01-09-2018

Консепсияи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»

Бахшида ба

таҷлили чорумин солгарди ҷашни

«Рӯзи соҳибкорон»

Форуми

байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018

таҳти унвони

«Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»

КОНСЕПСИЯИ БАРГУЗОРӢ

Ташкилкунанда: ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Макон ва вақти баргузорӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 15 октябри соли 2018

Дар доираи таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди сохибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор мегардад. Форуми мазкур барои муколамаи навбатӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар, тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ имконоти васеъ фароҳам хоҳад овард.

Ҳадафҳои Форум:

- таҳлили иқтидори соҳибкории инноватсионӣ дар баланд бардоштани нерӯи содиротии кишвар ва сиёсати воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо арзёбии заминаҳои мавҷуда;

- таҳқиқи усулҳои нави ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ;

-дастгирии тиҷорати электронӣ ҳамчун воситаи самараноки баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ

- таҳия ва пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноатию инноватсионии иқтисодиёти миллӣ;

- пешниҳоди афзалиятҳои технологияҳои муосир дар баланд бардоштани суръат ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дар маҷмӯъ ба аҳолии кишвар;

- ҷустуҷӯи роҳҳои муосиргардонии низоми андоз, гумрук ва бонкию молиявӣ;

- пешниҳоди роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар самти соҳибкории ҳозиразамон;

Ифтитоҳи расмии Форум, ҷаласаҳои

пленарӣ ва соҳавӣ, мавзуҳои муҳокимашаванда

Форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад.

Дар толори баргузории Форум меҳмонони олимақом, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии муқими Тоҷикистон аз дигар кишварҳо, шарикони тиҷоратии кишвар ҳузур доранд.

Сухани ифтитоҳӣ ва таманниёти меҳмонони сатҳи олӣ ва сармоягузорон дар назар аст.

Сипас, баъд аз анҷоми қисми расмӣ, Форум дар панелҳои зерин идома меёбад:

- Панели якум: “Баланд бардоштани рақобат дар соҳибкорӣ бо истифодаи технологияи муосир: «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон”;

- Панели дуюм: “Дурнамои рушди сайёҳӣ дар шароити муосир ва масъалаҳои ҳунармандӣ”;

- Панели сеюм: “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо”.

- Панели чорум: “Соҳибкории экологӣ ва энергетикаи «сабз»”;

- Панели панҷум: “Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар саноат ва имкониятҳои ҳамкорӣ;

- Панели шашум: “Навоварӣ дар комплекси агросаноатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он”;

- Панели ҳафтум: “Сармоягузорӣ дар рушди инфрасохтор: нақлиёт, алоқа ва коммуникатсияи технологӣ”;

Дар панелҳои номбурда вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи рушди соҳибкории муосир, аз ҷумла дар хизматрасониҳои давлатӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, рушди истеҳсолоти инноватсионӣ, таҳкими равобит бо кишварҳои дигар, барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ғайра муаррифномаҳо пешниҳод гардида, мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.

Шакл ва сиғаи чорабинӣ

Форуми чоруми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018, ки ба муносибати таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» бахшида мешавад, санаи 15-уми октябри соли 2018, таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Дар Форум Президент ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамчунин меҳмонони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, коршиносон, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, намояндаҳои созмонҳои молиявии байналмилалии муқими Тоҷикистон оид ба муҳокимаи масъалаҳои соҳибкории инноватсионӣ баромад хоҳанд кард.

Ба Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон, олимону коршиносон ва ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ даъват карда мешаванд.

Тартиби иштирок дар Форум аз ҷониби Кумитаи тадорукот муайян карда шуда, соҳибкорону сармоягузорон бо пардохти маблағи муайян ба кори он иштирок менамоянд.

Дар рафти Форум ба имзо расонидани як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ва инчунин ташкили вохӯриҳои кории B2B дар назар аст.

Иштирокчиёни Форум:

- намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик;

- намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ;

- роҳбарони ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ;

- роҳбарони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ;

- роҳбарон ва аъзои асотсиатсияҳо ва ташкилотҳои соҳибкорӣ;

- соҳибкорону сармоягузорон;

- намояндагони васоити ахбори омма.

Баромадкунандагон:

Дар муҳокимаи панелҳо 4 - 6 баромадкунанда, ки бештари онҳо намояндагони бахши хусусӣ хоҳанд буд, иштирок мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аъзои он ва роҳбарияти вазорату идораҳо намояндагӣ мекунанд ва имкониятҳои сармоягузориро дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт бо роҳи рушди соҳибкории инноватсионӣ муаррифӣ намуда, ба саволҳои сармоягузорон ва иштирокчиёни Форум посух хоҳанд дод.

Бахши хусусиро 3-4 нафар намояндагӣ мекунанд, аз ҷумла роҳбарони 1-2 ширкатҳои бонуфузи миллӣ ва 1 намоянда аз соҳибкории хурд, 1-2 намояндагони ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ё минтақавӣ баромад хоҳанд кард.

Ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои соҳибкоронро роҳбари 1-2 ташкилоти ҷамъиятӣ намояндагӣ карда, дар кори панелҳо маърӯза менамоянд.

Модераторон:

Модераторҳо аз ҳисоби коршиносон, мутахассисони институтҳои байналмилалии молиявӣ ё аз ҳисоби коршиносони бонуфузи академияҳо ҷавобгӯ ба талабот, ки панелҳои алоҳидаро пеш мебаранд, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Форум интихоб карда мешаванд. Модераторҳо дар асоси тавсия даъват карда мешаванд.

Шакл ва сиғаи муҳокимаҳо

Муҳокимаҳо дар панелҳо. Дар ҷаласаи бахшҳо ё панелҳо масъалаҳои барои сармоягузорон ва давлат афзалиятнок ва муҳим, ки мавзӯи он қаблан муайян шудаанд, муҳокима карда мешаванд.

Дар муҳокима ва мулоҳизарониҳо нақши намояндагони соҳибкорону сармоягузорон бештар муассир хоҳад буд.

Дар ин доира лозим мегардад, ки онҳо назари худро ба дурнамои фазои сармоягузорӣ дар кишвар, омилҳои мусбие, ки ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъсир мерасонад, баён ва пешниҳод намоянд ва оид ба рушди бахши хусусӣ ва сиёсати давлатӣ мубодилаи афкор намоянд.

Намояндагони бахши давлатӣ ба саволҳои сармоягузорон ва иштирокчиён ҷавоб дода, ҳамчунин дар бораи андешидани тадбирҳо ва татбиқи сиёсати Ҳукумат оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда иттилоъ медиҳанд.

Модератор ба масъалаҳои муҳимтарин таваҷҷуҳ намуда, муҳокимаҳоро ба самти лозимӣ равона менамояд ва андешаҳои иштирокчиёнро ҷамъбаст мекунад.

Барои саволҳо/ҷавобҳо на камтар аз 15 дақиқа ҷудо карда мешавад.

Мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар формати В2В (Business-to-Business) ва вазорату идораҳо бо соҳибкорону сармоягузорон B2G (Business-to-Government) сурат мегиранд. Пешниҳод карда мешавад, ки дар форуми навбатӣ таваҷҷуҳи асосӣ ва вақти бештар ба мулоқот ва суҳбатҳои мустақими байни сармоягузорону соҳибкорон дода шавад.

Дар мулоқоти B2B, таваҷуҳи асосӣ ба барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳо, ҳамчунин сармоягузорони эҳтимолӣ ва таҳвилкунандагон равона мегардад.

Иштироккунандагон дар ин қисмат барои шиносоӣ ва омӯзиши имкониятҳои ҳамкорӣ, шароит ва интизориҳои сармоягузорон фурсат хоҳанд дошт.

Робитаи шабакавӣ дар муҳити ғайрирасмӣ. Бизнес-коктейли бегоҳирӯзӣ дар муҳити ғайрирасмӣ барои муоширати иловагӣ ва шиносоии бештар имкон медиҳад.

Дастгирии иттилоотӣ

Бо такя ба таҷрибаи қаблӣ ба омодасозии иттилоотӣ нисбат ба чорабинӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад,

Сомонаи интернетӣ. Саҳифаи сомонаи Форум 2 моҳ пеш аз оғози он бо услуби зерин пурра ба кор шурӯъ менамояд:

Бақайдгирии онлайн. Аз таҷрибаи кори форумҳо маълум мегардад, ки бақайдгирии мустақими иштирокчиён тариқи саҳифаи интернетии форуми сармоягузорӣ ҳам барои ташкилкунандагон ва ҳам иштирокчиён афзалиятҳо дорад.

Барнома ва иттилооти амалӣ. Барномаи пешакӣ, ҷаласаҳои панелӣ ва мавзуҳои онҳо, логистика, инчунин санаи баргузорӣ набояд дертар аз 1 моҳ пеш аз кори Форум тасдиқ ва дар сомонаи Форум дарҷ карда шавад.

Лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ғайр аз мавзӯҳои асосии Форум низ барои маълумот дар сомона гузошта мешаванд.

Ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ. Дар сомона дар бораи имтиёз ва сабукиҳо ба сармоягузорон иттилоот ба таври возеҳу равшан дарҷ карда мешавад.

Бо мақсади натиҷабахш гузаронидани Форум пешниҳод карда мешаванд, ки қолаб ва тавсифи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони бахши сармоягузорӣ муайян карда шавад ва лоиҳаҳои интихобшуда 1-2 моҳ қабл аз баргузории Форум дар саҳифаи интернетӣ ҷой дода шавад.

Тамос бо иштирокчиёни Форум. Кормандони масъули Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорат ва сохторҳои соҳавӣ, Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар ва ғайра ба даъвати иштирокчиён ва таъмини иштироки онҳо дар Форум масъулият доранд.

Натиҷаҳои дарназардошташуда

Созишномаҳо, ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ва ё қарордодҳои мушаххас дар бораи ҳамкориҳо миёни соҳибкорон ва сармоягузорони эҳтимолӣ миёни ширкатҳои миллӣ ва хориҷӣ баста мешавад.

Дар ин замина аз ҷониби сармоягузорон тавсияҳо манзур карда шуда, дурнамои ҳамкорӣ ва монеаҳои мавҷуда таҳлил ва лоиҳаҳои сармоягузории имконпазир ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши хусусӣ дар давоми соли ҷорӣ пешниҳод карда мешаванд.

Вазъи фазои сармоягузории кишвар, дурнамои он ва нақшаҳои сармоягузорон арзёбӣ карда мешавад.

Муносибатҳои расмӣ бо ширкатҳои фаромарзӣ-миллӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мустаҳкам карда мешавад.

Бо мақсади муаррифии талошварзиҳо ва дастовардҳои кишвар оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нашрияҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ ҷалб карда мешаванд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид