22-01-2015

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо коршиносони байналмилалии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

Имрӯз дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ вохӯрии кории роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов бо коршиносони байналмилалии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои Котиботи Шӯро бо Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии гуруҳҳои корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат ва рушди истеҳсолоти миллӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки натиҷаҳои гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат ва рушди истеҳсолоти миллӣ бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаи 15-уми Шӯро ва гуруҳи корӣ вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ба ҷаласаи 16-уми Шӯро пешниҳод мегарданд.

Коршиносони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ иброз доштанд, ки фаъолияти гуруҳҳои кории қайдгардида дастгирӣ хоҳанд кард.

Дар хотима тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба ҳамкориҳои минбаъда дар доираи гуруҳҳои кории амалкунанда тақвият бахшида шавад.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид