03-10-2012

Вохӯрии навбатии намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо намояндагони бахши хусусӣ

Намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии навбатиро бо бахши хусусӣ доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур Роқбари Котиботи Шӯрои машваратӣ шариконро бо рӯйдодҳои охирони фаъолияти Шӯро шинос намуданд ва онҳоро даъват намуданд, ки пешниҳодот ва тавсияҳои худро барои баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ манзур намоянд.

Аз ҷониби бахши хусусӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ақидаи онҳо хеле муҳим ва барои соҳибкорон афзалиятнок маҳсуб меёбанд ва ҳалли саривақтии онҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ такон хоҳад бахшид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид