03-06-2019

Семинар машварат оид ба муаррифии портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (В2В) ва рушди хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар санаи 10 майи соли ҷорӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ иброз доштанд ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 3 июни соли 2019 дар Меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар машварат оид ба муаррифии портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (В2В) ва рушди хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз баргузор гардид.

Семинар машварати мазкурро муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Нигина Анварӣ ва муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Аюбҷон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Қайд гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат масъалаҳои таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагон, тақвият бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусию ҷалби сармоягузорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вусъати бозори меҳнат ва тақвияти нерўи инсонӣ мавриди арзёбии доимӣ қарор доранд ва барои ҳаллу фасли онҳо чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Дар семинар машварат муаррифномаи портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (В2В) аз ҷониби роҳбарияти КВД “Тоҷинвест” ва муаррифномаи рушди хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз аз ҷониби роҳбарияти КВД “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз” тавассути рунамо ба ҳозирин манзур карда шуд.

Мақсад ва вазифаҳои асосии портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (В2В) ин беҳдошти фазои соҳибкорӣ, хизматрасониҳо ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, майдон барои муаррифии ширкатҳо, пешниҳоди захираҳои иттилоотӣ доир ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ, иттилоот доир ба имкониятҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, хизматрасониҳо дар самти воридоту содирот ва мусоидат дар рушди соҳибкорӣ мебошад. Портал барои дарёфти шарикон, маълумот оид ба шарикони эҳтимолӣ, роҳнамо барои соҳибкорон ва сармоягузорон, дарёфти мол ва хизматрасониҳо, маълумот дар бораи пешбурди соҳибкорӣ ва хизматрасониҳо дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Аз санаи 1 июни соли 2019 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон портали хизматрасониҳои электрониро барои андозсупорандагон ҷорӣ намуд. Портали мазкур 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон, ки дар сомонаи расмии Кумитаи андоз ҷойгир карда шуда буданд, дар худ якҷо намуд, ки ин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба андозсупорандагон ва осон гардонидани истифодаи хизматрасониҳои электронӣ барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ як қадами муваффақ гардид. Ҳамзамон бо итминон метавон гуфт, ки ҷорӣ намудани портали мазкур яке аз механизмҳои пешгирии омилҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, ҷиҳати кам кардани муносибати байни андозсупоранда ва корманди мақомоти андоз мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки ба андозсупорандагон аз лаҳзаи бақайдгирӣ то лаҳзаи қатъи фаъолият портали хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз пурра дастрас буда, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ хароҷотҳои молиявӣ ва сарфаи вақт ба андозаи назаррас кам карда шудаанд.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, вазорату идораҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сармоягузорони хориҷӣ иштирок намуданд.

Баъд аз суханрониҳо ва муаррифномаҳо бахши саволу ҷавоб ва муҳокима мавриди баррасӣ сурат гирифт, ки дар он иштирокчиёни чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид