Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои Машваратӣ

08.11.2011

Рӯзномаи ҷаласа:

1. Муҳокимаи натиҷаҳои мониторинги иҷроиши қарорҳои Шӯрои машваратӣ.

2. Муҳокимаи натиҷаҳои таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ».

3. Муҳокимаи таҳлили афзоиши самаранокиии иқтисодии соҳаи кишоварзӣ дар роҳи расидан ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ.

4. Муҳокимаи лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласаи 9-уми Шӯрои машваратӣ.

Раиси Шӯро:
  Э. Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Саидов
Раиси Асотсиатсияи миллии занони соҳибкор Г. Махкамова
Директори Фонди ҷамъиятии «Интернет» Р. Қосимов
Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Н. Забиров
Раиси Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Ф. Раҷабов
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таыдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром
Муовини Роҳбари Намояндагии Идораи Швейтсарии ҳамкорӣ дарҶумҳурии Тоҷикистон Николас Гюгас
Файл:
  Загрузить

Раиси Шӯро - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои машваратиро оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки солҳои истиқлолияти мамлакат бо шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони кишвар як қатор иншоотҳои ҳаётан муҳим аз қабили корхонаҳои саноатӣ, қасрҳои варзишӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта сохта, мавриди истифодаи мардум қарор дода шуд. Меҳнати пурсамари намояндагони бахши хусусии мамлакат аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, як қатор намояндагони соҳибкорони мамлакат ба ифтихори 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон бо нишону ифтихорномаҳои давлатӣ, қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат қайд намуданд, ки баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз равандҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар, бо инобати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва афзудани иқтидори содиротӣ, боқӣ мемонад. Дар ин радиф, татбиқи пурра ва саривақтии қарорҳои Шӯро яке аз самтҳои асосии фаъолияти аъзоёни Шӯрои машваратӣ, мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти нуқтаҳои зикргардида, оид ба масъалаи якум гузориши Котиби масъули Шӯро- Саидов Д.Ш. шунида шуд, ки ӯ дар баромадаш нисбати иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои шашум ва ҳафтуми Шӯро ахбороти муфассал манзур намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки қарорҳои қабулнамудаи Шӯро аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар маҷмӯъ татбиқ карда шуда бошанд ҳам, то ҳол баъзе масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли мусбии худро пайдо накардаанд.

Аз ҷумла, иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2010, №276 “Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ” марбут ба рушди бозори лизинг, ки дар ҷаласаи панҷуми Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, то ҳол таъмин карда нашудааст. Инчунин татбиқи “Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2011-2012” бинобар сабаби аз ҷониби шарикони рушд, ки ташаббускорони қабули Барномаи мазкур мебошанд, ба қадри зарурӣ маблағгузорӣ нагардидани чорабиниҳои он, иҷрои саривақтӣ ва самарабахши Барнома ғайриимкон гардида, дар ин самт чораандешии фаврӣ ва мушаххаси ҷонибҳо зарур аст.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Президенти мамлакат ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби масъули Шӯро супориш дода шуд, ки масъалаи ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шуда, дар вазорату идораҳои масъул, мунтазам мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯро гузаронида шавад.

Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа муовини роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон – Николас Гюгас, намояндаи доимии Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикстон – Ҷоҷӣ Токешӣ, Роҳбари Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон – Файзалӣ Раҷабов, Роҳбари Фонди ҷамъиятии Интернет – Рустам Қосимов, Роҳбари Иттифоқи соҳибкорон ва содироткунандагони Тоҷикистон – Некруй Забиров, директори кулли ҶСШК “Помир Энерҷӣ” – Далер Ҷумаев, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон – Кристофер Миллер, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қосим Қосимов, директори иҷроияи Асотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон дар вилояти Хатлон – Ибодулло Неъматов, Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон – Штефан Эрбер ва ноиби Президенти Бонки Осиёи Рушд – Шиаою Жао иштирок намуданд.

Дар баромади худ Шиаою Жао аз ҷумла қайд намуд, ки барои рушди густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ бояд аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ, бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ Фонд ё Маркази сармоягузорӣ таъсис дода шуда, лоиҳаҳои дар ин доира амалишаванда аз ҷониби ин мақомот сармоягузорӣ карда шаванд. Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки хоҷагиҳои кишоварзие, ки аз камбудии воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла, нуриҳои минералӣ ва органикӣ, воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо, тухмиҳои хушсифат, техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо танқисӣ мекашанд, бояд аз ҷониби ташкилоштҳои байналмилалӣ дастгирӣ карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифҳои аз ҷониби Шиаою Жао пешниҳодгардидаро дастгирӣ намуда, қайд намуданд, ки Бонки Осиёи Рушд ва дигар шарикони рушд Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани қариб 70 ҳазор гектар замин, ки айни ҳол дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор доранд, дастгирӣ намояд. Зеро ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо барои рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъсиси зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, мусоидат хоҳад намуд.

Президенти кишвар пешниҳодоти шарикони рушдро вобаста ба кам кардани шумораи андозҳо ва маъмурикунонии он ва дигар ҷанбаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дастгирӣ намуда, ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар сурати амалӣ намудани чунин тадбирҳо бояд сарчашмаи ҷуброни камшавии даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои байналмилаӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон низ вуҷуд дошта бошад. Вобаста ба ин, фаъолияти пурсамаи Бонки Осиёи Рушд дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ба таври қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар ин замина, ба дараҷаи сифатан нав баровардани фаъолияти шарикони рушди Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ дар роҳи комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ қайд гардид, ки имрӯз кишоварзони мамлакат дар қатори пешравиҳо ба мушкилиҳое, аз қабили норасоии воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо, тухмиҳои хушсифат, техникаи муосири кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он, рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба рушди соҳа монеаҳо эҷод менамоянд.

Раиси Шӯро масълаи мазкурро дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки воридоти воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷумла, баъзе навъҳои нуриҳои минералӣ ва органикӣ, воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо, тухмиҳо, воридоту таҳвили техника ва технологияи соҳаи истеҳсолот тавассути лизинг, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, озод карда шаванд.

Аз рӯи масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро – Саидов Д.Ш. баромад намуда, нисбат ба яке аз масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратӣ дар мавзӯи таҳияи лоиҳаи “Тартиби намунавии гузаронидани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ”, ахборот дод.

Аз ҷумла қайд гардид, ки ба мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намудани функсияи мувофиқа намудани санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, мониторинг ва таҳлили санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани варақаи санҷишӣ ва системаи муайян намудани дараҷаи хатарҳо, имконият медиҳанд, ки сарбории буҷети давлатӣ коҳиш ёфта, маблағҳои буҷавӣ ба таври мақсаднок истифода бурда шаванд ё худ амали мақомотҳои санҷишӣ барои доир намудани чорабиниҳои профилактикӣ ва пешгирикунанда равона карда шавад. Дар ин замина, таҳияи лоиҳаи “Тартиби намунавии гузаронидани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ” мувофиқи мақсад ҳисобида мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Президенти мамлакат супориш дода шуд, ки бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, Котиботи Шӯро ва бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаи “Тартиби намунавии гузаронидани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ” ва лоиҳаҳои қонунҳо вобаста ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва соҳаи истифодаи қаъри замин таҳия карда шуда, ба баррасии ҷаласаҳои навбатии Шӯро пешниҳод карда шаванд.

Дар суханронии ҷамъбастии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида баён намуда, аз ҷумла таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба яке аз омилҳои муҳими беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисодиёт, яъне ба таври васеъ ба роҳ мондани ҳамкориҳои лизингӣ ҷалб намуданд. Аз ҷониби Сарвари давлат қайд гардид, ки молистеҳсолкунандагони ватанӣ бояд мавқеи худро дар бозори дохили ва ҷаҳонӣ устувор намоянд. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки онҳо дар истеҳсолот таҷҳизоти муосир ва технологияҳои навтаринро истифода баранд.

Аммо, молистеҳсолкунандагони ватанӣ аксаран чунин имкониятро доро нестанд, зеро, ки таҷҳизоти муосир арзиши хеле гарон дорад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот дар рушди бозори лизинг мебошад, ки ин намуди хизматрасонии бонкӣ тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба соҳибкорон, ҷиҳати рушду густариши истеҳсолот шароити мусоид фароҳам меорад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидани он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд намудани сарчашмаҳои дохилии андозбандӣ ва воридоти бештари маблағ ба буҷет, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоту таҳвили таҷҳизот ва технологияи истеҳсолӣ тавассути лизинг (амалиётҳои лизингӣ) мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Дар ин радиф, Президенти кишвар қайд намуданд, ки сиёсати имрӯза на танҳо барои иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз танҳо аз ҳисоби ситонидани андозҳои воридотӣ ва боҷҳои гумрукӣ бояд равона карда шавад. Зеро ин ба воридоти бештари техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Ба андешаи Президенти ҷумҳурӣ мақомотҳои марбутаи давлатӣ бояд барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, ҷалби бештари сармоягузориҳо ва дар ин замина зиёд намудани сарчашмаҳои дохилии андозситонӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.

Вобаста ба нуқтаҳои зикргардида, дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ ба мақомот ва масъулини дахлдор дастуру супоришҳои зайл дода шуд:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯроро таҳти назорат гирифта, дар байни ҷаласаҳои Шӯро, маҷлисҳои байниҷаласавӣ дар назди Сарвазири мамлакат нисбати масъалаи мазкур мунтазам доир намуда, иҷрои пурраю саривақтии қарорҳои Шӯроро таъмин намояд.

2. Вазорату идораҳои марбута иҷрои пурра, саривақтӣ ва босифати қарорҳои Шӯроро таъмин намоянд.

3. Шӯъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати андозбандии амалиётҳои лизингӣ пешниҳодгардидаро ба баррасии ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Котиботи Шӯрои машваратӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд:

- лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ”. “Дар бораи истифодаи қаъри замин”, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби намунавии гузаронидани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ”,-ро таҳия намуда, ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намоянд;

- таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи воқеии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ манзур намоянд;

5. Раиси Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи Кодекси нави андоз дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ оид ба ҷараёни таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз ахбороти муфассал пешниҳод намояд.

6. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ таҳлилҳои амиқ гузаронида, барои осон намудани мушкилоти соҳибкорон ва баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ чораҳои муассир андешиданд, ва дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои машваратӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

7. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба таври фаврӣ масъалаи аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти баъзе навъҳои нуриҳои минералӣ ва органикӣ, воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо ва тухмиҳои хушсифатро омӯхта, лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва пажуҳишгоҳҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ба роҳ мондани технологияҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла технологияҳои каммасрафи таъмини об, тухмиҳои хушсифат, нигаҳдории хуби замин ва ҳолати мелиоративии он ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

- Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо барои гирифтани пеши роҳи партовшавии заминҳои корам чорабиниҳои мушаххас андешида, ҷиҳати таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии иншоотҳои ирригатсионӣ, тибқи лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда чораҳои муассир андешиданд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

9. Вазорати молия, Бонки миллӣ ва дигар сохторҳои марбута, ҷиҳати ҳалли мушкилоти дастрас намудани қарзҳои дарозмуддат барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас манзур намоянд.

10. Иштироки Роҳбарони аввали вазорату идораҳои бахши иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои машваратӣ таъмин карда шаванд.

Котиби масъули Шӯро,

Раиси Кумитаи давлатии

сармоягузорӣ ва идораи амволи

давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Д. Саидов     

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид