19-11-2021

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози Барномаи БАТР дар Осиёи Марказӣ “Занҳо дар тиҷорат”, хонум Дилдора Таджибаева

Санаи 19 ноябри соли 2021, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуғаффорзода бо Ҳамоҳангсози Барномаи БАТР дар Осиёи Марказӣ “Занҳо дар тиҷорат”, хонум Дилдора Таджибаева мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар рафти мулоқоти дуҷониба, хонум Дилдора Таджибаева вобаста ба муҳимияти фарогирии молиявии занон ва дастгирии соҳибкории бонувон ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба зикр намуда, омодагии БАТР-ро дар самти омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ қайд намуд.

Зимни мулоқот, таъкид гардид, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистио оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ шароити мусоид ва майдони муколама ҷиҳати беҳтар кардани соҳибкории бонувону духтарон ва муҳокимаи мушкилоту монеаъои самти мазкур фароҳам меорад. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкорӣ зарур аст.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мазкур тақким хоҳанд дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид