14-08-2023

Ҷаласаи сайёри Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд

Рӯзи 10 августи соли 2022 дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2023” ҷаласаи сайёри Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хоруғ ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии СММ-занон дар Тоҷикистон ва ташкилоти “Интернешнл алерт” иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур доираи васеи соҳибкорзанони ВМКБ, ҷавонони соҳибкор ва намояндагони ташкилотҳои кор шахсони имконияташон маҳдуд ҷалб гардиданд.

Зимни ифтитоҳи расмии ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд – Хуршедаи Қодир оид ба фазои фароҳамовардашуда ва ислоҳоти татбиқшуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории бонувону ҷавонон ва ташаббусҳои амалигардидаистода дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд маълумот манзур намуд.

Тибқи банди якуми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи сабз” муаррифнома оид ба татбиқи лоиҳа, таъриху мақсад ва дигар ҷамбаҳои лоиҳаи “Зиндагии шоиста”, ки сарпарасти ин чорабинӣ буд, пешниҳод карда шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби роҳбари Ассотсиатсияи агробизнеси ВМКБ, Раҳматшоев Гулос муаррифнома вобаста ба фаъолияти ассотсиатсия ва дастовардҳои он манзури иштирокчиён намуд.

Сипас, коршиноси бахши гендерӣ ба таври муфассал оид ба раванди таҳияи Барномаи рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, аз ҷумла вобаста ба муқаррароти умумии он, вазъи кунунии рушди соҳибкории занон, хавф ва шартҳои самаранокии амалисозии Барнома, мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома ва натиҷаҳои пешбинишудаи иҷрои Барнома гузориш манзур намуд.

Ҳамзамон, тренингҳои машваратӣ аз ҷониби директори генералии маркетплейси “OBBO” гузаронида шуд. Дар раванди тренинги мазкур иштирокчиён аз таҷрибаи ширкат, таъриху мақсади таъсисиёбии он, дарсовардҳо ва имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо маълумот гифиртанд.

Инчунин, натиҷаҳои таҳлил дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муаррифӣ гардида, фокус группа бо ҷавонон бо мақсади муайян намудани мушкилу монеаҳои ҷавонони вилоят ва таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби онҳо гузаронида шуд.

Тибқи банди охирони рӯзномаи ҷаласа, иштирокчиён бо имтиёзҳо дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирии онҳое, ки ба роҳи соҳибкорӣ шурӯъ мекунанд, шинос шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, бо изҳори қаноатмандӣ аз баргузории чунин чорабинӣ ва иштироки фаъолона дар он, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои матраҳшуда ибрози назар намуданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамасола гузаронидани чунин чорабиниҳо байён намуданд ва ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид