14-03-2016

Мулоқот бо соҳибкорони ВМКБ

Дар мулоқоте, ки бо соҳибкорони ВМКБ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муҳтарам Қодири Қосим иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат таъкид намуда, натиҷаҳои дастовардҳои назаррасро вобаста ба масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ба ин раванд марбут арзёбӣ намуд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки аз шумораи умумии субъектҳои фаъолияти соҳибкории ҷумҳурӣ 3 997 субъект ба ВМКБ рост меояд, ки нисбат ба соли 2014, 2,3 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ ба ВМКБ ба маблағи 126078,4 ҳазор сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шудааст.

Аз ҳисоби лоиҳаҳои дастгиринамудаи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 дар маҷмуъ 16 лоиҳа ба маблағи 8 миллиону 534 ҳазор сомонӣ ба ВМКБ рост меоянд.

Аз давраи касб намудани Истиқлолият, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон айни замон 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 25,3 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Дар мулоқотҳо аз намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони даъват ба амал оварда шуд, ки барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир, дарёфти фишангҳои нави иқтисодӣ барои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Дар маҷмуъ, дар ҳамаи мулоқотҳо аз ҷониби соҳибкорон масъалаҳои дастрасии васеъ ва захираҳои қарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, боз ҳам соддаву осон намудани ҷараёни воридоту содирот ва транзити молу маҳсулот, бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ, маъмурикунонии андоз, осон намудани расмиёти ҷудокунии қитъаи замин барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он, таъмини бемамониати қувваи барқ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат ва дигар масъалаҳои мубрами рушди соҳибкориву сармоягузорӣ матраҳ карда шуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар давраи буҳронӣ намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони бонангу номуси Ватанамон дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имкониятҳои худро дареғ нахоҳанд дошт.

Дар мулоқотҳо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, роҳбарият ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти гумрук, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид