04-06-2021

Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Рӯзҳои 2-3 июни соли 2021 Конфронси солонаи Котиботи Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мавзӯи: “Бунёд ва ташаккули ояндаи устувор: Нақши Шӯроҳои машваратии соҳибкорию сармоягузорӣ дар ин раванд” тариқи маљозї ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори конфронси мазкур роҳбарон ва кормандони Котиботи Шӯроҳои машваратии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Албания, Молдова, Сербия, Косово, Тунис, Черногория, Украина, роњбарият ва масъулони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) иштирок намуданд.

Конфронсро Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба идора ва масъалаҳои сиёсӣ, Милиса Делевич ва Муовини Президенти БАТР, Алайн Пиллокс ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади конфронс, зарурати баргузории он, мубодилаи таҷрибаҳои кори Шӯроҳо ва Котиботи он, нақши Шӯроҳо дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 ва дигар масъалаҳои мубрами самтҳои зикргардида ибрози назар намуданд.

Рӯзи аввал, кори конфронс ба ду бахш (панел): а)тақвият бахшидани фаъолияти Шӯроҳои машваратии соҳибкорию сармоягузорӣ ҷиҳати бунёд ва ташаккули ояндаи устувор ва б)суръатбахшии гузариш ба рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ бахшида шуд.

Дар бахши якум, маърузачиён махсусан ба масъалаҳои тағйир ёфтани фазои сармоягузорӣ, сиёсати иқтисодӣ ва ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар натиҷаи паҳншавии сирояти COVID- 19 ва нақши Шӯроҳои машваратӣ дар дастгирии бахши хусусӣ ҷиҳати барқарор намудани талафоти сирояти пандемияи COVID-19 равона гардид.

Вобаста ба масъалаҳои бахши дуввум, баромадкунандагон оид ба нақши Шӯроҳои машваратӣ дар муосиргадонӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ бо мақсади осону содда намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат, таҷрибаи як қатор мамлакатҳо дар ин самт ибрози назар намуданд.

Атрофи баромадҳои маърӯзачиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қисмати дуюми Конфронси маҷозӣ рӯзи 3 июни соли 2021 дар бахшҳои 3, 4 ва 5 идома ёфт. Дар он масъалаҳои рушди инклюзивии иқтисодӣ тариқи тақвиятбахшии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, раванди самараноки татбиқсозии “иқтисодиёти сабз” ва муҳокимаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Шӯроҳои машваратӣ баррасӣ ва мавриди муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи бахши 3, Коршиноси БАТР оид ба масъалаҳои гендерӣ, Оксана Пак вобаста ба таъсис ва фаъолияти Гуруҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ амал намуда истодааст, гузориш манзур намуд.

Пас аз анҷом ёфтани баррасии масъалаҳо дар бахшҳо, зимни ҷамъбасти кори конфронс, Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба идора ва масъалаҳои сиёсӣ, Доктор Милиса Делевич тақвият додани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, рушди иқтисодиёти рақамӣ ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди соҳибкории занон ва омӯзишу мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарии ҷумҳуриҳоро муҳим арзёбӣ намуд.

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон таъсис дода шудааст. Шӯро майдони муҳимтарини гуфтугӯи байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, таҳлилу тавсияҳо ва пешниҳодоти заруриро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои машваратӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ манзур менамояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид