14-06-2019

Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон


Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ рӯзи 14 июни соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид.


Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, намунаҳои эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ба маърази иштирокчиёни Форум гузошта шуд.

Дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.


Дар қисмати расмии Форум, ки таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор гардид, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Иноятзода Баҳром, Сафири фавқулодда ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Паммершайм, Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад Ал Бодӣ , директори иҷроияи Корпоратсияи Исломӣ ои ба рушди бахши хусусӣ Айман Амин Сеҷинӣ, Президенти ширкат оид ба захираҳои «Тибет-Эверест» Хуан Цзян Жунг ва муовини волии Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.




Дар нимаи дуюми рӯз кори Форум дар чор бахши алоҳода дар мавзӯҳои “Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноатию инноватсионии иқтисодиёти миллӣ”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ, мавзеҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ”, “Имкониятҳои рушди содирот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи технологияи муосир” идома ёфт.


Дар доираи Форум як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)”, “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди “Каши Синюй Дади Майнинг”, Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкат оид ба захираҳои «Тибет-Эверест», “Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён-Рустам» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расонида шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид