепсияи такмил додани нархгузорӣ ва меъёрҳои харҷномавӣ дар соҳаи сохтмон" боиси номукаммалии системаи нархгузорӣ, муқаррар намудани нархномаҳо ва ҷои доштани дигар мушкилотҳо дар соҳаи сохтмон гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат фарқият байни нархҳои дар маҷмаа дода шуда, истеҳсолкунанда ва бозори маводи сохтмонӣ вуҷуд дорад. Ин фарқият асосан дар ваѕти гузаронидани санҷишҳо аз тарафи санҷишгарон баъди ба анҷом расонидани корҳо ошкор карда мешавад. Аз сабаби он ки, байни иҷрои корҳо ва санҷишҳо як фосилаи вақти муайян мегузарад (аз 1 то 3 сол) ба ташкилотҳои сохтмонӣ исбот кардани нархҳои ҳамон вақта номумкин мегардад. Чунки нархҳои маҷмаавӣ дар 3 моі як бор интишор гардида, аммо нархҳои бозор ва истеҳсолкунанда бошад дар ин муддат чанд маротиба тағйир меёбанд, ки аз тарафи санҷишгарон ба инобат гирифта намешавад.
18) Ташкили гузаронидани мониторинги доимии нархҳои хизматрасониҳо ва масолеҳи сохтмонӣ дар бозорҳои марказии шаҳрҳои Душанбе, Қўрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Маҷмўи нархҳои миёнаи харҷномавии захираҳои асосии сохтмонӣ;
19) Ташкили таҳияи нархномаҳои семоҳа, барои ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ дар алоҳидагӣ бо назардошти сифати масолеҳи сохтмонӣ, арзиши бозории қувваи корӣ, кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи сохтмон, бо тариқи бюллетен, нашрияи соҳавӣ, сайт ё дигар восита дастрас кардани он;
20) Ба эътибор гирифтани арзиши аслии иҷрои корҳо оид ба кўчонидани кранҳои борбардор ба майдончаҳои сохтмонӣ дар сметаи хароҷотҳо.
21) Аз ин рў оид ба системаи нархгузорӣ ва муйян кардани фарқи арзиши масолеҳ дар бозор ва маҷмўъ зарур аст:
- таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани "Консепсияи такмил додани системам нархгузорӣ ва меъёрҳои харҷномавӣ дар соҳаи сохтмон", инчунин наѕшаи чорабиниҳои вобаста ба амалӣ намудани он;
- гузаронидани мониторинги доимии нархҳои хизматрасониҳо ва масолеҳи сохтмонӣ дар бозорҳои марказии шаҳри Душанбе, Қўрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, ҳар семоҳа ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Маҷмўи нархҳои миёнаи харҷномавии захираҳои асосии сохтмонӣ, барои ҳар як минтақа дар алоҳидагӣ бо назардошти сифати масолеҳи сохтмонӣ, арзиши бозории қувваи корӣ, кор ва хизматрасониҳо дар соҳаи сохтмон, бо тариқи бюлетен, нашрияи соҳавӣ, сайт ё дигар восита дастрас намудани он;
- дар сметаи хароҷотҳо ба эътибор гирифтани арзиши аслии иҷрои корҳо оид ба кўчонидани кранҳои борбардор ба майдончаҳои сохтмонӣ.
§2. Оид ба хароҷоти борхати ташкилотҳои сохтмонӣ:
22) Дар асоси муроҷиати ташкилотҳои сохтмонӣ маълум гардид, ки фармоишгарон пас аз гузаштани тендер ва муайян кардани ташкилоти ҷолиби озмун барои бунёди иншоот, аз ибораи дар меъёрҳои соҳаи сохтмон оид ба додани хароҷоти борхатӣ "то 15 фоиз" истифода бурда, беасос нархи дар озмун муайяншударо аз ҳисоби хароҷоти борхатӣ кам менамоянд, ки ин ба роҳ додани ришваситонӣ оварда расонидааст.
23) Хол он, ки дар асоси маълумотҳои омории "Хароҷоти корҳо, маҳсулот ва хизматрасонӣ, бо қувваи худи ташкилотҳои пудратӣ" иҷрокардашуда дар соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки хароҷоти борхатӣ дар корхонаҳои сохтмонӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 14,7 фоизро т-ашкил медихад. Дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ба ҳисоби миёна ин нишондод 19,2 фоиз ва дар ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҷдуд 13 фоизро ташкил мекунанд.
24) Аз ин лиҳоз зарур аст, ки:
- меъёри хароҷоти борхати пудратчӣ дар асоси маълумотҳои оморӣ ва иттилооти расмии ташкилотҳои сохтмонӣ аз нав муайян карда шавад.
- дар харҷномаҳо фоизи мушаххаси хароҷотҳои пудратчӣ тибқи таҳлилҳои (мониторингҳои) дақиқ сабт карда шаванд.
7. Мукаммал гардонидани системаи иҷозатномадиҳӣ дар фаъолияти меъморӣ ва сохтмонӣ
25) Яке аз принсипҳои Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар намудани номгўи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва раванди иҷозатномадиҳӣ мебояд, ки ба Қонуни мазкур як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд;
- ба сархати ҳаждаҳуми моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ҷумлаи нав бо мазмуни "Ба ғайр аз сохтмонӣ манзилҳои шахсӣ", илова карда шавад, чунки ҳангоми бунёд намудани сохтмони манзилҳои шахсӣ аз тарафи шаҳрвандон, зарурати гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ нест.
- "тартиби муайян намудани сатҳи корҳои иҷрошаванда", "сатҳи масъулиятнокии иншоот" ва "меъёрҳои баҳодиҳии довталаби иҷозатнома" ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ аз тарафи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳавӣ муқаррар карда шаванд.
- сатҳи масъулиятнокии иншооти сохташаванда ба категорияҳои Ҳ, ҲҲ, ҲҲҲ, ва ғайра ҷудо карда шаванд ва ба довталабони иҷозатнома вобаста ба имкониятҳояшон ҳуқуқи татбиқ намудани корҳои сохтмонию васлгарӣ аз рўи сатҳи мураккабиашон (сатҳи масъулиятнокии паст ё баланд) иҷозат дода шуда дар иҷозатнома номгўи корҳо дарҷ карда шаванд.
26) Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ба ташкилотҳои сохтмонӣ ва иттиҳодияҳои онҳо иҷозатнома барои боркашонии воситаҳои нақлиёти онҳо зарур нест, зеро дар Қонун омадааст: "фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода мешавад). Ташкилотҳои сохтмонӣ ва иттиҳодияҳои онҳо воситаҳои нақлиётии худро танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд.
27) Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сохтмон мебояд:
- додани иҷозатнома барои "фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва таҳқиқотӣ, сохтмонӣ биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла, васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда" тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият;
- ҳангоми муроҷиати иҷозатномадор оид ба дароз намудани мўҳлати иҷозатномааш, риоя намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият;
- манъ кардани талабот нисбати ронандагон (соҳибон)-и воситаҳои нақлиётии ташкилотҳои сохтмонӣ ва иттиҳодияҳои онҳо оиди гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти боркашонӣ ва мусофиркашоние, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти корхонаҳои сохтмонӣ ва иттиҳодияҳои онҳо амалӣ карда мешавад.
8. Манбаи мабалағгузории Барнома
28) Татбиқи Барномаи мазкур ва маблағгузории он дар ҳамкорӣ ва бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор амалӣ мегардад. Чорабиниҳои барномавӣ аз ҳисоби маблағҳои барои вазорату идораҳои дахлдор пешбинишуда ва грантии лоиҳаҳои кўмаки техникии ташкилотҳои донорӣ татбиқ мегарданд. Татбиқи чорабиниҳои Барнома аз ҷониби вазорату идораҳо бо истифодаи захираҳои кадрии дохилӣ амалӣ мегарданд.
9. Назорат оид ба татбиқи Барнома
29) Назорати умумии татбиқи Барномаро Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқарраршуда амалӣ менамояд. Вазоратҳо ва идораҳои дахлдор, ҳар ду моҳ оид ба рафти иҷрои Барнома ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод менамоянд. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти воридшударо тахдил ва ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
30) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иттилоот мутассадии ташкил намудани гурўҳи кории мустақил ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур мебошад.
31) Мониторинги ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузаронида мешавад.
10. Мўҳлати татбиқи амалии Барнома
32) Татбиқи Барнома дар давоми солҳои 2012 ва 2014 амалӣ карда мешавад.
33) Натиҷаи татбиқи Барномаи мазкур барои рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон истифода карда мешавад.
Замима
ба Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ
оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014
+-+------------------------+-----+---------------+-------------------ї
| ||Мухлат | Ичрокунандагон | Аз хисоби маблагхои |
| | | | Ичро | бучети чумхурияви|
| | | | | (хаз.сом.)|
| | | | +------+------+-----+
| | | | | 2012 | 2013 | 2014|
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|1| Тахия ва пешниходи 2012- |Агентии сохтмон|2899,0|1488,9|800,0|
| |таклифхо ба Хукумати |2014 |ва меъмори наз-| | | |
| |Чумхурии Точикистон | |ди Хукумати | | | |
| |оид ба чорахои иловагии | |Чумхурии Точик-| | | |
| |таъмини ичрои тартиби | |истон, макомоти| | | |
| |гузаронидани расмиёти | |ичроияи махал- | | | |
| |маъмурии вобаста ба | |лии хокимияти | | | |
| |амали намудани фаъолияти| |давлатии Вилоя-| | | |
| |сохтмони дар Чумхурии | |ти Мухтори Кух-| | | |
| |Точикистон, ки бо карори| |истони Бадахш- | | | |
| |Хукумати Чумхурии Точик-| |он, вилояти, | | |
| |истон аз 6-уми майи соли| |шахру нохияхои | | | |
| |2009, №282 тасдик шуда- | |тобеъи чумхури,| | | |
| |аст аз чумала: | |Вазорати адлияи| | | |
| |1)Зиёд намудани шумораи | |Чумхурии Точик-| | | |
| |кормандони маомоти маха-| |истон, Вазорати| | | |
| |лии маъмурию шахрсози | |молияи Чумхурии| | | |
| |2) таъминоти модию техн-| |Точикистон, Ва-| | | |
| |икива маблаггузории фа- | |зорати рушди | | | |
| |ъолияти онхо дар оянда | |иктисод ва сав-| | | |
| |3)хамохангсозии фаъолия-| |дои Чумхурии | | | |
| |ти макомоти махалии маъ-| |Точикистон, Ку-| | | |
| |мурию шахрсози ва хада- | |митаи давлатии | | | |
| |моти мухандисию техники | |сарсоягузори ва| | | |
| |бо максади таъмини прин-| |идораи амволи | | | |
| |сипи "Равзанаи ягона"дар| |давлатии Чумху-| | | |
| |чараёни додани супориш- | |рии Точикистон,| | | |
| |хои банакшагирию меъмори| |Вазорати милио-| | | |
| |шартхои техники ва | |ратсия ва захи-| | | |
| |кабули иншооти сохташуда| |рахои оби Чум- | | | |
| |барои истифода; | |хурии Точикис- | | | |
| |4) тахияи накшахои гене-| |тон, Корхонаи | | | |
| |ралии шахру нохияхои | |вохиди давлатии| | | |
| |чумхури; | |"Хочагии манз- | | | |
| |5) гузаронидани | |илию комунали",| | | |
| |инвентаризатсия ва ба | |Ассотсиатсияи | | | |
| |хисобгирии объектхои | |сохтмончиёни | | | |
| |мавчудаи таъмини оби | |Точикистон, | | | |
| |нушоки ва канализатсия | |ташкилотхои до-| | | |
| | | |нори; | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|2|Омузиш ва хангоми зарури|2012-| Агентии сохт- | - | - | - |
| |ба рох мондани тачрибаи |2014 |мон ва меъмори | | | |
| |дигари давлатхо ва стан-| |назди Хукумати | | | |
| |дартхои байналмилали оид| |Чумхурии Точик-| | | |
| |ба усулхои таъмини кафо-| |истон, Агентии | | | |
| |лат аз чумла, системаи | |хариди давлатии| | | |
| |сугурта дар сохаи | |мол, кор ва | | | |
| |сохтмон | |хизматрасонии | | | |
| | | |назди Хукумати | | | |
| | | |Чумхурии Точик-| | | |
| | | |истон, Вазорати| | | |
| | | |адлияи Чумхурии| | | |
| | | |Точикистон, Ва-| | | |
| | | |зорати молияи | | | |
| | | |Чумхурии Точик-| | | |
| | | |истон, Вазорати| | | |
| | | |иктисод ва сав-| | | |
| | | |дои Чумхурии | | | |
| | | |Точикистон; | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|3|Тахия ва ба Хукумати |2012- |Агентии хариди | - | - | - |
| |Чумхурии Точикистон |2014 |давлатии мол, | | | |
| |пешниход намудани | |кор ва хизмат- | | | |
| |таклифхо оид ба ворид | |расонии назди | | | |
| |намудани тагйирот ба Ко-| |Хукумати Чум- | | | |
| |нуни Чумхурии Точикистон| |хурии Точик- | | | |
| |"Дар бораи хариди давла-| |истон, Агентии | | | |
| |тии мол, кор ва хизмат- | |сохтмон ва меъ-| | | |
| |расони вобаста ба масъа-| |мори назди Ху- | | | |
| |лахои зерин: | |кумати Чумхурии| | | |
| |- мукаррар намудани | |Точикистон, Ва-| | | |
| |талаботи хатми дар хусу-| |зорати адлияи | | | |
| |си аз чониби комиссияи | |Чумхурии Точик-| | | |
| |тендери рад намудани | |истон, Вазорати| | | |
| |дархости иштирок дар хо-| |молияи Чумхурии| | | |
| |лати ба андозаи зиёда аз| |Точикистон, Ва-| | | |
| |10 фоиз аз нархи умумии | |зорати иктисод | | | |
| |мукарраршудаи тендер | |ва савдои Чум- | | | |
| |паст шудани дархост | |хурии Точик- | | | |
| | | |истон, Кумитаи | | | |
| | | |давлатии сар- | | | |
| | | |моягузори ва | | | |
| | | |идораи амволи | | | |
| | | |давлатии Чум- | | | |
| | | |хурии Точик- | | | |
| | | |истон, Ассот- | | | |
| | | |сиатсияи сохт- | | | |
| | | |мончиёни Точик-| | | |
| | | |истон, ташкил- | | | |
| | | |отхои донори; | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|4|Таъмини сифати сохтмон |Пос- |Вазоратхо, | - | - | - |
| |бо дарназардошти рияои |то- |идорахо, маком-| | | |
| |мухлатхо ва технологияи |янно |оти давлатии | | | |
| |ичрои корхои сохтмони,ки| |вилоятхо, шахр-| | | |
| |дар хуччатхои лоихави | |хо, нохияхо, | | | |
| |пешбини шудаанд, аз чум-| |сармоягузорон, | | | |
| |ла хангоми аз чониби | |фармоишгарон, | | | |
| |сохторхои дахлдор(сар- | |лоихакашон, | | | |
| |моягузор, фармоишгар, | |пудратчиён; | | | |
| |лоихакаш, эксперт, пуд- | | | | | |
| |ратчи) барраси гардидани| | | | | |
| |дархост оид ба иштирок | | | | | |
| |дар тендер, тахияи хуч- | | | | | |
| |чатхои лоихавии сохтмон,| | | | | |
| |инчунин экспертизаи онхо| | | | | |
| | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|5|Манъ кардани хамагуна |2012-|Агентии назора-| - | - | - |
| |санчишхои беасос ва |2014 |ти давлатии мо-| | | |
| |гайриконуни ва аб рох | |лияви ва мубо- | | | |
| |мондани санчишхо дар до-| |риза бо корруп-| | | |
| |ираи конунгузори; аз | |сияи назди Пре-| | | |
| |чумла: | |зиденти Чумху- | | | |
| |1) бо рияои талаботи | |рии Точикистон,| | | |
| |моддахои 7,9,14 ва 15-и | |Кумитаи андози | | | |
| |Концнгцзории Чумхурии | |назди Хукумати | | | |
| |Точикистон "Дар бораи | |Чумхурии Точик-| | | |
| |санчишхои фаъолияти | |истон ва дигар | | | |
| |субъектхои хочагидор дар| |макомоти сан- | | | |
| |Чумхурии Точикистон; | |чиши, Агентии | | | |
| |2) манъи хамагуна сан- | |сохтмон ва меъ-| | | |
| |чишхои беасос ва гайри- | |мори назди Ху- | | | |
| |конуни; | |кумати Чумхурии| | | |
| |3)манъ кардани талаботи | |Точикистон, Ку-| | | |
| |тафсили чузъиёт(яъне ба | |митаи давлатии | | | |
| |усули захирави пешниход | |сармоягузори ва| | | |
| |кардан)-и сметаи харочо-| |идораи амволи | | | |
| |те, ки аз тендер бо усу-| |давлатии Чумху-| | | |
| |ли бузургкардашуда | |рии Точикистон,| | | |
| |гузоштааст (ва баръакс),| |Ассотсиатсия | | | |
| |хангоми гузаронидани | |сохтмончиёни | | | |
| |санчишхои мутакобилаи | |Точикистон, | | | |
| |молияви; | |ташкилотхои до-| | | |
| |4) ханоми дар рафти ош- | |нори; | | | |
| |кор гардидани кабудихо, | | | | | |
| |мукаррар намудани чавоб-| | | | | |
| |гарии пудратчи, фармоиш-| | | | | |
| |гар ва дигар иштирокчиё-| | | | | |
| |ни чараёни сохтмони тиб-| | | | | |
| |ки талаботи конунгузори | | | | | |
| |вобаста ба дарачаи гу- | | | | | |
| |нахкори хар кадоми онхо | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|6|Ташкил ва ба рох мондани|2012-|Агентии сохтмон| - | - | - |
| |корхои фармондадихи ва |2014 |ва меъмори наз-| | | |
| |омузиши таркиби пардохти| |ди Хукумати | | | |
| |хама намуди андозхо ба- | |Чумхурии Точик-| | | |
| |рои кормандони дахлдори | |истон, Кумитаи | | | |
| |сармоягузорон/фармоишга-| |андози назди | | | |
| |рон ва ташкилотхои сохт-| |Хукумати Чум- | | | |
| |мони, аз он чумла оид ба| |хурии Точик- | | | |
| |муайян намудани манбаъ | |истон, Вазорати| | | |
| |ва тартиби хисоб намуда-| |адлияи Чумхурии| | | |
| |ни андози хадди акал аз | |Точикистон, Ва-| | | |
| |даромади корхонахо | |зорати молияи | | | |
| |(1фоиз) ва андоз аз ис- | |Чумхурии Точик-| | | |
| |тифодабарандагони роххои| |истон, Вазорати| | | |
| |автомобилгард(2фоиз)хан-| |иктисод ва сав-| | | |
| |гоми муайян намудани ар-| |дои Чумхурии | | | |
| |зиши иншооти сохтмони ва| |Точикистон, Ку-| | | |
| |тартибдихии санадхои | |митаи давлатии | | | |
| |корхои анчомдодашуда; | |сармоягузори ва| | | |
| | | |идораи амволи | | | |
| | | |давлатии Чум- | | | |
| | | |хурии Точикис- | | | |
| | | |тон, Донишгохи | | | |
| | | |техникии Точик-| | | |
| | | |истон, Ассот- | | | |
| | | |сиатсияи сохт- | | | |
| | | |мончиёни Точик-| | | |
| | | |истон; | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|7|Андешидани чорахо во- |2012-|Агентии сохтмон| 5,0 | - | - |
| |баста ба халли мушкилоти|2014 |ва меъмори наз-| | | |
| |системаи нархгузори ва | |ди Хукумати | | | |
| |муайян кардани фарки ар-| |Чумхурии Точик-| | | |
| |зиши масолехи бозор, ис-| |истон, Агентии | | | |
| |тифодакунана ва мачмуъ, | |хариди давлатии| | | |
| |танзими нарххои масолехи| |мол, кор ва | | | |
| |сохтмони, кувваи кори ва| |хизматрасонии | | | |
| |хизматрасонихо дар сохаи| |назди Хукумати | | | |
| |сохтмон ва меъмори, аз | |Чумхурии Точик-| | | |
| |чумла: | |истон, Вазорати| | | |
| |1) тахия ва барои тасдик| |адлияи Чумхурии| | | |
| |ба Хукумати Чумхурии То-| |Точикистон, Ва-| | | |
| |чикистон пешниход карда-| |зорати молияи | | | |
| |ни "Консепсияи такмил | |Чумхурии Точик-| | | |
| |додани системаи нархгу- | |истон, Вазорати| | | |
| |зори ва накшаи чорабини-| |иктисод ва сав-| | | |
| |хо вобаста ба амали на- | |дои Чумхурии | | | |
| |мудани он; | |Точикистон, Ку-| | | |
| |2)Гузаронидани монитор- | |митаи давлатии | | | |
| |инги доимии нарххои хиз-| |сармоягузори ва| | | |
| |матрасонихо ва масолехи | |идораи амволи | | | |
| |сохтмони дар бозорхои | |давлатии Чум- | | | |
| |марказии шахри Душанбе, | |хурии Точик- | | | |
| |Кургонтеппа, Хучанд, Хо-| |истон, Дониш- | | | |
| |руг хар се моха ворид | |гохи техникии | | | |
| |намудани тагйиру иловахо| |Точикистон, | | | |
| |ба мачмуи нарххои миёнаи| |Ассотсиатсияи | | | |
| |харчномавии захирахои | |сохтмончиёни | | | |
| |асосии сохтмони, барои | |Точикистон, | | | |
| |хар як минтака дар ало- | |тшкилотхои дон-| | | |
| |хидаги бо назардошти си-| |ори; | | | |
| |фати масолехи сохтмони | | | | | |
| |арзиши бозории кувваи | | | | | |
| |кори, кор ва хизматрасо-| | | | | |
| |нихо дар сохаи сохтмон | | | | | |
| |ба тарики бюллетен, наш-| | | | | |
| |рияи сохави, сайт ё ди- | | | | | |
| |гар восита дастрас на- | | | | | |
| |мудани он; | | | | | |
| |3)Аз нав муайян кардани | | | | | |
| |меъери харочоти борхати | | | | | |
| |пудратчи дар асоси маъ- | | | | | |
| |лумотхои омори ва итти- | | | | | |
| |лооти расмии ташкилотхои| | | | | |
| |сохтмони; | | | | | |
| |4) Дар сметаи харочотхо | | | | | |
| |ба эътибор гирифтани ар-| | | | | |
| |зиши аслии ичрои корхо | | | | | |
| |оид ба кучонидани кран- | | | | | |
| |хои борбардор ба май- | | | | | |
| |дончахои сохтмони; | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+
|8|Андешидани чорахо оид ба|2012-|Агентии сохтмон| - | - | - |
| |халли мушкилоти вобаста |2014 |ва меъмори наз-| | | |
| |ба системаи ичозатдихи | |ди Хукумати | | | |
| |сохаи сохтмон, аз чумла:| |Чумхурии Точик-| | | |
| |1) додани ичозатнома ба-| |истон, Вазорати| | | |
| |рои фаъолият дар сохаи | |адлияи Чумхурии| | | |
| |сохтмон бо рияои талабо-| |Точикистон, Ва-| | | |
| |ти Конуни Чумхурии Точи-| |зорати молияи | | | |
| |кистон "Дар бораи ичо- | |Чумхурии Точик-| | | |
| |пзатдихи ба баъзе намуд-| |истон, Вазорати| | | |
| |хои фаъолият"; | |иктисод ва сав-| | | |
| |2) манъи талаб кардани | |дои Чумхурии | | | |
| |ичозатнома аз ронандагон| |Точикистон, | | | |
| |(сохибо)-и воситахои | |Кумитаи давла- | | | |
| |наклиётии корхонахои | |тии сармоягузо-| | | |
| |сохтмони барои фаъолияти| |ри ва идораи | | | |
| |боркашони ва мусофирка- | |амволи давлатии| | | |
| |шоне, ки бо максади таъ-| |Чумхурии Точик-| | | |
| |мини эхтиёчоти хурди | |истон, Ассот- | | | |
| |корхонахои сохтмони ама-| |сиатсияи сохт- | | | |
| |ли карда мешавад. | |мончиёни Точик-| | | |
| |3) ворид намудани | |истон, ташкил- | | | |
| |агйироту иловахо ба Ко- | |отхои донори; | | | |
| |нуни Чумхурии Точикистон| | | | | |
| |Дар бораи ичозатномадихи| | | | | |
| |ба баъзе намудхои фаъо- | | | | | |
| |лият ва низомнома дар | | | | | |
| |бораи хусусиятхои | | | | | |
| |ичозатномадихи ба баъзе | | | | | |
| |намудхои фаъолият; | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
| | | | | | | |
+-+------------------------+-----+---------------+------+------+-----+