Ҷаласаи панҷуми Шӯрои Машваратӣ

18.06.2010

Рӯзномаи ҷаласа

1. Масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯрои машваратӣ. Тасдиқкунии Регламенти кории Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – Раиси Шӯрои машваратӣ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Э. Раҳмон.


2. Иттилоот оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ . Пешниҳоди Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати минбаъд беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва муайянкунандаҳои кишвар дар рейтинги байналмиллӣ, оид ба тарҳи амалисозии ин Нақша.


3. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ.

Котиби Масъули Шӯрои машваратӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Саидов.

 


Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Саидов
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ З. Ҳотамов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Раиси Раёсати Миллии Асотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёна М. Улҷабоева
Роҳбари палатаи савдо ва саноати америкоӣ Н. Шарипов
Раиси Асотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон З. Саидов
Раиси Асотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон И. Лаълбеков
Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Н. Забиров
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром
Директори Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон Ҷефри Леҳрер
Шахсони даъватшуда:
Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ М. Давлатов
Мушовири Калони Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Н. Бӯриев
Мудири Шӯъбаи юридикии ДИ Президенти ҶТ Д. Муродов
Мудири Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ Х. Тағоймуродов
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ф. Ҳамралиев
Вазири молияи ҶТ С. Нажмуддинов
Вазири нақлиёти ҶТ О. Бобоев
Раиси Бонки Миллӣ Ш. Раҳимзода
Раиси Идораи давлатӣ оид ба заминсозӣ ва геодезия М. Зокиров
Директори Агентии сохтмон ва меъморӣ дар назди Ҳукумати ҶТ А. Комилов
Роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ А. Шарифзода
Ҷонишини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Ш. Раҳматбоев
Раиси палатаи савдо ва саноати ҶТ Ш. Саид
Сардори Идораи дастгирии соҳибкорӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Р. Эмомалӣ
Директори кулли «ТТ Мобайл» Г. Қаюмов
Президенти ширкати «Tethys Limited» Д. Робсон
Директори Минтақавии Бонкиумумиҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Моту Кониши
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Молиявии Байналмиллӣ дар Тоҷикистон В. Вернер
Роҳбари Намояндагии БРО Макото Оджиро
Роҳбари Намояндагии Вазорати ҳамкории байналмиллии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Боб Леверингтон
Ҷонишини Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Захира Вирани
Файл:
  Загрузить

Масъалаи якуми ҷаласа баррасии лоиҳаи Регламенти кории Шӯрои машваратӣ буд. Дар раванди муҳокимаи он Раиси Шӯро – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки қабули Регламенти корӣ ба афзудани самаранокии фаъолияти Шӯрои машваратӣ мусоидат мекунад. Баъди қабули Регламент аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ ба Котиби масъул ва Котибот супориш дода шуд, ки дар оянда фаъолияти Шӯрои машваратиро бо ба роҳ мондани ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои соҳибкорӣ мувофиқи Регламент ташкил кунанд ва барои фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ чора бинанд.

Мавзӯъи асосии ҷаласаи панҷум ин муҳокимаи Нақшаи беҳтар намудани вазъи минбаъдаи фазои сармоягузорӣ ва муайянкунандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллӣ аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Котиботи Шӯрои машвараии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо мусоидати техникии лоиҳаҳои намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ қабул гардид.

Ин Нақша бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҷаласаи пешинаи Шӯрои машваратӣ, вақте ки аз тарафи Президент коркарди Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идомаи ислоҳоти дар мамлакат оғозшуда дастур дода шуда буд, омода гардид.

Тибқи пешбиниҳо, дар ҳолати қабули саривақтӣ ва амалисозии бомуваффақияти Нақшаи мазкур, Тоҷикистон рейтинги худро дар ҳисоботи Бонки Умуми ҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ (Doing Business)» якбора тибқи 5 муайянкунанда, мисли «Савдои байналхалқӣ», «Гирифтани кредитҳо», «Андозбандӣ», «Гирифтани иҷозатномаҳо ба сохтмон» ва «Кушодани соҳибкорӣ» баланд мебардорад. Ба ҷуз ин, шароити ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ тариқи мувофиқасозии амалиёти лизингӣ дар мамлакат ва коркарди стратегияи кӯтоҳмуддати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ хубтар карда мешаванд.
Ин Нақша аз тарафи намояндагонибахши хусусӣ ва иттиҳодияи шарикони рушд бо қаноатмандӣ пазироӣ шуд. Хабар дода шуд, ки пештар дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои машваратии асотсиатсияҳои соҳибкорӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Нақшаи мазкур барои баррасӣ ба аъзои вай пешниҳод шуд, ки дар натиҷа иштироки фаъолона ва ҷалби бахши хусусӣ дар раванди амалисозии он қарор кабул карда шуд.

Баъдан, дар идомаи суханронии хеш, ба намояндагонии бахши хусусӣ тибқи самтҳои зерин тавсияҳо дода шуд:


• Афзудани самаранокии истифодаи лизинг ва сарчашмаҳои дарозмуддати ғанӣ намудани буҷет аз ҳисоби воридоти таҷҳизоти технологӣ бо роҳи амалиёти лизингӣ. Имрӯз ҳангоми воридсозии таҷҳизоти технологӣ тариқи кредити бонкии муқаррарӣ, таҷҳизот аз НАИ озод карда шудааст ва ҳангоми воридсозии таҷҳизоти технологӣ тариқи лизинги молиявӣ НАИ ситонида мешавад. Ин дастурамал ба рушди кредитҳои лизингии дарозмуддат ва воридсозии таҷҳизоти технологии нав бо роҳи лизинг ва инчунин созмон додани корхонаҳои истеҳсолӣ монеа эҷод мекунад.

• Дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ. Ба ҳайати комиссия оид ба масъалаҳои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби кормандони шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, шӯъбаи молия ва шӯъбаи саноат ва энергетика пешниҳод шуд. Ин чорабинӣ ба ақидаи намояндагони бахши хусусӣ ба фаъолияти босамари комиссия ва мувофиқакунии саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи ин комиссия коркардшаванда бо сохторҳои ҳукуматии мувофиқ мусоидат хоҳад кард.

• Ташкили курсҳои такмили ихтисос барои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкороне, ки респондентҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошанд.

• Коркард ва амалисозии чорабиниҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат тибқи рушди истеҳсолоти ватанӣ бо инъикоси чораҳои аниқи ислоҳот бе расонидани зарар ба буҷети кишвар.

• Озодкунии таҷҳизоти технологии бо роҳи лизинг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз НАИ.

Банди сеюми рӯзномаи ҷаласа тасдиқкунии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи оянда, яъне шашуми Шӯрои машваратӣ буд.
Тибқи ин масъала, маърӯзаи Котиби масъули Шӯрои машваратӣ Саидова Д.Ш. шунида шуд. Вай қайд кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шуд, бо ҳамин сабаб муҳокимаи масъалаи «Ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ ва рушди савдои электронӣ», аҳамият ва бартарии ҳукумати электронӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯро рӯзмарра ва мувофиқи матлаб ҳисобида мешавад.

Котиби масъул аз Раиси Шӯрои машваратӣ хоҳиш намуд, ки барои созмон додани гурӯҳи корӣ бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор ва бахши хусусӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ барои коркарди маводҳои ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ супориш диҳад.

ҚАРОРДОДҲОИ ШӯРО:

• Регламенти кории Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тасдиқ карда шавад. Котиби масъул ва Котибот дар оянда ташкил кардани фаъолияти Шӯрои машваратӣ бо ба роҳ мондани ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои соҳибкорӣ мувофиқи Регламент инчунин ҷалби васеи намояндагони бахши хусусӣ дар фаъолияти Шӯрои машваратӣ мусоидат кунанд ва минбаъд риояи қатъии Регламенти кориро таъмин кунанд.

• Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рейтинги байналмиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шавад ва барои амалисозии бандҳои он якҷо бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ бо ҷалби ташкилотҳои байналмилаӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

- мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои дар боло зикршуда, гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шаванд, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ коркард шаванд ва мувофиқи Регламенти кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо дар муддати кӯтоҳ барои баррасӣ ва тасдиқкунӣ пешниҳод карда шаванд.

- бо мақсади самаранокии фаъолияти комиссияи байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва мувофиқакунии саривақтии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии аз тарафи ин комиссия бо сохторҳои ҳукуматии мувофиқ коркардшаванда, ба ҳайати комиссия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби кормандони шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, шӯъбаи молия ва шӯъбаи саноат ва энергетика дохил карда шаванд.

• аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ фаъолияти гурӯҳҳои кориро мувофиқа намуда, иттилоот оид ба ҷараёни иҷроиши Нақшаи чорабиниҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи даврӣ пешниҳод шавад.

• муайянкунандаҳои бартаридоштаи рейтинги байналмиллӣ мувофиқи ҳисоботи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ» муайян карда шаванд ва беҳгардонии муайянкунандаҳо ба дӯши вазорату идораҳои соҳавии мувофиқ бо ҷалби намояндагони бахши хусусӣ гузошта шавад.
• Ба асотсиатсияҳои соҳибкорӣ тавсия дода мешавад, ки бо мақсади суръат бахшидан ба такмили ихтисоси соҳибкорон, бо ҷалби кӯмаки ташкилотҳои байналмиллӣ чораҳо бинанд.

• Рӯзномаи ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ тибқи «Ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ-равобитӣ барои такмилдиҳии идораи давлатӣ ва рушди савдои электронӣ» тасдиқ карда шавад.

• Бо ин мақсад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои иттилоотӣ ва равобитӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ тибқи омодасозии маводҳои аналитикӣ барои ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ гурӯҳи кории махсус созмон диҳад.

• Ваколати аъзои Шӯрои машваратӣ – Улҷабоева Матлуба, роҳбари Асотсиатсияи соҳибкории хурд ва миёна – аз бахши хусусии ватанӣ бо сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташ қатъ карда шавад, ба ҷойи вай Қаюмов Гулмаҳмад, директори кулли ширкати «ТТ Мобайл» аъзои Шӯрои машваратӣ интихоб карда шавад.

• Ба Котиби масъули Шӯрои машваратӣ ва Котибот то ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ ҳайати аъзои Шӯро, ки ваколаташон ба охир мерасад дида баромада шавад ва барои пешниҳоди номзадҳо ба аъзогии Шӯрои машваратӣ, мувофиқи тартиботи муқарраргардида, чораҳо дида шавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Д. Саидов

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - З. Ҳотамов

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид