09-01-2015

Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта

Боиси хурсандист, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №788 тасдиқ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳия карда шуд. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ таҷрибаи ҷаҳонии рушди суғурта, стандартҳои байналмилалии фаъолияти суғуртавӣ, вазъи муосири рушди бозори суғуртаи мамлакат ва мушкилоти онро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, натиҷаҳои онро дар ҳисобот бо тавсияҳои мушаххас ва Нақшаи чорабиниҳои мазкур дарҷ намуд.

Мақсади асосии татбиқи Нақшаи чорабиниҳо фароҳам овардани муҳити рақобатнок дар бозори суғурта, рушди бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани дараҷаи самаранокии танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ, мукаммалгардони қонунгузории танзимкунандаи соҳавӣ, пешрафти муносибатҳои тарафайни бозорҳои суғуртаи миллӣ ва байналхалқӣ, таъмини устувории молиявии ширкатҳои суғуртавӣ мебошад, ки дар навбати худ ба истифодаи бахши суғурта ҳамчун сарчашмаи доимии дохилӣ ва нисбатан боэътимоди сармоягузориҳо ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

Итминон дорем, ки қабул ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба мунтазам зиёд шудани саҳми бозори суғурта дар низоми муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, баланд шудани сатҳи ҳифзи суғуртавии субъектҳои соҳибкорию шаҳрвандони мамлакат, бархурдор шудан аз иқтидори азими иқтисодии бахши суғурта баҳри рушди устувори иқтисодиёти миллӣ таконе хоҳад бахшид. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид