14-07-2018

Баргузории ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда

Санаи 12-уми июли соли 2018 дар конфронстолори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории навтаъсис аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оғоз намуда, қ айд карданд, ки Котиботи Гурӯҳи корӣ лоиҳаи ҳиоботи таҳлилии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандава ҷадвали қ иёсии масъалаҳои мавҷуда, тавсияҳо ҷиҳати рафъи онҳо ва асоснокии тавсияҳоро омода ва санаи 7 ва 9 июли соли 2018 ба суроғаҳои электронии аъзои Гурӯҳи корӣ барои шиносоӣ ирсол карда шуд.

Ҳамзамон аз номи Кумита ба вазорату идораҳои дахлдор барқ иянома ҷиҳати омода намудани фикру пешниҳодҳои мушаххас ба лоиҳаи ҳисоботи таҳлилии Гурӯҳи корӣ ва иштирок дар ҷаласаи имрӯзаи Гурӯҳи корӣ ирсол карда шуд.

Бинобари ин, аз ҳамаи Шумо интизор дорем, ки баъд аз муаррифии маводҳои таҳлилии Гурӯҳи корӣ хулоса ва фикру пешниҳодҳои мушаххаси худро ба лоиҳаи ҳисоботи таҳлилӣ баён менамоед.

Сипас ба таваҷҷӯҳи аъзои Гурӯҳи корӣ лоиҳаи ҳисоботи таҳлилии Гурӯҳи корӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, тавсияҳои ҳисоботи таҳлилии Гурӯҳи корӣ вобаста ба таъмини рақ обатпазирии фазои сармоягузории кишвар нисбат ба дигар кишварҳои минтақ а дар шароити ҷаҳонишавӣ, баробар кардани меъёри андозҳо ба сатҳи меъёрҳои андозҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, такмили тартиби ҳисоби маблағи ҷаримаҳо, такмили маъмурикунонии андоз пешниҳод карда шуданд.

Қ исми дуюми муаррифӣ ба таҳлили самаранокии имтиёзҳои сармоягузории пешниҳодшаванда бахшида шудааст, ки аз ҷониби Каримзода Шамсулло, Сардори Шуъбаи Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ манзур карда шуд. Аз ҷумла, вобаста ба маблағи имтиёзҳои сармоягузории пешниҳодшуда аз рӯи соҳаҳо, номгӯи имтиёзҳои ғайрифискалӣ аз рӯи тақ симоти соҳавӣ, хароҷоти андоз аз рӯи восита ва моликияти ширкат маълумо пешниҳод гардида, тавсияҳо оид ба такмили тартиби пешниҳоди имтиёзҳои сармоягузорӣ ва зарурияти муайян намудани мақ оми ваколатдор оид ба мониторинг ва арзёбии самаранокии имтиёзҳои сармоягузорӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.

Дар саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ фаъолона иштирок намуда, вобаста ба такмили маъмурикунонии андоз ва коҳиш додани сарбории андоз барои субъектҳои соҳибкорӣ фикру ақ идаҳои ҷолиб баён намуданд.

Дар охир Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Шерализода Шараф мавҷуд будани мақсади муайян дар асоси супоришҳои Пешвои миллатро ҷиҳати мутобиқ намудани низоми андозбандӣ ба фаъолияти соҳибкориро қайд ва дар ин самт фаъолияти ҳамаҷонибаи мақомоту идораҳо ва пеш аз ҳама Кумитаи андозро таъкид намуд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Роҳбари Гурӯҳи корӣ ба иштирокчиёни ҷаласа барои баёни мубоҳисаҳо ва мулоҳизаву таклифҳо вобаста ба муаррифномаҳо изҳори сипос намуда, аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид