15-10-2014

Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррикииқтисодиёт»

Имрӯз,15 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт» доир гардид.

Дар форуми мазкур беш аз 500 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, намояндагони дипломатии кишварҳои дунё, олимону коршиносони варзида, корхонаҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор, роҳбарони як қатор мақомотҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Президенти мамлакат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт” хайрамақдам гуфта, натиҷабахш гардидани иштироки онҳоро дар кори ин форум изҳор намуданд.

Президенти кишвар баргузории Форумро, ки намояндагони Ҳукумати мамлакат, ташкилотҳои байналмилалӣ, доираҳои коршиносон, сармоягузорону соҳибкоронро аз мамолики ҷаҳон ва аҳли тиҷорату соҳибкорони ватаниро ба ҳам гирд овард, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти ҷумҳурӣ аз нақши назарраси бахши хусусӣ, ки саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 зиёда аз 63 фоизро ташкил медиҳад, ёдрас шуда, қайд карданд, ки имрӯз бахши хусусӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ободонӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта истодааст.

Дар натиҷаи амалӣ намудани як зумра ислоҳот нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки Ҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» хеле беҳтар гардида, дар солҳои 2010 ва 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгар шомил гардид.

Сарвари мамлакат бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегарданд, корҳои назаррас анҷом дода шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Президенти кишвар роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Тоҷикистон дорои имконияти истеҳсоли 527 млрд/квт.соат қувваи барқ дар як сол буда, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд ва вобаста будани таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвари мо, алалхусус соҳаи саноату бахши иҷтимоии он ба рушди иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва саҳми мамлакат дар оянда таъмин намудани кишварҳои рушдёфтаистодаи ҳамсоя бо нерӯи барқ таъкид гардид.

Вобаста ба масъалаи такмили сохтории иқтисодиёт ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳамчунин ба шароити имрӯза мутобиқ гардондани фаъолияти иншооти саноатии мавҷуда тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои муосир қайд гардид, ки барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Ҷумҳурӣ ҳамаи навъҳои сангҳои қиматбаҳо, металлҳо ва ашёи заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судманди иқтисодист.

Лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, парвариши номгӯи васеи сабзавоту меваҳо, соҳаи туризм, аз ҷумла туризми кӯҳӣ, соҳаи саноати кимиё ва тиб ва истеҳсоли дорувориҳо ҳамчунсамтҳои дигари ояндадори ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд қайд карда шуд.

Зимни суханронӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чор адад чунин минтақаҳо фаъолият дошта, дар онҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст, ҳамчунин барои сармоягузорон дар маҷмӯъ муайян гардидани зиёда аз 40 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ муайяннамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои махсуси иловагӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт - бахши энергетикию истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди пурраи алюминий, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ зикр гардид.

Дар хотима Президенти кишвар изҳори итминон намуданд, ки натиҷаи кори Форум барои рушди соҳаҳои инфрасохтор, энергетика, саноат, фаъолияти бонкӣ, молия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ такони тоза хоҳад бахшид ва соҳибкорону сармоягузорон аз шароити мусоиди барои сармоягузорӣ фароҳам овардашуда ҳамаҷониба истифода бурда, ҳамкориҳои судмандро дар ин ҷода густариш хоҳанд дод.

Дар ифтитоҳи форум инчунин Масару Хонма - Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, СиСи Ю - Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Ҷаноби Фредерик Лоб – Директори кулли ширкати «Шиевер Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Сангӯда-1” Павел Лавров ва Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой Чен Ин Сян суханронӣ намуданд.

Сипас кори форум дар бахши пленарии “Тоҷикистон-стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат” бо сухаронии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид идома дода шуд.

Дар бахши пленарии мазкур вобаста ба мавзӯҳои “Имкониятҳо ва дурнамои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”, “Ҳамкории минтақавӣ ва алоқаи байниҳамдигарӣ”, “Афзалиятҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди фазои мусоиди сармоягузорӣ”, “Сиёсат ва ислоҳоти асосии ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидаткунанда”, “Соддагардонии расмиёт барои сармоягузорон”, “Усулҳои инноватсионии танзими соҳибкорӣ дар мақомоти андоз”, “Бартараф намудани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкории хурд ва миёна, аз ҷумла танзими гумрукӣ ва воридшавӣ ба СУС” Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва намояндагони як қатор созмону ширкатҳои байналмилалӣ баромад карданд.

Ҳамчунин, кори форум дар 5 бахши алоҳида ба роҳ монда шуда, дар ин бахшҳо иштирокчиёни форум вобаста ба мавзуъҳои умумии «Рушди низоми устувори молиявӣ», “Сармоягузориҳо ба бахши энергетика”, “Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ”, «Сармоягузориҳо ба коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобатии соҳаи агробизнес» маърӯза ва баромадҳои худро пешниҳод намуданд.

Форум таҳти роҳбарии умумии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар раванди он як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуданд ва дар анҷоми форум натиҷаҳои кор Ҷамъбаст гардида, санади ниҳоии Форум қабул карда шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид