07-06-2013

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳайати Бонки Осиёии Рушд

Рӯзи 06 июни соли 2013 Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев бо Утсав Кумар – иқтисодчии Департаменти таҳлилҳои иқтисодӣ ва тадқиқотии Бонки Осиёии Рушд ва Кадир Танжу Юрукоглу – мушовири иқтисодии Бонки Осиёии Рушд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба таҳияи стратегияи ояндаи бонк оид ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқоти мазкур як қатор масоили вобаста ба рушди иқтисодиёти мамлакат, беҳтар намудани вазъи сармоягузории кишвар ва раванду мақсадҳои фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба ислоҳоти гузаронидашуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва нақшаҳои минбаъда иттилоъ дод. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид