Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот»


ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди

санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва/ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд аз рўзи интишори Фармони мазкур ба мӯҳлати се сол мораторий эълон карда шавад.

2) Мораторий нисбат ба санҷишҳое, ки аз рўи натиҷаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, татбиқ намегардад.

3) Мақомоти давлатии ваколатдори санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани Фармони мазкур чораҳо андешанд.

4) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад;

-дар мӯҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

-дар нимсолаи аввали соли 2012 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тасдиқи Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторий ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд" таҳия ва тасдиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

30 сентябри соли 2011

№ 1146





Возврат к списку

Манбаъҳои муфид