28-04-2021

Омузиши таҷрибаи пешқадам дар такмили қонунгузорӣ оид ба фаъолияти паркҳои технологӣ

Тибқи супориши протоколии ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо назардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, ки механизми маблаѓгузории корҳоро вобаста ба роҳандозӣ намудани инноватсия дар истеҳолот фарогир аст, таҳия карда мешаванд.

Мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа барои таъмини рушди бемайлони инфрасохтори рақамӣ, тақвияти малакаи рақамӣ, афзоиши талабот ба технологияҳои нав аз ҷониби корхонаҳо, суръатбахшии сармоягузорӣ ба рақамикунонӣ, тақвияти фаъолияти бахши хусусӣ, аз ҷумла бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионӣ ва сатҳи баланди истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи банди мазкур рӯзи 28 апрели соли 2021 вебинар дар мавзӯи “Таҷрибаи байналмилалии меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши ташкил ва рушди инфрасохторҳои саноатӣ, инноватсионию технологӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва коршиносони соҳавии Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Дар рафти вебинари мазкур моҳият ва аҳамияти паркҳои технологӣ, таъсис ва рушди паркҳои технологияҳои иттилоотӣ, таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои бахши мазкур суханрониҳо ва муаррифномаҳо манзур гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ, мубодилаи афкор ва бахши саволу ҷавоб миёни иштирокчиён сурат гирифт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид