15-01-2014

Мулоқоти намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушд»

Дар таърихи 14 январи соли 2014 вохӯрии намояндаи Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Котибот оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯро татбиқгардидаистода маълумот дод. Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи ҳадафҳои Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-ро дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла ташкили муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ» барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба ин соҳа, воридоти технологияҳои муосир ва баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони соҳаи мазкур нигаронида шуда, дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ татбиқ карда мешавад.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда ва омода намудани мавзӯъ якҷо бо бахшҳои хусусиву давлатӣ барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ омодагии худро изҳор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид