Тартиби фаъолияти Шӯро

Соддагардонии равандҳои кушодан ва бастани соҳибкорӣ

Дар ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ 18 декабри соли 2008 «Нақшаи амалисозии чорабиниҳои аниқ тибқи беҳгардонии нишондиҳандаҳои рейтинги байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастгирӣ шуд.

Беҳгардонии идоракунии маъмурии андоз ва гумрук

Котиботи Шўрои машваратӣ дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони сектори хусусӣ ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коркарди лоиҳаи нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад.

Такмилдиҳии реҷаҳои литсензияву иҷозатномадиҳӣ ва тафтишот

Шўрои машваратӣ дар ҷаласаи якуми худ 31 июли соли 2008 ташаббуси соҳибкориро оиди зарурати мукаммалсозии системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд.

Такмилдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузорон, аз ҷумла ҳуқуқи соҳибмулкӣ

Дар ҷаласаи дуюми Шўрои машваратӣ 18 декабри соли 2008 «Нақшаи амалисозии чорабиниҳои аниқ тибқи беҳгардонии муайянкунандагони рейтинги байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуд.

Раванди муайянкунии масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ (филтратсия)

Котиботи Шўрои машваратӣ системаи махсуси интихоби масъалаҳои нисбатан муҳим ва рўзмарраро (филтратсия) коркард кард, ки ба таъмини дурусткорӣ ва шаффофияти кулли раванд равона шудааст.


Манбаъҳои муфид