15-11-2013

Ҷаласаи ҷамъбастии гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ

Дирӯз 14 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратӣ ҷаласаи ҷамъбастии гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ аз бахши хусусӣ, вазорати идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок ва суханронї намуданд. Љаласаро Роњбари Котиботи Шўрои машваратӣ Завқиҷон Завқиев кушода ба аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати ҳамкориҳо ва таҳияи ҳуҷҷати таҳлилии “Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон” изҳори миннатдорӣ намуд.

Вохӯрӣ дар фазои солими муҳокимарониҳо ва баррасии масоили рӯзмарраи бахши сайёҳӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, дар рафти вохӯриҳо марҳилаҳои гуногуни будубоши сайёҳон дар ҷумҳурӣ, шароити сайру сайёҳати онҳо ва дигар тарафҳои меъёрӣ –ҳуқуқии бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар натиҷа иштирокчиёни вохӯрӣ қаноатмандии хешро иброз дошта, изҳори умед намуданд, ки ислоҳоти пешниҳодшуда ба рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан бахши хусусии он таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид