12-05-2021

Тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 12 майи соли 2021 чорабинии маҷозии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СИҲР) ҷиҳати тақвит бахшидани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва СИҲР фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадафи вебинар мусоидат ҷиҳати беҳтар кардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар асоси ҳисоботи СҲИР дар мавзӯи “Такмили ҳуқуқии фазои соҳибкорӣ ва фаъолияти сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ” мебошад.

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Мирзо бо чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба дастовардҳо ҷиҳати беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ сухан кард.

Аз ҷониби намояндагони СИҲР ҳисобот ва муаррифномаҳо оид ба фазои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорон дар Тоҷикистон, вусъатбахшии ҷалби сармоя, таҷрибаи кишварҳои пешқадам вобаста ба рушди заминҳои ҳуқуқӣ шунида шуд.

Дар чорабинӣ инчунин натиҷаҳои асосии ҳисобот дар бораи фазои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, натиҷаҳои раванди кунунии баҳодиҳии ҷалби сармоя, аз ҷумла ислоҳоти ҳуқуқие, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дао Тоҷикистон равона шудаанд, таҷрибаи як қатор мамлакатҳо – Марокаш, Тунис, Гурҷистон дар самти сармоягузорӣ, ҳамчуноне, ки дар Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, аз ҷумла: ихтилофу сатҳи нисбатан пасти муназзамӣ ва шаффофияти меъёрҳои сармоягузорӣ, мушкилот вобаста ба ташаккули шароити баробари рақобатнокӣ, зарурати фароҳамоварии заминаи наздиктари соҳибкории хурду миёна ва ҳадафҳои умумии сиёсати сармоягузорӣ, беҳтар намудани шароити сармоягузорӣ, алахусус дар шароити бӯҳрони коронавирус баррасӣ ва муаррифӣ гардид.

Дар хотимаи чорабнӣ миёни иштирокчиён муҳокимаи кушод ва бахши саволу ҷавоб доир гардид. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид