29-04-2021

Муаррифии лоиҳаҳои нав/Startup

Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон рӯзи 29 апрели соли 2021 маросими муаррифии Барномаи дастгирии идеяҳои соҳибкории бонувон аз ҷониби лоиҳаи PEAK дар Тоҷикистон тариқи онлайн ташкил ва баргузор гардид.

Дар давоми 18 ҳафта иштирокчиёни Барнома аз тамоми манотиқи кишвар дар тренингҳои омӯзишӣ бо мақсади мукаммал ва такмил додани нақшаҳои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ иштирок намуда, роҳандозии тиҷорати хеш, оғози тиҷорат дар марҳилаҳои аввал ва тарзи идоракунии воситаҳои молиявӣ, инчунин омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва андозии расман оғоз намудани фаъолияти соҳибкориро аз худ карданд.

Нақши муҳим дар Барнома ба рушд ва беҳтар кардани малакаи фурӯши маҳсулоти худӣ дода шуд, ки иштирокчиён тавонистанд муваффақона нақшаҳои тиҷоратии худро ба ҷонибҳои ҳавасманд манзур намоянд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъоли Барнома ифтихорномаҳо супорида шуд.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид