Ҷаласаи чоруми Шӯрои Машваратӣ

08.12.2009

Рӯзномаи ҷаласа

1. Ҳисоботи вазорату идораҳо оид ба амалисозии Барномаи «Беҳгардонии фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот».

2. Иттилооти шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмиллӣ оид ба кӯмакҳои расонидашудаи техникӣ дар амалисозии Барномаи «Беҳгардонии фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот».

3. Тасдиқкунии рӯзномаи ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ.

Раиси Шӯро:
  Э. Рахмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Саидов
Роҳбари Котиботи Шӯрои Машваратӣ З. Хотамов
Аъзои муваққатии Шӯро:
Раиси Раёсати Асотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёна М. Улҷабоева
Роҳбари палатаи савдо ва саноати америкоӣ Н. Шарипов
Раиси асотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон З. Саидов
Раиси асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон И. Лалбеков
Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Забиров
Сарвари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Ульф Хиндстром
Директори Агентии ИМА оид ба ҳамкории байналмиллӣ (USAID) дар Тоҷикистон Джефри Лехрер
Шахсони даъватшуда:
Мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ М. Давлатов
Сарвари намояндагии КБМ Венди Вернер
Намояндаи ваколатдори ҳайати вакилони Комисияи Аврупоӣ дар Тоҷикистон Шарлота Адриаен
Намояндаи Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ(GTZ) Джонатан Хонбрук
Файл:
  Загрузить

Раиси Шӯро - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ ҳусни оғоз бахшида Котиби масъули нави Шӯро - Давлаталӣ Саидов, Роҳбари Котиботи Шӯро - Зафар Ҳотамов ва аъзои нави Шӯро аз бахши ғайридавлатӣ - Назир Шарипов, Роҳбари палатаи савдо ва саноати америкоӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Ҷаласа бо ҳисоботи вазорату идораҳо оид ба ҷараёни амалисозии Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот» оғоз шуд.

Баъди шунидани ҳисоботи вазорату идораҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмиллӣ ба давлат дар амалисозии Барномаи муҳокимашаванда дастгирии техникӣ расонанда суханронӣ намуданд ва иштирокчиёни ҷаласаро бо фаъолияти лоиҳаҳои худ дар ин самт шинос намуданд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дар Барномаи ислоҳоти маъмурӣ-танзимкунии кӯтоҳмуддатро дар баргиранда, вазифаҳои Ҳукумати ҶТ тибқи соддакунии расмиёти маъмурӣ нисбати субъектҳои соҳибкорӣ муайян карда шуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа як қатор масъалаҳое, ки дар онҳо пешравии муайян мушоҳида карда мешавад, қайд намуданд. Ба қатори онҳо пеш аз ҳама масъалаҳои ҷорикунии системаи бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ тибқи принсипи «Равзанаи ягона», гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда барои амалисозии фаъолияти сохтмонӣ ва инчунин мустаҳкамкунии ҳуқуқи соҳибкорон бо роҳи беҳтар намудани қонунгузории фаъолияти ҷамъиятҳои саҳҳомиро танзимкунанда, инчунин масъалаҳои соддакунии расмиятҳои муфлисшавӣ дохил шуданд.

Қайд карда шуд, ки танҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бахши хусусӣ ва кӯмаки аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллӣ расонидашаванда, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ як қатор тағйирот ворид карда шуданд, ки ба Тоҷикистон барои дохил шудан ба сафи даҳ мамлакатҳои пешоҳанги ислоҳотгар, мувофиқи ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ «Ба роҳ мондани соҳибкорӣ» имкон дод.

Дар баробари ин қайд карда шуд, ки ҳолат ва сифати амалисозии Барнома наметавонанд ҳама тарафҳои манфиатдорро қонеъ кунонанд, чунки аксари бандҳо то ҳол ба иҷро нарасидаанд. Танҳо 6 банд аз 24 банди Барнома пурра амалӣ шудаанд. Қисми зиёди лоиҳаҳои Қонун дар зинаи мувофиқакунӣ қарор доранд ва баъзе масъалаҳо то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот» масъалаҳоеро фаро мегирад, ки амалисозии саривақтии онҳо ба беҳтар намудани мавқеъҳои мамлакат мерасонад, вале сатҳи ҳозираи амалисозии Барнома наметавонад ба беҳгардонии рейтинги байналмиллии Тоҷикистон, мувофиқи ҳисоботи «Ба роҳ мондани соҳибкорӣ», таъсир расонад.

Президенти кишвар зикр намуд, ки натиҷаҳои бадастомада наметавонанд Ҳукуматро қонеъ кунанд, чунки Тоҷикистон мисли пешина дар қатори мамлакатҳое ҷой дорад, ки бо фазои сармоягузории заиф тавсиф карда мешаванд. Дохилкунии Тоҷикистон ба ислоҳотчиёни пешоҳанг боз масъулияти бештареро дар кори ислоҳоти дар мамлакат гузаронидашаванда дар назар дорад, чунки сармоягузорони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ ба «мамлакатҳои ислоҳотгар» диққати махсус медиҳанд.

Дар рафти ҳисоботҳои вазорату идораҳо яқин шуд, ки дар васоити ахбори омма маъракаи иттилоотӣ-фаҳмондадиҳии раванди амалисозии Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ- 200 рӯзи ислоҳот» дар сатҳи лозимӣ таъмин карда нашудааст.

Дар хотимаи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои техникӣ ва ташкилии гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро дахл карда исроркорона тавсия кард, ки ҷаласаҳои оянда қатъиян мувофиқи регламенти муқарраргардида, бо истифодаи таҷҳизоти таъмини тарҷимаи синхронӣ зарурӣ гузаронида шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар ҷаласаҳо бояд масъалаҳои нисбатан муҳимтари беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дахлдор баррасӣ шаванд. Аъзои Шӯро бояд дар амалисозӣ ва мониторинги ислоҳоти гузаронидашаванда нисбатан фаъолтар иштирок кунанд. Бо ҳамин мақсад Президенти кишвар ба ӯҳдаи аъзои Шӯро ҷиҳати таҳияи пешниҳодоти босифат барои ислоҳот масъулият гузошт.

ҚАРОРДОДҲОИ ШӮРО:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии натиҷаҳои амалисозии Барномаи «Беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот» ба идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ дод. Мувофиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст:

1. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади бартараф кардани норасоиҳои мавҷуда дарамалисозии Барнома:

- дар тӯли як моҳ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар доираи амалисозии бандҳои Барнома коркард ва мувофиқашударо қабул кунад;

- нақшаи амалисозии бандҳои иҷронашудаи Барномаро, ки он ҷо чораҳои пешкашшаванда ва мӯҳлати амалисозии онҳо аниқ карда мешаванд, муайян кунад.

2. Роҳбарони вазорату идораҳо оид ба риояи талаботи Регламенти Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи идораҳои онҳо, бо таъмини иҷроиши бечунучарои талабот тибқи мӯҳлатҳои коркард, мувофиқакунӣ ва иҷроиши ҳуҷҷатҳо чораҳои қатъӣ бинанд.

3. КДА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмиллӣ баҳодиҳии амалисозии Барномаро гузаронанд ва дар асоси баҳои додашуда икдомҳои баъдинаро тибқи гузаронидани ислоҳот дар соҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муайян кунанд;

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ, пешниҳодотро оид ба гузаронидани ислоҳоти минбаъда барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи ««Пешбури соҳибкорӣ (Doing Business)» коркард кунад.

5. Аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ дар ҷаласаҳои Шӯро бештар фаъол бошанд ва барои муҳокимаи озоди мушкилоти мавҷуда омода бошанд.

6. Кумитаи телевизион ва радио дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади таъмини соҳибкорон бо иттилооти муфассал оид ба ҷараёни амалисозии Барнома бо ҷалби идораҳои давлатии масъул ва сохторҳои соҳибкорӣ - дар январи соли 2010 аз тариқи телевизион муҳокимави масъалаҳои мазкурро ба роҳ монанд;

- якҷоя бо КДА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи гузаронидани силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва эфирҳоро оид ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ тибқи ислоҳоти дар соҳаи рушди бахши хусусӣ гузаронидашаванда коркард ва татбиқ намояд;

7. Вазорати корҳои хориҷӣ барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда оид ба масъалаҳои дастгирӣ дар додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ чораҳои зарурӣ бинад.

8. Котиби масъули Шӯро якҷоя бо Котиботи Шӯро оид ба беҳтар намудани сифати ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро чораҳои зарурӣ андешанд. Котиботи Шӯро якҷоя бо аъзои Шӯрои машваратӣ Нақшаи солонаи гузаронидани ҷаласаҳои семоҳаи Шӯроро коркард карда барои баррасӣ ба Раиси Шӯро пешниҳод кунанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Д. Саидов

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - З. Ҳотамов



Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид