05-08-2016

ИТТИЛЛОИЯ оид ба рафти Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

кУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ тОҶИКИСТОН

кОТИБОТИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ тОҶИКИСТОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Имрӯз, дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид иштирок ва баромад намуда, дар суханронии худ оид ба нақши бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккули фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва марҳилаҳои он, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, доираи масъалаҳои сатҳи байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ ва натиҷаҳои дар раванди мазкур бадастомада ибрози назар намуд.

Тавре муовини якуми Сарвазир қайд намуд, аввалин санади меъёрии ҳуқуқии махсус дар самти рушди соҳибкорӣ “Барномаи давлатии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 феврали соли 1998 қабул гардида, нахустин мулоқот бо соҳибкорон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 августи соли 2001 баргузор гардид, ки барои гузаронидани ислоҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Сипас, солҳои 2001, 2003, 2007, 2010, 2014 ва 2015 мулоқотҳои хосаи Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардида, аз мулоқот то мулоқот таҳавулоти тоза дар рушди бемайлони соҳибкориву сармоягузорӣ ба вуқуъ пайвастанд.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади дастгирии бештар ва татбиқи ислоҳот, тақвият додани фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории ватанию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ инфрасохтори соҳа устувор гардонида шуда, мақоми алоҳида ҷиҳати пешбурди сиёсати сармоягузориву соҳибкорӣ дар симои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби соҳибкорон ба раванди ислоҳот, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шуроҳои маҳаллӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ташшкил ва фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

Ҳамзамон муассисаҳои давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра таъсис дода, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ тавассути қабул кардани чандин қонунҳои танзимкунанда, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаи чорабаиниҳо устувор карда шуд.

Муҳтарам Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ эълон гардидани 14 октябр ҳамчун “Рӯзи соҳибкор”, баргузории мулоқоти мунтазами Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳамоишу Форумҳои байналмилалӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо, фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ баёнгари таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар таърихи мамлакат ва замони истиқлолият бесобиқа мебошад.

Ҳамзамон, изҳори итминон карда шуд, ки бо дарки нақши таърихии Сарвари давлат дар ташаккул ва дастгирии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ, мақомоту идораҳои дахлдор, сармоягузорону соҳибкорон дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ва аз ин тариқ дар устувор намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби масъули Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Қодири Қосим, зимни пазироии иштирокчиён нахуст оид ба аҳамият ва моҳияти конфронс ибрози назар намуд.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, давлати соҳибистиқлоли мо дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба хоҷагии халқ, амалисозии лоиҳаҳои бузурги аҳамияти милливу минтавқавидошта, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд.

Натиҷаҳои ислоҳотҳои дар самтҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ гузаронидашуда, ки баёнгари нақши роҳбарикунанда ва барҷастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баланд арзёбӣ гардида, мавқеи байналмилалии мамлакат дар ин самт устувор ва ҷумҳурии мо борҳо соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид.

Вобаста ба ин пешниҳод карда шуд, ки минбаъд ҷанбаҳои илмию амалии ин мавзӯъ дар шаклҳо ва дар доираҳои васеътари масъалагузории муассисаю ташкилотҳо, бахусус тадқиқотию илмӣ мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода шавад.

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар баромади худ қайд кард, ки Парлумони кишвар аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодасозӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии иқтисодиёт, хусусан рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.

Қайд карда шуд, ки қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, кафолати давлатии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мусоидат намуда, дар заминаи он тавассути таъмини қонунгузории мусоид ва мутобиқ намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, такмил ё дар таҳрири нав қабул карда шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ амалӣ карда шуд.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Саидмуродов зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар бораи нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар барқарорсозӣ ва таҳкими сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр асарҳои илмӣ асосан аз мавқеъ ва диди назариявии давраи гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ навишта шуда, аммо аҳамияти бузург ва нишондоди он дар ташаккул ва рушди заминаҳои иқтисодиёти бозорӣ чун заминагузори рушди ҷомеаи муосири демократӣ дар Тоҷикистон, то кунун ба таври комилу муфассал арзёбӣ нашудааст.

Сипас, оид ба дастовардҳои таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ бадастоварда ибрози назар карда шуд.

Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр Агро”, Одинаев Мирҷон зимни изҳори миннатдории самимӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи доимӣ ва чораандешӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ қайд кард, ки дар натиҷаи чунин дастгириҳо ба корхона муяссар шуд, ки аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Итолиё технологияи нави замонавии соҳаи боғдориро ворид ва бо усули нави технологӣ дар маҷмуъ дар 20 га майдон боғ бунёд намояд, мутахассиси маҳаллӣ пас аз омӯзиш дар хориҷи кишвар ба фаъолияти корӣ ҷалб гардад ва бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхона кафедраи муштараки “Технологияи инноватсионӣ дар кишоварзӣ” ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

Одинаев М. бо изҳори қаноатмандӣ қайд намуд, ки 27 октябри соли 2015 зимни ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ин қитъаи майдони боғи истеҳсолӣ ва омӯзишӣ расман ифтитоҳ гардид.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат ва дар ҳамин замина дастгирии молиявии фаъолияти соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ дар мамлакат заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуд.

Тавре қайд гардид,чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо ва тадбирҳои дигари дар соҳа андешидашуда имкон дод, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намуда, барои дар соли 2000-ум ба муомилот баровардани пули нави миллӣ - “Сомонӣ” заминаи зарурӣ фароҳам овард, ки ин иқдом 30 октябри соли 2000-ум амалӣ гардид.

Вобаста ба имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳои пешниҳодгардидаи андозӣ барои соҳибкорону сармоягузорон, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода баромад карда, қайд намуд, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 бо мақсади идомаи ислоҳоти беҳтар кардани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагон ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия гардида, аз 1 январи соли 2013 мавриди татбиқ қарор дод ашуд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки то 50 % кам кардани номгӯи андозҳо, шумораи эъломияхои андоз то 41 фоиз, шумораи ҳисоботҳои андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз, дар доираи Кодекси нави андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна пешбинӣ карда шудани як қатор имтиёзу сабукиҳо аз қабили ин дастовардҳо маънидод гардид.

Иҷрокунанадаи вазифаи Директори кулли Ширкати «ТК Ойл» корхонаи коркарди нафт дар МОИ “Данғара”, Ху Гединг зимни арзи миннатдории самимӣ аз номи роҳбарияти ширкати «ХЕ ЛИ» ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар баромади худ қайд намуд, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шудааст.

Тавре қайд карда шуд, бо мавҷудияти фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ Ширкати «ХЕ ЛИ»-и назди Корпоратсияи «Ҷи Ой» тасмим гирифт, ки лоиҳаи аввалини худро дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо бунёд намудани корхонаи коркарди нафт бо иқтидори 1,2 млн. тонна дар як сол амалӣ намояд. Дар марҳилаи аввал иқтидори корхона коркарди 500 ҳазор тонна нафтро дар бар гирифта, бо ин мақсад 80 доллар млн. доллари ИМА ҷудо гардидааст. Айни замон сохтмони корхона асосан ба охир расида, тасмим гирифта шудааст, ки ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад.

Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминова Фарида қайд намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии таназзули иқтисодиёт аз давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995 - 2000 шуруъ намуд. Бо қабул ва татбиқи Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои рушди бахшу соҳаҳо ислоҳоти сохторӣ ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд.

Дар фарҷоми сухан рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳо воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои шуғлу даромади аҳолӣ арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки бо фаъолияти дастаҷамъии мақомоту идораҳо ва соҳибкорон таҳти Сарварии Президенти кишвар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун бахши калидии иқтисодиёт таъмин карда хоҳад шуд.

Раисикунандаи Конфронс, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим қайд кард, ки имрӯзҳо муколама ва мулоқотҳои мунтазам ва мустақими Роҳбари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон, баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи гуногуни милливу байналмилалӣ бо иштироки доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон, вохӯрӣ бо намояндагони соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва муқими хориҷи кишвар зимни сафарҳои расмии Президенти мамлакат ба давлатҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ин робита, ҷиҳати муаррифӣ намудани ташаккулёбии мунтазами шаклҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олии мақомоти роҳбарияти мамлакат, ба ибораи дигар, шаклҳои муколамаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон сухан ба Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода дода шуд.

Роҳбари Котиботи Шӯро мухтасаран роҷеъ ба ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаронидани ислоҳоти куллӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳибкориву сармоягузорӣ ибрози назар намуда, таъсиси Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро, ки дар он баррасии ру ба руи масъалаҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҷалби онҳо ба раванди ислоҳот, аз ҷумла таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ, рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ амалӣ мегардад, яке аз қадамҳои муҳим дар самти густариши муносибатҳои байни давлат ва бахши хусусӣ, ҳамчунин яке аз шаклҳои самараноки мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорону сармоягузорон арзёбӣ намуд.

Шаклҳои дигари муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, баргузории форумҳову ҳамоишҳо, ҳамчунин, мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ қайд карда шуда, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ камназир ва барои гузаронидани ислоҳот ва ҳалли масъалаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ омили калидӣ будани татбиқи раванди шаклҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ арзёбӣ гардид.

Пас аз баррасии мавзуъҳо иштирокчиён, аз ҷумла Раиси Ассотсиатсияи бизнеси хурду миёна Улҷабоева М.,Директори ҶДММ “Сомон-капитал” Махшулов М. ва дигарон атрофи маъалаҳои матраҳшуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар хотима тавсияҳои зерин қабул карда шуд:

1. Ҷанбаҳои илмию амалии нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ минбаъд дар шаклҳо ва доираҳои васеътар мавриди баррасӣ, омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуда, ба доираи васеи аҳли ҷомеаи муаррифӣ карда шавад.

2. Робитаи байни олимону коршиносони бахши хусусиву соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ устувор карда шуда, дар кору фаъолияти ҳаррузаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар самти ислоҳоти иқтисодӣ барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз дастовардҳо ва пешрафтҳои илмӣ ба таври васеъ истифода баранд.

3. Бо дарки нақши таърихӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва дастгирии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ, мақомоту идораҳои дахлдор, ҷиҳати иҷрои санаду дастурҳо вобаста ба бартараф кардани монеаҳо ва таъмини рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ бо назардошти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.

4. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, аз ҷумла дастгирии молиявии онҳо маҳсулотҳои нави қарзии дастрас таҳия карда шуда, низоми имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳои андозиву гумрукӣ, молиявию маъмурӣ боз ҳам васеътар карда шавад.

5. Бо назардошти мунтазам зиёд гардидани саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ, аз ҷумла аз 30 фоизи соли 2000-ум то 67 фоиз дар соли 2015, таъмин намудани 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва бо шуғл фаро гирифтани 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ, инчунин саҳми бахши хусусӣ дар корҳои ободониву эҳсонкорӣ пешниҳод карда мешавад, ки “Шаҳодатномаи соҳибкори фахрӣ” таҳия карда шавад.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда, ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид