03-11-2021

Баргузории Форуми минтақавии соҳибкории Рашт-2021

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 ноябри соли 2021 дар ноҳияи Рашт Форуми минтақавии соҳибкории Рашт - 2021 таҳти унвони «Рушди соҳибкории агросаноатӣ» ба иштироки намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд ва коршиносон баргузор гардид.

Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт Саъдӣ Қодирзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи соҳибкорон дар водии Рашт бори нахуст Форуми минтақавии соҳибкории Рашт-2021 таҳти унвони «Рушди соҳибкории агросаноатӣ» баргузор мегардад.

Тавре қайд гардид, ҳадафҳои Форум шиносоӣ бо имкониятҳои соҳибкорӣ дар самти васеъ намудани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории водии Рашт, ҷустуҷӯи роҳҳои муосиргардонии дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, дарёфти бозорҳои фурӯш, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорию сармоягузорӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар кори Форум мавзуъҳои имконияти рушди соҳаи кишоварзӣ ва арзёбии заминаҳои мавҷуда дар водии Рашт, дарёфти роҳҳо ва усулҳои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, роҳандозии усулҳои нави ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар тақвияти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзалиятҳои технологияҳои муосир дар баланд бардоштани суръат ва сифати маҳсулот, омодасозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар форум намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, КВД “Хӯрокворӣ”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҶДММ “Рахш - а - ЛТД”, шаҳри Ваҳдат, ҶСК «Кафолат», шаҳри Душанбе, ҶДММ “Баракат - Исфара”, шаҳри Исфара, ташкилоти ҷамъиятии «Рӯшноӣ», ноҳияи Рашт, ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Сурхоб”, ноҳияи Тоҷикобод ва дигарон баромад намуданд.

Ҳангоми мубодилаи афкор баромадкунандагон вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар самти баррасӣ, пайгирӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ, имконияти истифодабарӣ аз хизматрасониҳои “Саноатсодиротбонк”, тавсеаи фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва банду басти меваҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва васоили банду басти меваҳо, ба роҳ мондани ҷамъоварии пусту пашм ибрози назар намуданд.

Пас аз мубодилаи афкор, дар ҷамъбаст изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои форум барои таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми минтақа ва дар маҷмуъ Тоҷикистон, инчунин қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳои дар водӣ мавҷудбуда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, аз иштирокчиён ва дигар соҳибкорону сармоягузорон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯ ва иқдомоти дастаҷамъонаи худро барои таҳкими муносибатҳои созанда, таъмини рақобати солим ва рушди иқтисодиёти водии Раштонзамин ва дар ин замина, саҳми шоистаи худро дар таъмини рушди иқтисодиёти мамлакатамон равона менамоянд.

Дар форум шаш санади ҳамкорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти фароҳамоварӣ ва эҷоди мавзеъҳои сайёҳӣ ва бунёди иншооти хизматрасонӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои сайёҳӣ, оид ба ҳамкориҳо дар самти банду баст ва коркарди аввалияи мева, ҳамкориҳо дар соҳаи агросаноатӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот ва дар самти занбурпарварӣ, истеҳсол ва содироти асал ба имзо расонида шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид