18-06-2019

Баррасии масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ дар Форуми байналмилалӣ

Тавре маълум аст, 14 июни соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – Кӯлоб 2019 баргузор гардид. Кори Форум дар 4 панел гузаронида шуда, аз ҷумла кори панели якум ба мавзӯи “Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноатию инноватсионии иқтисодиёти миллӣ” бахшида шуд. Дар он намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти далатӣ, бахши хусусӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Раисикунанда, Шерализода Шараф, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ нахуст иштироккунандагонро ба кори панели якуми форум хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар даврони истиқлолият дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд.

EF3B3319-158D-4402-A322-A900E516B4F5.jpeg

Вобаста ба ин, як қатор тадбирҳои дар ин самт андешида ва нақшаҳои зерин ёдрас карда шуд:

- тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидани ҳаҷми дурнамои воситаҳо аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузориҳо, аз 118,1 млрд. доллари ШМА 54,7 млрд. доллари ШМА (46,3 фоиз)-и он ба бахши хусусӣ марбут будан;

- тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 тибқи санадҳои барномавӣ то соли 2020 ду баробар афзоиш додани ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоягузории умумӣ;

- нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ;

- имтиёзҳои андозию гумрукӣ;

- нишондиҳандаҳои ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, тасдиқ аз 2 майи соли 2019, №223 ва ғайра.

Зимни ҷамъбаст, аз ҷумла дар соҳаҳои истеҳсолӣ маводи сохтмон, маъдан, сабук, саноати хӯрокворӣ мавҷуд будани имкониятҳои сармоягузорӣ, дар ин замина мусоидат намудани саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ қайд карда шуд.

Қайд гардид, ки имкониятҳои сармоягузорӣ ва дарёфти роҳҳои муносиби ҳамкориҳо дар вилояти Хатлон низ мавзуи актуалӣ ба ҳисоб рафта, дар ин робита имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ дар шаҳри Кӯлоб мавқеи хосса дорад.

Лоиҳаи инкубатсионии акселераторони Тоҷикистон “Accelerate Prosperity” ва фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ” барои пешбурди бисёр масъалаҳои соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина миёни соҳибкорон ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва мусоидати ин ташкилот аз масъалаҳои ҷолиб арзёбӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки илова ба барномаи кори панели якум тибқи дархост, намояндагони бахши хусусии вилояти Хатлон оид ба мавзуъҳои парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш баромад ва ҳамчунин лоиҳаҳои сармоягузориро муаррифӣ намуданд. Дар ин робита таваҷҷуҳи хоссаи иштироккунандагон ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо бо ин соҳибкорон махсус қайд карда шуд.

Дар маҷмуъ вобаста ба баромад ва муаррифиҳои панели якум қайд гардид, ки давлату ҳукумати мо ба ҷалби сармоя ва технология аз ҷониби шарикон барои рушди бахшҳои иқтисодиёт ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҷумҳурӣ, густариши ҳамкориҳо бо соҳибкорон ҳавасманд буда, омода аст, ки барои пешбурди ин иқдом тамоми шароити муносибро фароҳам орад ва ниятҳои неки ширкату соҳибкоронро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.

Бо ҳамин ба кори панели якум хотима бахшида, ба иштироккунандагони чорабинӣ ҷиҳати иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ ва ба иштироккунандагон барору комёбиҳо баён карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид