09-06-2014

Ташрифи ҳайати мутахассисони ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Аз санаи 27-уми май то 4-уми июни соли ҷорӣ ҳайати ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади баррасии ислоҳот ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат, ки метавонанд ба баланд шудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» мусоидат намоянд, ба шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати ҳисоботи мазкур аз коршиносони байналмилалӣ Ҷулиан Левис – мушовири бахши «Пешбурди cоҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, Переклис Сараҷиотис - мутахассиси рушди бахши хусусӣ, ташкили амалиёти тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузорӣ ва фазои сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди cоҳибкорӣ», Гаги Габриелян мутахассиси рушди бахши хусусӣ, ташкили амалиёти тиҷорати байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди cоҳибкорӣ» иборат буданд.

Ҳайати мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ якҷо бо кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони якчанд вазоратҳо ва сохторҳои марбута, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии Тоҷикистандарт, Хадамоти гумрук, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфтушунидҳо баргузор намуданд.

Дар вохӯриҳо бо шахсони масъули сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ислоҳот ва дастовардҳои соҳаҳои марбута ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва масъалаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар интиҳои вохӯриҳо рӯзи 4-уми май дар дафтари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он ҳайати ташрифовардаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ якҷо бо кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон – Кристофер Миллер ва мутахассиси гурӯҳи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» –Ива Хамел аз Дафтари марказии Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон ислоҳоти татбиқшударо дар Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур баррасӣ ва арзёбӣ намуданд.

Аз ҷумла ислоҳоти вобаста ба ташкил ва татбиқи пурраи низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар назди Кумитаи андоз, «Равзанаи ягона» барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ дар назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, таъсиси КВД «Бақайдгириии молу мулки ғайриманқул» дар назди Кумитаи идораи замин ва геодезӣ дар заминаи муттаҳидсозии КВД «Марказ-Замин» ва КВД «Хоҷагии манзилию комуналӣ» бо ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи гарави амволи манқул» дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Бонки миллӣ, ислоҳоти татбиқшуда дар самти кам кардани шумораи андозҳо ва соддагардонии маъмурикунонии андоз, низоми «Равзанаи ягона» барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар назди Хадамоти гумрук ислоҳоти назаррас арзёбӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки ҳайати мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ва гурӯҳи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ислоҳот ва дастовардҳои мамлакатро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин фаъолияти сохторҳои давлатиро дар раванди амалигардонии ислоҳоти мазкур баланд баҳо доданд.

Эзоҳ: Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар 189 давлати аъзо баҳогузории рейтингӣ гузаронида, мавқеи давлатҳоро дар он муайян менамояд ва ба матбуоти сатҳи глобалӣ маълум менамояд. Ин баҳогузорӣ аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид