02-05-2019

Баргузории ҷаласаи зергурӯҳи корӣ оид ба дастрасӣ ба қарз

Санаи 29 апрели соли 2019 ҷаласаи зергурӯҳи корӣ оид ба дастрасӣ ба қарзи Гурӯҳи кории салоҳиятноки доимамалкунанда оид ба баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои зергурӯҳи корӣ оид ба дастрасӣ ба қарзи Гурӯҳи корӣ, инчунин ассосиатсияҳои соҳавӣ ва роҳбарони иттифоқҳои қарзии кишвар иштирок намуданд.

Иштироккунандагон вобаста ба мафҳуми иттифоқҳои қарзӣ ва фондҳои қарзӣ дар қонунгузорӣ, хусусият ва фарқияти куллии онҳо аз муассисаҳои бонкӣ, ба қайди давлатӣ гирифтан ва ҳудуди ниҳоӣ барои азнавбақайдгирии иттифоқҳои қарзӣ ва фондҳои қарзӣ, соддагардонии танзими фаъолият ва ворид намудани онҳо ба номгӯи фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ, такмили заминаи қонунгузории фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ва фондҳои қарзӣ, роҳандозии тартиби соддаи ҳисоботдиҳии онҳо, ҷалби маблағҳои мувақаттан озоди онҳо ба низоми бонкии кишвар, аз андозбандӣ озод намудани фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ва фондҳои қарзии дорои ҳаҷми муайяни маблағҳои захиравӣ, дастгирии шарикони рушд дар марҳалаи ибтидоии фаъолияти онҳо, мубодилаи афкор намуданд.

Тавре мушовири калон оид ба масъалаҳои иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Манучеҳра Мадҷонова қайд намуд, расмигардонии фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ барои баланд гардидани мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” аз рӯи нишондиҳандаи “дастрасӣ ба қарз” аз ҳисоби тавсеаи фарогирии аҳолӣ бо иттилоотии қарзии аз иттифоқҳои қарзӣ дастрасшаванда имконият фароҳам меорад.

Тибқи арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” бо вуҷуди аз соли 2013 фаъолият намудани ду бюрои таърихи қарзӣ, сатҳи фарогирии аҳолӣ бо иттилооти қарзӣ 44,9%-и аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад, ки дар сатҳи минтақа ин нишондиҳанда ба 42,8% ва дар кишварҳои Аврупо 63,7%-ро ташкил медиҳад. Дар ин радиф роҳандозии мубодилаи иттилооти қарзӣ байни иттифоқҳои қарзӣ ва бюроҳои таърихи қарзӣ метавонад сатҳи фарогирии аҳолии кишварро бо иттилооти қарзӣ ба қадри назаррас васеъ намуда, ҳамзамон мавқеи кишварро дар арзёбиҳои байналмилалӣ баланд намояд.

Натиҷаи муҳокимаҳо ҷамъбаст ва вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид