05-04-2019

Баргузории ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»

Санаи 3-юми апрели соли 2019 ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ иштирок варзида, масъалаҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳониро муҳокима ва баррасӣ намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид оғоз намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ баргузории ҷаласаҳо вобаста ба баррасии вазъи иҷрои қарорҳои Шӯро тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа ва муайян кардани регламенти кори он, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ, бахусус ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, тавре дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ иброз доштанд, зарур аст, ки нишондиҳандаҳои рейтингии кишвар дар асоси арзёбии воқеӣ сурат гирифта, ҳама гуна омилҳои субъективӣ бояд аз байн бардошта шаванд.

Таъкид гардид, ки дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» масъалаҳои шаффоф ва сода гардонидани расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, пайвастшавӣ ба шабакаҳои таъмини барқ, андозбандӣ, бақайдгирии моликият, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ, дастрасӣ ба қарз, тиҷорати байналмилалӣ, таъмин намудани иҷрои қарордодҳо ва ҳалли масъалаи пардохтнопазирӣ муҳим буда, роҳбарони вазорату идораҳо бояд дар ин самт бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Сипас раисикунанда оид ба паст шудани мавқеи кишвар дар арзёбии мазкур нисбат ба кишварҳои ҳамсоя аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо изҳорӣ нигаронӣ намуда, зикр карданд, ки шароити рақобати шадиди минтақавӣ тақвият бахшидани ислоҳоти ҳамаҷонибаро оид ба беҳтар намудани шароити пешбурди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла ҷиҳати беҳтар кардани нишондиҳандаҳои мазкур аз ҷониби сохторҳои масъули дахлдор тақозо менамояд.

Тибқи рӯзнома вобаста ба масъалаи якум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ - Ҳамрализода Фаррух баромад намуд.

Дар баромади худ Ҳамрализода Фаррух вобаста ба самтҳои минбаъдаи ислоҳот ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ», ки дигар арзёбиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ аз он сарчашма мегиранд, ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар андешидани як қатор тадбирҳои мушаххасро пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории салоҳиятноки доимоамалкунанда оид ба баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида 10 декабри соли 2018 барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Қабул ва татбиқи саривақтии тадбирҳои ислоҳот дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои соҳибкорӣ тавассути ҷорӣ гардидани технологияҳои иттилоотию коммунатсионӣ, баланд шудани сифату тавсеаи номгӯӣ онҳо ва дар натиҷа ба боз ҳам ҷолиб гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ки дар навбати худ ба ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, таъсиси корхонаҳои нави соҳибкорӣ, ҷойҳои корӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки 22-26 апрели соли 2019 ташрифи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барои аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо дастовардҳои ислоҳот дар кишвар дар назар аст. Бинобар ин, ҳамаи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд қабули коршиносон ва муаррифии дастовардҳои ислоҳот ба онҳо ҳамаҷониба бояд мусоидат намоянд.

Инчунин ҳисоботҳои вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кумитаи андоз, сохтмон ва меъморӣ, хадамоти гумрук, агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дигар мақомот оид ба вазъи кунунии ислоҳот ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт шунида шуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа, ба вазорату идораҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани ислоҳоти ҳамаҷониба ва мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо бахши хусусӣ оид ба раванд ва дастовардҳои ислоҳот дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид