04-02-2019

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаррифии дастовардҳои ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 1 феврали соли 2019 соати 10:00 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Вазорати адлия, Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мизи мудаввар, ки ба мавзӯи “Муаррифии дастовардҳои ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорату идораҳои масъули давлатӣ, коршиносони байналмилалӣ, роҳбарони ташкилоти молиявию қарзӣ, ассосиатсияҳои соҳибкорӣ, мутаххасисони соҳа ва рузноманигорон иштирок карданд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ муаррифии дастовардҳои ин ислоҳот, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба муқаррароти қонуни нав, низоми нави бақайдгирии амволи манқул ва аҳамияти иқтисодии он, мавриди истифодаи васеъ қарор додани Феҳрасти ягонаи электронии гарави амволи манқул ҷиҳати ҷорӣ гардидани навгониҳои молиявӣ бо истифода аз амволи манқул ҳамчун гарав, соддагардонии дастрасӣ ба воситаҳои қарзӣ ва эътирофи ислоҳоти ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” маҳсуб меёбад.

Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Шоҳмурод баромад карда, оид ба фаъол гардидани Системаи электронии Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул дар сомонаи www.fehrist.tj ва такмили заминаи қонунгузории ислоҳоти низоми созишҳои таъминишуда маълумоти муфассал доданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари намояндагии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баромад намуда, вобаста ба дастгирии молиявию техникии ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ сухан ронданд.

Дар рафти чорабинӣ оид ба аҳамияти иқтисодии Феҳрист барои бахши бонкии кишвар Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло, муаррифӣ ва намоиши кори Феҳрист директори ҶДММ “ИСТЕРА”, Саъдуллоев Инъомҷон ва инчунин муаррифии таҷрибаи ҳамкории бонкҳои тиҷоратӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда Роҳбари ҶСП “Спитаменбонк”, Самандарзода Навруз баромад карданд.

Баъд аз пешниҳоди гузориш ва муаррифномаҳо бахши саволу ҷавоб ва муҳокимаву баррасӣ сурат гирифт, ки дар он иштирокиёни чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Натиҷаи муҳокимаҳо аз ҷониби раисикунандаи чорабинӣ ҷамъбаст гардида, ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки дастовардҳои ислоҳот қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид