Ҷаласаи даҳуми Шӯрои Машваратӣ

31.10.2012
Рӯзномаи ҷаласа:

Якум. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Дуюм. Муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ » дар таҳрири нав.

Сеюм. Ахбороти Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Суғд.

Чорум. Пешниҳоди масъалаи лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратӣ.


Раиси Шӯро:
  Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби масъули Шўро) Давлаталӣ Саидов
Роҳбари Котиботи Шўрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев
Аъзои муваққатии Шӯро:
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром
Роҳбари Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов
Роҳбари Фонди ҷамъиятии «Интернет» Рустам Қосимов
Роҳбари Асотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳодҷон Акбаров
Роҳбари Иттифоқи асотсиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд Маъсуда Тюряева
Шахсони даъватшуда:
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иќтисодї Фаррух Ҳамралиев
Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва робита бо Парламент Ҷумъахон Давлатов
Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Буриев
Роҳбари Намояндагии Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байнамилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марша Олив
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов
Файл:
  Загрузить


19 октябри соли 2012, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа Президенти ҷумҳурӣ , Раиси Шӯрои машваратӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Шӯро аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Саймудинов Музаффар - Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» ва Рустамов Баҳром – Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «К.Даврон»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Бояд тазаккур дод, ки қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаи гузаштаи Шӯро ба ислоҳоти низоми андоз, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ барои фаъолияти соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ карда мешаванд, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва савдои наздисарҳадӣ ва тақвият бахшидани иқтидори касбии соҳибкорон равона шуда буданд. Қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулин ва вазорату идораҳои мутасаддӣ дар маҷмӯъ иҷро гардида, корҳои муайяне анҷом дода шуданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби Комиссияи давлатӣ лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия гардида, дар ҷаласаи гузаштаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Айни замон, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул гардида, татбиқи он аз соли 2013 оғоз мегардад.

Инчунин бо мақсади иҷрои қарори ҷаласаҳои қаблии Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардид. Вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур лоиҳаи нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, ба ҷаласаи Шӯро пешниҳод карда шуд.

Вобаста ба ин, Раиси Шӯро, Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур сатҳи ҳамкориҳои созандаи давлат ва бахши хусусӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда шуда, лоиҳаҳои иқтисодии ҳаётан муҳим дар ин доира бо ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ бомаром татбиқ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи қонуни номбурда тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида чораҳои муассир андешанд. Бо вуҷуди пешравиҳо дар самти иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯро, то ҳол баъзе бандҳои алоҳидаи қарорҳои қабулнамудаи Шӯро ба таври зарурӣ татбиқ карда нашудаанд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди роҳбарони вилоятҳо ва ш. Душанбе, татбиқи ҳамаҷонибаи муқарароти қонунгузорӣ вобаста ба рушди минтақањои озоди иқтисодӣ ва таъмини фаъолияти мўътадили онҳо, татбиқи пурраи «Барномаи давлатӣ оид ба афзун намудани имконияти содиротии соҳаи коркарди меваю сабзавот барои солҳои 2011-2012» ва «Барномаи дастгирии ташкилотњои сохтмон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014» то ҳол беҳбудиро тақозо дошта, мақомоти давлатии дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати ҳалли ин мушкилиҳо бояд масъулияту фаъолнокии бештар зоҳир намоянд.

Бо дарназардошти нуқтаҳои зикргардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро ба Котиби масъули Шӯро ва Роҳбари Котибот супориш дода шуд, ки ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шўро таҳти назорати доимӣ гирифта шуда, натиҷагирии он дар ҷаласаҳои ояндаи Шўро давом дода шавад.

Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи аъзои Шўрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусӣ, Роҳбари Иттифоқи ассотсиатсияҳои соҳибкории вилояти Суғд Маъсуда Тюряева вобаста ба нақши бахши хусусӣ дар татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шўрои машваратӣ шунида шуд.

Оид ба масъалаи дуюми рўзномаи ҷаласа баромади иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе – Миралӣ Қодиров шунида шуд, ки ў дар баромадаш оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ахборот дод.

Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шўро иброз доштанд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани шумораи санҷишҳои фаъолияти шахсони ҳуќуќӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ислоҳоти ҷиддӣ доир шудааст.

Вале, тадбирҳои андешидашуда кифоя нестанд ва зарур аст, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа корҳои зиёде анҷом дода шаванд, зеро то ҳол санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боќӣ мондааст.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид гардид, ки дар лоиҳаи қонуни зикргардида як қатор ҷанбаҳои дигар, аз ҷумла мўҳлати огоҳӣ оид ба гузаронидани санҷиш, давомнокии он, кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санљиш, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд ба инобат гирифта шавад.

Итминон карда шуд, ки қабули Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав барои ба низом даровардани санљиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таконе хоҳад бахшид.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, аз ҷумла татбиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯро ва ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти cубъектҳои соҳибкорӣ” намояндагони шарикони рушд Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Улф Ҳиндстром ва Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалї Штефан Эрбер баромад намуданд. Аз ҷумла, ќайд карда шуд, ки шарикони рушди Тоҷикистон ќарорҳои Шўрои машваратиро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорї ва соҳибкорӣ дастгирӣ намуда, минбаъд низ кўмакҳои худро дар ин самт идома хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки имрўзҳо муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтаќавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Фархор шўроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд. Ҷараёни таъсиси чунин Шўро дар водии Рашт идома дорад.

Дар ин замина, оид ба масъалаи сеюми рўзномаи ҷаласаи Шўро, Раиси Шўрои минтақавии вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Қоҳир Расулзода вобаста ба фаъолияти Шўрои минтаќавӣ ва вазъи феълии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят баромад намуд.

Ахборот дода шуд, ки имрўзҳо вазъи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2011 дар қаламрави вилоят аз ҷониби бахши хусусӣ 65 корхонаи нави саноатӣ бо наздики 2 ҳазор ойи корӣ ба кор дароварда шуд ва 100 корхонаи дигар соли равон бо наздики 6 ҳазор ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ ќарор хоҳанд гирифт. Бо вуҷуди ин, имкониятҳои зиёди иқтисодии вилоят аз мадди истифодаи соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дур мондааст.

Вобаста ба масъалаи охирон ба лоиҳаи рўзномаи ҷаласаи ояндаи Шўрои машваратӣ, аз ҷониби Котиби масъули Шўро Давлаталӣ Саидов масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки он ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Ҳамзамон қайд гардид, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудаанд. Як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки барои рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда вазъи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди бахши сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ беҳбудиҳои куллиро тақозо менамояд.

Дар ин радиф, таъкид гардид, ки идомаи ислоҳот дар самти боз ҳам мусоид намудани шароит барои ҷалби сайёҳон, беҳтар намудани инфрасохтори рушди бахши сайёҳӣ ва мукаммал намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии он, соддатар намудани тартиби бақайдгирии сайёҳон, таъсиси ширкатҳои миллии муосири сайёҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани рақобатпазирии бахши сайёҳӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ зарур шуморида мешавад.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.



Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид