23-06-2017

Раванди коҳишёбии мақомоти санҷишӣ идома дорад

Тавре маълум аст, дар доираи ислоҳот дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти сохибкорӣ раванди коҳиш додани масъалаҳои марбут ба санҷишҳо ва мақомоти санҷишӣ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 266 шумораи якчанд мақомоти назоратӣ коҳиш дода шуд.

Аз ҷумла дар заминаи чор мақомоти назоратӣ - Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ як ниҳод - Хадамоти назорати давлатии бехатарии озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Хадамоти Чумхуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ЧТ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар баробари ин, тибқи банди 5 қарори мазкур ба Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ супориш дода шудааст, ки бо мақсади маҳдуд кардани ваколатҳои мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқук ба он, омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фаъолияти зиддиинҳисорӣ дар нимсолаи дуюми соли 2017 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Ёдовар бояд шуд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири ҶТ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», ки аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор гирифт, таъсис дода шуда, бо мақсади назорати раванди санҷишҳо ҷаласаҳои худро мунтазам баргузор менамояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид