Ҷаласаи дуюми Шӯрои Машваратӣ

18.12.2008

Рӯзномаи ҷаласа

1. Ҳисобот оид ба иҷроиши қарордодҳои ҷаласаи якуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 31 июли соли 2008.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зардов.

2. Ҳисобот оид ба амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба эълони мораторияи тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна»

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -
Ҳамралиев Ф.М.

3. Оид ба чорабиниҳо барои ворид намудани ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -
Ҳамралиев Ф.М, Намояндаи КБМ - В. Вернер.

4. Чорабиниҳои фаврӣ барои беҳтар намудани муайянкунандаҳои рейтинги байналмиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии беҳшавии рейтингҳои байналмиллии кишвар дар мисоли муайянкунандаи «Сохтмон».

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамралиев Ф.М, Раиси Раёсати АМСХ ва М - М. Улҷабоева, К. Брайн).

5. Иттилоот оид ба лоиҳаҳои амалишавандаи кӯмаки техникии донорҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ.

Котиби Шӯрои машваратӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зардов.

6. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ.

 

Раиси Шӯро:
  Э. Рахмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳамралиев
Роҳбари Котиботи Шӯро Ш. Зардов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Сарвари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон - (аз ташкилотҳои байналмиллии бисёрҷанба) Матю Ле Блан
Директори Агентии ИМА оид баҳамкории байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон - (аз ташкилотҳои байналмиллии дутарафа) К. Брайн
Намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ Д. Робсон Президенти ширкати "Tethys Tajikistan Limited"
Намоянда аз сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Муҳабббатов Директори кулли ҶДММ "Рухом"
Намоянда аз сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Улҷабоева Раиси Раёсати Асотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёна
Шахсони даъватшуда:
  В. Вернер
Директори Лоиҳаи КБМ оид ба беҳтар намуданифазои соҳибкорӣдар Тоҷикистон
Файл:
  Загрузить

Ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муаррифии рӯзномаи ҷаласаи имрӯза ифтитоҳ намуд.

Ҳангоми баррасии масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа Раиси Шӯро зикр намуд, ки самаранокии фаъолияти Шӯро аз иҷроиши муносиб ва саривақтии қарорҳои қабулкардаи мо вобаста мебошад. Дар ҷаласаи якуми Шӯро тибқи 6 масъала қарордодҳои мувофиқ қабул шуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯро Шералӣ Зардов аъзои Шӯроро бо равиши амалисозии қарорҳои қабулшудаи ҷаласаи якум шинос намуд. Аз ҷумла байён гардид, ки барои амалисозии босамар ва саривақтии мораторияи тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна аз тарафи гурӯҳи корӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мувофиқ коркард шудааст.

Инчунин ба аъзои Шӯро оид ба корҳои анҷомшудаи гурӯҳи корӣ, миқдори онҳо, намояндагони сохторҳои давлатӣ, асотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои донорӣ барои аз нав дида баромадани санадҳои меъёрии ҳуқуқии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро танзимкунанда бо усули зидди танзимии босуръат иттилоъ дода шуд.

Роҳбари Котиботи Шӯро зикр намуд, ки дар мамлакат дар моҳи марти соли ҷорӣ Қонун «Оид ба бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба вай» қабул шуд ва кор тибқи коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ равонашуда давом дода мешавад.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа оид ба амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба эълони мораторияи тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев суханронӣ намуд.

Нотиқ қайд кард, ки қабули ин Фармон аз тарафи иттиҳодияҳои соҳибкорӣ бо рӯҳбаландии зиёд пазируфта шуд ва дар тамоми кишвар тавассути ВАО ва вохӯриҳои бевосита бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳии мақсадҳои Фармони мазкур ба тариқи васеъ ба роҳ монда шуд. Дар баробари сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вохӯриҳо инчунин асотсиатсияҳои соҳибкорӣ фаъолона ширкат доштанд. Аз ҷониби ҳамаи сохторҳои назоратии кишвар тибқи амалисозии Фармон чораҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар баробари ин дар мамлакат чорабиниҳои ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои истеъмолкунандагон ва инчунин ба татбиқи қонунгузории зиддимонополӣ сафарбаршуда амалӣ гардида истодаанд, ки хеле ба пастшавии нархҳо ба сӯзишворӣ ва намудҳои асосии маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат карданд. Ба хотири иҷроиши банди чоруми Фармон дар назди Кумидаи давлатӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ созмон дода шудааст ва аз ҷониби он лоиҳаи Қонун «Оид ба эълони мораторияи тафтиши субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» коркард шудааст. Ин лоиҳаи қонун дар тартиби мувофиқ коркард шудааст ва барои баррасӣ ба ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи ҳамин масъала Раиси Шӯро таъкид кард, ки дар муддати мораторий санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода мешаванд ва сохторҳои назоратии кишвар бояд санадҳои дохилии худро мувофиқи талаботи Қонун ба роҳ монанд. Инчунин ба асотсиатсияҳои соҳибкорӣ дар миёни соҳибкорони ҷумҳурӣ ба роҳ мондани кори пурсамар оид ба риояи ҳатмии ҳамаи талаботи қонунгузорӣ аз тарафи онҳо ҳангоми амалисозии фаъолияти хоҷагии худ зарур мебошад. Ҳангоми ошкоршавии таваккали қонунвайронкунӣ ва напардохтани андозҳо механизмҳои мувофиқи соҳибкорони бевиҷдонро танбеҳдиҳанда татбиқ хоҳанд шуд. Ин мораторий на бо мақсади амалисозии фаъолияти пинҳонӣ эълон шудааст, балки барои он ки онҳо тавонанд дар ин муддат қувваҳои худро барои беҳсозии сифати хизматрасониҳо ва маҳсулот дучанд кунанд.
Ҳангоми муҳокимаи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласаи Шӯро Фаррух Ҳамралиев зикр намуд, ки масъалаи барҳамдиҳии системаи иҷозатдиҳии амалкунанда ташаббуси худи иттиҳодияи соҳибкорӣ мебошад, ки дар ҷаласаи якуми Шӯрои машваратӣ аз тарафи аъзои Шӯро дастгирӣ ёфтааст. Бо назардошти душвориҳои дар системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунии мавҷудбуда, ин масъала дар самти рушд ва мустаҳкамшавии бахши хусусӣ хеле ва хеле муҳим мебошад. Барои баррасии аъзои Шӯро лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие пешниҳод шуданд, ки ба ихтисор кардани расмиёти маъмурӣ ва ворид намудани ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳии мамлакат равона шудаанд.

Бо ин масъала инчунин Директори Лоиҳаи КБМ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон хонума Венди Вернер суханронӣ намуда зикр намуд, ки буҷети мамлакат нисбати нигоҳдории чунин системаи иҷозатдиҳӣ хеле кам даромад мегирад. Инчунин вай натиҷаҳои тадқиқоти фазои соҳибкориро дар мамолики ИДМ мисол овард.

Аъзои Шӯро бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ зарурати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунии методикаи «Таҳлили таъсиррасонии танзимӣ(ТТТ)»-ро пешниҳод карданд, ки дар асоси он таҳлили ҳамаи карордодҳои ҳукуматӣ ва идоравӣ дар соҳаи танзимкунии фаъолияти соҳибкорӣ гузаронида мешавад.

Раиси Шӯро тибқи ин масъала таъкид кард, ки барои рушди соҳибкорӣ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва пешбарии ПИИ ҶСХ такмилдиҳии системаи иҷозатдиҳӣ-танзимкунӣ ҷиҳати муҳими масъала мебошад.

Механизми пешниҳодшудаи аз нав дида баромадани ҳуҷаттҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ додани иҷозатнома тадбири зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Бо назардошти ин, Ба Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки якҷоя бо вазоратҳои мувофиқ бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи даровардани ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод кунад.

Аз тарафи аъзоёни Шӯрои машваратӣ Нақшаи амалисозии чораҳои аниқи барои беҳгардонии муайянкунандаҳои кишвар дар рейтингҳои байналмиллӣ равона шудаи аз тарафи гурӯҳи корӣ дар назди Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Котиботи Шӯро омодашуда, лоиҳа оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ (BEI) ЮСАИД ва иштироки фаъолонаи намояндагони асотсиатсияҳои соҳибкории кишвар баррасӣ шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба аъзои Шӯро маълумот оид ба нақшаи пешниҳодшуда чораҳо ва мӯҳлатҳои аниқро оид ба беҳтар намудани муайянкунандаҳои асосӣ тибқи ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ «Ба роҳ мондани соҳибкорӣ»: «кушодани соҳибкорӣ», «литсензиякунонӣ», «ҳифзи сармоягузорон», «бастани соҳибкорӣ» пешниҳод намуд. Дар март-майи соли 2009 тасдиқи санадҳои меъёрие дар назар аст, ки ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои рейтингӣ ва беҳшавиии фазои сармоягузорӣ дар мамлакат имкон медиҳад.

Баъдан хонума К. Брайн - Директори Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмиллӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуда ба аъзои Шӯро оид ба пешниҳодот барои беҳтар намудани рейтинги кишвар дар соҳаи сохтмон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон» коркард шудаанд, ки ин таҳлил якҷоя бо иштирокчиёнии раванди сохтмон ва Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмиллӣ (ЮСАИД) гузаронида шудааст, маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Таҳлили гузаронидашуда ба зарурати баррасии масъалаи такмилдиҳии санадҳои меъёрии амалкунанда соҳаи сохтмонро танзимкунанда ишора мекунад.

М. Улҷабоева – Раиси Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна байён кард, ки пешниҳодоти пешкашшудаи ба ҷорӣ намудани принсипи «Равзанаи ягона» асосёфта, ба ихтисор кардани миқдор, мӯҳлатҳо, расмиёти маъмурӣ ва арзиши ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи барои амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ талабшаванда равона карда шудааст. Ҳангоми амалисозии саривақтии ислоҳоти имконпазир Тоҷикистон метавонад ба 50-60 номгӯй рейтинги худро дар сохтмон беҳтар гардонад.

Инчунин М. Улҷабоева аз номи асотсиатсияҳои соҳибкорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷорӣ намудани «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии корхонаҳо изҳори сипос намуда ба аъзои Шӯро оид ба коркард шудани лоиҳаи Қонун «Оид ба бақайдгириии давлатии шахсони юридикӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» маълумот дод ва ақидаи иттиҳодияҳои соҳибкориро мувофиқи матлаб будани ҷорӣ намудани он аз 1 марти соли 2009 баён кард.

Тибқи амалисозии нақшаи пешниҳодшуда Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар қисми пай дар пайи гузаронидани чораҳо тибқи тадбирҳои Нақша дар соҳаи сохтмон мӯҳлатҳои иҷроиши онҳо суханронӣ намуд. Аз тарафи аъзои Шӯро қайд карда шуд, ки дар шароити кунунии бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ, вақте ки захираҳои сармоягузории ликвидӣ кам мешаванд, зарурати беҳсозии шароитҳои ба роҳ мондани соҳибкорӣ ҷиҳати ҷалби сармояҳои иловагӣ ба иқтисоди кишвар мавҷуд мебошад.

Аз муҳокимаи ин масъала хулосагирӣ карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмамали Раҳмон зикр намуд, ки Нақшаи пешниҳодшуда барои беҳтар намудани фазои сармоягузории ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ҷалби сармоя ба сохтмон маусоидат хоҳад кард. Ба Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳо мукаммал карда шавад ва дар тартиби мувофиқ барои тасвиб пешниход карда шавад. Инчунин ба Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки якҷоя бо вазоратҳои мувофиқ бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба такмилдиҳии расмиёти маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандро барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ба аъзои Шӯрои машваратӣ оид ба лоиҳаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузории аз тарафи иттиҳодияи донорӣ амалишаванда Роҳбари Котибот - Шералӣ Зардов иттилоъ дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки фаъолияти ташкилотҳои донорӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ба амалисозии се намуди лоиҳаҳо муттамарказонида шудааст, ки фаъолияти онҳо ба тағйироти институтсионалӣ; афзунгардонии имконот ва лоиҳаҳои дастгирии молиявӣ расонанда равона шудааст.

Мақсадҳо ва вазифаҳои лоиҳаҳои ба тағйироти институтсионалӣ равонашуда бо мақсадҳо ва вазифаҳои Шӯро талъам аст. Таҳлили амалисозии ин самт нишон дод, ки бисёре аз тадқиқотҳо ва тавсияҳои аз тарафи ин лоиҳаҳо омодашуда бо сабабҳои объективӣ ва субъективии гуногун татбиқ карда намешаванд.

Тибқи ин масъала Раиси Шӯро таъкид кард, ки комёбиҳои иҷтимоӣ-иқтисодии солҳои охир дар мамлакат барои амалисозии босуръати зинаи нави истилоҳоти иқтисодӣ пояи мустаҳкам гузоштанд. Нақши муҳимро дар ин раванд кӯмаки донорҳо бозид, ки ба мо барои ҳалли мушкилоти зиёди ҷойдошта имкон дод. Бо назардошти тағйироти талаботҳои иҷтимоӣ-иқтисодии иқтисодиёт ва бо мақсади амалисозии Декларатсияи Парижӣ оид ба афзудани босамарии кӯмаки беруна вақти он расид, ки донорҳо ва Ҳукумат якҷо ва бо мувофиқа барномаи ислоҳотро, хусусан, ба беҳтар шудании иқлими сармоягузорӣ равонашударо дар мамлакат амалӣ созанд ва барои амалӣ сохтан ва натиҷаҳои чашмдошти онҳо якҷоя ҷавобгар бошанд.

Дар доираи Шӯрои машваратӣ омӯхтани тавсияҳои аз тарафи лоиҳаҳои донорӣ омодашуда кӯмаки техникӣ ва инчунин барномаи нави ташкилотҳои донорӣ оид ба мувофиқа намудан ба самтҳои афзалиятдоштаи стратегияҳои мамлакат муайяншуда лозим мебошад.
Инчунин аз тарафи Раиси Шӯро ба ҳамаи шарикони рушд тавсия дода шуд, ки ҳангоми расонидани кӯмаки техникӣ барои рушди бахши хусусӣ, танҳо ба стратегияҳои миллии рушд ва ба сохторҳои институтсионалии амалкунандаи Ҳукумати Тоҷикистон такя карда шавад.

Ҳангоми баррасии масъалаи охирини рӯзномаи ҷаласа Раиси Шӯро ва аъзои Шӯро масъалаҳоеро, ки имкони дохил кардани онҳо ба ҷаласаи навбатӣ мавҷуд аст, муҳокима карданд. Аз тарафи аъзои Шӯро қарор карда шуд, ки ҷараёни амалисозии тавсияҳои ҷаласаи дуюм дар ҷаласаи сеюм баррасӣ шавад.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои машваратӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки Тоҷикистон, мисли бисёре аз мамлакатҳои давраи гузариш дар остонаи ислоҳотҳои иқтисодии ҷиддӣ қарор дорад, ки гузаронидани онҳо дар манзари бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ зарур меояд. Воқеияти иқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои имрӯза аз Ҳукумат амалисозии тадбирҳои муассири ба дастгирии соҳибкорӣ ва модернизатсияи худи иқтисодиёт равонашударо талаб мекунанд.

Аз ҳамин лиҳоз ба Ҳукумат бо кӯмаки молиявӣ-техникии намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ, бо иштироки иттиҳодияҳои соҳибкории кишвар супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Барномаи 200 рӯзи истилоҳот», ки ба ҳифзи манфиатҳои сармоягузорон, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва шароитҳои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ равона хоҳад шуд, коркард шавад.

Тибқи натиҷаҳои ҷаласа, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ чунин қарорҳо қабул карда шуданд:

1. Қарордодҳои ҷаласаи I-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тариқи умумӣ иҷрошуда ҳисобида шавад.

2. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият додани назорат аз болои иҷроиши ҳамаи қарорҳои қабулшудаи Шӯро тавсия дода шавад.

3. Нақшаи пешкашшудаи амалисозии чорабиниҳои аниқ барои беҳгардонии муайянкунандаҳои мамлакат дар рейтингҳои байналмиллӣ равонашуда маъқул дониста шавад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки барои амалисозии саривақтии он чораҳои зарурӣ андешад.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои мувофиқ бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ворид намудани ислоҳот дар системаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои дахлдор бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба такмилдиҳии расмиятҳои маъмурии бо амалисозии фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандро барои баррасӣ ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
6. Иттилои Котиботи Шӯро оид ба лоиҳаҳои аз тарафи ташкилотҳои донорӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ амалишаванда ба назар гирифта шавад.

7. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои донорӣ тавсия дода шавад, ки дар асоси дастурҳои Декларатсияи Парижӣ оид ба афзоиши самараноки дастгирии беруна кӯмаки техникиро барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ пуршиддат истифода намоянд ва мутобиқкуниву ҳамоҳангсозии тавсияҳои коркардшавандаро бо Шӯрои машваратӣ таъмин кунанд.

8. Аъзогии Президенти ширкати «Tethys Tajikistan Limited» - ҷаноби Д. Робсон ба 4 ҷаласаи баъдина дароз карда шавад.

9. Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯро: - ба сифати мавзӯъҳои асосӣ: «Баҳодиҳии иҷроиши ҳамаи қарорҳои дар ду ҷаласаи аввали Шӯро қабул шуда» ва лоиҳаи «Барномаи 200 рӯзи ислоҳот» барои баррасӣ дар ҷаласаи сеюми Шӯро пешниҳод карда шавад;

- пешниҳодот оид ба дохил кардани тағйирот дар сохтори Шӯро, бо зиёд кардани миқдори аъзо аз сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ аз 3 то 5 нафар ва рӯйхати номзадҳо ба аъзогӣ дар Шӯро барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯро пешниҳод карда шавад;

- якҷо бо ташкилотҳои донорӣ нақша оид ба шунидани натиҷаҳои кори лоиҳаҳои бузурги мусоидати техникӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷаласаҳои Шӯро бо даъват кардани роҳбарони лоиҳаҳо ва вазорату идораҳои дахлдор омода карда шавад;

- корти кӯмаки донорҳо ва пешниҳодот тибқи истифодаи босамари тавсияҳои лоиҳаҳои мусоидати техникӣ дар фаъолияти Шӯро барои баррасӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯро пешниҳод карда шавад;

- пайваста ба роҳ мондани мониторинги иҷрои карорҳои Шӯро ва мунтазам расонидани иттилоот оид ба иҷроиши онҳо ба аъзои Шӯро.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Масъули Шӯрои машваратӣ - Ф. Ҳамралиев

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ - Ш. Зардов



 

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид