21-07-2017

Мулоқот дар Котиботи ШММ бо намояндагони БАТР: Ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ

Санаи 16 июл ва нимаи аввали 17 июли соли 2017 дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти кормандони Котибот бо намояндагони БАТР, аз ҷумла Елена Руиз Эбрил – Мушовири гендерӣ, Мариалена Визаки– Мутахассиси оид ба масоили гендерӣ, Татяна Тё – Бонкири калони Бонк, Баҳодур Шералиев – Директори Гуруҳи “ACT”, Иоланда К.Ҷибб – ширкати “Wernet”, Мартина Кастро – ширкати “Maxwell Stamp”, Дина Беннэт – Директори ширкати “ICE”, ки ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд, мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқотҳои анҷомдодашуда масъалаҳои марбут ба фаъолияти Котиботи ШМ, раванди ислоҳот ва натиҷаҳои дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузаронида ва татбиқгардида, нақшаҳои минбаъдаи ислоҳот дар бахши соҳибкорию сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

Дар идомаи масъалаҳои матраҳгардида оид ба ислоҳоти дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ гузаронидашуда ва дар соҳаҳои нақлиёту бонкдорӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ дарназардошташуда, ҳамчунин фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон маълумот пешниҳод гардид.

Тавре маълум аст, масъалаи дастгирӣ ва мусоидат дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон мавриди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти мазкур мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин робита яке аз масъалаҳои асосии мулоқот баррасии масъалаи ислоҳоти ҷанбаҳои гендерии фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ қарор гирифт. Ҳангоми суҳбатҳо Намояндагони БАТР оид ба лоиҳаи таҷрибавии ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, дар ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқ намудани он изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки санаи 21 июли соли 2017 бо иқдоми Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва БАТР дар пойтахти кишвар баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Татбиқи лоиҳаи таҷрибавии ислоҳоти гендерии фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки доираи васеи намояндагони давлат ва бахши хусусӣ, шарикони рушд дар назар дошта шудааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид