26-06-2019

Мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ

Нимаи аввали имрӯз дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони бахши хусусии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро бо пазироии иштироккунандагон, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ш. Шерализода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин мулоқоту ҷаласаҳо ҷиҳати дастрас намудани пешниҳодоти бахши хусусӣ, баррасӣ ва мусоидат ба ҳалли онҳо супоришҳо додаанд.

Дар ин робита, супоришҳои XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба дастрас намудани пешниҳодоти бахши хусуcӣ, омӯзиш ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳо дар фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ёдрас карда шуд.

Дар ин замина ва дар доираи фаъолияти худ, Котиботи Шӯро баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони бахши хусусии самтҳои гуногун ба нақша гирифтааст, ки мулоқоти навбатӣ идомаи чунин иқдом ба ҳисоб меравад- қайд намуд, Ш. Шерализода.

Роҳбари Котиботи Шӯро, инчунин зербанди 1, банди 8 супориши протоколии ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ тазаккур дода, иброз дошт, ки ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис диҳад ва таҳлили масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузориро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ омода намуда, ба ҷаласаи навбатии Шӯро бо тавсияҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Дар ин робита, якчанд мукотиба бо Хадамоти алоқа, аз ҷумла мактуби Котибот барои ба гуруҳи корӣ ворид намудани намояндагони бахши хусусӣ аз 30 майи соли 2019 ёдрас гардид.

Иштироккунандагон нақши Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бахусус ҷаласаи 10-уми онро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки давраи минбаъда дар як марҳилаи муайян ҷумҳурии моро ба яке аз давлатҳои пешрафта дар соҳа табдил дод.

Зимни баромадҳо иштироккунандагони нишаст оид ба вазъи кунунӣ, мушкилоту монеаҳо, таъмини воқеии ҷанбаҳои бехатарии соҳа, андозбандӣ, танзимнамоӣ, нақши ТИК дар рушди маориф, иқтисодиёти рақамӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт, ташаккули ҳукумати электронӣ, таҳкими инфрасохтори соҳа, имконият ва зарурати ҳалли онҳо мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст, Роҳбари Котибот Ш. Шерализода дар муҳлатҳои наздиктарин таҳия намудани лоиҳаи масъалаҳои ҳисоботи таҳлилиро аз нигоҳи бахши хусусӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд ва изҳори итминон намуд, ки онҳо дар омода намудани санадҳои дахлдор, инчунин аъзои гуруҳи корӣ дар баррасию манзур намудани пешниҳодот дар ҷаласаҳои корӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид