Фильтр
Начало активности (дата): Выбрать дату в календареВыбрать дату в календаре
  

15.02.2021 Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд

Санаи 12-уми феврали соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хилтон” ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

111.jpg

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Раиси Кумита, Роҳбари Гурӯҳи корӣ-Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузории занон сухан кард.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Абдуғаффор Раҳмонзода - муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигорахон Ғаффорзода - муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода - муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оксана Пак - муовини директори Департаменти гендерӣ ва фарогирии иқтисодии БАТР ва Дина Беннетт ва Йоланда Гибб мушовирони байналмилалӣ оид ба соҳибкории занон ва корхонаҳои хурду миёна бо гузориш ва муаррифномаҳо баромад намуданд.

Инчунин, лоиҳаи Нақшаи кории Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон барои солҳои 2021-2023 аз ҷониби котиботи Гурӯҳи корӣ муаррифӣ гардида, бандҳои алоҳидаи он зери муҳокима қарор гирифт. 

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон 20.01.2021 Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон

Санаи 29-уми декабри соли 2020 дар Кумита ҷаласаи Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбони назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии омор, кумитаҳои андоз, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Бонки миллӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси Кумита, Роҳбари Гурӯҳи корӣ-Хуршедаи Қодир ифтитоҳ гардида, вобаста ба пешбурд ва фаъолияти анҷомдодашудаи кори Гурӯҳ дар таи солҳои 2015-2020 натиҷагирӣ карда шуд.


Дар ин радиф лоиҳаи Нақшаи кори Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон барои солҳои 2021-2022 аз ҷониби котиботи гурӯҳ муаррифӣ гардида, бандҳои алоҳидаи он зери муҳокима қарор гирифт. 

Дар кори ҷаласа натиҷаи муҳокимаҳо аз ҷониби Роҳбари Гурӯҳ Хуршедаи Қодир ҷамъбаст гардида, ҷиҳати такмили лоиҳаи Нақшаи кори гурӯҳ ва амалигардонии қадамҳои минбаъда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

25.12.2020 Ҷаласаи 4-уми Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

23 декабри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 4-уми Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа сухани ифтитоҳии Раиси вилоят – Раиси Шӯро, ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯро, муаррифии намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Барномаи рушди СММ “Мусоидат ба бартараф намудани таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути беҳтар намудани шароити зиндагӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона” шунида, ҳайати нави аъзои Шӯро, Низомномаи Шӯро дар таҳрири нав, нақшаи кории Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

24.12.2020 Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24909

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодиро мавриди истифода қарор доданд.

1.jpg

Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ёқуб Шарафов бунёд гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст.

2.jpg

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳ 35 нафар сокини пойтахт соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе асосан 4 навъи макарон омода мешавад ва дастгоҳу таҷҳизот имкон дорад, ки рӯзона то 4 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

3.jpg

Иқтидори солонаи корхона 2100 тонна маҳсулоти макарониро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни истеҳсолот, маҳсулоти табиӣ ва барои саломатии инсон безарар истифода мегардад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони бонангу номуси кишвар ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати саноатикунонии мамлакат баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарони корхонаро ба истеҳсоли маводи рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ ҳидоят карданд.

Таъсиси корхона агар аз як ҷиҳат ба истеҳсоли маводи ивазкунандаи воридот мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба ташкили даҳҳо ҷойи корӣ боис мегардад, ки ин дар навбати худ аз ҳадафҳои неки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар бобати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст ва эълони саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ - тадбири муассир дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.

Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи тарҳҳои дорои аҳаммияти муҳим дар самти бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад. Он бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовор аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҷараёни корҳои созандагӣ зери назорати пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 20 сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нишондодҳо дар ин самт, дар кӯчаи Зебуннисои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёди як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад. Дар ин замина, шумораи зиёди сокинони пойтахт бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ин раванд дар беҳбудии сатҳи зиндагии онҳо таъсири мусбӣ хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки авҷи корҳои бунёдӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои тавлидотӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе тадбири муассир дар самти татбиқи амалии нишондодҳои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.

Таъсиси чунин минтақаҳо намунаи барҷастаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна арзёбӣ мебошад.

24.12.2020 Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии равғани пахта дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24908

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро мавриди истифода қарор доданд.

3.jpg

Корхонаи истеҳсолии равғани пахта дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи корхонаҳои дорои аҳамияти муҳим маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳдӣ Каримов дар як муҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст.

Корхонаи равған бо мақсади дастрасии аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ бунёд гардида, соҳибкор азм гирифтааст, ки дар фаровонии маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолона саҳм гузорад.

4.jpg

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли равғани пахта дар як шабонарӯз 10 тонна чигитро коркард менамояд.

Бо ба кор даромадани корхонаи истеҳсолии равғани пахта 30 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ашёи хом барои истеҳсоли равғани пахта дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо хочагиҳои деҳқонӣ дастрас мегардад, ки барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корхонаи мазкур дар қатори дигар корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми назаррас дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст.

Масъулони корхонаи истеҳсоли равғани пахта азм доранд, ки иловатан бо насби хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолиро зиёд намоянд ва коркарди чигитро дар як шабонарӯз ба бештар аз 20 тонна расонанд.

Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифат ва рақобатпазирии ин намуди маводи ғизоӣ диққати зарурӣ диҳанд. 

24.12.2020 Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ “Ҳурия” дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24907

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии пойтахт ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” оғози расмӣ бахшиданд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос машғул аст.

1.jpg

Корхона аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров дар масоҳати 0,34 гектар бунёд гардида, корҳои бунёдӣ ва воридоту васли таҷҳизоти истеҳсолӣ пурра ба итмом расидааст.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳ дар мавсим 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

2.jpg

Таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии яхмос насли навтарин буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ ворид карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки сифат ва тамъу лаззати маҳсулоти ин корхона ба ҳамаи талаботҳо, аз ҷумла меъёрҳои санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ бошад. Дар мавсими навбатӣ маҳсулоти босифати ин корхона аллакай дастраси истеъмолкунандагон хоҳад гашт.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом, аз ҷумла шир, аз хоҷагиву фермаҳои чорводорӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дастрас карда мешавад ва ба хотири таъмини бехатарӣ, маҳсулоти корхона ҳар моҳ ду маротиба аз санҷиши сифат мегузарад.

Маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” бо бренди “Сардиҳои Тоҷикистон” истеҳсол шуда, бештар аз 30 намудро дар бар мегирад. Ба хотири дастрас кардани маҳсулоти истеҳсолии корхона ба мизоҷон, чор адад автомашинаи махсус харидорӣ гардидааст.

Тавре маълум аст, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе коргоҳу сехҳои хурду миёнаи истеҳсоли яхмос хеле зиёданд ва дар бозори истеъмолӣ як навъ рақобатро низ ба миён овардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки дар ин бозори пуррақобат пеш аз ҳама ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ободонию зебогардонидани гирду атрофи бинои корхона аз маслиҳатҳои дигари Пешвои миллат буд, ки ба соҳибкорон дода шуд.


24.12.2020 Ифтитоҳи корхонаи коркарди санги хоро ва мармар дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24910

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ карданд.

1.jpg

Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи иқдомоти созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуда, қадами устувор дар самти татбиқи амалии стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат дар пойтахти кишвар мебошад.

Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дод.

2.jpg

Хатҳои истеҳсолӣ, ки насли нави технология мебошанд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид карда шуданд. Дастгоҳу таҷҳизоти воридотӣ дар минтақа камназир буда, барои нозуку пурҷило ва мутобиқ ба дизайну мувофиқ ба талаботи мизоҷон тарошидани сангҳои мармару хоро мусоид мебошад. Барои кор бо ин таҷҳизотҳо теъдоди муайяни кормандону мутахассисон дар хориҷи кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аксарият дастгоҳҳо таҷҳизоти бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногуни вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешаванд.

Лозим ба зикри хос аст, ки танҳо хароҷотҳои нақлиётии аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани ҳамагуна намудҳои сангҳои ороишӣ дар як сол зиёда аз 28 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати то панҷ соли оянда бо мавриди коркарди васеъ қарор додани сангҳои маҳаллии Тоҷикистон, аз қабили мармар, хоро, гранит, травертӣ ва ғайраҳо талаботи бозори дохилӣ комилан таъмин карда шуда, тавассути афзоиш додани иқтидори содиротӣ эҳтиёҷоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ин гуна маҳсулот таъмин карда мешавад.

3.jpg

Иқтидори солонаи ин корхонаи тавлидотӣ 150 ҳазор метри мураббаъ санги ороишиву сохтмониро ташкил дода, дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз қабили тахтасангҳои ороишӣ аз мармар ва хоро, зинапояҳои сангин, сафолакҳои гуногун аз хоро, (баляска) тобаҳои ороишӣ, сутун ва шоҳсутунҳо, сангҳо бо ороиши бадеӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис” бо ба кор оғоз кардани ин иншоот 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

4.jpg

Иттилоъ дода шуд, ки корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи коркарди санги хоро ва мармар иборат буда, он вобаста ба талаботи бозори дохилӣ бунёд гардидааст. Маҳсулоти корхона, ки асосан дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол карда мешавад, таъиноти ивазкунандаи воридотиро дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароитҳои мавҷудаи корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти саҳмгузории бештар ҷиҳати шукуфоии Ватан муассир арзёбӣ карда, ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат муфид хонданд.

5.jpg

Мавриди зикр аст, ки бино ба вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ва қаламрави ҷумҳурӣ, талабот ба маҳсулоти сохтмонию ороишӣ, аз ҷумла сангҳои мармару хоро хеле зиёд мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс”, ки аз ширкатҳои муваффақи ватанӣ дар бахши сохтмони хонаҳои баландошёна, иншооти азими таъиноти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳо маҳсуб меёбад, вобаста ба талаботи бозори сохтмонӣ иқдоми таъсиси ин корхонаро рӯйи даст гирифт.

6.jpg

Инчунин талабот ба сангҳои баландсифати ороишӣ, аз ҷумла мармару хорои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат зиёд мебошад. Аз ин хотир, тасмим аст, ки дар ояндаи наздик бо омӯхтани бозори хориҷӣ, содироти маҳсулот ба таври густурда ба роҳ монда шавад.

Дар Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис” ҳамаи шароитҳои истеҳсолӣ фароҳам карда шуда, кор дар он тавассути технологияи муосир роҳандозӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки сангҳои табиӣ дар шаклу андозаҳои мухталиф коркарду омода шаванд ва ҳам бо дизайни ҷолибашон зинатбахши бинову иншооти таъиноти гуногун бошанд.

7.jpg

Инчунин дар ин рӯз дар дохили корхонаи коркарди сангҳои мармару хоро дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе коргоҳи истеҳсоли қубурҳои ҳавогузаронӣ аз варақаҳои рӯҳандуд мавриди баҳарабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин коргоҳ бо шаклу тарҳ ва андозаҳои гуногун тавассути пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти насли нав қубурҳои ҳавогузаронӣ барои иншооти азим истеҳсол карда мешаванд. Бояд гуфт, ки то ин замон воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷа сурат мегирифт ва арзиши баланд низ дошт. Акнун фармоишгарон метавонанд мутобиқ ба стандарт ва ҳаҷму андоза қубурҳои ҳавогузарониро аз ҳамин ҷо дастрас намоянд. Дар ин коргоҳ бошад, 20 нафар мутахассисон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар умум дар ин рӯз, танҳо аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” 170 ҷойи корӣ барои шаҳрвандон муҳайё карда шуд. Зимнан роҳбарияти ин ширкати сохтмонӣ тасмим доранд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик корхонаи азими истеҳсоли серанитро дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иқтидори калони истеҳсолӣ бунёд кунанд.

9.jpg

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати ватании “Строй комплекс” дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда, ҳаҷми истеҳсолотро бо инобати талаботи бозорҳои дохиливу минтақавӣ афзоиш диҳанд.


24.12.2020 Ифтитоҳи корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ “Асрори санг” дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24906

24 декабр дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

1.jpg

Бинои корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои “Асрори санг”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Шарифӣ бо тарҳи муосир бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, аз се ошёна иборат мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки аксарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

2.jpg

Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид карда шуда, дар корхона аз сангҳои табиии Тоҷикистон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанди ҳархела, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол карда мешаванд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, расму оин ва маданияти миллати тоҷик тасвир ёфтааст ва хонаву маконеро дар ҳар гӯшаи дунё зебу нур мебахшанд.

3.jpg

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор адад маҳсулот буда, марҳила ба марҳила бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ин нишондод зиёд мегардад.

4.jpg

Аснои шиносоӣ бо имконияти фароҳамомада дар корхонаи нав, таъкид гардид, ки минтақаҳои Тоҷикистон вобаста ба иқлимашон сарватҳои бойи табиӣ доранд ва дар сурати дуруст ба роҳ мондани истеҳсолот метавон ҳам эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ сохт ва ҳам маҳсулотро ба хориҷи мамлакат содирот кард.

5.jpg

Маҳсулоти корхона бо назардошти талаботу стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар дохил ва хориҷи мамлакат харидорони зиёд дорад. Сангҳои ороишӣ ва армуғони корхона асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо содирот карда мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ду мағозаи фирмавии корхона ба фаъолият оғоз намудааст, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд, аз он молҳои армуғонии аз сангҳои ороишӣ ва худҷило омодашуда, харидорӣ намоянд.

6.jpg

Оянда бо ворид намудани технологияи нав аз Ветнам дар ин ҷо коргоҳи дӯхти либосҳои варзишӣ низ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки боз 50 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” марҳила ба марҳила бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани дигар коргоҳҳои истеҳсолӣ шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.

7.jpg

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини корхонаро ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба рақобат тобовар ҷалб намуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар доираи эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

24.12.2020 Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (Ламинат) - ҶДММ “Фирӯз бинокор” дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24905

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ - ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фирӯз бинокор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ - Толибҷон Ҳомидов дар заминаи татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

111.jpg

Корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ моҳи майи соли 2020 оғоз гардида буд ва инак бо мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу технологияҳои корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як қатор давлатҳои аврупоӣ мебошанд.

Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар миқёси Осиёи Марказӣ феълан ягона буда, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.

22.jpg

Истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи нави саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар арзёбӣ мегарданд.

Фаршҳои истеҳсолии корхона ба намӣ низ тобовар буда, дар ҷойҳои гаштугузори зиёд нисбат ба маҳсулоти ҳамсон дар бозорҳои дохилӣ 3-4 маротиба бештар харидор дорад.

Дар раванди истеҳсолот то ба 70 дарсад ашёи хоми ватанӣ истифода мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 90 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти сохтмонӣ буда, дар оянда имкони то ба 130-140 ҳазор метри мураббаъ расонидани он мавҷуд аст.

33.jpg

Корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе бепартоб буда, ҳамзамон аз партоби корхонаҳои истеҳсолии дару тиреза фаршҳо омода карда мешавад.

Дар корхона истеҳсолӣ 10 навъи фаршҳои замонавӣ бо андозаҳои гуногун амалӣ карда мешавад ва дар асоси дархости мизоҷон масъулон имкони роҳандозии аз ин ҳам бештари маҳсулотро доро мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақша дар оянда бо ворид ва васлу насб намудани дастгоҳҳои нав иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам афзоиш дода мешавад ва барои шаҳрвандони мамлакат ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.

44.jpg

Назди корхонаи нави саноатӣ дар доираи ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти мамлакат кабудизор карда шуда, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ дар самти ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон додааст, ки аҳолии мамлакат аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ таъмин гарданд.

55.jpg

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Толибҷон Ҳомидов барои саҳм гузоштан дар таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти сохтмонии ба саломатӣ безарар баҳои баланд дода, барои боз ҳам истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

24.12.2020 Ифтитоҳи марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Душанбе

http://www.president.tj/node/24904

24 декабр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

133181943_4832321046838043_3003643798089141662_o.jpg

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” моҳи январи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” ва Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

132427690_4832320130171468_6135248087897128200_o.jpg

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалишавии марҳилаи дуюм, дар корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳо 120 дастгоҳи худкори бофанда, 10 дастгоҳи дӯзандаи нӯги ҷӯроб, 3 дастгоҳи дарзмол насб гардида, дар корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо бошад, 2 дастгоҳи нақшофарии силикон ва 114 дастгоҳи худкори бофанда гузошта шуд. Инчунин 120 адад дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо харидорӣ гардида, моҳҳои наздик ба корхона ворид карда мешавад. Таҷҳизоти мазкур аз ширкатҳои пешқадами Италия, Туркия, Олмон ва Федератсияи Россия харидорӣ гардидааст.

Бо ба истифода додани марҳилаи дуюми корхона ва воридоти таҷҳизоти насли нави корӣ, дар баробари истеҳсоли ҷӯроб, ҳамчунин имконият фароҳам гардид, ки тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ - дастпӯшҳои корӣ ба роҳ монда шавад.

132805564_4832320366838111_1745976028963897423_o.jpg

Фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори истеҳсолии “Ваҳдат текстайл”-ро афзоиш дода, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол расонида шуд, ки ин иқдом ҳам барои қонеъсозии талаботи дохилии мамлакат ва ҳам ба афзоиши иқтидори содиротӣ мусоидат намуд.

Дар марҳилаи дуюми корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар маҷмӯъ дар ду марҳила 400 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ба иттилои масъулин, дар марҳилаи сеюм ҳам шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш дода мешавад ва ҳам ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад гашт.

Бояд қайд кард, ки феълан ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин дар хориҷ аз кишвар низ серхаридор аст. 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад. Айни замон Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” тамоми навъи ҷӯробҳоро мувофиқ ба талаботи бозор, фасли сол ва синну сол ба роҳ мондааст ва сифати баланду дизайни зебо имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар дохилу хориҷ рақобатпазир бошад. Ҳамчунин афзалияти дигари маҳсулоти корхона дар он аст, ки 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои он аз пахта буда, дар доираи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.

132810906_4832320086838139_2484917062841814930_o.jpg

Иброз гардид, ки “Ваҳдат текстайл” дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, коргоҳ истеҳсолотро пурра дар асоси пахтаи ватанӣ роҳандозӣ намудааст. Яъне ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар, вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гушаи намоишии корхона, ки доимоамалкунанда мебошад боздид намуданд.

Дар ин ҷо тамоми навъҳои маҳсулоте, ки дар корхонаи “Ваҳдат текстайл” истеҳсол мегардад ба намоиш гузошта шудааст. Иброз гардид, ки технологияи муосири корӣ имконият медиҳад, ки сифати баланди маҳсулот таъмин карда шавад. Айни замон барои мардҳо, занон ва кӯдакон навъҳои гуногуни ҷӯроб истеҳсол гардида, ҳамчунин барои варзишгарон низ ҷӯробҳои махсуси варзишӣ аз ҷониби корхона пешниҳод карда мешавад.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулот ва таҷҳизоти кории корхона баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ дар оянда низ чораҳои зарурӣ андешанд.

17.12.2020 Ба кор даровардани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе»

16.12.2020 12:10, шаҳри Душанбе



16-уми декабри соли 2020 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

11.jpg

«Комбинати орди Душанбе», ки зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият боз монда буд, бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.

Тамоми биноҳои комбинат бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмир гардида, навсозӣ ва таҷдиди он барои таъмини бозори дохилӣ бо орд ва таҳкими истеҳсоли маҳсулоти содиротшавандаи ватанӣ мусоидати фаъол менамояд.

Масоҳати умумии “Комбинати орди Душанбе” 4 гектар буда, сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой хатҳои истеҳсолии нав харидорӣ ва васлу насб карда шавад.

12.jpg

Асонои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хати истеҳсолии васлу насбгардида айни замон назираш дар Осиёи Марказӣ нест ва аз рӯи технология ва хусусиятҳои техникӣ муосиртарин маҳсуб меёбад.

Технологияи васлгардида ба таври автоматӣ фаъолият мекунад ва дар раванди истеҳсолот қувваи корӣ кам истифода мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани “Комбинати орди Душанбе” дар маҷмуъ 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар ин комбинат дар як шабонарӯз 400 тонна гандум мавриди коркард қарор дода шуда, бо номҳои “Майса”, “Хӯша”, Сунбула” ва “Суфра” тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз он ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Маҳсулоти комбинат мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар ҳаҷми гуногун бастабандӣ гардида, пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ оянда дар назди “Комбинати орди Душанбе” чандин коргоҳҳои нав ба кор дароварда мешавад. Бунёди коргоҳҳои истеҳсоли макарон ва маҳсулоти нонию қаннодӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳоест, ки ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин бо ба инобат гирифтани талабот коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ аз сабӯс низ бунёд карда мешавад. Дар ин ҷо, инчунин хӯроки парранда, моҳӣ ва чорво ҳам истеҳсол мегардад.

13.jpg

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик мағозаҳои фирмавии “Комбинати орди Душанбе” ба фаъолият оғоз мекунанд.

Фаъолияти бонизоми комбинат метавонад дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар тамоми фасли сол ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал, нақши муассир гузорад.

Дар оянда дар “Комбинати орди Душанбе” бо ба кор даровардани иқтидорҳои нав ҳаҷми истеҳсолот афзун ва шумораи ҷойҳои корӣ зиёд хоҳад шуд.

Ба таъкиди масъулони комбинати мазкур бо таъмини талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе бо орд, ки тибқи таҳлилҳо беш аз 400 тоннаро ташкил медиҳад, дар оянда маҳсулот ба дигар кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.

14.jpg

Дар “Комбинати орди Душанбе” анбор барои захираи 32,0 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ ҷиҳати нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯс ва гандуми реза бунёд гардида, хати роҳи оҳан аз дохили корхона мегузарад, ки хароҷоти интиқоли маҳсулотро ба маротиб коҳиш медиҳад.

Бо мақсади таҳвил ва дастраскунии маҳсулоти истеҳсолшаванда ба нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои савдо 10 адад воситаи нақлиёти боркаши муосири гуногунҳаҷм харидорӣ карда шудааст.

Дар «Комбинати орди Душанбе» барои муайян намудани сифати гандуми воридшаванда ва маҳсулоти истеҳсолгардида озмоишгоҳ бо тамоми лавозимоти замонавӣ ташкил карда шудааст, ки ин ба пешниҳоди маҳсулоти босифат заминагузор мебошад.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

15.jpg

Дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шудааст. Натиҷа ҳамин аст, ки тайи солҳои охир дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар баробари бунёду навсозии муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ садҳо корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин тадбир дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

16.jpg

Тибқи маълумоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат наздики 70 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

16.12.2020 Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодии ҶДММ КМ “Ғаюр Корея Технолоҷӣ” дар шаҳри Душанбе

16.12.2020 11:48, шаҳри Душанбе



16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ба фаъолияти марҳилаи аввали Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда ҶДММ КМ “Ғаюр Корея Технолоҷӣ”, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

1.jpg

Дар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар он истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона карда шудааст.

2.jpg

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар мамлакат ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати кишвар дар доираи ҳамкории Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо ҷалби сармояи ширкати кореягии Гайа Энерҷӣ Ко ЭЛТЕДЕ (GAIA ENERGY Co.Ltd) сохта шудааст.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дорои анбори маҳсулоти хом, хати истеҳсолӣ, анбори қуттиҳои тайёр ва озмоишгоҳ буда, дар масоҳати 400 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Дар корхона феълан истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ барои роҳҳои мошингарду пиёдагард, кӯчаву хиёбонҳо, ороиши биноию иншоот ва равшаннамоии дохили хонаҳо ба роҳ монда шудааст.

Истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ, ки дар корхона бо истифода аз технологияи муосири RFSemi роҳандозӣ мегардад, имкони фаъол будани онҳоро то зиёда аз 100 ҳазор соат бештар мекунад.

3.jpg

Аснои шиносоии Президенти мамлакат бо раванди истеҳсолот ва васлу насби таҷҳизоти равшанидиҳанда дар ин корхона иттилоъ дода шуд, ки фурӯзонакҳо пурра тариқи дастгоҳҳои рақамӣ ва барномаҳо аз як марказ идора карда шуда, ҳангоми кам гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон шиддати қувваи барқ дар онҳо паст ё қисман хомӯш карда мешавад, ки ба сарфаи нерӯи барқ ва муҳлати истифодаи фурӯзонакҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин кори фурӯзонакҳо бесадо буда, барои кор дар шароити борону тӯфонҳои шадид пешбинӣ шуда, дар самти амалигардии лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” низ кӯмак менамоянд.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз ҷиҳати кафолатнокӣ аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст.

4.jpg

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхонаи саноатӣ, воридоти таҷҳизот ва технология ҷиҳати васлу насб ва санҷиши сифати маҳсулот, инчунин воридоти қисмҳои алоҳидаи фурӯзонакҳои диодӣ аз Ҷумҳурии Корея ва васлу насби онҳо амалӣ карда шудааст.

Фаъолияти корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар шаҳри Душанбе дар се марҳила амалӣ мегардад.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди чор корхонаи нави саноатӣ ва марҳилаи дуюму сеюми Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюм ва сеюми корхона воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технология аз Ҷумҳурии Корея дар назар дошта шуда, истеҳсоли пурраи диодҳо ва дигар қисмҳои фурӯзонакҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи дуюм 12 миллион ва дар марҳилаи сеюм 20 миллион дона фурӯзонаки диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда буда, 150 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

5.jpg

Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” ҳамчунин дар доираи татбиқи ҳадафҳои мушаххас дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла рангҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбобҳои барқиро ба нақша гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар шаҳри Душанбе аввалин корхонаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Корея дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳким бахшида, муносиботи дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар бештари соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо ин кишвар роҳ мондааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъол гардидани корхонаҳои навси саноатӣ дар доираи ҳамкориҳои муштарк бо Ҷумҳурии Корея боз 250 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содироти он ба хориҷ заминаҳои устувор фароҳам мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Ғуломов ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020” намуна арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва роҳандозии содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

16.12.2020 Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Ғаюр-Пак” дар шаҳри Душанбе

16.12.2020 11:47, шаҳри Душанбе


16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Пак”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

6.jpg

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати пешгоми Олмону Австрия “Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч” харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.

Коргоҳи “Ғаюр-Пак” имконият дорад, ки дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд. Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифодабарӣ қулай аст.

7.jpg

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз курсҳои бозомӯзӣ дар Корхонаи “Ғаюр-Pack” 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Бояд қайд кард, ки гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” дар се корхона солона 2,5 миллион тонна семент истеҳсол менамояд. Вобаста ба ин, ба халтаҳои полипропиленӣ талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, 80 фоизи халтаҳои истеҳсолгардидаи корхона барои қонеъсозии талаботи худи ширкат истифода мегардад ва 20 фоизи дигар ба коргоҳу корхонаҳои ватанӣ ва содирот ба дигар кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд. То имрӯз ин номгӯи маҳсулот аз хориҷ ворид карда мешуд ва халтаҳои полипропилении корхонаи нави “Ғаюр-Pack” ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат рақобат намуда, вобастагии соҳаро аз маҳсулоти воридотӣ ба тарзи назаррас коҳиш хоҳад дод.

8.jpg

Насби технологияи насли нав имконият медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ равона карда мешавад. Ғайр аз халтаҳо барои семент, ҳамчунин “Ғаюр-Pack” тибқи фармоиш имкони тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро дорад. Тамоми марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шуруъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он, дар худи корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Pack” дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулот аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин корхонаи нав дорои лабараторияи санҷиши сифат мебошад, ки танҳо пас аз баҳогузории мутахассисон, маҳсулоти он барои истифода пешниҳод мегардад. Озмоишгоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон, ки имконияти васеи санҷиши ҳамаҷонибаи сифати маҳсулоти ниҳоиро дорад, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

9.jpg

Ифтитоҳи корхонаи мазкур идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат буда, бунёди корхонаҳои нав имконият медиҳад, ки вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш дода шавад. Дар ин баробар, Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти ниҳоии саноатӣ табдил ёфта, ҳамзамон иқтисодиёти мамлакат рушд хоҳад кард.

10.jpg

Президенти мамлакат зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.


10.12.2020 Таъсиси бизнес-инкубатор дар водии Рашт

Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт бо дастгирии Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон соли 2020 новобаста аз паҳншавии пандемияи “Covid-19” як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардид.

333.jpg

Дар ин замина дар доираи баргузории ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт аз санаи 2 октябри соли 2020, Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ ёфта, ба Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии фермерии “Самар”-и ноҳияи Лахш мотоблокҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд. Ҳадафи асосӣ аз амалисозии лоиҳаҳои мазкур, таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон ба ҳисоб меравад.

444.jpg

Инчунин, дар асоси Шартномаи Барномаи рушди СММ аз 3 сентябри соли 2020 бо ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Сурхоб” пас аз таъмири бино ва таъмин бо таҷҳизот бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Нуробод “Бизнес-инкубатори Нуробод” ба фаъолият шуруъ намуда, 15 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар доираи Барномаи рушди СММ «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Сурхоб” дар ноҳияҳои дигари водӣ, аз ҷумла Рашт, Тоҷикобод ва Лахш низ як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардидаанд.

222.jpg

Тибқи протоколи ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба шарикони рушд тавсия дода шудааст, ки бо мақсади ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои беҳтари рушд дар ин ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ – водии Рашт дар татбиқи лоиҳаҳои самтҳои гуногун бештар иқдом намоянд.

111.jpg

Дар ин робита ҳамкориҳо бо шарикони рушд, бахусус Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар самти бунёди коргоҳу таъмини ҷойҳои корӣ, гузаронидани таҳлилҳои самти соҳибкорию сармоягузорӣ дар водӣ идома ёфта, бахши хусусии водӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт дар ин самт саҳмгузор хоҳанд гардид.

07.12.2020 Фаъолияти Шӯроњои машваратии соњибкорию сармоягузории мањаллї

20 декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси ноҳияи Нуробод, Раиси Шӯрои машваратӣ, Дустзода Ҳ.Т. ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ноҳияи Нуробод баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия, инчунин нақшаи кории Шӯро барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Шӯро, Дустзода Ҳ.Т. вобаста ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки ин мақомот ҳамчун майдони созгори муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат менамояд. Инчунин, саҳми соҳибкорон дар корҳои созандагӣ, бунёди як қатор корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар ноҳия хотиррасон карда шуда, изҳори итминон карда шуда, ки натиҷаҳои минбаъдаи ин раванд, бахусус ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бештар назаррас хоҳад гардид.

Дар ҷаласа нақша чорабиниҳои Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории ноҳияи Нуробод барои соли 2021 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Рӯзи 7 декабри соли 2020 ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ноҳияи Рашт ташкил ва баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷалб гардиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа се масъала - корҳои татбиқшуда дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ноҳияи Рашт, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Рашт ва тасдиқи нақша чорабиниҳои Шӯрои машваратӣ барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз ифтитоњи љаласа муовини раиси ноҳия, Риозода М.А. вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ноҳия, баланд бардоштани донишҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ ва масъулияти андозсупории соҳибкорон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва омӯзиши тартиби таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, заминаҳои қонунгузории татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия баромад кард.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, оид ба фаъолияти соҳибкорї ва дастрасии соҳибкорон ба қарзњо гузориш дода шуд. Қайд гардид, ки дар давоми 11 моҳи соли 2020 барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблағи 11 млн 300 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 2 млн 904,3 ҳазор сомонӣ ё 34,5 фоиз зиёд аст .

Дар ҷаласа нақша чорабиниҳои Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории ноҳияи Рашт барои соли 2021 тасдиқ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. 

24.11.2020 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе


Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст.

Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.

Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад.

Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.

Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст, бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


10.11.2020 Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс

10.11.2020 18:43, шаҳри Душанбе



Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҳамтоён ва роҳбарони ҳайатҳо!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин барои ташкили ҷаласаи имрӯза миннатдории худро баён намоям.

Ҷониби Россия давоми раёсати худ барои нигоҳ доштани суръати фаъолияти босуботи Созмони мо корҳои зиёдеро иҷро намуд ва ба як қатор натиҷаҳои назарраси амалӣ ноил гардид.

Мо қабул шудани бастаи як қатор қарорҳо ва ҳуҷҷатҳоро дар ҷамъбасти ҷаласаи имрӯза, ки масъалаҳои мубрами кори муштараки минбаъдаи моро фаро мегиранд, тасдиқ мекунем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Раёсати СҲШ ба Тоҷикистон мегузарад ва он аз рӯи замон бо ҳамоиши ҷашнии Созмон рост меояд.

Дар ин робита мехоҳам мухтасаран диди худро дар бораи самтҳои асосии кори муштаракамон дар давраи оянда баён кунам.

Тоҷикистон ният дорад, ки дар асоси усули пай дар пайӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи Созмонамон ва таҳкими иқтидори он фаъолият намояд.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мо имрӯз бо таҳдидҳои нави иҷтимоӣ — иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаем.

Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари қобили мулоҳиза расонида мешавад.

Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид кард.

Вай омили афзоиши тунди бекорӣ, монеи маҷрои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид.

Баъзе кишварҳо метавонанд ба таҳдидҳои амнияти озуқаворӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ тӯлонӣ хоҳад буд.

Аён аст, ки ин таҳдидҳо моро ба андешидани тадбирҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак бо онҳо водор месозанд.

Дар ин замина, тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим аст.

Афзалияти дигари раёсати худро мо дар таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангии дохилии Созмонамон бо истифода аз тамоми имконот ва захираҳои мавҷуда барои дастгирии мутақобила мебинем.

Ба кишварҳои узви СҲШ барои кумакашон ба Тоҷикистон ва дастгириашон дар мубориза бо пандемия изҳори миннатдорӣ мекунам.

Дар бахши афзалият дар соҳаи ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ, ба назари мо ба таҳкими робитаҳои мутақобилаи судманди хоҷагидорӣ таваҷҷуҳ намудан зарур аст.

Муҳимияти таҳия ва қабули минбаъдаи Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷаи ба коҳиш ва рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии буҳрони кунунӣ равонашударо дар доираи СҲШ таъкид менамоем.

Ҳаллу фасли масъалаи таъсиси ташкилоти махсуси молиявии Созмон аҳамияти калон дорад.

Умедворем, ки мавқеъҳои давлатҳои узв оид ба ин масъала наздик хоҳанд шуд.

Ба Шӯрои соҳибкорон ва Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ механизмҳои самарабахши дастгирии соҳибкории хурд ва миёна, инчунин воридшавии сармояҳоро коркард намоянд.

Мо ният дорем, ки масъалаҳои истифодаи васеи имконоти транзитии фазои СҲШ-ро пеш барем.

Зарурати афзудани ҳамкорӣ дар бахшҳои истеҳсолоти саноатӣ ва энергетика, ба шумули соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, хусусан неруи барқи обӣ ба миён омадааст.

Мо ният дорем, ки нахустин ҷаласаи вазирони саноат ва энергетикаи кишварҳои узви СҲШ-ро баргузор кунем.

Дар нақшаи чорабиниҳои давравии раёсати мо инчунин дар Тоҷикистон баргузор намудани ҷаласаи вазирони кишоварзии далатҳои узв бо иштироки идораҳои масъули амнияти озуқаворӣ пешбинӣ шудааст.

Умедворем, ки дар доираи ҷаласаи мазкур маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рафъи оқибатҳои ғизоии пандемия ба таври ҷиддӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Мо ният дорем, ки ба коркарди заминаи ҳуқуқии интиқоли бемамониати молҳои барои ҷомеа муҳим, аз ҷумла хӯрокворӣ ва доруворӣ мусоидат намоем.

Бо дарназардошти идома ёфтани пандемия, аҳамияти хоси масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ бештар мешавад.

Инчунин мехоҳам ба таври алоҳида аҳамияти ҳамкории фаъолро дар самти пешгирӣ ва табобати Ковид-19 зикр намоям.

Дар заминаи ҳамкории башардӯстона Тоҷикистон ҳамчун раис, аз тамоми пешниҳодҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, инчунин кор бо ҷавонон истиқбол хоҳад кард.

Дар шароити кунунӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад.

Умедвори дастгирии минбаъдаи шариконамон дар татбиқи ташаббусҳои мо оид ба рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла пешниҳод дар бораи таъсиси Бунёди байналмилалии муҳофизати пиряхҳо мебошем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Сулҳи босубот ва амният дар фазои СҲШ гарави рушди муваффақонаи мо мебошад.

Дар ин замина, мо идома додани кори муштараки мақсаднокро дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои амниятӣ зарур мешуморем.

Муқобилат бо тавсеаи идеологияи радикалӣ, хусусан дар байни ҷавонон, инчунин истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла манбаъҳои интернетӣ бо мақсадҳои ҷиноӣ саъй ва кӯшишҳои муштарак тақозо мекунад.

Дар қатори масъалаҳои амнияти киберӣ, мо ба мушкилоти рафъи сабабҳои иҷтимоии зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ диққати зарурӣ хоҳем дод.

Табиати чолишҳо ва таҳдидҳо гуногун аст ва аз ин рӯ ҳар яки онҳо бархӯрди алоҳида ва хосро тақозо мекунад.

Дар ин замина, мо бори дигар аҳамияти пешниҳоди қаблии худро дар мавриди таъсиси Маркази доимоамалкунандаи зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанбе таъкид мекунем.

Дар доираи раёсати худ, мо ният дорем ба густариши ҳамкории давлатҳоямон дар самти идораҳои мудофиа ва хадамоти марзбонӣ мусоидат кунем.

Дар ин замина, идомаи ҳамкорӣ дар таҳкими иқтидори давлатҳоямон дар бахши ҳимояи марзҳои хориҷӣ дар самти Осиёи Марказӣ вазифаи муҳим боқӣ хоҳад монд.

Вазъи мураккаби Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи мо хоҳад буд.

Мо борҳо таъкид карда будем, ки сарнавишт ва ояндаи Афғонистонро бояд худи халқи ин давлат ҳал кунанд.

Мо ҳама иқдомҳои созандаро ҷиҳати танзими раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон зикр намуда, умедвори натиҷаҳои амалии кӯшишҳо дар самти ҳаллу фасли сиёсии мушкилоти Афғонистон мебошем.

Бояд ҷустуҷӯи роҳҳои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ба эҳёи иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон нигаронидашуда идома дода шавад.

Дар ҷараёни раёсати худ мо ният дорем, ки ба кори фаъоли Гурӯҳи тамос “СҲШ — Афғонистон”, аз ҷумла татбиқи харитаи роҳ мусоидат намоем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Дар соли равон мо санаи таърихии ҳафтоду панҷумин солгарди Ғалабаро бар фашизм ҷашн гирифтем.

Дар пасманзари афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳои глобалӣ, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ моро ба зарурати ягонагӣ дар ҳифзи сулҳи пойдор, субот, оромӣ ва зиндагии осоиштаи башарият ҳушдор медиҳанд.

Имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ боз як рӯйдоди таърихӣ — ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн гирифт.

СММ ҳамчун пойгоҳи асосии расидан ба ҳамраъйӣ дар масъалаҳои асосии амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор боқӣ мемонад.

Дар доираи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таҳкими мавқеъҳои байналмилалии СҲШ кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.

Мо идома бахшидани таҷрибаи доир намудани чорабиниҳои муштараки сатҳи баландро байни СҲШ ва СММ дар назар дорем.

Ба таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои нозир ва шарикони муколама, фаъол сохтани ҳамкории амалӣ бо ташкилоти шарики минтақавии дорои вазифаҳои ба ҳам монанд кумаки ҳамаҷониба хоҳем расонид.

Ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Бо камоли мамнуният мехоҳам шуморо ба ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ, ки баргузории онро мо соли оянда 16-17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифтаем, даъват намоям.

Боварӣ дорам, ки бо дастгирии давлатҳои аъзо ва кумаки мақомоти доимоамалкунанда моро корҳои муштараки пурмазмун интизоранд.

Дар хотима мехоҳам ба ҳама барои табрикоти гарму ҷӯшон ва орзуҳои нек нисбат ба ман ва кишварам миннатдории самимӣ баён кунам.

Ташаккур.

30.10.2020 Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганд аз Қасри Миллат ҷониби Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд.
Дар ин вақт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои идонаи низомӣ ва шамшерҳои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуд.
Дар болои шоҳсуфа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.
1.jpg
Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.
2.jpg
Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.
Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои олам аст.
3.jpg
Дар дохили Дирафши Ковиён - чаҳор шохаи марғула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.
Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.
4.jpg
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.
Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.
5.jpg
Сипас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда шуда, дар паҳлӯи рости минбар гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба назди Кохи Сомон расида, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардиданд.
6.jpg
Дар ду ҷониби роҳрав аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашидаанд.
Аз ҷониби чапи даромадгоҳи толор оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсароён ҷой гирифтаанд.
7.jpg
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд.

20.10.2020 Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва иштирок дар Иди меҳргон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

17.10.2020 16:09, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони вилояти Суғд иштирок карданд.

1.jpg

Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд.

2.jpg

Бахусус дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка ва 60 фоиз афзоиш додани кишти зироатҳо, аз ҷумла ғалладонагиҳо ҷалб карданд.

Зимни тамошои намоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 7,4 млрд сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, афзоиш 107,8 фоизро ташкил медиҳад.

3.jpg

Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 287 ҳазор тонна, картошка 344 ҳазор тонна, сабзавот 431 ҳазор тонна, полезиҳо 138 ҳазор тонна расида, истеҳсоли мева, асал, гушту шир, тухми парранда,гушти моҳӣ афзоиш дода шудааст.

Алҳол ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, ҳосили мавҷуда аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли шолӣ, ҷуворимакка, анвои лубиёгиҳо-лубиё, мошу нахуд дар кишти такрорӣ пешбини гардидааст.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коргоҳҳои банду басти меваи хушк, сабзавот, асал ва соҳибкорони инфиродӣ намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар иди Меҳргон - ҳамчун иди ҳосилу фаровонӣ муаррифӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми кишоварзон ва корхонаҳои соҳаи коркарди вилоятро дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ арзанда арзёбӣ намуданд.

4.jpg

Ин натиҷаи истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмӣ, ҷорӣ намудани агротехникаю технологияҳои пешрафта, заҳмату кордонӣ ва маҳорати кишоварзон мебошад.

Маҳсулоти кишоварзони вилоят дар бозори давлатҳои хориҷӣ низ талабгорони зиёд дорад. Хусусан ба меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ тоза, меваю сабзавоти хушкгардида, баъди коркарду банду баст ба ҳаҷми зиёд содирот карда мешаванд.

Имрӯз дар вилояти Суғд 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он қариб 51 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Тибқи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солхои 2016-2020 бунёди 230 гектар боғу токзори нав дар соли 2020 пешбинӣ гардида, ин нишондод 528 гектар иҷро ва нисбати барнома 2,3 маротиба зиёд мебошад.

5.jpg

Захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ғалла, картошка, мева, ангур, сабзавот, полезиҳо аз роҳу имкониятҳо таъмини бозори истеъмолӣ бо нарҳои дастрас мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 30 амбор - сардхонаҳои саноатӣ мавҷуд аст.

Ин сардхонаҳо имкон доранд то 10 ҳазор тонна маҳсулот захира намоянд.

Дар намоишгоҳ намунаҳои анвои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар сардхонаҳо захира карда мешаванд, муаррифӣ гардид.

Намоишҳои дастовардҳои кишоварзони вилоят дар доираи ҷашни Меҳргон баргузор карда шуд.

Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯз ва Сада аз идҳои қадимаи тоҷикон буда, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё гардида, таҷассумгари файзу баракати кори кишоварзон ва иди ҷамъоварии ҳосил мебошад.

6.jpg

Дар ин давра ҳосили кишоварзон ҷамъоварӣ ва ба хотири фаровонӣ ба кишти тирамоҳӣ вусъат бахшида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоятро барои истифодаи самараноки заминҳо ва боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

Баъди боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, захираи меваю сабзавот дар сардхона ва иштирок дар иди Меҳргон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт. Нимаи дуюми 17 уми октябр Пешвои миллат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

20.10.2020 Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон

16.10.2020 13:00, шаҳри Гулистон

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғоз бахшиданд.

122053324_3330244383677724_6425872253811008505_o.jpg

Фабрикаи парандапарварии “Мурғи аълосифат” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвиз Бобоев моҳи апрели соли 2019 таъсис ёфта, биною иншооти махсуси соҳавӣ барои парвариши паррандаи гуштии бройлерӣ, забҳ, коркарду банду баст ва нигоҳдории гушти парҳезии парранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.

Ба фаъолияти марҳилаи аввали фабрикаи паррандапарварӣ 22 марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз бахшида, ба соҳибкори ватанӣ ва роҳбарияти вилояти Суғду шаҳри Гулистон дастуру супориш дода буданд, ки саршумори паррандаи гуштиро зиёд намуда, коркарду банду басти гушти парҳезии паррандаро дар технологияи пешрафта дар дохили корхона ба роҳ монанд ва ба бозори истеъмоли гушти паррандаро дар банду басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифат пешниҳод намоянд.

122100197_3330244427011053_6761523804403158805_o.jpg

Дар муддати 6 моҳи гузашта масъулону мутахассисон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” боз 4 иншооти нави паррандапарвариро бо сарфи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохтаю муҷаҳҳаз намуданд, ки дар онҳо 80 ҳазор сар чуҷа парвариш меёбад.

Дар коргоҳ барои то 75 нафар коргарону мутахассисон ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Иқтидори корхона дар 1 сол ба истеҳсоли зиёда аз 2 ҳазор тонна гушти парранда расонда мешавад.

121991546_3330244407011055_1350132315540033310_o.jpg

Ҳамчунин, коргоҳи коркарду банду басти маҳсулот муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти технологии навтарини истеҳсоли Федератсияи Россия мебошад ва дар кишвар нахустин бор чунин усули коркарду банду басти гушти мурғ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” ҷорӣ гардид.

Муассис ва мутахассисони корхонаи “Мурғи аълосифат” комплекси мукаммалу меъёрии парваришу истеҳсоли гушти парҳезии паррандаро таъсис доданд, ки ҳамаи марҳилаҳои парвариши чуҷа ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расондани гушти аълосифати паррандаро дар бар мегирад.

Ширкат дорои иншооти паррандапарварӣ, инкубатории чуҷабарорӣ, коргоҳи забҳи парранда бо тарзи фабрика, коргоҳи коркарду банду баст, амбор - сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр, коргоҳи истеҳсоли хурокаи парранда, озмоишгоҳ, амборҳо, иншооти ёрирасони соҳа ва инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ, санитарию беҳдошти зооветеринарӣ мебошад.

121990745_3330244400344389_3768885253961081411_o.jpg

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чуҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.

Чуҷаҳо дар коргоҳи инкубатории худӣ истеҳсол мегарданд.

Дар фабрикаи паррандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии хаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд. Хурокаи парранда дар худи корхона истеҳсол мегардад.

Бо таъсиси коргоҳи хурокаи парранда бо иқтидори зиёда аз 50 тонна истеҳсоли 5 намуд ғизои парранда дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст.

Ғизои чуҷа асосан аз коркарди ғалладонагиҳо - гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпарпаст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мегардад.

121829526_3330244480344381_2979272330107808205_o.jpg

Дар намоишгоҳи корхона беш аз 15 намуди маҳсулоти гушти парҳезии парранда пешниҳод карда шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз тарафи ин корхонаи паррандапарварӣ аввалин шуда, дар баробари гушти парранда, бисёр навъу намуди маҳсулоти аз гушти парранда истеҳсолшуда дар коркарду банду басти хоса пешниҳод гардидаанд, ки барои истеъмол мувофиқ мебошанд.

Яъне дар корхона гушти парранда пурра коркард гардида, ба харидор пешниҳод мешаванд.

121979024_3330244567011039_776524542921252578_o.jpg

Имрӯз дар вилояти Суғд 125 корхонаи паррандапарварӣ мавҷуд буда, фаъолияти 25-тои онҳо махсус барои истеҳсоли гушти парҳезии парранда равона карда шудааст. Бо саҳми чунин соҳибкорони вилояти Суғд дар муҳлатҳои наздик ба он ноил мешавад, ки бозори истеъмолӣ бо тухму гушти парранда пурра таъмин гардад.


16.10.2020 Круглый стол «Предпринимательство и инвестиции как основа экономического развития»

Сегодня в Национальной библиотеке Таджикистана под председательством Хамрализода Фаррух, Председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению госимуществом Республики Таджикистан, в рамках Дня предпринимателя состоялся круглый стол на тему «Предпринимательство и инвестиции как основа экономического развития». В работе круглого стола приняли участие представители частного сектора, министерств и ведомств, партнеры по развитию и приглашенные гости.

3.jpg

Хамрализода Фаррух отметил, что в период обретения независимости в результате конструктивной политики Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона, формирование новых экономических отношений, обеспечение устойчивого экономического развития, улучшение инвестиционного климата, поддержка предпринимательства и, таким образом, повышение уровня жизни населения страны на сегодняшний день является стратегической целью государства и правительства.

С учетом приоритетов, определенных Правительством, будут приняты необходимые меры для продолжения процесса экономических реформ для поддержки предпринимательства в стране, в том числе с учетом воздействия пандемии COVID-19 и потенциальных рисков для национальной экономики.

2.jpg

Ян Питер Олтерс - председатель Координационного совета по развитию, Постоянный представитель Всемирного банка в Таджикистане, Пратибха Мехта - Постоянный представитель ПРООН в Таджикистане, представители Национального банка Таджикистана, Шухрат Мирзоев - эксперт ПРООН, Замира - генеральный директор Имкон Консалтинг, Тураев Алихон - заместитель исполнительного директора ООО «Анзобская металлургическая компания», выступили на встрече с краткими презентациями.

Основными темами мероприятия стали реформы, связанные с улучшением инвестиционного и делового климата, формирование диалога с предпринимателями и инвесторами, новые инвестиционные возможности, правовые, экономические и социальные аспекты развития бизнеса в Республике Таджикистан. В частности, были сделаны презентации по результатам анализа влияния пандемии COVID-19 на малый и средний бизнес в Таджикистане, проекта «Программа государственной поддержки и развития частного сектора в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы», корпоративное управление и другие актуальные темы.

7.jpg


После выступлений и презентаций между участниками состоялся обмен мнениями.

Была выражена уверенность, что представители частного сектора, предприниматели и инвесторы приложат усилия и внесут свой вклад в развитие отечественного производства, производство большей импортозамещающей и экспортно-ориентированной продукции, обеспечивая внутренний рынок конкурентоспособной продукцией.

В заключение Хамрализода Фаррух поздравил участников с Днем предпринимателя и пожелал успехов в работе.

16.10.2020 Баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт”

Имрӯз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар толори МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзуи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт” баргузор гардид. Дар он намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

3.jpg

Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух қайд намуд, дар замони истиқлолият, дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат қарор гирифт.

2.jpg

Бо назардошти афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ барои идомаи раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо назардошти пешгирии таъсири пандемияи сирояти COVID-19 ва хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади ҳаллу фасли бевоситаи мушкилоту масъалаҳои соҳибкорону сармоягузорон ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият менамояд, ки намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба ҳайати он шомил мебошанд.

Инчунин, барои баррасии масъалаҳои муҳими соҳибкорон дар сатҳи маҳал ҷиҳати татбиқи қонунгузории ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 69 шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шудаанд.

Баҳри дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина хизматрасониҳои электронӣ зиёд карда шудааст. Бо мақсади дастгирии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, се маротиба солҳои 2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.

1.jpg

Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат солҳои охир ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок дар маҷмуъ 109 имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуда, танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ аз дастгирии назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.

5.jpg

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба хоҷагии халқ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона шудаанд, сол аз сол афзоиш ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Тавре қайд гардид, саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000 то 70 фоиз дар соли 2020 зиёд гардида, наздики 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 67 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда мешаванд.

Мавқеи байналмилалии ҷумуҳурӣ устувор гардида, тибқи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” Тоҷикистон чор маротиба (солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019) ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил шуд.

Бо назардошти саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон дар рушди иқтсиодиёт ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон эълон гардида, аз соли 2015 инҷониб баргузор намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад.

7.jpgДар чорабинӣ Пратибха Меҳта, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс, Роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Накҳатзода Моҳбону, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуҳрат Мирзоев, коршиноси Барномаи рушди СММ, Замира Самадова, Директори кулли ширкати машваратии “Имкон консалтинг”, Тураев Алихон, муовини директори иҷроияи ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб” баромад намуданд.

15.10.2020 Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли шоколад дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд

15.10.2020 12:35, шаҳри Хуҷанд

15 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.

Маҳсулоти шоколадӣ дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, иктидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис ёфтааст, 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Аксари онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таркиби маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ иборат аст.

Масъулони корхона барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминиро харидорӣ намуда, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз 10 номгӯи шоколад васеъ истифода менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ бо омехтаи мағзу асал ва меваи табиӣ сифати баланд дошта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгори зиёд дорад.

Масоҳати умумии корхона наздики як гектар буда, бинои истеҳсолӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ҷойгир аст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва истеҳсоли маҳсулоти шоколадӣ Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти тавлиднамудаи ин корхонаи хурди саноатӣ дидан карданд.

Беш аз 13 номгӯи маҳсулоти шоколадӣ, ки бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

14.10.2020 Второе межсессионное заседание Консультативного Совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан

Сегодня, 14 октября 2020 года под руководством Первого заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Давлатали Саид состоялось второе межсессионное заседание Консультативного Cовета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан. На встрече присутствовали члены Консультативного Cовета, руководители и должностные лица министерств и ведомств, партнеры по развитию и приглашенные гости.

1.jpg

На встрече обсуждалась подготовка проекта анализа и рекомендаций по улучшению инвестиционного климата в сфере информационно-коммуникационных технологий, а также анализ текущего состояния отрасли и выявление новых возможностей для наращивания производственных мощностей.

Было отмечено, что по инициативе Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмон 14 октября объявлено Днем предпринимателя и ежегодно отмечается в особом порядке. В этом году проведение различных мероприятий было ограничено в связи с глобальной пандемией, и было решено провести второе межсессионное заседание Консультативного Cовета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан и Круглый стол на тему «Предпринимательство и инвестиции как основа экономического развития».

4.jpg

По основным темам встречи с докладами выступили министр промышленности и новых технологий Файзуллозода Заробиддин и заместитель руководителя службы связи Ильхом Атоев. Кроме того, Ян Питер Олтерс - Постоянный представитель Всемирного банка в Таджикистане, Сезин Синаноглу - Постоянный координатор ООН в Таджикистане, Пратибха Мехта - Постоянный представитель ПРООН в Таджикистане, Дилшод Джуразода - Директор государственного учреждения «Создание и развитие предпринимательства в Таджикистане», Абдулло Курбонов – основатель и председатель ОАО «Алиф Банк», Бозорали Одина - представитель частного сектора в Совете, председатель Кулябского молочного комбината, выступили с краткими презентациями.

6.jpg

Давлатали Саид отметил, что развитие информационно-коммуникационных технологий и переход к цифровой экономике является одним из важных вопросов экономической политики страны, и его широкое использование приобретает все большее значение в условиях нынешней распространенности пандемии коронавируса. В рамках четвертой стратегической цели - быстрой индустриализации страны, изучения текущего состояния промышленности и выявления новых возможностей для увеличения емкости отрасли, включая легкую промышленность, производство строительных материалов, переработку сельскохозяйственной продукции, горнодобывающая промышленность и на этой основе развитие национального производства считаются важными вопросами.

3.jpg

Первый заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан, Давлатали Саид подведя итоги межсессионного заседания дал соответствующие поручения по рассмотренным вопросам.

14.10.2020 Баргузории ҷаласаи 2-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи 2-юми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

1.jpg

Дар ҷаласа масъалаҳои омодасозии лоиҳаи таҳлил ва тавсияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа баррасӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 октябр Рӯзи соҳибкорон эълон гардида, ҳамасола ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад.Имсол бинобар сабаби пайдоиш ва паҳншавии пандемияи коронавирус, баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн то андозае маҳдуд гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷалсаи 2-ми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Мизи мудаввар дар мавзуи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт” баргузор мешавад.

4.jpg

Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои асосӣ Вазири саноат ва технологияҳои нав - Файзуллозода Заробиддин, муовини Сардори Хадамоти алоқа - Илҳом Атоев гузориш дода, инчунин роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Ян Питер Олтерс, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - Сезин Синаноглу, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - Пратибха Меҳта, директори Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” - Дилшод Ҷуразода, муассис ва раиси ҶСК “Алиф Бонк” - Абдулло Қурбонов, намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯро, Роҳбари ҶСП “Комбинати шири Кӯлоб” - Бозоралӣ Одина баромад намуданд.

6.jpg

Муовини якуми Сарвазири мамлакат қайд намуд, ки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат ба шумор рафта, истифодаи васеи он дар шароити кунунии паҳншавии пандемияи коронавирус боз ҳам муҳимтар гашта истодааст. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, омузиши вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа, аз ҷумла саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати маъдан ва дар ин замина рушди истеҳсолоти миллӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисоди миллӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, таъмини шароити лозимӣ барои рушди истеҳсолоти дохилӣ, то ба маҳсулоти истеъмолӣ расонидани захираҳои дохилӣ - ашёи хоми мавҷуда муҳим арзёбӣ гардид.

3.jpg

Дар фарҷоми ҷаласа, бо дарназардошти мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои баёнгардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

03.10.2020 Баргузории ҷаласаи Шӯрои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт

Рӯзи 2 октябри соли 2020 дар ноҳияи Лахш ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

111.jpg

Қабл аз оғози ҷаласа нахуст Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ гардида, инчунин ба Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонию фермерии “Самар”-и ноҳияи Лахш мотоблокҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд. Мақсади асосии амалисозии лоиҳаҳои мазкур, таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, муовинони раисон, аъзои Шӯро машваратии водӣ, инчунин котибони масъул, аъзои шӯроҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки сафарҳои мунтазам ва мулоқоту вохуриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни ин сафарҳои бобарору созанда як қатор иншооти таъиноти гуногун аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории водии Рашт ва баланд бардоштани иқтидори он, таклифу пешниҳодҳо ба лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, имкониятҳои рушди соҳаи коркарди маҳсулот ва афзоиши занҷираи арзиши иловашуда дар водии Рашт ва дигар масъалаҳои масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, мушкилоти соҳа ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

2222.jpg

Иштирокчиён оид ба дастгирии бахши хусусӣ, истифодаи шароит ва имкониятҳои рушди минтақаи Рашт, таҳкими фаъолияти Шӯроҳои машваратии минтақавии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, саҳми соҳибкорон дар ободии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақа ибрози назар намуданд.

Бахшҳои коркарди меваю сабзавот, коркарди ашёи хоми саноатӣ, аз ҷумла мармар, ангиштсанг, хокаи оҳаксанг, тиллои пошхурда, бунёди корхонаҳои хурди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асал, ҷамъоварӣ ва бандубасти меваи хушк ва гиёҳҳои шифобахш, коркарди пусту пашми ҳайвонот ва ҳунарҳои мардумӣ аз самтҳои афзалиятнок дар минтақа интихоб гардиданд.

21.09.2020 Суханронӣ дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Имсол мо 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирем.

Дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Фаъолияти ин Созмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии коронавируси нав КОВИД–19, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба (мултилатерализм) ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Миллали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.

Соли ҷорӣ мо инчунин рӯйдоди дигари муҳимми таърихӣ - 75-солагии Ғалаба бар фашизмро, ки таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ба он иртиботи бевосита дорад, ҷашн гирифтем.

Боиси ёдоварист, ки дар таъмини ин Ғалабаи бузург баробари шаҳрвандони дигар халқу миллатҳо фарзандони барӯманди Тоҷикистон низ нақши назаррас гузоштаанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем.

Ҳамкорони гиромӣ,

Ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд.

Имрӯзҳо аксарият аҳолии олам бар он ақидааст, ки танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ инсоният метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир, муваффақ бошад.

Тоҷикистон низ дар муколамаи ҷаҳоние, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, ширкати фаъол дорад.

Мо ният дорем саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшем.

Кишвари мо дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида ҳамдилии беш аз пешро барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарин медонад.

Бори дигар таъкид месозам, ки хатару таҳдидҳои имрӯза вокунишҳои бетаъхири ҷомеаи ҷаҳониро бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд тақозо менамояд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

18.09.2020 Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК “Авитсенна” дар шаҳри Ҳисор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи ҷавонони шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгуйи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат аз тарафи ширкати “Авитсена” бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, дар он чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин гардида буданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои Олмон, Россия ва Туркия ворид ва васлу насб гардидаанд.

Дар корхона барои коркард ва зихира намудани маҳсулот дегҳои аз 1 то 10 тоннагӣ мавҷуд мебошад.

Корхона дорои анбори ҷавобгу ба талаботи нигоҳдории маҳсулоти ширӣ буда, истеҳсолоти он тавассути се адад воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ба нуқтаҳои фурӯш дастрас карда мешаванд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ 48 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Иқтидори истеҳсолии Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ 40 тонна дар як шабонарӯз ва дар як моҳ то 1200 тонна маҳсулоти шири аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат мебошад.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи “Авитсена Милк” дар зарфҳои 200, 250, 350, 450 ва 500 грамма дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, сипас тариқи шартномаҳои тарафайн ба кишварҳои ҳамсоя содирот мегардад.

Дар назди Корхонаи коркарди маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Авитсена” сехи истеҳсоли зарфи маҳсулоти ширӣ низ ба роҳ монда шуда, бо шакл ва андозаҳои гуногун бароварда мешавад. Барои истеҳсоли зарфҳо ашёи хом аз кишварҳои хориҷ дастрас карда мешавад.

Феълан шири корхона аз фермаи моли худӣ дастрас шуда, дар назар аст, ки барои фаъолияти мунтазами корхона бо сокинони маҳаллӣ низ шартномаҳои дахлдор баста шавад.

Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди истеҳсолот дар ҳаминҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

18.09.2020 Ифтитоҳи Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ватанӣ - ҶДММ “Ситабр Агро” дар шаҳри Ҳисор

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр - Агро”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи “Ситабр - Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда дар мамлакат сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақша - чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин буданд.

Фаъолияти корхона мавсимӣ буда, дар он зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ аксаран духтарони хонашин пас аз омӯзиш бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Самти фаъолияти корхона ба коркард ва бандубасти ҷуворимакка равона гардида, дар асоси нақша дар оянда бо васеъсозии фаъолият имкони таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии дигар раванди истеҳсолот ба роҳ монда хоҳад шуд.

Соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад, ки бо мақсади ғановати бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ояндаи наздик коркард ва истеҳсоли лаблабу, сабзӣ, каду ва дигар навъи сабзавотро низ ба роҳ монад.

Дастгоҳу таҷҳизот ва дигар хатҳои технологии корхонави навтаъсис аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 24 тонна маккаи дон буда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бидуни истифода аз маҳлулҳои кимёвӣ сурат мегирад.

Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Бомазза” дар бастаҳои 285 ва 450 грамма дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, бо ҳамин ном содироти он низ роҳандозӣ гардидааст.

Маҳсулоти корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, муҳлати истифодабарии он то 18 моҳ муайян карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои истифода пурсамару мақсаднок аз имконоти васеъ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Ҳисор ҳамасола кишоварзон дар кишти такрорӣ баробари дигар анвои зироати ба обу иқлими минтақа мувофиқ майдони ҷуворимаккаро низ васеъ мекунад.

Аҳли заҳмати шаҳр соли равон низ майдони маккаи донро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили фаровонро интизоранд.

Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркард ва бандубасти ҷуворимакка дар шаҳр имкон медиҳад, ки аз талафоти ҳосили маккаи дон пешгирӣ ва дар боло бардоштани иқтисоди хоҷагидорон саҳми бештар гузошта шавад.

Дар шаҳри Ҳисор дар доираи амалӣ гардидани ҳадафҳо дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати мамлакат бунёду навсозии корхонаҳои зиёди саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

16.09.2020 Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр. то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмуъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метрии мураббаъ, ё 150 тоннаро ташкил медиҳад.

Ғавсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст.

Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар дошта шудааст. Ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар боқимонда масоҳат иншооти ёрирасон сохта хоҳад шуд.

Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад.

Барои истеҳсоли маҳсулот асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода мегардад, ки пурра аз конҳои дохили мамлакат дастрас карда мешавад.

Реги кварсӣ аз кони Қурғонча интиқол дода мешавад. Захираи арзёбишудаи ашёи хом дар кони мазкур зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Барои кашонидани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ 10 техника, аз ҷумла 6 мошини калони боркаш ва 3 адад механизми истихроҷкунанда сафарбар карда мешавад. Инчунин кашонидани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Бунёди корхона ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин иқтисодиёти мамлакат боло бурда шавад, аз тарафи дигар дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста ба онҳо мусоидат менамояд.

10.09.2020 ЕБРР запускает инструмент оценки для преодоления влияния коронавируса на экономику

Это поможет понять, как лучше всего защитить уязвимые компании, обеспечить непрерывность хозяйственной деятельности и сохранить рабочие места.
118599819_2908942409339831_9001854879665750618_n.jpg

• Многие компании в регионах ЕБРР пострадали от пандемии и нуждаются в реструктуризационной поддержке
• Анализ национального законодательства поможет выявить пробелы в регулировании экономической несостоятельности
• Онлайн-анкета будет доступна до 31 октября 2020 г. в рамках общественных консультаций.
Данный опрос позволит обновить информацию о механизмах реструктуризации, которые существуют в регионах деятельности ЕБРР в Европе, Азии и Африке. Его цель – получить обзор вариантов действий на этапах до и после признания экономической несостоятельности, которые предлагаются законодательством в тех странах, где работает Банк.

Коронавирусный кризис в силу его глобального масштаба нарушил хозяйственную деятельность многих компаний по всему миру, и эта ситуация может продолжиться в 2021 году. Одним предприятиям будет необходима операционная и финансовая реструктуризация, другие могут даже утратить жизнеспособность. Сделать так, чтобы для большинства компаний эта ситуация не закончилась процедурами ликвидации по причине экономической несостоятельности, и предотвратить дальнейший экономический ущерб – одна из приоритетных целей для Банка.

Вопросник, являющийся основным инструментом данной оценки, будет доступен для проведения общественных консультаций до 31 октября 2020 г. на английском, французском и русском языках. В целях сравнения эти консультации также открыты для стран, в которых ЕБРР не ведет инвестиционную деятельность. Результаты оценки и отчет с их анализом позднее будут тоже опубликованы онлайн.

Собранные в ходе оценки данные будут также сравнены с лучшей международной практикой, в результате чего появится функциональный сравнительный инструмент, с помощью которого организации развития, правительство и гражданское общество смогут оценивать качество и эффективность законодательства об экономической несостоятельности в конкретных странах. Оценка включает в себя анализ существующего национального законодательства во всех странах операций ЕБРР, а также оценку эффективности местных систем урегулирования экономической несостоятельности с учетом мнений заинтересованных сторон и пользователей этих систем.

«Многие страны в наших регионах успешно приняли чрезвычайное законодательство для сдерживания последствий кризиса Covid-19, однако для того, чтобы компании смогли вновь подняться на ноги и процветать, будет чрезвычайно важно реформировать законодательство об экономической несостоятельности на более долгосрочную перспективу, - отмечает старший юрист отдела финансового законодательства ЕБРР Кэтрин Бридж-Золлер. – Данная оценка поможет Банку более целенаправленно поддерживать реформы для того, чтобы как можно большему количеству компаний удалось избежать процедур ликвидации по причине экономической несостоятельности в результате влияния пандемии».
Данную инициативу ЕБРР поддерживает Международная организация по праву развития (IDLO), Генеральная дирекция Европейской Комиссии по поддержки структурных реформ (DG REFORM), а также международная и европейская ассоциации специалистов в области реструктуризации, несостоятельности и банкротства INSOL.

10.09.2020 Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.

Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.

Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.

Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.

Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.

Ҳамин тариқ, мо дар зарфи ин солҳо маҳз бо азму талошҳои мардуми ватандӯсту ватанпарварамон тавонистем, ки оқибатҳои низои шаҳрвандиро бартараф карда, давлати ҷавони тоҷиконро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ эмин дорем.

Дар натиҷаи таъмин гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба танзим даровардем ва парламенти дупалатагӣ таъсис додем, ки дар фазои сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон падидаи нав мебошад.

Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, то имрӯз дар он беш аз 1,6 миллиард киловатт - соат барқ истеҳсол гардидааст. Дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Дар ин муддат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

Инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Фавти модарон нисбат ба соли 1991 3,1 баробар ва фавти кӯдакон 3,5 баробар коҳиш ёфт.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии кишвар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшидем.

Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии мутавозину пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, татбиқ месозад. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва татбиқ гардид.

Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем.

Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Сабақи дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати нерӯманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.

Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман ба хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири заҳмати сарҷамъона барои фардои ободи Ватан ва сари баланди миллат сидқан ва самимона сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони мамлакат як масъалаи муҳимро такроран хотиррасон месозам. Бо вуҷуди корҳои бузурги то имрӯз амалигардида ҳоло ҳам на ҳама мушкилоти ҳаёти мардуми мо паси сар шудаанд.

Мо - тамоми аҳли ҷомеаи кишвар бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

Мо бояд барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саъю кӯшиш кунем.

Дар ин ҷода, бори дигар хотиррасон менамоям, ки мо бояд ба масъалаҳои омода кардани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, захира намудани маҳсулоти ниёзи мардум, хусусан, маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла сарфаи нерӯи барқ ва ҳамзамон бо ин, қатъиян риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва талаботи санитариву эпидемиологӣ масъулияти баланд ва эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Бо дарназардошти ҳолати буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони мо низ аз таъсири он берун нест, инчунин, ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории коронавирус мо бояд аз баргузории ҳар гуна чорабиниву маъракаҳо худдорӣ кунем.

Дар баробари ин, мо бояд корҳои созандаро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиамонро бартараф созем, Ватанамонро обод кунем ва кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

10.09.2020 Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” дар шаҳри Турсунзода

7 сентябр ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сардор-2008” оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулотҳои коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои маҳсулоти омодагардида баҳои баланд доданд.

Қобил ба зикр аст, ки корхонаи мазкур аз соли 2010-ум инҷониб дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов, корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонида шуд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона номгӯйи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардид.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи “Сардор-2008” моҳи январи соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Масоҳати умумии корхона 2 гектарро ташкил дода, бинои он дар 9 ҳазору 220 метри мураббаъ доман густурдааст.

Дар корхона 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи қоқ, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимақка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ ва бинои роҳбарият мавҷуд аст. Тамоми таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидааст, аз давлатҳои Туркия, Украина ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Зимни боздид Пешвои миллат ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои коргоҳи навро дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек маънидод намуданд.

Дар сехи истеҳсоли картошкаи қоқ 25 нафар бонувон ба кор ҷалб гардида, ин маҳсулотро бо 5 намуд истеҳсол мекунанд. Асоси кори бонувон дар ин сех банду басти маҳсулоти тайёр аст. Буришу ҷудокунӣ, хушккунии маҳсулоти хом, гармкунии равған, интиқоли картошкаи бирёншуда, хулоса, ҳамаи раванди кор тариқи автоматӣ иҷро мегардад.

Истеҳсоли нони хушк ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаи “Сардор-2008” аст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сехи истеҳсоли нони хушк дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб рафта, маҳсулоташ дар бозорҳои хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад. Дар ин ҷо низ беш аз 90 фоизи корҳо тариқи дастгоҳҳои нав - автоматӣ иҷро гардида, барои пухтани нон тафдонҳои ҳозиразамон насб гардидааст.

Сехи коркарди ғулачаҳои ҷуворимакка низ бо дастгоҳҳои навтарин ҷиҳозонида шуда, шумораи кормандон афзоиш ёфт. Дар ин ҷо низ бештар бонувон ҷалб карда шудаанд. Пеш аз ба кор шурӯъ кардан, ин бонувон дар курсҳои омӯзиш иштирок карданд. Зеро дар ин ҷо масъулият баландтар аст ва кормандон дар ду баст фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Бо ба фаъолият пардохтани бинои нави корхона масъулини коргоҳ сехи истеҳсоли навъҳои сақичро низ мукаммал намуда, шумораи кормандонро афзоиш доданд. Дар ин ҷо раванди истеҳсолот дар алоҳидагӣ ба таври худидоракунӣ иҷро гардида, барои таъмини бозори ватанӣ бо сақич, хати нави намуди борпечи коғазӣ ва болиштшакл ворид карда шудааст. Дизайни халтачаҳои ҳар як намуди сақич мутобиқи замон оро дода шуда, сифати он ҳам баланд аст. То имрӯз ин навъи маҳсулоти корхона бозори ин маҳсулотро дар мамлакат аз худ кардааст ва ба хориҷа низ содирот мешавад.

Донаҳои коркардшудаи офтобпараст низ як навъ маҳсулоти корхона буда, ҷараёни кор, аз ҷумла тозакунӣ, гурӯҳбандӣ ва дигар корҳои зарурӣ автоматӣ иҷро мегардад. Дар сехи коркарди донаҳои офтобпараст, ки бо брендҳои “Симба” ва “Ҳавас” маъруф аст, мутахассисони варзида раванди корро назорат менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз корхона бо истеҳсоли ин маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ мавқеи хоса пайдо карда, ҳамасола даҳҳо тонна маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ашёи хом барои истеҳсоли ҳама намуди маҳсулоти ин корхона аз дохили кишвар дастрас гардида, пеш аз коркард аз озмоишгоҳ гузаронида мешавад. Маҳсулоти тайёр ҳам санҷида шуда, сипас ба бозору нуқтаҳои савдо интиқол дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳои таъмирию навсозӣ ва васлу насби таҷҳизотҳоро қаноатбахш хонда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд истеҳсоли маҳсулот ва зиёд намудани номгӯйи он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар навбати худ соҳибкор низ аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеа изҳори сипос карда, ваъда дод, ки дар оянда барои рушди соҳаи саноат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ талош менамояд ва дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи босазои худро мегузорад.

21.08.2020 Баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ

Нимаи аввали имрӯз бо ташаббуси Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳо, як қатор намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, дар он рафти иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ, баррасии раванди таҳияи ҳисоботи таҳлилӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа роҷеъ ба муҳтаво ва мундариҷаи лоиҳаи ҳисоботи таҳлилӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Котиботи Шурои машваратӣ гузаронида шуда истодааст, вазъи соҳаҳои саноат дар маҷмӯъ, идомаи ҷанбаҳои иқтисодӣ, таъмини занҷираи арзиши иловашуда, идоракунӣ, ҳуқуқӣ, саволномаи ба вазорату идораҳо ирсолшуда ва натиҷаҳои он маълумот дода, пешниҳоди маълумоти пурра лоиҳа қайд карда шуд.

Аъзои гуруҳи корӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо оид ба маълумотҳои манзурнамуда ба лоиҳаи ҳисоботи таҳлилӣ гузориш доданд.

Ҳангоми мулоҳизарониҳо зарурати узвияти Маркази Миллии Акредитатсия дар IAF - Форуми Байналмилалии Аккредитатсия ва ILAC - Созмони байналмилалӣ оид ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо, мусоидати вазорату идораҳо, баҳри амалӣ намудани Нақшаи Миллии мониторинги боқимондаҳои заҳрихимикатҳою доруҳои байторӣ, беҳтар намудани муайянкунии миқдори захрхимикатҳо дар меваю сабзавот ва антибиотикҳо дар маҳсулоти ширию гӯштӣ, пурзур намудани фаъолияти озмоишгоҳҳо баҳри таҳкими раванди ҷорикунии меъёрҳои Кодекси Алиментиариус HACCP дар корхонаҳои саноатӣ ва дар ин раванд ба кор даровардани таҷҳизотҳои нави аз тарафи лоиҳаи ECTAP/Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон қайд гардид. Инчунин, баромадкунандагон масъалаҳои аккредитатсияи субъектҳо ва ваколати сохторҳои дахлдор, таҷрибаи мушаххаси як қатор корхонаҳо оид ба гирифтани сертификат ва дигар ҳуҷҷатҳо, зарурати таъсиси гурӯҳҳои техникии вазорату идораҳо ҷиҳати мусодат ба раванди саноатикунонии мамлакат ва дигар масъалаҳоро қайд намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати иҷрои зербанди 2, банди 13-и протоколи ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ аз 12 феврали соли 2020 бо фармоиши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2020, № 25 таъсис дода шуд.

Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ 10 апрели соли 2020 баргузор гардида, ба аъзои гуруҳи корӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

21.08.2020 Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” дар шаҳри Хоруғ

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар шаҳри Хоруғ Коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои коргоҳ барои таъмини занону духтарони хонашин бо чойҳои нави корӣ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад.

Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватандӯсти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифт, ки коргоҳи дӯзандагиро сохта ба истифода диҳад.

Тибқи нақша бинои коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” аз утоқҳои маъмурию ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар коргоҳи мазкур 45 мошинаи нави дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал барои қариб 50 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Мошинаҳои дардӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди зиндагии беҳтар ворид карда шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” асосан либоси мактабӣ дӯхта мешавад.

Занону духтарон аз бунёди коргоҳ ва бо кору маоши хуб таъмин шуданашон изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва сӯҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дар корхона дӯхташаванда таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо бунёд кардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи бекорӣ коҳиш дода шуда, шумораи зиёди сокинон махсусан занону духтарони хонашин марҳила ба марҳила бо ҷойи кор таъмин карда мешванд.

Дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкорони ташаббускор сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои навсохт симои шаҳри Хоруғ ободу назаррабо гашта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар назди бинои навбунёди коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” ташкил карда шуд, дидан карданд.

Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли 2020 қариб 500 нафар занону духтарони ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, дар рушд ва эҳёи дубораи ҳунарҳои халқӣ саҳми худро мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сӯҳбат бонувону ҷавондухтаронро барои ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ ва эҳёи дубораи онҳо ҳидоят намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 800 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд. Бонувон ва ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ба дӯзандагӣ, мӯҳрабофӣ, тоқидузӣ, майдадӯзию ҷуроббофӣ, сабадбофӣ ва ғайра машғул буда, аз ҳисоби маҳсули дастони хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

21.08.2020 Ифтитоҳи бинои Маркази савдои “Нигини Хоруғ” дар шаҳри Хоруғ

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.

Мувофиқи лоиҳа бинои маркази савдо аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои “Нигини Хоруғ” барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулон дар рафти корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамоянд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун саҳми худро мегузоранд.

Баъди сохта мавриди истифода қарор додани бинои нави маркази “Нигини Хоруғ”, ки он бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Дар вилоят номгуйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон сӯҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳамагуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад.


18.08.2020 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар!


Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Мо дар ин муддат дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ кардем ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас додем ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа асос гузоштем.

Аз охирин вохӯрие, ки вобаста ба маросими ифтитоҳи пайкараи Ибни Сино ва Рӯзи донишу оғози соли нави таҳсил доир карда будем, ду сол сипарӣ шуд.

Тибқи таҳлилҳо нақшаи чорабиниҳои баъди мулоқот таҳияшуда дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда истодааст.

Вохӯрии имрӯзаи мо ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ - Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб ба шумор меравад, баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми кормандони соҳаи тибби мамлакатро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини арҷманд!

Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.

Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардид.

Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем.

То 17-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 21 миллион нафар одамон ба ин беморӣ мубтало шуда, 756 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд.

Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чораҳои фаврӣ, таблиғоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқомативу муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, инчунин, пешбурди омори шахсони бемор дар тамоми қаламрави мамлакат пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

Дар ин раванд, дар шаҳру ноҳияҳо барои қабул ва табобати беморон ҷойҳои иловагӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ 5000 ҷойи иловагӣ омода карда шуд.

Дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон низ чунин ҷойҳои иловагӣ омода гардиданд.

Бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд.

То ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусӣ низ аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд.

Дар ин давра 60 корхона бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва 20 корхона ба истеҳсоли либоси махсуси муҳофизатӣ машғул шуда, то 15 августи соли 2020 зиёда аз 10 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 56 ҳазор либоси махсуси тиббӣ истеҳсол намуданд.

Инчунин, ҳоло дар кишвар 15 корхона ба истеҳсоли маводи безараргардонӣ ва беҳдоштӣ машғул мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрмандӣ расониданд, изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ ва комёбӣ орзу менамоям.

Дар ин давра аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд, ки ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам.

Ҳозирини гиромӣ!

Пандемияи КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад.

Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтанд.

Аз ин сабаб, дар баробари буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ ва бекории шадиду камбизоатӣ ба инсоният хатари норасоии озуқаворӣ ва болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус, маводи ғизоӣ таҳдид менамояд.

Дар чунин шароит, Ҳукумати Тоҷикистон барои паст намудани таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар як силсила тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Натиҷаи онҳоро имрӯз дар фаровонии маҳсулот дар бозорҳои кишвар ва устувориву дастрасии нархҳо дидан мумкин аст.

Дар баробари ин, як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам.

Таҷриба нишон дод, ки дар соҳаи тандурустӣ баъзе бахшҳо осебпазир буда, барои пешрафти онҳо бояд корҳои бештар анҷом дода шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастовардҳо, норасоиҳо ва вазифаҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани солимии мардуми кишварамон, ки сарвату боигарии бебаҳои давлат аст, баён намоям.

Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад.

Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.

Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст.

Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии сохтмонҳо 200 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва 63 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ сохта мешавад.

Соли 2016 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа - Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Дар ин муассиса ҳоло қариб 2400 нафар кормандон, аз ҷумла 500 нафар табибон ва беш аз 800 нафар кормандони миёнаи тиб ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Дар кишвар, инчунин, 8 муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, беморхонаҳои клиникии вилоятӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар беморон табобат меёбанд.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 1 миллиарду 841 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 7,2 баробар зиёд мебошад.

Дар 29 соли истиқлол музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда ҳатто нисбат ба соли 2007-ум қариб 20 баробар зиёд шудааст.

Бо Фармони Президенти мамлакат, ки чанд рӯз пештар ба тасвиб расид, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Хароҷот аз ҳисоби буҷети давлат ба ҳар як нафар аҳолӣ дар соли 2020-ум 200 сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам назар ба соли 2001-ум 45 баробар ва нисбат ба соли 2011-ум дуюним баробар зиёд аст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ аксари муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сатҳу сифати табобати беморон тадриҷан беҳтар ва ҳолатҳои барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандон хеле кам гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби аҳолӣ ду санади муҳим - “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиби муоинаи тиббии давравӣ ва ҳатмии тиббии шаҳрвандон” қабул ва татбиқ гардидаанд.

Дар доираи ин санадҳо солҳои 2015 – 2019 аз ҳисоби хизматрасониҳои муздноки зикршуда илова ба буҷети ҳарсолаи барои соҳа пешбинигардида 831 миллион сомонӣ ворид гардида, ин маблағ асосан барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа тавассути пардохти музди меҳнати иловагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ, инчунин, хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷорӣ гардида, меъёри он соли 2020 дар муассисаҳои шаҳрӣ (59 сомонӣ) ва деҳот (48 сомонӣ) нисбат ба соли 2016 (мутаносибан 49 ва 34 сомонӣ) 17 ва 29 фоиз зиёд карда шуд.

Дар 29 соли охир дар раванди татбиқи ислоҳот ва рушди соҳаи тандурустӣ 45 лоиҳа, аз ҷумла 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид ва татбиқи қисме аз онҳо идома дорад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз ду миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи маблағҳои зикршуда, ки қисми асосии он сармоягузории давлатӣ, яъне қарзи Ҳукумати мамлакат мебошад, 450 беморхонаи ҳозиразамон, марказҳои саломативу табобатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва озмоишгоҳҳои муосир сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, садҳо нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, маҳорат ва малакаи касбиашонро баланд бардоштаанд.

Дӯстони азиз!

Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад.

Бо ин мақсад дар ин давра “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард.

Имрӯз дар кишвар шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад.

Ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соҳа ба ҳисоби миёна 1282 нафар кадрҳои ҷавон тайёр мекунад, яъне дар 5 соли охир ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро қариб 6500 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи таъминот бо кадрҳо дар миқёси мамлакат ба 10 ҳазор аҳолӣ аз соли 1991 то соли 2007 тамоюли пастравӣ дошт ва дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2007 рӯ ба афзоиш овард.

Ҳоло таъминот бо кадрҳо нисбат ба 10 ҳазор аҳолӣ бо табибон 21 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59 нафарро ташкил медиҳад.

Вале норасоии кадрҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки ин мушкилот дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар мебошад.

Умуман, дар мамлакат имрӯз 4264 нафар табиб ва 2358 корманди миёнаи тиб намерасад.

Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, таҳлилҳо собит месозанд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа мебошад ва аз ин лиҳоз, ин масъала бояд самти муҳимми сиёсат ва амнияти иҷтимоии кишвар дониста шавад.

Зеро дар ҳолатҳои паҳншавии ҳар гуна эпидемия ва умуман, дар ҳолатҳои душвори иҷтимоӣ барои пешгирӣ кардан ва наҷоти одамон нақши табибон, яъне мутахассисони баландихтисос ҳамеша ҳалкунанда ба шумор меравад.

Дар ин самт, иҷрои супоришҳои қаблан гузоштаи мо доир ба омода кардани шумораи зарурии табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ тавассути таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҳар як шаҳру ноҳия, дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар бояд ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 31 муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумораи умумии муассисаҳои таълими тиббӣ 20 муассиса, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро, ки қаблан низ гуфта будам, таъкид месозам.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи дониш ва малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳа ва махсусан, коллеҷҳои тиббии кишвар ба меъёрҳои қабулшуда ва талаботи рӯз чандон мувофиқ нест.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббиро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати омодагии касбии донишҷӯён тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Мо бояд ба сифати тайёр кардани кадрҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем, на ба шумораи онҳо.

Дар 29 соли охир бо мақсади аз байн бурдани норасоии мутахассисон ҳар сол бо дастгирии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи Президенти мамлакат «Дурахшандагон», аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ зиёда аз 500 нафар мутахассисон дар муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил ва бозомӯзӣ кардаанд, ки ин барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои нави тиббӣ мусоидат намуд.

Зарур аст, ки ин кор минбаъд низ идома дода шавад.

Бояд гуфт, ки аз 13 муассисаи илмии вазорат 10 муассиса ва аз 31 муассисаи таълимии соҳаи тандурустӣ 20 муассиса дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст, ки ин худ гувоҳи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди илм дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Имрӯз дар соҳа 841 нафар докторҳо ва номзадҳои илми тиб фаъолият доранд, ки 64 фоизи онҳо рисолаҳои илмии худро дар даврони истиқлол ҳимоя кардаанд.

Илова бар ин, хотиррасон месозам, ки дар кишвар 10 коллеҷи хусусии тиббӣ фаъолият дошта, дар онҳо қариб 1000 нафар омӯзгорону табибон ва 63 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кор мекунанд.

Инчунин, дар кишвар 717 муассисаи хусусии тиббӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 4100 нафар, аз ҷумла 1702 нафар табибон, 1580 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва 877 нафар кормандони ёрирасон машғули фаъолият мебошанд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар самти пешбурди корҳои илмии соҳа камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Масалан, дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар муассисаҳои илмӣ истифода мешаванд, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, хеле фарсуда гардидааст.

Зарур аст, ки ин камбудиҳо ҳарчи зудтар бартараф ва дар навбати аввал масъалаи таъминоти озмоишгоҳҳо бознигарӣ карда шавад.

Зеро илм ҷузъи таркибии фаъолияти ҳар як муассисаи тиббӣ буда, танҳо тавассути илми воқеӣ мо метавонем ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такон бахшем.

Дӯстони гиромӣ!

Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Дар ин самт то имрӯз дар кишвар 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, нашъамандӣ, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.

То давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам вуҷуд надоштанд.

Чунки ин беморӣ дар Тоҷикистони мо умуман вуҷуд надошт.

Дар 29 соли истиқлол панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” дар баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи барномаҳои қабулгардида шумораи марказу ташхисгоҳҳои замонавӣ афзоиш ёфта, фарогирии аҳолӣ ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам сол ба сол беҳтар гардид ва ин нишондиҳанда соли 2020 нисбат ба соли 2010 қариб шаш баробар зиёд шуд.

Таҳлили вазъи сирояти вируси норасоии масунияти одам нишон медиҳад, ки он тамоюли зиёдшавӣ дошта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 дар кишвар расман 12666 нафар шахсони бо ин вирус сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 3455 нафар фавтидааст.

Ба мақсади пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди бемории диабети қанд, ки ба гурӯҳи бемориҳои дар байни аҳолии Тоҷикистон паҳнгардида дохил мешавад, якчанд барномаи мубориза бар зидди диабети қанд қабул ва амалӣ карда шудааст.

Вале бо вуҷуди ин, шумораи беморони диабети қанд дар кишвар мунтазам афзуда истодааст.

Масалан, соли 2001 шумораи шахсони ба бемории диабети қанд гирифторшуда 10326 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ин шумора ба 46256 нафар расидааст.

Вазъи зикршуда ва дар айни замон зиёдшавии дигар бемориҳои эндокринологӣ андешидани тадбирҳои қатъии иловагиро тақозо менамояд.

Дар ин самт, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда доир ба сабабҳои сар задани чунин бемориҳо, аз ҷумла камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва манфиати тарзи ҳаёти солим ва махсусан, варзиш ва фаъолнокии ҷисмонӣ пурзӯр карда шаванд.

Ҳарчанд ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон заминаи моддиву техникии муассисаҳои зиддисаратонӣ пурқувват гардонида шуд, аммо сатҳи беморшавии умумӣ ва беморшавии аввалия бо саратон сол ба сол боло рафта истодааст.

Ин нишондиҳанда соли 2009 нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ 133,5 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ба 191,6 нафар расидааст.

Илова ба бемориҳои зикршуда дар кишвар болоравии сатҳи нашъамандӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст.

Ҳамчунин, сохторҳое низ таъсис дода шудаанд, ки иҷро ва риояи ин санадҳоро таъмин ва назорат мекунанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалгардида сатҳи нашъамандӣ аз соли 2007 сар карда, рӯ ба камшавӣ овардааст.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд вазъи нашъамандиро таҳти баррасӣ ва назорати ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва сари вақт андешидани тадбирҳои таъхирнопазир, инчунин, вобаста ба таъсис додани маркази замонавии офиятбахшӣ ва табобати шахсони гирифтори нашъамандӣ дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии “Тангаӣ” ва ҷалби таваҷҷуҳи донорҳо ва созмонҳои кумакрасон чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ афзалият додан ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ мебошад.

Аслан, рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз гардид.

Дар давоми солҳои 1999-2019 дар доираи ислоҳот заминаи меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ тавассути қабули қонунҳо, нақшаҳои стратегӣ ва барномаҳои дахлдор пурзӯр гардида, инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, хусусан, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои инсонӣ, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ вусъат пайдо кард.

Дар натиҷаи беҳтар гардидани ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии 43 фоизи муассисаҳои кумаки аввалия дастрасӣ ва имкониятҳои ташхису табобат беҳтар гардида, ба мусбат гардидани нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кам шудани бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва афзоиши муроҷиати шаҳрвандон мусоидат намуд.

Дигар самти муҳимми хизматрасониҳои тиббӣ бо истифодаи дастовардҳои илми муосир ва технологияҳои ҳозиразамон ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ ва ташхису табобат мебошад.

Ҳадафи васеъ ба роҳ мондани ин таҷриба кам кардани шумораи беморони барои табобат ба кишварҳои дигар фиристодашаванда мебошад, ки ин, албатта, ба вазъи молиявии оилаҳои шахсони бемор таъсири мусбат мерасонад.

Корҳо дар ин самт имрӯз, аллакай, натиҷа дода истодаанд ва ҳоло шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар муассисаҳои берун аз марзи кишвар то 50 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки ин пешравӣ дар натиҷаи тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва беҳтар гардидани таъминот бо таҷҳизоти ҳозиразамон имконпазир гардид.

Имрӯз дар кишвар 21 дастгоҳи томографияи компютерӣ (дар соли 1991–ум 1 адад), 873 дастгоҳи ташхиси ултрасадо (соли 1992 - 12 адад), 76 дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ (соли 1997-1), 11 дастгоҳи томографияи магнитии резонансӣ, 8 дастгоҳи ангиографӣ ва 46 дастгоҳи рентгени рақамӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар кишвар то ба имрӯз муассисаи махсусгардонидашуда оид ба табобати бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавӣ вуҷуд надорад.

Ҳоло чунин беморон дар шуъбаҳои дахлдори Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 шаҳри Душанбе бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии махсусгардонидашуда оид ба бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавиро омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат тайи солҳои истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст.

Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст.

Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори хадамоти ҳифзи саломатии модару кӯдак дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд муассисаҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад, ки таваллуди насли солимро дар оянда таъмин намояд.

Дар ин ҷода қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ва ворид намудани илова ба Кодекси оила доир ба манъ кардани никоҳи хешу табори наздик нақши назаррас бозида истодааст.

Натиҷаи муоинаи 126 ҳазор нафар никоҳшавандагон танҳо дар соли 2019 имкон дод, ки пеш аз ақди никоҳ дар 2051 нафар як қатор бемориҳо муайян гардида, онҳо ба табобат ва назорат фаро гирифта шаванд.

Имрӯз аз 27 ҳазор нафар кӯдакони маъюб, ки ба қайд гирифта шудаанду ба онҳо аз ҳисоби буҷети давлат нафақаи маъюбӣ пардохта мешавад, қисми зиёдашон натиҷаи издивоҷи хешу табори наздик мебошад. Оилаҳое, ки дар онҳо тифли маъюб ба дунё меояд, як умр бадбахт мешаванд. Чунин оилаҳо, табиист, ки оилаҳои ҷавон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки барои бадбахтии онҳо кӣ ҷавоб мегӯяд?

Таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ яке аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади ислоҳоти низоми эмгузаронӣ ва пурзӯр намудани идоракунии сохтори иммунизатсия соли 1996 Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва сохторҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, соли 2015 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои маркази зикргардида бинои алоҳида сохта, ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки норасоии мутахассисони бахши мазкур мушкилоти асосӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зарур аст, ки аз соли таҳсили 2020 – 2021 шурӯъ карда, факултаи нигаҳдории тандурустиву ҷамъиятиро ба факултаи тиббии профилактикӣ табдил дода, қабули ихтисосҳои эпидемиолог, иммунолог, вирусолог, микробиолог, бемориҳои сироятӣ ва беҳдоштиро ба роҳ монад.

Ҳамзамон бо ин, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои илмию таълимии соҳа вазифадор карда мешаванд, ки барои бештар тарбия намудани чунин кадрҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба масъалаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ мехоҳам хотиррасон намоям, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо оби нӯшокии босифат, таъмиру таҷдиди шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо, назорати сифати маводи ғизоӣ, молҳои истифодаи ҳаррӯза ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда хеле иқдомоти назаррасро амалӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва солимии аҳолии кишвар шароити мусоидро таъмин намуд.

Ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин корро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Дар давраи 29 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло дар ин самт боз 10 лоиҳаи нав ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Яъне барои бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат, ки яке аз шартҳои асосии ҳифзи саломатӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад, 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди бахши фарматсевтӣ дигар қисми муҳимми соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ бо мақсади батанзимдарории фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Тибқи маълумот маблағи умумии воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ соли 2019 -ум 531 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 -ум 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

То ба имрӯз беш аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди то андозае беҳтар шудани нишондиҳандаҳои соҳа масъалаи муомилоти дорувории ба қайд гирифтанашуда ва ба талаботи стандартҳои сифат номутобиқ ҳанӯз ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Соли 2019-ум 176 ҳазор килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи ба талабот номутобиқ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст, ки 142 ҳазор килограмми он доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти дигаргуниҳои зиёди солҳои охир дар бозори фарматсевтии кишвар бавуҷудомада ва беҳтар намудани заминаи қонунгузории назорати муомилоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи фармасевтӣ, бахусус, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумат номгӯи дорувориҳои дар кишвар истеҳсолшаванда афзуда, аз 88 номгӯйи соли 2015 дар соли 2020 то 404 номгӯй расидааст. Вале ин ҳоло ҳам кам мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар вусъат ёфтани истеҳсоли дорувориҳо саҳми бахши хусусӣ намоён мебошад.

Соҳибкорони ватанӣ технологияҳои муосири истеҳсолиро ворид намуда, коркарди гиёҳҳои шифобахши кишварро ба роҳ монда истодаанд.

Ҳоло дар коргоҳу корхонаҳои таъсисдодаи соҳибкорони ватанӣ беш аз 400 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ то 4000 нафар кормандон ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ моҳи феврали соли 2018 ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид ва дар асоси онҳо ба истеҳсолкунандагони ватании доруворӣ ва молҳои тиббӣ имтиёзҳо муқаррар карда шуданд.

Ҳоло

18.08.2020 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустии кишвар!
Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Мо дар ин муддат дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ кардем ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас додем ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа асос гузоштем.

Аз охирин вохӯрие, ки вобаста ба маросими ифтитоҳи пайкараи Ибни Сино ва Рӯзи донишу оғози соли нави таҳсил доир карда будем, ду сол сипарӣ шуд.

Тибқи таҳлилҳо нақшаи чорабиниҳои баъди мулоқот таҳияшуда дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуда истодааст.

Вохӯрии имрӯзаи мо ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ - Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб ба шумор меравад, баргузор мегардад.

Аз ин рӯ, шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми кормандони соҳаи тибби мамлакатро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини арҷманд!

Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.

Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардид.

Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем.

То 17-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаҳон зиёда аз 21 миллион нафар одамон ба ин беморӣ мубтало шуда, 756 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Ба ин кори хайр ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ҳамроҳ шуданд.

Онҳо шабонарӯзӣ дар ҷойи кори худ истода, тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашонро сафарбар сохтанд ва ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз чанголи марг раҳо бахшиданд.

Махсусан, табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд.

Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд. Аҳсан ба онҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва махсусан, ба табибону ҳамшираҳои шавқат, ки дар он рӯзҳои вазнин матонату ҷасорат нишон доданд, аз номи Ҳукумати мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани чораҳои фаврӣ, таблиғоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқомативу муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, инчунин, пешбурди омори шахсони бемор дар тамоми қаламрави мамлакат пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

Дар ин раванд, дар шаҳру ноҳияҳо барои қабул ва табобати беморон ҷойҳои иловагӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ 5000 ҷойи иловагӣ омода карда шуд.

Дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон низ чунин ҷойҳои иловагӣ омода гардиданд.

Бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд.

То ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

Ҳамчунин, соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва ширкатҳои хусусӣ низ аз ҳисоби корхонаҳои худ барои беморхонаҳо маводи ғизоӣ, либоси махсус, ниқоб, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карданд.

Дар ин давра 60 корхона бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва 20 корхона ба истеҳсоли либоси махсуси муҳофизатӣ машғул шуда, то 15 августи соли 2020 зиёда аз 10 миллион дона ниқоби тиббӣ ва 56 ҳазор либоси махсуси тиббӣ истеҳсол намуданд.

Инчунин, ҳоло дар кишвар 15 корхона ба истеҳсоли маводи безараргардонӣ ва беҳдоштӣ машғул мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланде, ки дар рӯзҳои сангини бемории сироятӣ соҳаи тандурустиро дастгирӣ карданд, ба табибону ҳамшираҳои шафқат кумак намуданд, ба суратҳисоби махсус маблағ гузарониданд ва дар паст кардани шиддати ин беморӣ ёрмандӣ расониданд, изҳори сипос карда, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ ва комёбӣ орзу менамоям.

Дар ин давра аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд, ки ба онҳо барои ёрии саривақтӣ изҳори ташаккур мекунам.

Ҳозирини гиромӣ!

Пандемияи КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад.

Суръати рушд ва нишондиҳандаҳои иқтисодии ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо сабаби карантин ва дигар чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтанд.

Аз ин сабаб, дар баробари буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ ва бекории шадиду камбизоатӣ ба инсоният хатари норасоии озуқаворӣ ва болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, алалхусус, маводи ғизоӣ таҳдид менамояд.

Дар чунин шароит, Ҳукумати Тоҷикистон барои паст намудани таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар як силсила тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Натиҷаи онҳоро имрӯз дар фаровонии маҳсулот дар бозорҳои кишвар ва устувориву дастрасии нархҳо дидан мумкин аст.

Дар баробари ин, як масъалаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам.

Таҷриба нишон дод, ки дар соҳаи тандурустӣ баъзе бахшҳо осебпазир буда, барои пешрафти онҳо бояд корҳои бештар анҷом дода шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳоло мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастовардҳо, норасоиҳо ва вазифаҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани солимии мардуми кишварамон, ки сарвату боигарии бебаҳои давлат аст, баён намоям.

Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад.

Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.

Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст.

Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии сохтмонҳо 200 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва 63 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ сохта мешавад.

Соли 2016 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа - Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Дар ин муассиса ҳоло қариб 2400 нафар кормандон, аз ҷумла 500 нафар табибон ва беш аз 800 нафар кормандони миёнаи тиб ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Дар кишвар, инчунин, 8 муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, беморхонаҳои клиникии вилоятӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар беморон табобат меёбанд.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 1 миллиарду 841 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 7,2 баробар зиёд мебошад.

Дар 29 соли истиқлол музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда ҳатто нисбат ба соли 2007-ум қариб 20 баробар зиёд шудааст.

Бо Фармони Президенти мамлакат, ки чанд рӯз пештар ба тасвиб расид, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Хароҷот аз ҳисоби буҷети давлат ба ҳар як нафар аҳолӣ дар соли 2020-ум 200 сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам назар ба соли 2001-ум 45 баробар ва нисбат ба соли 2011-ум дуюним баробар зиёд аст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ аксари муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сатҳу сифати табобати беморон тадриҷан беҳтар ва ҳолатҳои барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандон хеле кам гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ аз ҷониби аҳолӣ ду санади муҳим - “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ва тартиби муоинаи тиббии давравӣ ва ҳатмии тиббии шаҳрвандон” қабул ва татбиқ гардидаанд.

Дар доираи ин санадҳо солҳои 2015 – 2019 аз ҳисоби хизматрасониҳои муздноки зикршуда илова ба буҷети ҳарсолаи барои соҳа пешбинигардида 831 миллион сомонӣ ворид гардида, ин маблағ асосан барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа тавассути пардохти музди меҳнати иловагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ, инчунин, хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ равона карда шудааст.

Дар баробари ин, маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷорӣ гардида, меъёри он соли 2020 дар муассисаҳои шаҳрӣ (59 сомонӣ) ва деҳот (48 сомонӣ) нисбат ба соли 2016 (мутаносибан 49 ва 34 сомонӣ) 17 ва 29 фоиз зиёд карда шуд.

Дар 29 соли охир дар раванди татбиқи ислоҳот ва рушди соҳаи тандурустӣ 45 лоиҳа, аз ҷумла 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид ва татбиқи қисме аз онҳо идома дорад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз ду миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи маблағҳои зикршуда, ки қисми асосии он сармоягузории давлатӣ, яъне қарзи Ҳукумати мамлакат мебошад, 450 беморхонаи ҳозиразамон, марказҳои саломативу табобатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва озмоишгоҳҳои муосир сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, садҳо нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, маҳорат ва малакаи касбиашонро баланд бардоштаанд.

Дӯстони азиз!

Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад.

Бо ин мақсад дар ин давра “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард.

Имрӯз дар кишвар шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад.

Ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соҳа ба ҳисоби миёна 1282 нафар кадрҳои ҷавон тайёр мекунад, яъне дар 5 соли охир ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро қариб 6500 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи таъминот бо кадрҳо дар миқёси мамлакат ба 10 ҳазор аҳолӣ аз соли 1991 то соли 2007 тамоюли пастравӣ дошт ва дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2007 рӯ ба афзоиш овард.

Ҳоло таъминот бо кадрҳо нисбат ба 10 ҳазор аҳолӣ бо табибон 21 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59 нафарро ташкил медиҳад.

Вале норасоии кадрҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки ин мушкилот дар вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар мебошад.

Умуман, дар мамлакат имрӯз 4264 нафар табиб ва 2358 корманди миёнаи тиб намерасад.

Бинобар ин, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамчунин, таҳлилҳо собит месозанд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа мебошад ва аз ин лиҳоз, ин масъала бояд самти муҳимми сиёсат ва амнияти иҷтимоии кишвар дониста шавад.

Зеро дар ҳолатҳои паҳншавии ҳар гуна эпидемия ва умуман, дар ҳолатҳои душвори иҷтимоӣ барои пешгирӣ кардан ва наҷоти одамон нақши табибон, яъне мутахассисони баландихтисос ҳамеша ҳалкунанда ба шумор меравад.

Дар ин самт, иҷрои супоришҳои қаблан гузоштаи мо доир ба омода кардани шумораи зарурии табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ тавассути таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҳар як шаҳру ноҳия, дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, эҳёгарӣ ва бозомӯзии онҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ва маводу ашёи дигар бояд ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 31 муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумораи умумии муассисаҳои таълими тиббӣ 20 муассиса, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро, ки қаблан низ гуфта будам, таъкид месозам.

Тибқи таҳлилҳо сатҳи дониш ва малакаи касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳа ва махсусан, коллеҷҳои тиббии кишвар ба меъёрҳои қабулшуда ва талаботи рӯз чандон мувофиқ нест.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббиро зарур аст, ки доир ба ҳалли ин масъала, яъне баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати омодагии касбии донишҷӯён тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Мо бояд ба сифати тайёр кардани кадрҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем, на ба шумораи онҳо.

Дар 29 соли охир бо мақсади аз байн бурдани норасоии мутахассисон ҳар сол бо дастгирии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи Президенти мамлакат «Дурахшандагон», аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ зиёда аз 500 нафар мутахассисон дар муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил ва бозомӯзӣ кардаанд, ки ин барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои нави тиббӣ мусоидат намуд.

Зарур аст, ки ин кор минбаъд низ идома дода шавад.

Бояд гуфт, ки аз 13 муассисаи илмии вазорат 10 муассиса ва аз 31 муассисаи таълимии соҳаи тандурустӣ 20 муассиса дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст, ки ин худ гувоҳи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди илм дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Имрӯз дар соҳа 841 нафар докторҳо ва номзадҳои илми тиб фаъолият доранд, ки 64 фоизи онҳо рисолаҳои илмии худро дар даврони истиқлол ҳимоя кардаанд.

Илова бар ин, хотиррасон месозам, ки дар кишвар 10 коллеҷи хусусии тиббӣ фаъолият дошта, дар онҳо қариб 1000 нафар омӯзгорону табибон ва 63 нафар кормандони миёнаи тиббӣ кор мекунанд.

Инчунин, дар кишвар 717 муассисаи хусусии тиббӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 4100 нафар, аз ҷумла 1702 нафар табибон, 1580 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ва 877 нафар кормандони ёрирасон машғули фаъолият мебошанд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар самти пешбурди корҳои илмии соҳа камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Масалан, дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар муассисаҳои илмӣ истифода мешаванд, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, хеле фарсуда гардидааст.

Зарур аст, ки ин камбудиҳо ҳарчи зудтар бартараф ва дар навбати аввал масъалаи таъминоти озмоишгоҳҳо бознигарӣ карда шавад.

Зеро илм ҷузъи таркибии фаъолияти ҳар як муассисаи тиббӣ буда, танҳо тавассути илми воқеӣ мо метавонем ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такон бахшем.

Дӯстони гиромӣ!

Дар доираи ислоҳоти соҳа баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Дар ин самт то имрӯз дар кишвар 12 барномаи миллӣ, аз ҷумла доир ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, диабети қанд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, нашъамандӣ, рушди донории хун ва дигар бахшҳо татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо паст намудани сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳо ва беҳтар кардани солимии аҳолӣ мебошад.

То давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар марказҳои махсусгардонидашуда оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам вуҷуд надоштанд.

Чунки ин беморӣ дар Тоҷикистони мо умуман вуҷуд надошт.

Дар 29 соли истиқлол панҷ барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ таҳия ва қабул гардида, ҳоло лоиҳаи нави “Барномаи миллӣ барои солҳои 2021-2025” дар баррасӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи барномаҳои қабулгардида шумораи марказу ташхисгоҳҳои замонавӣ афзоиш ёфта, фарогирии аҳолӣ ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам сол ба сол беҳтар гардид ва ин нишондиҳанда соли 2020 нисбат ба соли 2010 қариб шаш баробар зиёд шуд.

Таҳлили вазъи сирояти вируси норасоии масунияти одам нишон медиҳад, ки он тамоюли зиёдшавӣ дошта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 дар кишвар расман 12666 нафар шахсони бо ин вирус сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 3455 нафар фавтидааст.

Ба мақсади пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди бемории диабети қанд, ки ба гурӯҳи бемориҳои дар байни аҳолии Тоҷикистон паҳнгардида дохил мешавад, якчанд барномаи мубориза бар зидди диабети қанд қабул ва амалӣ карда шудааст.

Вале бо вуҷуди ин, шумораи беморони диабети қанд дар кишвар мунтазам афзуда истодааст.

Масалан, соли 2001 шумораи шахсони ба бемории диабети қанд гирифторшуда 10326 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ин шумора ба 46256 нафар расидааст.

Вазъи зикршуда ва дар айни замон зиёдшавии дигар бемориҳои эндокринологӣ андешидани тадбирҳои қатъии иловагиро тақозо менамояд.

Дар ин самт, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда доир ба сабабҳои сар задани чунин бемориҳо, аз ҷумла камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти маводи ғизоӣ, пурхӯрӣ ва манфиати тарзи ҳаёти солим ва махсусан, варзиш ва фаъолнокии ҷисмонӣ пурзӯр карда шаванд.

Ҳарчанд ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон заминаи моддиву техникии муассисаҳои зиддисаратонӣ пурқувват гардонида шуд, аммо сатҳи беморшавии умумӣ ва беморшавии аввалия бо саратон сол ба сол боло рафта истодааст.

Ин нишондиҳанда соли 2009 нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ 133,5 нафарро ташкил мекард, вале соли 2019 ба 191,6 нафар расидааст.

Илова ба бемориҳои зикршуда дар кишвар болоравии сатҳи нашъамандӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст.

Ҳамчунин, сохторҳое низ таъсис дода шудаанд, ки иҷро ва риояи ин санадҳоро таъмин ва назорат мекунанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалгардида сатҳи нашъамандӣ аз соли 2007 сар карда, рӯ ба камшавӣ овардааст.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд вазъи нашъамандиро таҳти баррасӣ ва назорати ҷиддӣ қарор дода, бо мақсади коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва сари вақт андешидани тадбирҳои таъхирнопазир, инчунин, вобаста ба таъсис додани маркази замонавии офиятбахшӣ ва табобати шахсони гирифтори нашъамандӣ дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоии “Тангаӣ” ва ҷалби таваҷҷуҳи донорҳо ва созмонҳои кумакрасон чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Яке аз самтҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи тандурустӣ афзалият додан ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла тибби оилавӣ мебошад.

Аслан, рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз гардид.

Дар давоми солҳои 1999-2019 дар доираи ислоҳот заминаи меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ тавассути қабули қонунҳо, нақшаҳои стратегӣ ва барномаҳои дахлдор пурзӯр гардида, инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, хусусан, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои инсонӣ, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ вусъат пайдо кард.

Дар натиҷаи беҳтар гардидани ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии 43 фоизи муассисаҳои кумаки аввалия дастрасӣ ва имкониятҳои ташхису табобат беҳтар гардида, ба мусбат гардидани нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кам шудани бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва афзоиши муроҷиати шаҳрвандон мусоидат намуд.

Дигар самти муҳимми хизматрасониҳои тиббӣ бо истифодаи дастовардҳои илми муосир ва технологияҳои ҳозиразамон ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ ва ташхису табобат мебошад.

Ҳадафи васеъ ба роҳ мондани ин таҷриба кам кардани шумораи беморони барои табобат ба кишварҳои дигар фиристодашаванда мебошад, ки ин, албатта, ба вазъи молиявии оилаҳои шахсони бемор таъсири мусбат мерасонад.

Корҳо дар ин самт имрӯз, аллакай, натиҷа дода истодаанд ва ҳоло шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар муассисаҳои берун аз марзи кишвар то 50 фоиз коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки ин пешравӣ дар натиҷаи тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва беҳтар гардидани таъминот бо таҷҳизоти ҳозиразамон имконпазир гардид.

Имрӯз дар кишвар 21 дастгоҳи томографияи компютерӣ (дар соли 1991–ум 1 адад), 873 дастгоҳи ташхиси ултрасадо (соли 1992 - 12 адад), 76 дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ (соли 1997-1), 11 дастгоҳи томографияи магнитии резонансӣ, 8 дастгоҳи ангиографӣ ва 46 дастгоҳи рентгени рақамӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар кишвар то ба имрӯз муассисаи махсусгардонидашуда оид ба табобати бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавӣ вуҷуд надорад.

Ҳоло чунин беморон дар шуъбаҳои дахлдори Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 шаҳри Душанбе бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии махсусгардонидашуда оид ба бемориҳои сӯхтагӣ ва заҳролудшавиро омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат тайи солҳои истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст.

Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст.

Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори хадамоти ҳифзи саломатии модару кӯдак дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд муассисаҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд.

Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад, ки таваллуди насли солимро дар оянда таъмин намояд.

Дар ин ҷода қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ва ворид намудани илова ба Кодекси оила доир ба манъ кардани никоҳи хешу табори наздик нақши назаррас бозида истодааст.

Натиҷаи муоинаи 126 ҳазор нафар никоҳшавандагон танҳо дар соли 2019 имкон дод, ки пеш аз ақди никоҳ дар 2051 нафар як қатор бемориҳо муайян гардида, онҳо ба табобат ва назорат фаро гирифта шаванд.

Имрӯз аз 27 ҳазор нафар кӯдакони маъюб, ки ба қайд гирифта шудаанду ба онҳо аз ҳисоби буҷети давлат нафақаи маъюбӣ пардохта мешавад, қисми зиёдашон натиҷаи издивоҷи хешу табори наздик мебошад. Оилаҳое, ки дар онҳо тифли маъюб ба дунё меояд, як умр бадбахт мешаванд. Чунин оилаҳо, табиист, ки оилаҳои ҷавон мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки барои бадбахтии онҳо кӣ ҷавоб мегӯяд?

Таъмини бехатарии санитарию эпидемиологӣ яке аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бо мақсади ислоҳоти низоми эмгузаронӣ ва пурзӯр намудани идоракунии сохтори иммунизатсия соли 1996 Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ва сохторҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, соли 2015 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои маркази зикргардида бинои алоҳида сохта, ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки норасоии мутахассисони бахши мазкур мушкилоти асосӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зарур аст, ки аз соли таҳсили 2020 – 2021 шурӯъ карда, факултаи нигаҳдории тандурустиву ҷамъиятиро ба факултаи тиббии профилактикӣ табдил дода, қабули ихтисосҳои эпидемиолог, иммунолог, вирусолог, микробиолог, бемориҳои сироятӣ ва беҳдоштиро ба роҳ монад.

Ҳамзамон бо ин, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои илмию таълимии соҳа вазифадор карда мешаванд, ки барои бештар тарбия намудани чунин кадрҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба масъалаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ мехоҳам хотиррасон намоям, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо оби нӯшокии босифат, таъмиру таҷдиди шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо, назорати сифати маводи ғизоӣ, молҳои истифодаи ҳаррӯза ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда хеле иқдомоти назаррасро амалӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва солимии аҳолии кишвар шароити мусоидро таъмин намуд.

Ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин корро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Дар давраи 29 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо оби нӯшокӣ 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло дар ин самт боз 10 лоиҳаи нав ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Яъне барои бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат, ки яке аз шартҳои асосии ҳифзи саломатӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад, 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди бахши фарматсевтӣ дигар қисми муҳимми соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ бо мақсади батанзимдарории фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Тибқи маълумот маблағи умумии воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ соли 2019 -ум 531 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 -ум 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

То ба имрӯз беш аз 90 фоизи доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди то андозае беҳтар шудани нишондиҳандаҳои соҳа масъалаи муомилоти дорувории ба қайд гирифтанашуда ва ба талаботи стандартҳои сифат номутобиқ ҳанӯз ҳамчун мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Соли 2019-ум 176 ҳазор килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи ба талабот номутобиқ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст, ки 142 ҳазор килограмми он доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти дигаргуниҳои зиёди солҳои охир дар бозори фарматсевтии кишвар бавуҷудомада ва беҳтар намудани заминаи қонунгузории назорати муомилоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи фармасевтӣ, бахусус, ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумат номгӯи дорувориҳои дар кишвар истеҳсолшаванда афзуда, аз 88 номгӯйи соли 2015 дар соли 2020 то 404 номгӯй расидааст. Вале ин ҳоло ҳам кам мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар вусъат ёфтани истеҳсоли дорувориҳо саҳми бахши хусусӣ намоён мебошад.

Соҳибкорони ватанӣ технологияҳои муосири истеҳсолиро ворид намуда, коркарди гиёҳҳои шифобахши кишварро ба роҳ монда истодаанд.

Ҳоло дар коргоҳу корхонаҳои таъсисдодаи соҳибкорони ватанӣ беш аз 400 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ то 4000 нафар кормандон ҷалб карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ моҳи феврали соли 2018 ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид ва дар асоси онҳо ба истеҳсолкунандагони ватании доруворӣ ва молҳои тиббӣ имтиёзҳо муқаррар карда шуданд.

Ҳоло в

14.08.2020 Сафари ҳайати корӣ ба минтақаҳо

Тавре маълум аст, вобаста ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 июни соли 2020,№1544 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020 №401 ҷиҳати татбиқи фармони мазкур, инчунин таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусии маҳаллӣ ба вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳайати кории байниидоравӣ ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорони ҷумҳурӣ сафарбар карда шуд.

Аз ҷумла, мулоқотҳо санаи 28 июли соли 2020 дар шаҳри Кӯлоб, 30 июли соли 2020 дар шаҳри Бохтар, 5 ва 6 август дар шаҳри Хуҷанд, 7 август дар шаҳри Истаравшан, 11 август дар ноҳияи Рашт ва 14 август дар шаҳри Душанбе анҷом дода шуд. Дар ин вохӯриҳо намояндагони бахши хусусӣ, котибони масъули шуроҳои машваратӣ оид ба рушди соҳибкориву сармоягузории вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва водии Рашт иштирок намуданд.

Дар мулоқотҳо тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла дар шароити сироятии COVID-19, натиҷаҳои ислоҳоти самти соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, ҳамзамон рафти иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар самти таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо, фаъоляти шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, арзёбӣ (рейтинг)-и фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқотҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» оид ба ваколатҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва самтҳои он (моддаҳои 17 ва 19), бандҳои мушаххаси супоришҳои Шӯро ва дигар ҷанбаҳои самти мазкур мулоҳизаҳо баён гардиданд.

Дар мулоқотҳо намояндагони бахши хусусӣ оид ба як қатор масъала, мушкилоту монеаҳо мулоҳизаҳо баён намуда, ба саволу дархостҳояшон аз тарафи ҳайати гуруҳи корӣ, бахусус намояндагони вазорати молия, кумитаи андоз, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳо дода шуда, баррасии як қатор пешниҳодот аз ҷониби онҳо қайд гардид. Мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти дар рафти мулоқотҳо манзургардида тибқи тартиб мавриди пайгирӣ қарор дода хоҳад шуд.

30.07.2020 Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ба роҳ монанд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”, Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 ва Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро муҳокима карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумат Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040” ҳисоботи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид шунида шуд.

Ба Ҳукумати мамлакат ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пандемияи короновирус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар захираи зарурии маводи дорувориро таъмин кунанд, ба хотири пешгирии мавҷи дуюми паҳншавии бемории короновирус табибонро аз бозомӯзӣ гузаронанд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ гигиэнӣ ҷоннок намоянд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба соли нави хониш, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, дастгирии табақаи ниёзманди кишвар дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.


28.07.2020 Мизи мудаввар бо аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ

Ҳайати Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ рӯзҳои 27-28 июли соли равон бо аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ мизи мудаввар доир намуд.

Дар ҷараёни мулоқоти мазкур мавзуҳои таъмини фаъолияти самараноки Шӯрои машваратӣ ва саҳми аъзои Шӯро дар он, тадбирхои Хукумати мамлакат барои пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, омодагихо ба ҷаласаи навбатии Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари Котибот, Нуъмон Абдуғаффорзода вобаста ба дастовардҳо ва ислоҳоти татбиқгардида ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла, соддагардонии расмиёти бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани иҷозат барои сохмтон ва дигар нишондиҳандаҳо, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳаои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маълумоти муфассал манзур намуд.

Инчунин, зикр гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҳия ва омода намудани таҳлилу тавсияҳо вобаста ба мавзуъҳои “Вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа” ва “Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ”, ки тибқи қарорҳои протоколии ҷаласаҳои XIX ва XX Шуро амалӣ шуда истодааст, хоҳиш карда шуд, ки ба унвонии Котибот пешниҳодҳои худро нисбати масъалаҳои зикргадида манзур намоянд.

Дар анҷоми мулоқот роҳбари Котибот зарурати тақвият додани ҳамкориҳоро бо аъзои Шӯрои машваратӣ бори дигар таъкид намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳои самаранокро дар ин самт идома хоҳанд дод.

25.07.2020 Боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”, Хоҷагиҳои деҳқонии “Фатҳиддин” ва “Барно” дар ноҳияи Данғара

25 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор доштанд.

Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда, кишти такрорӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки заминҳо, ташкили боғҳои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ мебошад.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргарони хоҷагиҳои “Сомонҷон”, “Фатҳиддин” ва “Барно” шинос шуданд.

Боздиди кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии Сомонҷон оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии “Сомонҷон” 200 гектар боғи интенсивӣ таъсис ёфта буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат ба роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” супориш дода буданд, ки то ба ҳосил даромадани боғҳо дар байни қатори дарахтон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла полезӣ, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва қаланфури булғорӣ кишт намоянд.

Ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин хоҷагӣ назорати рафти иҷроиши супоришҳо мебошад.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки аз ҳосили имрӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт - Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб - интернати рақами 2 - и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонн полезӣ кумаки моддӣ расонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи короновирус, таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба захираи маводи ғизоӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш ва мардуми кишвар барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, руёнидани ду се ҳосил ва ба таври кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ дар хонаҳояшон дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.

Дар хоҷагии бисёрсоҳаи “Сомонҷон” имсол дар майдони 170 гектар полезӣ кишт карда шудааст, ки аз ин 130 гектар дар байни боғҳо кишт гардида, ҳосили фаровон дорад.

Дар хоҷагӣ масъалаи истифодаи замин ба таври намуна ба роҳ монда шуда, ба ғайр аз тарбузу харбуза дар байни қатори боғҳо 60 гектар макадон ва 10 гектар бо обёрии қатрагӣ пиёз кишт гардидааст.

Нақшаи кишти такрории хоҷагӣ низ хуб буда, коргарон дар заминҳои аз зироати ғалладона холишуда макадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, капуст ва дар 150 гектар сабзӣ коридаанд.

Тавре мушоҳида гардид, ҳосили дилхоҳ зироат ва полезӣ дар хоҷагии Сомонҷон имсол фаровон аст.

Деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти парваришкардаи худро аз сари замин ба тоҷирон мефурушанд. Содироти тарбузу харбуза ва дигар сабзавоту меваҷоти хоҷагӣ ба бозорҳои ноҳияи Данғара, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пойтахт хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар хоҷагии “Сомонҷон” Сарвари давлат бо фарзандону наберагон аз заминҳои серҳосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд.

Дар ин хоҷагӣ таҷрибаи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва аз ҳама асос ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар бахши боғдорӣ, зироаткорӣ ва полезӣ хуб истифода мегардад. Натиҷаи ҳамин аст, ки парвариши дилхоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили фаровон медиҳад.

Дар ин ҷо ҳамчунин ба масъалаи азхудкунии заминҳои талу теппаи беҳосилу солҳо бекорхобида аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо аввалин ҳосили заминҳои обёришуда ва ба гардиши кишоварзӣ даровардашуда шинос шуда, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

Ин тарзи ташкили кор аз бисёр ҷиҳат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хоҷагӣ ягон порча замин бекор нест. Аз ҳар як қитъа ду се ҳосил гирифта мешавад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Барно” дидан карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони боғи интенсивӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо дар масоҳати 11 гектар замини солҳо бекорхобида бо тариқи обрасонӣ боғ бунёд карда шудааст, ки 60 нафар бо кори доимӣ ва дар мавсим беш аз 200 нафар барои ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб мегарданд.

Коргарони хоҷагии деҳқонии “Барно” байни қатори боғро самаранок истифода бурда, кишти полезӣ, картошка, помидору бодиринг ва лубиёгиҳо гузаронидаанд.

Ҳолати токзори боғ низ хуб буда, дар 4 гектар 460 бех ангур парвариш меёбад.

Дар масоҳати 11 гектар боғи хоҷагӣ, ки аз соли 2014 шинонидани дарахтон оғоз гардид, то имрӯз дарахти олу 1706 бех, себи шоҳӣ 276 адад, себи интенсиви 260, зардолу 400, шафтолу 420, гелос 146, олучаи бобогӣ 200, ангур 460 ва хуч 1000 адад мавҷуд аст.

Аз ҳосили ба дастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Муъминобод фиристода шуд. Дар худи хоҷагӣ қариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд.

Дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зулоли деҳоти Исмат Шариф ҳамчунин аз заминҳои полезии Хоҷагии деҳқонии “Фатҳиддин” боздид намуданд.

Коргарони хоҷагӣ дар майдони 12 гектар кишти полезии тарбузу харбуза гузарондаанд, ки ҳосилаш фаровон аст.

Дар ин ҷо тариқи кишти зериплёнка навъҳои серҳосил ва хуштамъи тарбузу харбуза кишт карда шудааст. Дар байни қаторҳо бошад, парвариши дигар сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Аз руи маълумоти роҳбарияти деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ҳудуди ҷамоат 7130 гектар замин мавҷуд аст, ки аз он 2510 гектар обӣ ва 220 гектар боғ мебошад.

Кишти полезӣ дар ин деҳот 130 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар 10 гектар замини лалмӣ ва 120 гектар обӣ кишт гузаронида шудааст.

Нақшаи кишти такрории деҳоти ба номи Исмат Шариф 1170 гектар буда, дар 800 гектар кишт гузаронида шудааст. Корҳо дар ин самт ҳануз идома дошта, нақша доранд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишти картошкаро ба роҳ монанд.

Ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрӣ ба шумор меравад.

Аз руи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 697 гектар кишти зироатҳо гузаронидаанд, аз ҷумла, дар 30 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 690 гектар картошка, 1389 гектар сабзавот, 4587 гектар пахта ва ғайра.

Ҳамаи ҷаҳду талоши сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Данғара ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва боду ҳавои мусоид, инчунин истеҳсоли маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

22.07.2020 Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик дар шаҳри Ҳисор

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.

Корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев ва Ҷӯрабек Сайфиддинов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ - истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудааст, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.

Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

Аз рӯи ҳисоби миёна корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор адад шифер ва 300 адад қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. Дар ин ҷо ба ғайр аз қубурҳои асбестӣ ва шифер қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар маҷмӯъ 76 намуди чунин маҳсулот бо шакл, андоза ва қутрҳои мухталиф истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Дар корхонаи мазкур маҳсулоти асбестӣ, ки ҳамчун маводи асосӣ дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода карда мешавад ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.

Дар ин ва дигар хати муосири технологӣ наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки музди маоши моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот - шифер ва қубури асбестӣ маводи лозима ба шумор меравад, дар худи корхона коркард ва истеҳсол карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз хати дигари муосири технологӣ - истеҳсолӣ қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешавад.

Ашёи хом аз ҷумла тунука барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестию оҳанӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор ин аввалин корхонаест, ки бо иқтидори зиёд шифер ва қубурҳои асбестию оҳаниро истеҳсол менамояд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа қубурҳои асбестӣ дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 40 сол мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик ба кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад рақобатпазир бошад ва харидорони худро дар бозорҳои дохиливу хориҷи мамлакат пайдо намояд.

Бояд қайд намуд, ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ, муқаррар гардидани имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешбинишуда, дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Соҳибкор дар навбати худ барои дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи чунин таваҷҷуҳ минбаъд фаъолияти худро барои рушди истеҳсолоти ватанӣ густариши бештар хоҳад дод.

Ғайр аз ин дар қисми дигари корхона ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ҳамзамон коргоҳи хурди истеҳсол, ороиш ва рангубори қубурҳои оҳанӣ ва дарвозаҳо низ ба роҳ монда шудааст, ки он дар доираи дархост омода ва пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати зебову назаррабо гардидани саҳни корхона ва муҳайё сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ошхона бо 20 ҷои нишаст, анбор барои захираи маводи хурока ва нуқтаи таъмири дастгоҳҳо сохта шуда атрофи корхона дар масофаи беш аз 1 километр мумфарш гардидааст.

Дар саҳни корхонаи истеҳсоли қубар ва профилҳои тоҷик намунаҳои маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

22.07.2020 Боздид аз Хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ”-и шаҳри Ҳисор

22 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии “Файзи деҳқон” ва “Файзи Ҳоҷӣ” дидан намуда, бо нашъунамои зироат аз наздик шинос шуданд.

Нахуст Роҳбари давлат бо фаъолияти кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” ошно шуда, бо аҳли заҳмат суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” 1,35 гектар заминро дар бар гирифта, аҳли заҳмат ба парвариши навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ машғуланд. Бо истифода аз маслиҳати мутахассисон ва риояи меъёрҳои агротехникӣ, коргарони хоҷагӣ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифат нақши худро мегузоранд.

Имсол хоҷагидорон дар кишти асосӣ карам, боимҷон ва гулкарам корида, аз 0,25 гектар замини кишти карам 8 тонна маҳсулот ба даст оварданд. Ҳамчунин 0,30 гектари дигар барои парвариши картошка истифода гардида буд ва кишоварзон тавонистанд аз ин ҳисоб 7,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамин гуна нишондиҳандаҳои чашмрас дар самти парвариши дигар номгӯи зироатҳо низ мавҷуд аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аҳли заҳмати хоҷагӣ ба масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва рӯёнидани чанд ҳосил диққати хоса дода, айни ҳол кишти такрории карам, гулкарам, картошка ва боимҷонро сомон медиҳанд.

Ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо сабзавоти барвақтии тару тоза, Хоҷагии деҳқонии “Файзи деҳқон” фаъолияти гармхонаҳоро роҳандозӣ намудааст. Масоҳати умумии майдони гармхона дар хоҷагӣ 0,65 гектарро дар бар мегирад ва дар он парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Хоҷагидорон аллакай 25 тонна помидор ва 10,2 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода пешниҳод карданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Файзи Ҳоҷӣ” бошад, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзон дар кишти асосӣ парвариши картошка, пиёз, карами барвақтӣ, гулкарами барвақтӣ, гандум ва пахтаро роҳандозӣ карданд. Дар маҷмӯъ хоҷагӣ 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили барвақтӣ дар қисме аз заминҳои холишуда аллакай кишти такрорӣ гузаронидаанд. Дар кишти такрорӣ бошад, дар масоҳати 0,40 гектар карам, 0,10 гектар картошка ва 0,80 гектари дигар ҷуворимаккаи дон коридаанд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки аз майдони 0,75 гектар замини пиёз аҳли заҳмат 45 тонна маҳсулот ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ҳосилнокии ҳар гектар майдони кишти картошка 262 сентнер, карами барвақтӣ 370 сентнер ва гандум 50 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол хоҷагидорон дар масоҳати 0,60 гектар пахта кишт намуда, дар майдони 0,50 гектари дигар беда низ коридаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ба хотири рӯёнидани ҳосили баланд ва гузаронидани чанд кишт меъёрҳои агротехникиро ҳамаҷониба риоя намуда, заминро самаранок истифода баранд, зеро дар чунин вазъияти ногувор, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маводи ғизоӣ қонеъ созад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуданд.

Аҳли заҳмат номгӯи гуногуни маҳсулотро, ки маҳсули заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо мебошад, муаррифӣ карда, оид ба дастовардҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни сабзавот, зироати ғалладонагӣ ва полезӣ манзур карда, сокинон имкониятҳои худро дар соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ муаррифӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ имсол дар шаҳри Ҳисор истеҳсоли тухми мурғ 90 ҳазор дона ва истеҳсоли асал 38,7 тонна афзоиш ёфтааст. Айни замон дар шаҳр 9 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки 8-тои он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин хоҷагиҳои чорвопарвар зотҳои гуногуни чорворо ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Ҳисор соҳаи чорвопарварӣ низ рушд карда, тибқи натиҷагирии нимсолаи аввали соли 2020 192 ҳазору 269 сар чорво зиёд гардидааст. Дар фермаҳои ширию молии хочагиҳои чорвопарвар асосан чорвои зоти “Сиёҳалои тоҷикӣ”, “Голштайн” ва зоти нави “Сементал” нигоҳубин карда мешавад.

Аснои боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии зироатҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

То имрӯз дар шаҳри Ҳсиор аз майдони 4 ҳазору 659 гектар замин аллакай ғалла ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнериро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии картошка ва пиёз бошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз аз майдони 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ғунучин гардидааст. Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат айни ҳол дар майдони 756 гектар кишти такрории зироатҳои гуногуни кишоварзӣ идома дорад. Кишоварзон дар кишти такрорӣ асосан парвариши ҷуворимаккаи дон, шолӣ, лӯбиёгӣ, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва хӯроки чорворо ба роҳ мондаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба фаъолияти пурсамари кишоварзони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, барои самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, зиёд намудани майдони кишт ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин барои афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

21.07.2020 Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.

Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия таҳия намудааст.

Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд.

Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква - аэробика - рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудааст.

Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад.

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.

Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз иншооти дигари маҷмаа - ҳавзи шиноварии болокушода боздид карданд.

Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.

Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ насб гардидааст.

Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид додаанд.

Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки маҷмааи варзиш аз тарафи сохтмончиёни тоҷик бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир ва бо сифати баланд бунёд шудааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Қасри теннис, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, дидан карданд.

Қасри теннис аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад.

Дар 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгарон, 4 толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт иборат аст.

Дар ошёнаи дуюми Қасри теннис толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва дигар ҷойҳои машқу тамрин мавҷуд аст.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 - солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Варзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеъи кишвар ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста - бунёди чунин як маҷмааи бузург ва таъмини тамоми шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва машқу тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Бо дарназардошти он, ки маҷмааи нави варзиш ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, минбаъд дар он имконияти баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ пайдо гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоии пурра бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда дар Қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони кишвар суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат ифтитоҳи иншооти бузурги варзишро ба ҷавонони кишвар ва сокинони пойтахт табрик гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба бунёдкорони маҷмаа барои иҷрои босифати корҳо арзи сипос карданд.

Бунёду ба истифода додани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе боиси ободии як гӯшаи пойтахти кишвари азизамон гардидааст.

Ороиши маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамони нурпошӣ ин мавзеи зебоманзари пойтахтро ба як макони афсонавӣ табдил додааст.

Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки боз як тӯҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Баъди шиносоии пурра бо иншоот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои сифати корҳои сохтмон баҳои баланд доданд ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои истифодаи самараноку мақсадноки иншооти варзиш ва корҳои ободонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

13.07.2020 Ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ - гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи шахсони маъсул муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, вазири кишоварзӣ Салимзода Амонулло, вазири энергетика ва захираҳои об Усмонзода Усмоналӣ ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуллозода Ҷамолиддин вобаста ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ғунучини ҳосил, рафти татбиқи супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилӣ, содироти меваҷот ва сабзавот ба хориҷи мамлакат, омодагӣ ба кишти такрорӣ, тадбирҳои пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, тайёрии ташкилоту муассисаҳо ба давраи зимистони солҳои 2020-2021, иҷрои нақшаи корҳои созандагӣ, вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, омодасозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави хониш, шунида шуд.

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, таъмини бозори истеъмолии дохили кишвар бо маҳсулоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол, истифодаи босамари гармхонаҳо, иҷрои нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, картошка, васеъ кардани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, захираи маводи озуқаворӣ дар сардхонаҳо ва таъминоти меваҷот дар бозорҳои дохилӣ, ба масъулин супоришҳо дода шуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карданд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш доданд, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш дода шуд, ки оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас доданд.


10.07.2020 Оғози корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол”

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” оғоз бахшиданд.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.

Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.

Дар ҳудуди майдон зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешсабз, буттаҳои сабз, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.

Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.

Дар маҷмӯъ дар озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.

Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум шуд.

Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардид.

Ҳангоми тартиб додани Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ” лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи “Дарахти ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.

Лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар паҳлӯҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи давлатдории тоҷикон аз замони Зардушт то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос мегарданд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ тасвир мегарданд.

10.07.2020 Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ бо 350 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе

10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон аст. “Тоҷтекс” ҳамзамон истеҳсоли таҳпӯшро низ роҳандозӣ кардааст ва барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонувони ҳунарманд, соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор адад сару либоси гуногунро истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либосро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамуда имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он чун маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шавад. Бо рушди иқтидори корхона роҳбарияти он ҳадаф доранд, ки содироти маҳсулоти корхонаро ба дигар кишварҳо роҳандозӣ намуда, маҳсулоти ниҳоии баландсифати Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Мавриди зикр аст, ки боқимондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидорони худро дошта, партови он ба дигар корхонаҳо интиқол меёбаду дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.

Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаи нассоҷии мамлакат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ бунёд гардида, ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Тайван ва Туркия дастрас гардидаанд, насб шуда, сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Бо истифода аз ин дастгоҳ, ки ба иттилои масъулин айни замон дар мамлакат ягона мебошад, чопи манзараҳои зебои кишвар, навиштаҷоти гуногун ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи либосҳои мардонаву занона роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар муқтадиртарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.

Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 350 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васлу насб гардидааст. Сехи дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм ва сеюми корхона ҷойгир буда, барои фаъолияти босамари кормандон дар коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси “Тоҷтекс” тамоми марҳилаҳои истеҳсолии сару либос шурӯъ аз буридани матоъ то ба сару либоси тайёр роҳандозӣ шуда, мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсолот сурат мегирад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи маҳсулоти коргоҳи навтаъсис воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад. Аз ин рӯ ба фаъолият оғоз намудани он минбаъд метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноаткунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ карда шавад.

Зимни муаррифии марҳилаи дуюми корхона ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо тамоми иншооти ёрирасон бунёд мегарад.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи кории дигар барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи кории дигар барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шавад. Дар идомаи ду соли баъдӣ иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сару либоси ватанӣ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Кормандони коргоҳи навтаъсисро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то сару либоси истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.


10.07.2020 Ифтитоҳи эстакада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.

Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта шуд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар уҳда дошт. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд, зеро бино ба таъкиди Сарвари давлат ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада қаблан аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.

Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

04.07.2020 Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” воридгардида, вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID -19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд. Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

02.07.2020 Боздид аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

2 июли соли 2020, дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият дошта, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил тақрибан 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаламфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонида, ҳамчунин парвариши помидору қаламфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ монданд. Таъкид гардид, ки Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло", дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаламфури булғорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Ҳосили имсолаи қаламфур хеле зиёд аст, вобаста ба ҳамин кишоварзон нақшаи содирот кардани ин маҳсулотро тарҳрезӣ менамоянд.

Дар доираи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, хоҷагидор Набиҷон Холматов сол то сол истеҳсоли ин навъи маҳсулотро зиёд менамояд, зеро даромади асосии зиндагии ӯ ва саҳмдорони хоҷагӣ аз замин аст.

Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расониданд, ки аз ин 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ буда, 2 ҳазору 187 гектари дигарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад. Тибқи иттилои идораи кишоварзии ноҳия, аз маҷмӯи заминҳои киштшуда, бо дарназардошти заминҳои наздиҳавлигӣ, дар қаламрави ноҳия 60 гектар қаламфури булғорӣ кишт карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи мақсадноки замин изҳори сипос карда, барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти қаламфури булғорӣ ва содироти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро пандемияи ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус, мардуми сайёраро пеш аз ҳама ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст.

Кишоварзони ноҳия низ ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва бозорҳои дохилиро бо маводи ғизоии хушсифат ғанӣ гардонанд.


02.07.2020 Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мавсимии банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов

2 июл дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии “Баракат” шинос шуданд.

Корхонаи мавсимии “Баракат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шуда, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар ин корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда шуда, дар халтаҳо гирифта мешавад ва сипас барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.

Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома мекунад, беш аз 500 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 10800 тонна пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот карда, ҳамчунин барои зимистонгузаронӣ дар анборҳои корхонаи мазкур 1000 тонна пиёз ҳамчун захира нигоҳ дошта мешавад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад.

Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, то имрӯз дар масоҳати 541 гектар кишти пиёз гузаронидаанд.

29.06.2020 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.

Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

Дар ин раванд, мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям.

Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем.

Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст.

Яъне дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Мо бо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонидем, ки ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсиро ҳамчун тақозои ҳаётӣ ва умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор намоем.

Дар қадами аввал, мо фаъолияти сохтору мақомоти амалан фалаҷшудаи давлатиро барқарор кардем ва дар ин раванд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамонро, ки ба кишварҳои дуру наздики олам гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонидем.

Баъдан ислоҳоти конститутсиониро роҳандозӣ намуда, парламенти касбиро таъсис додем ва ҳамзамон бо ин, ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдии иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем.

Дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ мо тавонистем, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлатро аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ бахшида, масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Бинобар ин, имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки сокинони кишвар, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Яъне дар раванди ободонии Ватани маҳбубамон имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузурги мамлакат, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамватанони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории самимӣ баён менамоям.

Мехоҳам нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистонро дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ махсус таъкид намоям.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

Ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон мо рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардем.

Чунки ояндаи ободи Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикршуда вобаста аст ва пешрафти кишвар дар дасти кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони сатҳи баланди касбӣ мебошад.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Дар айни замон ин кори муҳим яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимият, сохтору мақомоти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф ва муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олии худ қарор додаем, устуворона идома диҳем ва барои сокинони мамлакат шароити мусоиду арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки сохти давлатдории Тоҷикистон, яъне моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад, зеро он бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст.

Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд.

Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд.

Тавре ки борҳо гуфтаам, хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад ва дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат, беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем.

Ҳамватанони арҷманди мо хуб мушоҳида мекунанд, ки вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.

Дар баробари буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бахусус, терроризм, экстремизми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки бехатарии бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахт халалдор месозанд, имрӯз мушкилоти экологӣ, яъне тағйирёбӣ ё гармшавии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, аз ҷумла хушксолӣ, беобӣ, обхезӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи КОВИД-19 ҳаёти миллионҳо нафар сокинони сайёраро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаанд.

Дар чунин шароит табиист, ки аҳаммият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Бовар дорам, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

10.06.2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур доштанд, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.


1111.jpg

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар кишвари мо кӯмакҳои молиявӣ ҷудо кард.

Ҷонибҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19, ки аксари кулли кишварҳои оламро фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии ин беморӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ карда шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19-ро таъсис дода, беморхонаҳо барои ин бемории сироятиро бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ ташкил намуд.

Ҷараёни табобати беморон, беҳдошти вазъи беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоёни ин беморӣ ва таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҷараёни суҳбати видеоконфронсӣ ҳамчунин дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуданд.

05.06.2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:
— барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;

— нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;

— то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;

— то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад;

— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд;

— аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;

— аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;

— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;

— аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;

— фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;

— бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
— нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;

— аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд;

— то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад;

— барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд;

— барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;

— ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;

— то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон:
— ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд;

— якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд;

— мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд;

— ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад;

— дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд;

— якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд.

3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июни соли 2020
№1544

30.05.2020 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

Ҳозирини муҳтарам!

Бо дарназардошти он, ки Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар мебошад, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат – таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

sukhanroni.jpg 

То имрӯз дар натиҷаи амалисозии даҳҳо лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият додани фаъолнокии иқтисодии мардуми вилоят ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои он заминаи мустаҳкам гузошта шуд.


Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки вилояти Хатлон дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90 –уми асри гузашта маркази даргириҳо буд ва ҳисороти ниҳоят сангини ҷонӣ ва иқтисодиву молиявӣ дид.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Ҳарчанд ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо афзоиши 7,4 фоиз ба 19,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 25,4 фоизро ташкил кардааст, аммо иқтидорҳои мавҷуда дар вилоят ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодаанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Суръати рушди саноати вилоят дар соли 2019 –ум 13,2 фоиз ва дар чор моҳи соли 2020 –ум 9,7 фоизро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан 0,4 ва 5,6 банди фоизӣ камтар аст.

Ҳамзамон бо ин, фаъолияти начандон қаноатбахши низоми коркарди ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, рақобатнокии нисбатан пасти маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда метавонад дар навбати аввал, ба корхонаҳои амалкунанда таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки барои нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳамкориро бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ тақвият бахшида, ҷиҳати самаранок истифода кардани захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвияти корҳо дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Соли 2019 нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоӣ дар вилоят 100 фоиз иҷро шудааст, вале дар чор моҳи соли 2020 иҷрои 4 намуди андоз таъмин нашудааст. Тамоюли пастравии ин нишондиҳанда ба сатҳи иҷтимоии вилоят таъсири манфӣ мерасонад, чунки қариб 90 фоизи қисми хароҷоти буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз бояд камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Дар шароити имрӯза бинобар иҷро нагардидани нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои босифати нишондиҳандаҳои қабулшуда, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, идораи самараноки амволи давлатӣ, фарогирии пурраи амалиёти молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва мунтазам дастгирӣ кардани соҳибкорон, ташаккули манбаъҳои нави андозбандӣ, ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад. Аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав ва бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро тартиб дода, фаъолияти ин корхонаҳоро бо дарназардошти сикли пурраи истеҳсолот бо истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бисёр муҳим аст, ки дар самти васеъ ба роҳ мондани шарикии давлат бо бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар зарфи бист соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят беш аз 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 ба 8,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шудааст, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати кишварро ташкил медиҳад.

Аммо дар моҳҳои январ – апрели соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 9,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ки чунин вазъ ҳанӯз ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нест.

Дар сохтори истеҳсолии саноати вилоят ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 50 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ, нафту газ 39,5 фоиз ва саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Дар чунин вазъ, роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бо мақсади истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва навсозии технологии инҳо ҷиҳати ташкили истеҳсоли намудҳои наву рақобатноки маҳсулот роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва корхонаҳои нави саноатиро таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузории онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд ва фаъолияти онҳо дар давоми сол аз рӯи ин нишондиҳандаҳо арзёбӣ карда мешавад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 доир ба корҳои дар самтҳои зикршуда иҷрогардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Дар назар бояд дошт, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҷалби технологияҳои каммасраф ба роҳ монда шуда, рақобатнокии он баланд бардошта шавад.

Дар вилоят маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Ҷиҳати ба кор даровардани силсилаи пурраи истеҳсолии то маҳсулоти дӯзандагӣ коркард кардани нахи пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии “Ҷунтай – Данғара” то сентябри соли 2021, яъне то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ масъулинро зарур аст, ки ҷараёни корҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад. Гарчанде дар вилоят ҷамъоварии пахта назар ба соли 2018 –ум 49 фоиз афзоиш ёфтааст, зарур аст, ки ҷараёни кишт ва агротехникаи парвариши он бо истифода аз усулҳои муосир ва кишти пунбадонаи ба иқлими кишвар мутобиқ ба роҳ монда шавад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии вилоят, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2019 кишоварзони вилоят дар майдони 422 ҳазор гектар кишт гузаронида, ба маблағи 14,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 –ум 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 70 ва 30 фоизро ташкил кард.

Ҳарчанд ки дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо моро ҳанӯз қонеъ гардонида наметавонанд.

Кишти зироатҳои баҳорӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 назар ба дурнамо 5,2 фоиз кам буда, бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 фоиз кишти такрории ғалладонагӣ ҳанӯз корҳои зиёдро ба анҷом расонидан зарур аст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.

Бинобар ин, бори дигар роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшанд.

Инчунин оид ба корҳои иҷрошуда, аз ҷумла доир ба вазъи иҷрои супоришҳои иловатан додашуда дар хусуси зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва афзоиш додани кишти ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва картошка ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, бунёди иншооти нигоҳдорӣ ва коркарду бастабандии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир барои истеъмоли дохилӣ ва барои содирот бояд ба роҳ монда шавад.

Соли 2019 аз вилоят ба хориҷи кишвар 90 ҳазор тонна пиёз ва қариб 9 ҳазор тонна мева содирот шуда буд. Ба санаи 26 майи соли 2020 –ум 36300 тонна пиёз содирот гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аммо аз ҳаҷми умумии пиёзи истеҳсолшуда ҳамагӣ 15 фоиз ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Маълум мешавад, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус талаботи кишварҳои шарики асосии тиҷоратиамон ба сабзавоту меваи барвақтӣ, лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза беш аз пеш афзуда истодааст.

Ман ҳанӯз соли гузашта дар мулоқот бо шумо – роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон супориш дода будам, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, инчунин, коркарди онҳо чораҷӯӣ намуда, ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот мунтазам тақвият бахшида, ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа бамаротиб зиёд карда шавад.

Аммо то ҳол дар ҳудуди вилоят корҳо ҷиҳати ташкили маркази логистикӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва иншооти борфарориву боркунӣ дар назди роҳҳои оҳан ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода мешавад, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ҳарчи камтар кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини мунтазами бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ чораҳои таъхирнопазир андешем.

Аз ин лиҳоз, кишоварзони вилоят ва умуман, тамоми кишварро зарур аст, ки истифодаи самараноки заминҳоро таъмин ва барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёдтар ва талаботи аҳолиро ба маҳсулоти ниёзи аввал таъмин намоянд.

Соли 2020 бо ҷалби сармояи ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда ба маблағи 153 миллион сомонӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 5 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардидааст. Инчунин, соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати зикршуда ташкили корхонаи истеҳсоли гӯшти чорво дар ноҳияи Ёвон барои истеҳсоли 1000 тонна гӯшти гов дар як сол ба маблағи 105 миллион сомонӣ бо 32 ҷойи кори доимӣ ва зиёда аз 70 ҷойи кори мавсимӣ дар назар дошта шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 –ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Итминон дорам, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар натиҷаи амалишавии сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар замони истиқлол ҳазорҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Фақат дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 3,1 миллиард сомонӣ сармоя равона карда, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 12800 ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ бо 365 ҷой, дармонгоҳҳо барои 913 қабул ва шифохонаҳо бо 300 кат ба кор андохта шуда, дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ин ҷода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки назоратро ҷиҳати азхудкунии саривақтиву мақсадноки маблағи лоиҳаҳо, бо тарҳи замонавӣ бунёд намудани иншооти пешбинишуда ва минбаъд самаранок истифода кардани онҳо пурзӯр намоянд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ дар вилоят бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ бунёду азнавсозии 112 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят 100 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда бо дарназардошти иқтидорҳои дар вилоят мавҷуда умуман қонеъкунанда нест.

Дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо бо дарназардошти таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳон ва минтақа ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро таҳти назорати доимӣ қарор дода, самаранокии кори онҳоро ҳамасола арзёбӣ кунанд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар ҳисобот манзур намоянд.

Инчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, ба шуғл фаро гирифтани мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, дар муҳлатҳои пешбинишуда татбиқ намудани лоиҳаҳо ва таъмини нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, вусъат додани корҳо дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят зарур аст, то ки ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот боз ҳам осон ва хароҷоти роҳ кам карда шавад.

Ҳоло корҳои сохтмон дар лоиҳаҳои таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Душанбе – Бохтар, Кӯлоб – Муъминобод идома дошта, кор дар самти лоиҳакашӣ ва оғози бунёди роҳҳои Ҳулбук – Темурмалик, Кӯлоб – Муъминобод, Бохтар – Данғара – Кӯлоб, Бохтар – Носири Хусрав ва роҳҳои дигар идома дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки рушди сармояи инсонӣ омили муҳимми пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт мебошад, мо рушди соҳаи илму маорифро дар доираи даҳ афзалияти асосӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян кардаем.

Масалан, дар доираи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, бунёди 566 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки корҳо дар ин самт ҳоло ҳам ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд.

Дар соли 2019 ва чор моҳи соли ҷорӣ дар доираи иҷрои барномаи мазкур 12 ҳазор ҷойи нишаст ва 365 ҷой дар муассисаҳои томактабӣ таъсис дода шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ нарасидани ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят то ба ҳол масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадоранд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи зикршударо таъмин намоянд.

Ҳифзи сиҳатии омма ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки, хусусан, дар шароити имрӯза ниҳоят мубрам гардидааст.

Ман борҳо иброз дошта будам ва бори дигар такрор менамоям, ки саломатии миллат боигарии давлат мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилоят аз 892 ба 1668, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26, марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5 расидааст. Аммо ин нишондиҳандаҳо вобаста ба фарогирии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст бо хизматрасонии тиббӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ зарур аст, ки ба ин масъала, яъне бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184 фоиз) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он – мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд дида, қисми бештари онҳо сӯхта ва харобу валангор шуда буданд.

Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад. Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз 30 апрели соли 2012 бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 – 2015 тасдиқ шуда буд. Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди амалӣ гардидани баъзе корҳо, иҷрои пурраи барнома таъмин карда нашудааст.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор месозам, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои куллан беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Тавре ки вақтҳои охир дар чандин мулоқоту суханрониҳои худ борҳо таъкид кардам, ҳоло кишварҳои ҷаҳон бар зидди бемории коронавирус мубориза мебаранд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар ба пешравиҳои муайян ноил шуда истодаанд. Сокинони кишвари мо низ мушоҳида мекунанд, ки дар натиҷаи кӯшишҳои якҷояи Ҳукумат, сохторҳои давлатӣ ва дастгирии мардум шиддати паҳншавии вирус хеле паст гардид. Бо вуҷуди ин, мо бояд минбаъд низ қоидаҳои тозагӣ, беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибонро риоя кунем.

Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳарвақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини табобатхонаҳо бо маводи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба гирифторони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш ва тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои фаврии иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва табобати беморонро зери назорати қатъӣ гирифта, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастҷамъона ҳаллу фасл намоянд.

Ҳамчунин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор менамоям, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва ҷубронпулию кумакпулиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пешниҳоди сабукиҳо ҳангоми додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони истеҳсолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Илова бар ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Умедворам, ки кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон барои рушди давлати соҳибихтиёри худ дучанд заҳмат мекашанд ва дар пешрафти кишвар чун ҳарвақта саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, махсусан, кишоварзон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд хонаи обод, иқболи нек ва зиндагии орому осуда орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

30.05.2020 Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

30 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат натиҷаи сафари серӯзаашонро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ карда, ба меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолии дохил, содирот ба кишварҳои хориҷ, мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи олии давлат - таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст, Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст. Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд.

Таъкид гардид, ки 92 фоизи нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд. Дар вилояти Хатлон маҳз ҳамин афзалиятҳо ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Соли 2019 дар ҳама категорияҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода шуд, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз ҳудуди вилоят таъмин намоянд.

Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба ифтихори ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва танҳо дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шуда, то охири соли 2020 - ум ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Барои рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъмин намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар чор моҳи соли 2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Зимни суханронии худ раиси вилояти Хатлон аз номи Мақомоти иҷроияи давлатии вилоят ва сокинони он ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо, ташаббусҳои созанда, ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва тадбирҳои арзанда баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардум изҳори сипос карданд.

30.05.2020 Шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи корхонаи саноатӣ дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Данғара

30 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии деҳоти Лолазор бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи мақсадноки замин дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос шуданд.
sahroi.jpg

Иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи ниҳоли хоҷагии деҳқонии мазкур, ки дар масоҳати 13 гектар бунёд шудааст, хоҷагидорон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан машғуланд.

Дар ин ҷо 32 намуди ниҳол аз ҷумла, маржавиники зарафшонӣ, тус, булут, шоҳбулут, серенаи ҳиндуӣ, олуи зинатӣ, корнус, саснаи қримӣ, магнолияи ҳамешасабз, лавлариш, ёс, филгуш, зилол, олучаи мичуринӣ, хурмо, себи самаренка, себи хубонӣ, кипариси аризонӣ, арчаи элдарӣ, акатсияи маҳин, сафора, такпайванди себ, такпайванди нок, такпайванди олуча ва гули садбарг мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ниҳол мавҷуд набуд ва барои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ сокинон аз хоҷагиҳои ниҳолпарвари дигар минтақаҳои мамлакат эҳтиёҷоти худро қонеъ месохтанд.

Хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа аз тухм, қаламча ва дигар роҳу усулҳои муосир ба парвариш ва мутобиқсозии ниҳол ва гуллу буттаҳо машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагидорон барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ ва таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” бо фаъолияти гармхона ва ҷараёни бунёди боғу токзор шинос шуданд.

Масоҳати гармхона ду гектарро ташкил намуда, дар он 1600 бех лиму, 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 10 ҳазор гулу ниҳолҳои хонагӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 80 ҳазор бех ниҳоли гулҳо дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.

Дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни машҳур аз ҷумла, намудҳои салвия, тагетис, тселозия, бегония, колеус, гипоестес, тсиния, пиларгония, алисиум, традескансия, хлорофитум, партулак, хедера хеликс, папоротник, аспарагус, шефлера, фикус, филодендрон, юка, гибискус, питуния ва сукулентӣ мавҷуд аст.

Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” соли 2017 таъсис ёфта, дорои 142 гектар замин мебошад, ки 88 гектари онро боғ ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 33 гектар гелос, 18 гектар олу, 8 гектар зардолу, 4 гектар бодом, 11 гектар писта, 7 гектар нок, 0,60 гектар анор, 0,20 гектар анҷир, 0,80 гектар хурмо, 1,5 гектар олуча, 1,5 гектар чормағз, 0,50 биҳӣ ва 2 гектар токзор мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 12 гектар гандум, чор гектар ҷав, дар миёни қаторҳо 6 гектар полезӣ, як гектар сабзавот ва 0,50 гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Дар ин хоҷагӣ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, хоҷагидорон вобаста ба пайдо гардидани корҳои мавсимӣ ҳамасола шумораи кормандонро ба таври кироя зиёд менамоянд.

Яке аз тадбирҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия замина гузошт, ин обёрӣ кардани заминҳо мебошад.

Дар марҳилаи якум соли 2006 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм соли 2016 1750 гектар ва дар марҳилаи сеюм шуруъ аз соли 2016 то имрӯз 1750 гектар замин обёрӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” оид ба рушди соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор, ба муҳити минтақа мутобиқ кардани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли аз ҷиҳати экологи тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқ намудани дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳату тавсияҳои муфиду судбахш доданд.

Заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи бой, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва тавсияи мутахассисони соҳа аст, ки имрӯз нашъунамои ҳама гуна маҳсулот ва ниҳолҳо дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз солҳои пеш то ба имрӯз сокинони ноҳияи Данғара бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар саҳро ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат шуҳратёр буда, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ва содироти меваю сабзавот нақши бориз доранд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” корхонаи саноатии “Био Тех”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаи истеҳсолӣ ҳамчун маркази илмию амалӣ ҷиҳати пешбурди парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст.

Дар корхонаи истеҳсолӣ коркарди мевагиҳо, аз ҷумла, тут, ангур, зардолу, олуча, дулона, хуч, растаниҳи фенхел, кавар, бобуна, кокутӣ, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим коркардашонро дар шароити хона анҷом медоданд, бо истифодаи технологияи муосири соҳавӣ коркард мешавад.

Инчунин хатҳои технологии корхонаи саноатии “Био Тех” имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои худӣ ва бо ворид намудани консентрати меваҳои тропикӣ, аз ҷумла апелсин, мандарин ва манго ба таври доимӣ истеҳсоли шарбатҳоро ба роҳ монда шавад.

Корхона аз ҷониби шахсони ватандӯсти ноҳия дар ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ бунёд карда шуд. Дар сурати ба иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаи “Био Тех” то 120 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Ҳамаи мутахассисоне, ки ба кор ҷалб шудаанд, сокинони маҳаллӣ буда, шакли истифодаи дастгоҳҳо ва коркарди маҳсулотро омӯхтаанд.

Ҳар як маҳсулоти воридшаванда ба корхона қабл аз коркард дар озмоишгоҳи дохили корхона санҷида мешаванд.

Ба хотири таъмини корхона бо маҳсулот саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” дар масоҳати 5 гектар помидор, 3 гектар маккаи ширин, 3 гектар лубӣ, 1,8 гектар календула, 1,6 гектар ромашка, 1,5 гектар фенхел, 0,50 гектар укроб, 2 гектар лубиё, 0,7 гектар лаблабуи сурх, 0,3 гектар мармарак, 0,25 гектар кокутӣ, 0,50 гектар анҷибарҷ кишт карда, ҳамчунин наздики 3 ҳазор дона кавар ва 3 ҳазор дона хуч шинонидаанд.

Таҷриба ва натиҷаи ба даст овардаи саҳмдорони хоҷагӣ собит сохт, ки дар дилхоҳ мавзеъ бунёди боғу токзор, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст, дар сурате, ки ҳангоми шинонидану кишт ва нигоҳубин ҳама талаботи соҳаи кишоварзӣ риоя карда шавад.

Имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳияи Данғара сертарадуд буда, барои истифодаи оқилона аз обу замин ҳамҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат намудан барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стретегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” мебошад.

Таҷриба собит намуд, ки давоми солҳои охир аз худ кардани заминҳои бекорхобида ва бо ҷойи кор фаро гирифтани шаҳрвандон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисоди ноҳия такон бахшидааст.

Иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон барои зиёд шудани боғҳои намунавӣ ва ба барқарор намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда дар ноҳияи Данғара имконият фароҳам овард.

Ба хотири нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳои шифобахш дар тобеияти хоҷагӣ сардхона сохта шудааст, ки ғунҷоишаш аз се то чор ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 598 миллиону 837,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли 2019 47 миллиону 693 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар чор моҳи соли 2020 437 ҷойи корӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо таъсис дода шуд, ки нисбати соли гузашта 176 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Данғара дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бунёду ба истифода додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатию қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии имконоти васеъ барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорони ватанӣ ба пешрафти ин соҳа дар ноҳияи Данғара заминаи устуворро фароҳам овардааст.

Тибқи нақша ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашнҳои миллӣ дар ноҳия сохтмони чанд корхонаи саноатии дигар низ идома дорад, ки ин омил баробари суръат бахшидан ба тавлиди маҳсулоти ватанӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Баъди шиносоӣ бо Хоҷагии деҳқонии “Хуросон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи фаъолияти саҳмдорони изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

30.05.2020 Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи истеҳсолии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара

30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» боздид ба амал оварданд.

Самти асосии Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд.

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, хоҷагидорон дар замин асосан ғалла кишт мекунанд.

Тибқи нақша соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст, ки ин аз оқилонаву самаранок истифода шудани ҳар қитъа замини корам ҷиҳати ба даст овардани ҳосили баланд шаҳодат медиҳад.

Қариб 200 гектар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»и ноҳияи Данғара обӣ буда, замини он ҳосилхез мебошад. Дар замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат-Данғара кишт карда шуда, ҳамасола ҳосили баланди ғалла ба даст оварда мешавад. Мувофиқи иттилоъи масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи «Фарҳоди», ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст.

Ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Зеро барзгарон бо мақсади ба даст овардани ҳосилнокии баланди ғалла, таъмин намудани хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тухмии аълосифат навъҳои гандуми ҳосилдеҳи ғалларо кишт намудаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъу намои замини ғаллаи Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бояд зикр сохт, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии ғалла ва офаридани навъҳои тухми гандуми ба иқлими ноҳия мусоид бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ғаллакор маҳсуб ёфта, кишоварзон бо гирифтани ҳосили фаровони гандум дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ноҳияи Данғара ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ғалла ва ба даст овардани ҳосили баланд тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуда, заминҳои лалмии ноҳия, ки дар бештари онҳо гандум кишт карда мешавад самаранок истифода бурда мешаванд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, бо истифода аз техникаҳои муосир саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили замини ғаллазор ва ба ҷойи он гузаронидани кишти такрорӣ ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

29.05.2020 Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуш боздид ба амал оварданд.

Ҳадаф аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бад-ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

49947855412_121846e65b_c-e1590731304482.jpg

Тибқи иттилоъ хоҷагидорони 20 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар намоишгоҳ дастранҷи хешро ба миқдори 1 ҳазору 650 килограмм гушти гов ва маҳсулоти гуштӣ, 10 ҳазор дона тухм, 6 ҳазор килограмм навъҳои гуногуни картошка, 4 ҳазору 550 килограмм ду навъи помидор, 6 ҳазору 250 килограмм ду навъи бодиринг, 5 ҳазору 950 килограмм карам, 1 ҳазору 400 килограмм меваи хушк ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 24 миллиону 284 ҳазор донна тухм истеҳсол намудаанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Дар ноҳияи Данғара дар ду корхонаи парандапарварии Кооперативи тиҷоратии ба номи “Раҳмонҷон”, танҳо дар 4 моҳи соли равон зиёда аз 10 тонна гӯшт ва 1 миллиону 504 ҳазору 500 дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва саҳми заҳматкашони он дар расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ арзандааст.

Пешвои миллат ба масъалаи истифодабарии оқилонаи заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида таваҷҷӯҳи махсус доранд. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, маҳз ноҳияи Данғара ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ имкониятҳои бениҳоят зиёд дорад ва дар сурати ҳадафмандона истифода гардидани содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар меафзояд.

Соли 2019 танҳо дар ноҳияи Данғара ба миқдори 4 ҳазору 794 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки аз ин шумора 500 тонна ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 1 майи соли ҷорӣ 72,7 миллион сомониро ташкил намуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд гардидааст, ки 104 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосири соҳаи кишоварзӣ, тайи солҳои охир пешравиҳои зиёд ба назар мерасад.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 881 тонна расонида шуда, чорводорон 92 ҳазору 276 тонна шир истеҳсол намудаанд.

Дар намоишгоҳ намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонони вилоят, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабу, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай ба маъраз гузошта шуда буд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони вилоят дар майдони 125,5 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузарондаанд ва аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 55 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳо кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Тибқи дурнамо дар ҳудуди вилоят дар майдони беш аз 6 ҳазору 340 гектар картошка кишт шудааст. Нашъунамои он низ хуб буда, навобаста аз он ки ҳосилғундорӣ то ҳанӯз идома дорад, деҳқонон умед доранд, ки ҳосили фаровон мерӯёнанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд.

Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон бо меваҳои шаҳдбораш на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳамасола боғдорони вилоят ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Ба мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар вилояти Хатлон дар майдони 1 ҳазору 223 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз ин 180 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад.

Роҳбари давлат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят дучанд намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони вилоят имрӯз Хатлон ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ торафт бештар мегардад.

23.05.2020 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Имсол мардуми сайёра, аз ҷумла мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин беморӣ қариб 200 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, беш аз 4 миллион нафар сокинони сайёра ба он гирифтор шуданд ва ҳазорон нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад. Вале мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд.

Дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам.

Ман вақтҳои охир дар чандин суханронии худ ба мардуми Тоҷикистон такрор ба такрор муроҷиат кардам, ки аз тарафи ҳар як сокини кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таври қатъӣ риоя карда шаванд.

Дар хотир бояд дошт, ки риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсӣ на танҳо шарти муҳимми ҳифзи саломатист, балки тибқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу таборон, ҳамсояҳову атрофиён ва риояи одоби бародариву мурувватро бо дӯстону ҳамкорон талқин мекунад.

Инчунин, раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад.

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.

Тарбияи фарзандони солеҳ, баодобу соҳибмаърифат ва таблиғи илму дониш низ аз ҷумлаи корҳои шоистаи ҳар як инсони солимфикру имондор мебошад. Дини мубини ислом ба ин масъалаҳо низ арҷи зиёд мегузорад.

Воқеан, ҳанӯз аз нахустин асрҳои густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи миллати фарҳангиву соҳибтамаддуни тоҷик, хусусан, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаву афкори инсондӯстӣ, маърифатҷӯӣ ва фарҳангпарварӣ саҳми беназир ва бесобиқа гузоштаанд.

Аслан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат ва тарбияи наслҳо дар рӯҳияи ҷустуҷӯи илму дониш яке аз асосҳои муҳимтарини таълимоти аҷдоди бузурги мо будааст. Ба қавли як қатор ҳадиснависон Пайғамбари ислом ақлу заковати ниёгони маърифатпарвари моро ситоиш намуда, дар сӯҳбате таъкид кардааст: - "Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд".

Ба шарофати саъю кӯшиши чунин бузургони миллат буд, ки дар замони Сомониён китобхонаҳо бунёд шуда, фаро гирифтани илмҳои замон барои ҳар як толибилму маърифатҷӯй фарз дониста мешуд. Дар он даврон омӯзиши донишҳои дунявӣ дар баробари илмҳои динӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ки дар натиҷа аз миёни ачдоди мо дар тӯли ду-се асри баъдӣ даҳҳо нафар нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расиданд. Яъне дар ниҳоди миллати мо ҷустуҷӯйи илм ва танҳо бо ҳамин роҳ обод нигоҳ доштани рӯзгор аз қадим сиришта шудааст.

Имрӯз низ маҷрои тезутунди асри нав ва пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника ва технологияҳо дар миқёси ҷаҳон моро водор месозад, ки барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишварамон аз кашфиёту ихтирооти илму дониш, тафаккури пешрафтаи башарӣ, дастовардҳои навтарини техникаву технологияҳо ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилоот ва коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Зеро бе маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии васеи муосир, тафаккури рушдёфтаи техникиву технологӣ, қобилияти баланди коршиносӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди ҷаҳонишавӣ баробар қадам задан мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман дар мулоқоту суханрониҳои худ масъалаи зарурати дастгирии соҳаи илму маориф ва рушди илму техникаро ҳамеша таъкид мекунам.

Бемории коронавирус нишон дод, ки мо дар ин самт, хусусан, дар масъалаи омода кардани кадрҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ҳанӯз чӣ қадар мушкилоти зиёд дорем.

Модоме ки мо худро вориси Синои бузург мешуморем, бояд ҳарчи зудтар ин камбудиҳоро бартараф созем. Дар навбати аввал, масъалаи норасоии кадрҳои баландихтисосро ҳал кунем. Ба истеҳсоли таҷҳизоти тиббиву доруворӣ эътибори фаврӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то муҳтоҷи дигарон набошем.

Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ва мусулмони равшанфикр ин аст, ки дар баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии хешро низ ба ҷо орад. Яъне кӯшишу талоши худро ба пешрафту ободии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин комёбиҳои мо мебошанд, инчунин, дастгирии илму маориф ва тарбияи кадрҳо, аз ҷумла мутахассисони сатҳи баланди касбият барои соҳаи тандурустӣ равона созад.

Ҳамчунин, бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем, ба хотири таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон барои мо ҳамаи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад ва мо бояд танҳо дар асоси он кору зиндагӣ кунем. Зеро дар ҳамаи давру замонҳо риоя накардани қонун боиси фалаҷ шудани шохаҳои ҳокимият ва рукнҳои давлатдорӣ мегардад, ки оқибатҳои он бисёр фоҷиабор аст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям: мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки дар вуҷуди ҳар як фарди Ватан ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, азми қавии созандагӣ ва ободонии Ватан, кӯшиши илму донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ ба манфиати пешрафту тараққиёти кишварамон амиқ ҷой дошта бошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, самимона дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят намоем ва дар таълиму тарбияи замонавии онҳо тамоми имкониятҳоро сафарбар созем.

Ҳадафи асосии мо аз эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ҳарчи бештар шавқманд кардани наврасону ҷавонон ба омӯхтани илмҳои дақиқ, ташаккулу тавсеаи тафаккури техникии аҳолӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани пешрафти ҷомеа ва давлатамон мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар яки мову шумо дар рӯзҳои ид ва умуман, ҳамеша илова ба анҷом додани фаризаҳои динӣ ва амалҳои хайру савоб бояд ба тозагӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем. Ин масъала, яъне тозагӣ ва эҳтиёт, хусусан, дар мавсими хуруҷи беморие, ки имрӯзҳо идома дорад, барои ҳар як шахс ҳаётӣ ва заруру ҳатмист.

Дар баробари ин, ба ҳамватанони азизам муроҷиат мекунам, ки аз ин рӯзҳои сахт набояд дилшикаставу ноумед гарданд. Зеро ин рӯзҳои мушкил низ мисли дигар давраҳои сахту сангин ҳатман мегузаранд.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама, саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!


22.05.2020 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Ҷавонони азиз!

Ҳамаи шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат самимона табрик мегӯям.

Бо дарназардошти он, ки ҷавонон нерӯи бузурги ҷомеа мебошанд, мо илова ба мақоми ваколатдор доир ба пешбурди сиёсати давлат оид ба ҷавонон боз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем.

Яъне мо ба ҳаллу фасли масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, такмили боз ҳам бештари заминаи ҳуқуқии соҳа ва муҳайё кардани шароити мусоид барои онҳо дар ҳамаи арсаҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем.

Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доранд.

Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми назаррас мегузоранд. Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд.

Ҷавонон, инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.

Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзиш, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.

Доир ба ин масъала ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардам, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, худи ҷавонон бо истифода аз қобилият ва донишу малакаи хеш ташаббускору фаъол бошанд.

Бо мақсади рушди деҳот ва дастгирии аҳолии он, ки аксарияти сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавононро ташкил менамоянд, мо солҳои 2019 – 2021 -ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем.

Дар татбиқи ин ҳадафи Ҳукумат бояд аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, занон ва оила, сохтору мақомоти марказиву маҳаллии давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳарчи бештар фаъол бошанд. Бахусус, раисони шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавононро зарур аст, ки фаъолияташонро дар самти бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои соҳибкорӣ, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.

Бовар дорам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии ба нақша гирифташуда фаъолона ширкат карда, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд.

Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.

Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ ва дар кору фаъолияти созандаашон иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!

20.05.2020 СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!

  Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.

  Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд.

  Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст.

  Ҳакими бузург, инчунин, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст.

  Табиби ҳозиқ дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки: — «Воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ӯ имрӯз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд.

  Зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва баъдан коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст.

  Аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо низ сироятёбӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки дар ин бора Сарвазири мамлакат, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муфассал гузориш медиҳанд.

  Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.

  Табибони мо дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути телевизиону радио ва дар тамоми маҳалҳои зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт оғоз карданд ва варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Чунин корҳои ташвиқотӣ имкон доданд, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар фикри ҳифзи саломатии худ бошанд.

  Бинобар ин, аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, тани сиҳат ва барори кор мехоҳам. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2 фоиз, сил 10,2, саратон қариб 37 ва вируси норасоии масунияти одам 17,4 фоиз кам мебошанд.

  Мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис додем. Инчунин, ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд.

  Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем.

  Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

  Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

  Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад.

  Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.

  То имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.

  Вақтҳои охир ман борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда будам. Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад.

  Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

  Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти ситодро ҷиҳати пешгирӣ кардан ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ ҷоннок карда, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои фаврӣ андешад.

  Ба Сарвазири мамлакат супориш дода мешавад, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор намояд.

  Ғайр аз ин, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат тадбирҳои иловагии зерин бояд татбиқ карда шаванд:

  1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа саривақтӣ гузориш пешниҳод намояд. Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

  Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки:

     — барои омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис диҳад;

    — таъминот бо доруворӣ, либосҳои муҳофизат ва маводи зиддивирусиро дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро ҳар рӯз бо Ситоди ҷумҳуриявӣ мувофиқа созад;

    — табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтихоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд;

   — барои риояи қоидаҳои беҳдоштии ҳар як сокини мамлакат варақаҳои тавсиявиро паҳн намояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути табибону мутахассисон ҷоннок гардонад;

  — дар раванди пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби равоншиносон барои ба мардум фаҳмонидани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад;

  — аз ҳисоби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, сабабу оқибатҳои ин бемориро муайян намояд ва ҷиҳати амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад;

 — бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фарматсевтӣ» чораҷӯӣ намояд;

 — якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ҳарчи зудтар ба роҳ монад;

 — марказҳои солимгардонӣ ва дигар марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намояд, ки фаъолияташонро дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ пурзӯр гардонанд;

 — бо ҷалби олимон ва табибону мутахассисони баландихтисос тавассути шабакаҳои телевизиону радиои марказиву маҳаллӣ мунтазам барномаҳо ташкил карда, фаҳмонидани қоидаҳои беҳдоштиву тозагӣ, тарзи пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо забони одӣ ва ба мардум фаҳмо идома дода шавад;

 — Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав барномаи давлатии ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, инчунин, дар истеҳолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизатро таҳия карда, дар давоми ду моҳ пешниҳод намоянд.

  2. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати дорувории воридшаванда диққати аввалиндараҷа дода, ворид шудани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро пешгирӣ кунанд.

  3. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумакҳои моддӣ ва маънавӣ расонанд ва беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва маводи ғизоӣ таъмин намоянд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар се рӯз ба Ситоди ҷумҳуриявӣ гузориш диҳанд.

  4. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории КОВИД – 19 дар ҳайати табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо Шӯрои байниидоравӣ таъсис дода шавад.

  5. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо олимони соҳаи тиб ва табиатшиносӣ истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитариро ба таври фаврӣ зиёд намояд ва дар ҳар як ҷаласаи ситод доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш диҳад.

  Дар баробари ин, механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

  6. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонида шудаанд, таъмин намоянд.

  Ситоди ҷумҳуриявӣ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

  7. Ба роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб супориши қатъӣ дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.

  Онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад. Чунки як шарти муҳимми табобат забони ширини табиб аст. Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем.

  8. Тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки ба кишвар маводи доруворӣ ворид менамоянд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаронида шуда, талаботи аҳолии мамлакат бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоту ашёи тиббӣ сари вақт таъмин карда шавад. Вазъияти баамаломада бори дигар андешаву таъкидҳои дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар зикргардидаро исбот намуд.

  Яъне табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол мо корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд.

  Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро таҳия карда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

  9. Тавре мутахассисони соҳаи тиб, бахусус, равоншиносон медонанд, тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд. Ба гурӯҳи чунин бемориҳо диабети қанд, саратон, бемориҳои қалб, гепатит ва баъзе бемориҳои дигар дохил мешаванд. Ҳар як шахс бояд дар мавриди эҳсоси нороҳатӣ ва пайдоиши нишонаҳои беморӣ бидуни тарс ба табибон муроҷиат намояд, то ин ки табобати он ҳарчи зудтар оғоз карда шавад.

  Мо бояд бовар дошта бошем, ки бемории коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳое, ки ҳолатҳои вазнинкунандаро пеш меоранд, табобатшаванда мебошад.

  10. Мехоҳам як нуқтаи муҳимро такроран таъкид намоям. Пайдоиш ва дар саросари олам бо суръати тез паҳн гардидани ин беморӣ аксари кишварҳои мутараққӣ ва аз лиҳози технологӣ пешрафтаву дорои иқтидори бузурги саноати дорусозиро дар ҳолати ногувор ва саргумӣ қарор дод.

  Чунин вазъ барои мо сабақ мебошад ва мову шуморо водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди саноати дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешем. Зеро дар чунин шароити вазнину ҳассос касе дар фикри касе нест ва табиист, ки дар чунин ҳолатҳо ҳар як кишвар бо ҳалли мушкилоти худаш банд мешавад.

  Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо мебошад.

  11. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дода мешавад, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

  Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро мегирем ва барои ҳамватанонамон фазои мусоиди орому осударо муҳайё намуда, ба корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем.

  Ҳамчунин, мехоҳам сипоси худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён намоям, зеро мебинам, ки сокинони мамлакат аз пойтахт сар карда, тавсияҳои табибону мутахассисонро риоя карда истодаанд.

  Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад.

  Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем.

  Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрӯз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад.

  Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд.

  Ҳамчунин, бо итминон изҳор менамоям, ки табибони мо аз уҳдаи ҳалли душвортарин масъалаҳо мебароянд ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ ва табобати он низ бо камоли масъулият ва эҳсоси гарми инсондӯстӣ ғолиб мебароянд.

  Дар охир ба ҳамаи шумо — табибон ва ҳамшираҳои шафқат барори кор орзу менамоям. Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост. Мо ҳама якҷо дар ин мубориза ҳатман дастболо мешавем ва солимии мардуми кишварамонро таъмин мекунем.

  Саломату сарбаланд бошед!

05.05.2020 Интиқоли маблағ ба суратҳисоби бонкии хайриявии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия

Роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохторию ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат дар мубориза бо вируси сироятии нави коронавирус “СOVID−19” ва амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии он дар кишвар аз ҳисоби музди меҳнати худ ба суратҳисоби хайриявии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ба маблағи 104 500 сомонӣ интиқол доданд.

Ҳамчунон, Кумита бо тасмим маълум менамоянд, ки ин иқдом маврид ба маврид идома хоҳад ёфт.

02.05.2020 МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА СОКИНОН ВА МЕҲМОНОНИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 01 МАЙИ СОЛИ 2020

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Роҳбарияти шаҳри Душанбе эҳтиромона ба маълумоти шумо мерасонад, ки дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимамалкунанда доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият дорад ва то имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Барои аҳолии шаҳр ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст.

Фаъолияти муназамми тамоми бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад.

Бинобар ин, аз ҳар як сокини пойтахт ва меҳмонони он хоҳиш карда мешавад, ки, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Аз падару модарони муҳтарам даъват мекунам, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад.


Сокинони муҳтарами пойтахт!

Дар ҷойи кор, нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти суҳбат ва гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоед.

Ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо даст салом накунед, фосилаи муайянкардаи табибонро риоя намоед, яъне ҳангоми суҳбат аз ҳамдигар якуним – ду метр қарор дошта бошед.

Баъди дар кӯчаву боғҳо сайругашт кардан дастони худро бо собун шустушӯ намоед ва бо маҳлули зиддисироятӣ тоза кунед.

Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии амиқ дошта, иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд.

Ҳангоми пайдоиши аломатҳои беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур аст.

Яъне ҳамаи мо бояд дар фикри саломатии аҳли оилаи худ бошем ва бо худмуолиҷакунӣ машғул нашавем.

Як нуктаи муҳимро дар назар бояд дошт, ки ин беморӣ танҳо аз одам ба одам мегузарад, яъне паҳнкунандаи вирус худи инсон мебошад.

Ҳамчунин, ба маълумоти шумо расонида мешавад, ки ҳамаи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як шахси муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалия расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, табибони оилавӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ телефонҳои боварӣ (223 22 14; 227 31 74) фаъол буда, шаҳрвандон метавонанд ба воситаи ин рақамҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба шахсони масъул муроҷиат намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо эътимоди комил ба сокинони пойтахт изҳор медорад, ки мо бо саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси пойтахти азизамон ин мушкилотро, ки гузаранда мебошад, паси сар мекунем ва минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти шаҳрамон, яъне пойтахти Тоҷикистони маҳбубамон аҳлона заҳмат мекашем.

Дар баробари ин, роҳбарияти шаҳр тамоми имконияту захираҳоро сафарбар месозад, ки барои сокинони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварад ва ҳамаи чораҳои бехатариро доир ба ҳифзи саломатии ҳар як сокини пойтахт амалӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи роҳбарону табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасони беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам.

Аз ҳар кадоми онҳо хоҳиш менамоям, ки ба муроҷиати шаҳрвандони пойтахт бо масъулияти баланд таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва ҳатмӣ зоҳир намоянд, муомилаву муоширати хуб дошта бошанд ва рисолати аслии худ - хизмат ба мардумро фаромӯш накунанд.

Тамоми сокинони пойтахтро даъват мекунам, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғу ғаразнок бовар накунанд, босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшиши муштарак аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди пойтахти азизамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони сарбаланди он сафарбар менамоем.


Раиси шаҳри Душанбе,

Раиси Маҷлиси миллии Рустами

Маҷлиси Олии Эмомалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.04.2020 Кушодашавии суратҳисобҳо барои кумакҳои башардӯстона

Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва интиқоли вируси сироятии нави коронавирус “СOVID−19”, суратҳисобҳои бонкӣ (бо асъори миллӣ - сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ) дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд.

Маблағҳои ба суратҳисобҳо воридшуда барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди пандемияи коронавирус “СOVID−19” ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолии кишвар равона мегарданд.

Соҳибкорон, шахсони воқеиву ҳуқуқии маҳаллӣ ва хориҷӣ метавонанд бо иқдоми неки худ саҳми худро гузоранд.


Нишонаҳои бонкӣ оид ба суратҳисобҳои кушодашуда барои пандемия COVID-19



  1. Бо пули миллӣ (сомонӣ):



Бонк:

Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


РМБ:

350101800


Суратҳисоби муросилотӣ:

22402972000002


Суратҳисоб:

20204972064010100446


Қабулкунанда:

Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон



  1. Бо доллари ИМА:


Бонк-корреспондент:


Commerzbank, AG

Frankfurt-am-Main, Germany

SWIFT:COBADEFF

Acc. No. 400886748300 USD

Бонк бенефициар:

National Bank of Tajikistan, Rudaki avenue 23/2

734025, Dushanbe

SWIFT: NATJ TJ 22

Acc. No. 22696840718009

Бенефициар:

Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan


  1. Бо рублӣ русӣ:




TRANSKAPITALBANK PAO



к/с 30101810800000000388

в ГУ Банка России по ЦФО

БИК: 044525388

27/35, Vorontsovskaya street, Moscow, 109147

Russia



SWIFT: TJSCRUMM

Acc.No. 30111810000000000062

Национальный банк Таджикистан

SWIFT:NATJTJ 22



Acc. No. 22696810818007




Министерство финансов Республики Таджикистан





14.04.2020 Тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ дар шароити пандемия

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва эҳтимолияти таъсири манфии он ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат ба роҳандозии ташаббусҳои ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки дар вазъияти баамаломада аҳамияти боз ҳам баландро ба худ касб менамоянд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ тавассути рақамигардонии махзани маълумоти вазорату идораҳои давлатӣ, муосиргардонии хизматрасониҳо ба соҳибкорону аҳолӣ, роҳандозии расмиёти мустақим дар реҷаи онлайн, коҳиш додани вақт ва хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин радиф, тадбирҳои зеринро метавон қайд кард:

1. Тавассути қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2019, №605 ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки бо патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд”, шахсони воқеӣ тибқи номгўи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз пардохти андозҳо озод мегарданд. Ин тадбир барои муайян намудани мақоми ҳуқуқии соҳибкорони инфиродӣ ва таъмини дастрасии онҳо ба имтиёзҳои молиявӣ, қарзҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва дигар имкониятҳои васеи дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи ин тағйирот инчунин имтиёзҳои андозӣ барои бонувони соҳибкор дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд дар шакли пурра озод кардан аз тамоми андозҳо пешниҳод мегардад.

2. Барои аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ройгон пешниҳод намудани иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба бақайдгирӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” таҳия ва аз 02.01.2019, №1680 ва №1681 қабул карда шудаанд. Дар ин замина, хароҷоти расмиёти бақайдгирӣ, ки қаблан 1485 сомонӣ = 25*55 сомонӣ (боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ) +2*55 сомонӣ (пардохт барои иқтибос аз феҳрист) ба сифр баробар карда шуд.

3. Бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз ба соҳибкорон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ҷиҳати аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида аз 2 январи соли 2020, №1676 ворид карда шуд. Тибқи методологияи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ин тадбир ба коҳиш ёфтани сарбории андозӣ ба 17,68%, яъне аз 67,3% то 49, 62% мусоидат хоҳад намуд.

4. Аз 16 декабри соли 2019 фаъолияти Маркази “Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар реҷаи мустақим оғоз шуд. Бо ҷорӣ гардидани Равзанаи ягона субъектҳои соҳибкорӣ ва корхонаи тиҷоратӣ метавонанд барои гирифтани иҷозат ба номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи реҷаи онлайн тавассути портали www.memori.tj. аризаи худро пешниҳод намоянд. Ба Равзанаи ягонаи мазкур 12 мақомоти иҷозатдиҳанда пайваст шудаанд, аз ҷумла Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик”, Шабакаи гармидиҳии шаҳрӣ, КВД “Обу корезии шаҳри Душанбе”, Хадамоти алоқаи шаҳрӣ ва дигар мақомот. Механизми “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон, ба корхонаҳо барои сабти ном ва дархост намудани иҷозати сохтмон бидуни боздид аз мақомоти иҷозатдиҳанда кӯмак менамояд. Ин усул ба соҳибкорон барои барканор намудани он душвориҳое, ки дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ пеш меомад, мусоидат менамояд.

Механизми “Равзанаи ягонаи иҷозати сохтмон” имкон медиҳад, ки 40 фоизи вақт барои гирифтани иҷозате, ки дар шаҳри Душанбе дода мешаванд ва 74 фоизи хароҷоти бахши хусусӣ, ки 700000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, сарфа карда шавад. То ба имрӯз тавассути “Равзанаи ягона” 55 иҷозати нави сохтмонӣ дода шудааст ва бисёр аризаҳои иловагӣ баррасӣ карда шудаанд.

5. Тибқи Фармони Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик», №161 аз 25 декабри соли 2019 омода ва пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ аз санаи 1 январи соли 2020 ба зиммаи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» вогузор карда шуд, ки барои бо риояи талаботи Равзанаи ягона дар муҳлати муқарраршуда (5 рўз) бо линки http://dges.tj/. дар реҷаи онлайн пешниҳод намудани шартҳои техникӣ замина фароҳам меорад.

6. Низоми “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии амволи ғайриманқул дар заминаи муттаҳид гардидани панҷ вазорату идораи давлатӣ ва роҳандозии барномаи электронии Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон (САБТ), Феҳристи молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, инчунин Феҳристи электронии маълумот оид ба уҳдадории (гарав, қарз, маҳдудият) молу мулки ғайриманқул дар пойгоҳи махзани барномаи электронии САБТ таъсис дода шуда, дар сомонаи www.baqaydgiri.tj, геопортали амволи ғайриманқул ва сомонаи www.geoportal.tj дар реҷаи 24/7 рўз ройгон, мустақим дастраси ҳамаи шаҳрвандон гардонида шудааст.

7. Бо мақсади соддагардони расмиёти тиҷорати беруна низоми “Равзанаи ягона” барои амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ роҳандозӣ гардида, барои пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ бо истифода аз Системаи иттилоотии ягона созишномаҳои дахлдор бо 10 мақомоти ваколатдор ба тасвиб расидаанд.

8. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук оид ба ҷорӣ кардани консепсияи Оператори ваколатдори иқтисодӣ ва (ё) тоҷири соҳибэътимод таҳия ва аз 02.01.2020 сол, №1678 қабул карда шуд, ки ба роҳандозии меъёрҳои хавф дар дар фаъолияти мақомоти гумрук ва сарҳад, инчунин соддагардони расмиёти тиҷорати беруна мусоидат менамояд.

9. Барои баланд шудани сатҳи шаффофият ва эътимоди ҷомеа нисбат ба судҳо ва мақомоти судӣ, сомонаҳои Суди олии иқтисодӣ www.soi.tj , суди иқтисодии шаҳри Душанбе www.si-dushanbe.tj, суди иқтисодии вилояти Хатлон www.si-khatlon.tj ва Суди иқтисодии вилояти Суғд www.si-sugd.tj такмил дода шуда, дар он хабарнома оид ба таърихи баррасии парвандаҳои судӣ, маҷмуаи қарорҳои Суди олии иқтисодӣ, телефони боварӣ ва суроғаҳои электронии судяҳо барои қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷойгир карда шудаанд.

10. Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи ипотека” аз 2 январи соли 2020, №1685 бо мақсади мусоидат ба соддагардонии руёниши қарз аз фурўши амволи багаравгузошташуда бо тартиби ғайрисудӣ ва баланд бардоштани шафофияти раванди мазкур қабул гардидааст.

Интизор меравад, ки татбиқи амалӣ ва истифодаи васеи ташаббусҳои болозикри ислоҳот ба беҳтар гаридани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Мақсади асосии ислоҳот, татбиқи самараноки натиҷаҳои он барои беҳбуди шароити пешбурди соҳибкорӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин таклифу пешниҳодоти шуморо оид ба татбиқи воқеии қоидаҳои нави пешбурди соҳибкорӣ барои саривақт бартараф намудани камбудиву нуқсонҳо интизорем.

14.04.2020 Соддагардонии расмиёти бақайдгирӣ ва оғози фаъолияти соҳибкорӣ

Тавре иттилоъ дорем, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, дар соли 2020 мавқеи худро 20 зина боло бурда, ҷои 106-умро ишғол намуд ва ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардид.

Яке аз нишондиҳандаҳое, ки ба натиҷаҳои ҳисобот таъсири мусбӣ расонид, соддагардонии расмиёти бақайдгирӣ ва оғози фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи низоми электронии ягона ба барномаи ба таври автоматӣ пешниҳод кардани рақами мушаххаси суғуртакунанда дар як вақт бо рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзи оморӣ ворид карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки рақами мушаххаси суғуртакунанда дар доираи низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ тибқи муҳлати дар қонунгузорӣ муқарраршуда (3-5 рўз) барои соҳибкорон пешниҳод карда мешавад.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” таҳия, аз 2 январи соли 2020 тамоми расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ройгон анҷом дода мешавад. Пас аз қабули қонунҳои мазкур, (аз 8 январ то инҷониб) зиёда аз 2600 субъектҳои соҳибкорӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз 1 январи соли 2018 дар сомонаи Кумитаи андоз модули алоҳидаи хизматрасонӣ мавриди амал қарор гирифт. Ин имкон медиҳад, ки муроҷиаткунандагон бе ташриф овардан ба мақомоти андоз ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд. То 1 марти соли 2020 зиёда аз 14530 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ (таъсисёбӣ, ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ғайра) ба тариқи электронӣ муроҷиат намудаанд.

Ба иттилои хонандагон мерасонем, ки нашри натиҷаҳои нишондиҳандаҳои дигари ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” дар сомонаи Шўро идома меёбад.

14.04.2020 Инициативы реформ Правительства Республики Таджикистан в условиях пандемии

Правительство Республики Таджикистан в условиях распространения COVID-19 в мире и вероятности его негативного влияния на развитие предпринимательской и инвестиционной деятельности в нашей стране, уделяет особое внимание инициативам реформ по упрощению процедур регулирования бизнеса, которые приобретают все большую актуальность.

В этой связи, Правительством осуществляется целый ряд реформ, направленных на улучшение бизнес климата, посредством цифровизации базы данных министерств и ведомств, модернизации государственных услуг предпринимателям и населению, внедрения онлайн процедур, снижения временных и денежных затрат ведения бизнеса.

В частности следует особо подчеркнуть:

1. Согласно изменениям и дополнениям к «Правилам налогообложения индивидуальных предпринимателей» от 30 ноября 2019 (№605) индивидуальные предприниматели, осуществляющие свою деятельность на дому, с 1 января 2020 года проходят государственную регистрируются бесплатно в налоговых органах, получают патент, и освобождаются от оплаты налогов. Это позволяет ремесленникам и другим надомным предпринимателям определить свой правовой статус и получить доступ к другим широким возможностям для развития и расширения своей деятельности, к примеру, получение льготных кредитов, грантов и другого вида поддержки.

Также в рамках этих изменений предоставляются налоговые льготы для женщин предпринимателей в период декретного отпуска.

2. В соответствии с изменениями и дополнениями в Законы Республики Таджикистан «О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей» и «О государственной пошлине» для освобождения государственной регистрации предпринимательских субъектов от оплаты госпошлины от 2.01.2020, №1680 и №1681 упразднены государственная пошлина за государственную регистрацию субъекта предпринимательства и сбор за выписку о регистрации из государственного реестра. Теперь затраты на государственную регистрацию субъектов предпринимательства, составлявшие ранее 1485 сомони = 25*55 сомони (госпошлина за гос. регистрацию) +2*55 сомони (сбор за выписку о регистрации)[1], сведены к нулю.

3. С целью снижения налогового бремени на предпринимательские субъекты упразднена 1% ставка налога на прибыль посредством внесения изменений и дополнений в Налоговый Кодекс, Постановлением Правительства от 02.01.2020, №1676. Согласно методологии отчёта “Ведения бизнеса” это будет способствовать снижению общей налоговой нагрузки на 17,68%, т.е. с 67,3% до 49, 62%.[2]

4. С 16 декабря 2019 года внедрён центр “Единого окна” в градостроительной деятельности в городе Душанбе, объединивший 12 различных разрешительных органов и функционирующий в режиме онлайн для получения технических условий подключения к электросетям, системе водоснабжения, канализации, теплосетям и другим инженерным системам в течение 10 дней. Теперь хозяйствующие субъекты и коммерческие предприятия смогут подавать заявки в режиме онлайн на имя Исполнительного органа государственной власти города Душанбе для получения разрешения на строительство посредством портала Главного управления архитектуры и градостроительства города Душанбе www.memori.tj. На данном сайте размещен перечень документов, необходимых для получения разрешений на строительства и образцы документов, платформа для регистрации и открытия аккаунта и электронной подачи заявки на получение технических условий, АПЗ и разрешения на строительство.

Такой подход помогает заявителям избегать трудностей, с которыми они сталкивались в ходе подачи заявок в бумажной форме. Несколько лет назад этот процесс, предусматривал посещение ряда учреждений и коммунальных служб в Городской администрации и документов и отнимал много времени, теперь же весь процесс может быть завершен 10 дней несколько дней (раньше 45 дней), независимо от того, подаете ли вы заявку на получение разрешения на строительство или заявку на оценку архитектурно-планировочное задания или разрешение от коммунальных служб, согласование технических паспортов и т.д. Объединение же 12 государственных ведомств в «Единое окно» означает объединение 12 процедур в одну процедуру через автоматизированную единую систему.

Ожидается, что механизм «Единое окно разрешений на строительство», позволит сэкономить как минимум 40 процентов времени, необходимого для получения разрешений, связанных с городом Душанбе, и 74 процента сопутствующих расходов, что приведет к ежегодной экономии затрат на соблюдение требований частным сектором в размере не менее $700 тыс.

5. С 1 января 2020 года в городе Душанбе получение технических условий для подключения к сети электроснабжения осуществляется либо через вновь созданный Центр «Единого окна» для получения разрешений на строительство (Решением Председателя города Душанбе, № 212/1 от 11 апреля 2019 года) в режиме онлайн через портал Главного управления архитектуры и градостроительства города Душанбе www.memori.tj либо посредством прямого обращения в Душанбинские городские электросети через «Интернет приемную» (в разделе «Потребителям») по ссылке http://dges.tj/ , где можно получить окончательный документ (технические условия) в течение 4 рабочих дней.

6. Запущены система «Единого окна» для государственной регистрации недвижимого имущества на базе объединения пяти государственных ведомств и внедрения национальной автоматической системы регистрации недвижимого имущества в Таджикистане, электронные реестры недвижимого имущества и базы данных для проверок обременений (залога, кредита, ограничений) недвижимого имущества, которые охватывают все регионы страны и доступны общественности в режиме онлайн 24/7 на сайте www.baqaydgiri.tj. Также разработан и запущен геопортал системы электронной базы данных для регистрации, проверки планов и предоставления кадастровой информации, в том числе географической информационной системы, который доступен общественности на официальном сайте ГУП «Регистрация недвижимого имущества» www.baqaydgiri.tj и непосредственно на сайте геопортала https://geoportal.tj.

7. Осуществлен пилотный запуск «Единого окна» по оформлению экспортно-импортных и транзитных операций в Республике Таджикистан, объединивший десять разрешительных органов для выдачи разрешений и необходимых документов участникам внешней торговли.

8. Приняты поправки в Таможенный кодекс о внедрении концепции Уполномоченного экономического оператора или доверенного трейдера от 02.01.2020г., №1678, которое направлено на внедрение критериев риска (зеленый, красный и желтые коридоры) при таможенных и приграничных проверках и значительное упрощение процедур внешней торговли;

9. Совершенствованы вебсайты Высшего экономического суда и Экономического суда города Душанбе для обеспечения доступа, граждан и адвокатов к законодательной, судебной информации и электронным графикам прослеживания состояния коммерческих дел, платформам обратной связи, электронным почтам судей для электронного обращения, телефонам доверия, упрощены процедур рассмотрения экономических дел за счет сокращения затрат времени посредством внесения поправок в Процессуальный Кодекс от 02.01.2010, №1650;

10. Приняты изменения и дополнения в закон "Об ипотеке" от 2.01.20, №1685 с целью содействия упрощению взыскания долга должников кредитной организации от продажи заложенного имущества во внесудебном порядке и повышения прозрачности процесса.

Ожидается, что реализация вышеназванных инициатив будет способствовать значительному улучшению инвестиционного и предпринимательского климата в стране.

Так как основной целью реформ является эффективное применение результатов реформ для улучшения условий вашей предпринимательской деятельности, ждем от Вас отзывы, комментарии и предложения о фактическом применении новых правил регулирования в целях своевременного устранения пробелов и недостатков.



[1]До внесения вышеупомянутых поправок в законодательство размер государственной пошлины за государственную регистрацию юридического лица согласно Закону «О государственной пошлине» составлял 25 расчетных показателя и сбор за выписку о регистрации из государственного реестра согласно Закону «О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей» составлял 2 расчетных показателя. Размер расчетного показателя согласно Закону «О государственном бюджете Республики Таджикистан на 2019 год» с 1 января 2019 года составляет 55 сомони.

[2] Согласно методологии отчёта «Ведение бизнеса» налог на прибыль составляет 17,68% коммерческой прибыли производственного предприятия.

cм: https://www.doingbusiness.org/en/data/exploreeconomies/tajikistan#DB_tax

10.04.2020 Баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ

Нимаи аввали имрӯз таҳти раёсати Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, Файзуллозода З.Қ. ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

IMG_1669.JPG

Дар он роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода, аъзои гурӯҳи корӣ ва даъватшудагон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳи корӣ, муайян намудани бахшҳои афзалиятноки соҳаҳои саноат барои гузаронидани таҳлил ва омодасозии тавсияҳои мушаххас мариди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромади худ, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Абдуғаффорзода Н. таваҷҷӯҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ қайд намуд.

Вобаста ба ин, аз намояндагони бахши хусусӣ хоҳиш карда шуд, ки бо дарки таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаҳои бахши хусусӣ дар раванди баррасӣ ва таҳлили вазъи соҳа, сохтор ва мундариҷаи ҳисоботи таҳлилӣ ва тавсияҳо, омода намудани пешниҳодот дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ фаъолона иштирок намоянд.

Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳи корӣ, муайян намудани бахшҳои афзалиятноки соҳаҳои саноат барои гузаронидани таҳлил ва омодасозии тавсияҳои мушаххас, зарурати мукаммал намудан ва пешниҳоди аъзои гурӯҳи корӣ ба сохтор ва мундариҷаи ҳисоботи таҳлилӣ, таъсиси котиботи гурӯҳи техникӣ, баргузории ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ таклифу пешниҳодот манзур гардида, супоришҳои дахлдор дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки 12 феврали соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Пешвои миллат зимни таҳлили ҳамаҷонибаи раванди ислоҳот вобаста ба самтҳои муҳимтарини иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ибрози назар намуда, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супоришҳои дахлдор доданд.

Дар ин робита ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бо ҷалби шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас вобаста ба он гурӯҳи корӣ таъсис дода, натиҷаҳои онро ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои машваратӣ манзур намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши протоколии ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ, бо фармоиши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз 8 апрели соли 2020 таъсис ёфтааст.

09.04.2020 Мизи мудаввар: баррасии масъалаҳои соҳаи саноати сабук

Дар ҳамкории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мизи муддавар таҳти унвони “Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ - рушди соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони ассотсиатсияҳои соҳавӣ, роҳбарону мутахассисони корхонаҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои кишвар, мақомоту идораҳои дахлдор, коршиносон иштирок намуданд.

Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба соҳа, мушкилоту монеаҳо ва бартараф намудани онҳо, мусоидат ба рушди соҳа ва саҳм гирифтан дар татбиқи ҳадафи стратегии чорум - саноатикунонии мамлакат ва дигар мавзӯъҳои муҳими соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи супориши протоколии ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, масъалаҳо, таклифу пешниҳодоти мизи мудаввар дар таҳлили соҳа мусоидат хоҳад кард.

21.03.2020 Ҷаласаи зергурӯҳ оид ба нишондиҳандаи «Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ”–и Гурӯҳи кории байнидидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ

Санаи 20 марти соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасиву пайгирии ислоҳот ва мушкилоти мавҷуда ҷаласаи зергурӯҳ оид ба нишондиҳандаи «Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ”–и Гурӯҳи кории байнидидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ доир гардид.

Ҷаласаро муовини раиси Кумита – Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, вобаста супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо мақсади соддагардонии расмиёти соҳибкорӣ ба вазорату идораҳо оид ба тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ ва татбиқи саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 аз 2 майи соли 2019, №223 таъкид гардида буданд, қайд намуд.

Сипас, дар доираи рӯзномаи ҷаласа раванди татбиқи ислоҳоти Ҳукумат дар доираи Нақшаи чорабиниҳои зикргардида оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон ва такмили қонунгузории соҳавӣ ва гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорон ва аҳолӣ дар бораи дастовардҳои ислоҳот дар ин самт ва баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида гузоришҳои намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бурихонов М. оид ба раванди таҳияи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ҷамъияти саҳомӣ” ва “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд”, коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои роҳандозии низоми корпоративӣ, директори ширкати машваратии “Имкон”, Самадова З. оид ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ, Мадҷонова М. оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорони миноритарӣ ва зарурияти такмили қонунгузории соҳавӣ дар ин самт шунида шудаанд.

Дар рафти муҳокимарониҳо намояндагони Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ иштирок намуда, ҷиҳати рафъи мушкилотҳои мавҷуда таклифу пешниҳодҳо ба муҳокима манзур гардиданд.

Пас аз анҷоми муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор оид ба мушкилотҳои ҷойдошта масъалаи таъмини иштироки фаъоли вазорату идораҳо дар пурсиши арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар робита ба ин таъкид гардид, ки марҳалаи пурсиш аз ҷониби арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ оғоз гардидааст ва мақсади асосии иштирок дар пурсиш арзёбии натиҷаҳои ислоҳот, ошкор намудани мушкилоти мавҷуда дар раванди татбиқи ислоҳот ва инчунин баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи сармоягузории кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар мебошад.

Дар фарҷом оид ба масъалаҳои баррасигашта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар доираи таъмини татбиқи босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 қарорҳои дахлдор қабул гардид.

20.03.2020 Ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои «Гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ»/ «Пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ»/ “Дастрасӣ ба қарзҳо”-и Гурӯҳи кории байнидидоравии салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон

Санаи 19 марти соли 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои «Гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ»/ «Пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ»/ “Дастрасӣ ба қарзҳо”-и Гурӯҳи кории байнидидоравии салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ бо иштироки роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини роҳбари Гурӯҳи корӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хуршедаи Қодир оғоз намуда, вобаста ба супоришҳои протоколии ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ оид ба ташаккули ҳукумати электронӣ ва роҳандозии иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи истифодаи самаранок ва татбиқи пурраи низоми автоматикунонидашудаи феҳристи электронии гарави амволи манқул ва ғайриманқул, расмиёти электронӣ дар доираи низомҳои “Равзанаи ягона” оид ба бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, амволи ғайриманқул, иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, расмиёти содирот, воридот ва транзити молҳо, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, таҳия ва дастраси аҳоливу соҳибкорон гардонидани дастурамал ва номгӯи хизматрасониҳо, нархномаву маълумотномаҳои зарурӣ қайд намуд.

Қайд карда шуд, ки ҳамаи дастуру супоришҳо ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва татбиқи саривақтиву босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 аз 2 майи соли 2019, №223 равона карда шудаанд.

Вобаста ба масъалаи якуми ҷаласа гузоришҳои Сафарзода А., Директори КВД “Маркази амалигадонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Аловудинов Ш. Муовини Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе оид ба роҳандозии низоми “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозат барои сохтмон дар шаҳри Душанбе, намояндагони КВД «Обу корези Душанбе» ,ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», ҶСК «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» ва Хадамоти алоқа оид ба пешниҳоди шартҳои техникӣ дар доираи низоми “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа гузориши Шарипов Р., менедҷери банақшагирӣ ва технологии ШСХК “Барқи тоҷик” ва Ятимов Ҷ., сардори шуъбаи рушду ояндабинии“Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” вобаста вазъи роҳандозии низоми “Равзанаи ягона” дар шаҳри Душанбе, шумораи шартҳои техникии тариқи низом пешниҳодшуда, интишори меъёрҳои SAIDI /SAIFI ва оғози лоиҳа дар самти ҷорӣ намудани таҷҳизоти худкори назорат ва барқарорнамои қатъшавии қувваи барқ маълумот доданд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Қодирӣ Н., Сардори шуъбаи бақайдгирии уҳдадориҳои гаравии Вазорати адлия оид ба бақайдгирии уҳдадориҳои гарави амволи манқул дар феҳристи электронӣ, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллӣ ва Ассосиатсияи АМФОТ ва ба санаи 1 феврали соли 2020 бақайдгирии 742 шартномаҳои гарави амволи манқул гузориш доданд.

Инчунин зимни гузориши Директори ҶДММ “Бюрои қарзии Тоҷикистон”, Абдусамадзода М. ва намояндагони шабакаҳои муҳандисӣ оид ба мавҷуд будани баъзе монеаҳои сунъӣ дар таъмини мубодилаи маълумот аз ҷониби Кумитаи андоз, ШСХК “Барқи тоҷик”, КВД «Обу корези Душанбе» , ҶСК «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» қайд карда шуд, ки бо вуҷуди аз соли 2018 фароҳам оварда шудани заминаи қонунгузорӣ ҳоло ҳам таъмин нагардидааст.

Дар рафти муҳокимаи мушкилоти татбиқи ислоҳот Яздонзода И.–Муовини сардори Раёсати низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ оид ба зарурияти мутобиқ намудани санадҳои дохилиидоравии мақомоти давлатӣ ба қонунгузории танзимкунандаи соҳавӣ, бартараф намудани такроршавии расмиёт ва ҳуҷҷатҳои барзиёди иҷозатдиҳӣ дар ин самт, Шоимзода Ҷ., Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об оид ба раванди таҳия ва зарурияти мувофиқаи санадҳои дохилиидоравии ШСХК “Барқи Тоҷик”, ройгон гардидани пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ, Умаров У., Директори КВД “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”, мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ, Мадҷонова М., Муовини Раиси Бонки миллӣ, Машрабзода Ҳ. оид ба зарурияти таҷдиди назари маҳзани маълумоти шабакаҳои муҳандисӣ, мутобиқ намудани он бо маҳзани маълумоти Бюрои қарзию иттилоотӣ ва дигарон ибрози назар карданд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа, ба вазорату идораҳо оид ба тавсеаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, иштироки фаъол дар раванди пурсиш ва татбиқи босифати бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои болозикр дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

18.03.2020 Ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ”, “Андозбандӣ”, “Бақайдгирии моликият”-и Гурӯҳи кории байнидидоравии салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 марти соли 2020 ҷаласаи навбатии зергурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ”, “Андозбандӣ”, “Бақайдгирии моликият”-и Гурӯҳи кории байнидидоравии салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ бо иштироки роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

IMG_6457.JPG

Ҷаласаро муовини роҳбари Гурӯҳи корӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хуршедаи Қодир оғоз намуда, вобаста ба супоришҳои протоколии ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ оид ба ташаккули ҳукумати электронӣ ва роҳандозии иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи истифодаи самаранок ва татбиқи пурраи низоми автоматикунонидашудаи феҳристи электронии гарави амволи манқул ва ғайриманқул, расмиёти электронӣ дар доираи низомҳои “Равзанаи ягона” оид ба бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, амволи ғайриманқул, иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, расмиёти содирот, воридот ва транзити молҳо, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, таҳия ва дастраси аҳоливу соҳибкорон гардонидани дастурамал ва номгӯи хизматрасониҳо, нархномаву маълумотномаҳои зарурӣ қайд намуд.

Зикр гардид, ки ҳамаи дастуру супоришҳо ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва татбиқи саривақтиву босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 аз 2 майи соли 2019, №223 равона карда шудаанд.

Оид ба ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар доираи низоми “Равзанаи ягона”, муовини якуми раиси Кумитаи андоз, Солеҳзода Аюбҷон баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки роҳандозии пешниҳоди РМС дар доираи низоми “Равзанаи ягона” оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ бо мақсади коҳиш додани шумора ва хароҷоти ин расмиёт аз 8 январи соли 2020 ва то инҷониб ба қайди давлатӣ гирифта шудани 2600 субъекти соҳибкорӣ, роҳандозии тартиби электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ тавассути портали мақомоти андоз ва тибқи он муроҷиат намудани 14530 шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои васеи фаҳмондадиҳӣ тавассути баргузории семинар-машваратҳо, вохуриҳо, истифодаи имкониятҳои ВАО аз ҷумлаи корҳои амалигашта маҳсуб меёбанд.

IMG_6459.JPG

Дар баробари ин, ҷиҳати аз байн бурдани меъёри 1%-и андоз аз фоида ва таъсири он ба коҳишёбии сарбории андоз, фарогирии пешниҳоди эъломияҳои электронӣ аз ҷониби 143200 субъекти соҳибкорӣ, тартиби мустақими пардохти андозҳо аз ҷониби бахши хусусӣ, татбиқи механизми соддакардашудаи (пешниҳоди мустақими ариза) баргардонидани ААИ, суръати нокифояи интернет, норасоии малакаҳои кофӣ барои истифодаи хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар ҷаласа муовини директори КВД “Бақайдгирии амволи ғайриманқул”, Шарифзода Сафол вобаста ба соддагардонии расмиёти бақайдгирии амволи ғайриманқул гузориш дода, аз ҷумла оид ба татбиқи расмиёти соддакардашудаи бақайдгирии амволи ғайриманқул тибқи низоми “Равзанаи ягона” ва қабули Дастурамал оид стандартҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ ва механизми шикоят аз болои хизматрасониҳо, таъмини дастрасии мустақими бахши хусусӣ ба маълумот оид ба расмиёти дахлдор, роҳандозии маҳзани рақамии маълумот оид ба амволи ғайриманқул, феҳристи электронии амволи ғайриманқул ва гарави он, геопортал ва масъалаи суръати нокифояи алоқаи интернетӣ барои таъмини хизматрасониҳои босифати электронӣ ва фаъолияти маҳзани электронии мақомот маълумот пешниҳод намуд.

IMG_6462.JPG

Инчунин дар ҷаласа оид ба аҳамияти таъмини иштироки фаъол дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, ки марҳилаи пурсиши он оғоз шудааст, зикр гардид. Мавриди зикр аст, ки иштироки фаъол дар арзёбии мазкур ва пурра инъикос ёфтани натиҷаҳои ислоҳот ба боз ҳам баланд шудани нуфузи сармоягузории кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар, инчунин баҳогузории самаранокии фаъолият дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон мусоидат менамояд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда, намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Агентии омор ва дигар вазорату идораҳо баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

02.03.2020 Мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидори содиротии бахши кишоварзӣ»

Санаи 26 феврали соли ҷорӣ соати 08:30-13:00 дар меҳмонхонаи “Атлас”, шаҳри Душанбе дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидори содиротии бахши кишоварзӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор, созмонҳои ғайридавлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, ташкилоти байналмилалии дар ин самт фаъолияткунанда иштирок намуда, вазъи мавҷуда ва мушкилоти ҷойдоштаи низоми идоракунии истифодаи заҳрхимикатҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҷалби сармоя ба бахши кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, зимни ироаи суханронии ифтитоҳи мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ, Манучеҳра Мадҷонова вобаста дастури Раиси Шӯрои машваратӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 12 феврали соли 2020 оид ба эътибори махсус додан ба воридоту истифодаи бемаврид ва нодурусти пеститсидҳо, моддаҳои химиявӣ ва дигар воситаҳои биологӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қайд кард.

Зеро мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ истифода намудани моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамоянд.

Инчунин дар рафти мизи мудаввар Коршиноси миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ- Қосим Қурбонов, Сардори шуъбаи ҳифзи растаниҳои Муассисаи давлатии “Ҳифзи растаниҳо ва кимиявикунонии бахши кишоварзӣ” Воҳидов Абдулманон, муовини сардори раёсати назорати бойторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Авѓонов Абдуваҳоб, коршиносони Барномаи озуқавории СММ, Масъуда Саидова ва Толиб Ҳакимов оид ба ҷамбаҳои гуногуни истифодаи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ дар соҳаи чорводорӣ, растанипарварӣ ва меваву сабзавот ва танзими давлатии он баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки санади танзимсозандаи самти мазкур - “Номгӯи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ, ки истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст”, ҳанӯз 11 июни соли 2004 тасдиқ карда шуда буд. Бо назардошти талаботҳои имрӯза Вазорати кишоварзӣ ва коршиносон ба лоиҳаи номгӯи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологие, ки барои истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, 256 номгӯи нави пеститсидҳо ва воситаҳои биологиро пешниҳод намудааст.

Вобаста ба ин дар ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати кишоварзӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “ГЛОБАЛ ГЭП”, “Номгӯи моддаҳои химиявие, ки истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст” дар таҳрири нав таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Дар ин радиф, мувофиқи мақсад аст, ки санадҳо ва меъёрҳои зерқонунӣ дар самти танзими масъалаҳои воридот, истифода, бақайдгирӣ, ҳимоя, бехатарӣ, нигоҳдории заҳрхимикатҳо ва маводҳои кимиёвӣ таҷдиди назар гардида, тавсияҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таҳия карда шаванд.

Ҳамзамон масъалаҳои роҳандозии фаъолияти озмоишгоҳҳои лабараторӣ барои санҷиши таркиби маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба мавҷудияти моддаҳои кимиявӣ дар онҳо дар ҳамкории самаранок бо бахши давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд баррасӣ гардида, дар доираи кори гурӯҳӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ итминон карда шуд, ки натиҷаҳои мизи мудаввар бо иштироки фаъоли бахши хусусӣ ва давлатӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои бақайдгирӣ, воридот ва истифодаи заҳрхимикатҳо дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба ва дониш дар соҳаи пешниҳоди хизматрасонӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ ҷиҳати истифодаи заҳрхимикатҳо ва баланд бардоштани сифат ва дастрасии онҳо ва дар маҷмӯъ таҳия ва роҳандозӣ намудани усули ягона оид ба беҳтар намудани сиёсат ва идоракунии истифодаи заҳрхимикатҳо дар соҳаи кишоварзӣ назаррас хоҳад гардид.

12.02.2020 Ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

84158862_3444161078987387_1620872820164657152_o (1).jpg

Дар ҷаласа масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

84237241_3444162102320618_8323636440575508480_o.jpg

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, соддагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии Равзанаи ягона барои амалиётҳои содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ, тибқи занҷираи “ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - дарёфти бозори фурӯш” ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

84384996_3444160492320779_3034595137100447744_o.jpg

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

84682610_3444160912320737_7012843719262994432_o.jpg

Дар ин робита вобаста ба маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106-умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2020, то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 7 фоиз, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, қабули “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида, тибқи механизми “Равзанаи ягона” оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ” дар шаҳри Душанбе ва аз 1-уми марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он давоми 10 рӯз баррасӣ гардидани он, иттилоъ дода шуд.

84935676_3444161338987361_8415985547473846272_o.jpg

Тибқи банди дуюми рӯзнома Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ баромад намуда, аз ҷумла лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P-иро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

84894654_3444161452320683_3835088096597114880_o (1).jpg

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин баромад карда, масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

1.jpg

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзанабону Негматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

2.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

22.11.2019 Баргузории ҷаласаи 1-уми фосилавии Шӯрои машваратӣ

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид ҷаласаи 1-уми фосилавии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

3D4AA63C-6BBE-4433-BC21-3A6C241423B8.jpeg

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Нахуст, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ баргузор намудани ҷаласаҳои фосилавии Шӯрои машваратӣ ва баррасии вазъи иҷрои қарорҳои Шӯро тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

94EFF074-2E7E-4222-AD34-AD762D80F243.jpeg

Дар ин робита, санаи 3 апрели соли 2019 баргузор гардидани ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» ёдрас гардид.

Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар ин робита татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ, ки ба ин мақсад равона гардидааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

255DC1E2-9E3D-4A57-A96D-BDBF55D040B2.jpeg

Вобаста ба масъалаи зикршуда, тибқи банди якуми рӯзнома Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҳамрализода Фаррух қайд намуд, ки заминаи ҳуқуқии таъсиси Шӯроҳои минтақавию маҳаллиро моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” пешбинӣ намуда, вобаста ба ин масъала дар ҷаласаҳои VII, XIV, XV, XVIII ва XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва чорабиниҳои сатҳи олии Президенти мамлакат бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон дастуру супоришҳои дахлдор дода шудааст.

Дар ин замина Шӯроҳои машваратии назди раисони вилоятҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ таъсис ёфта, шумораи умумии онҳо дар солҳои 2018 - 2019 аз 40 то ба 69 адад расонида шудааст.

Дар баромад, масъалаҳои роҳандозии усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, аз ҷумла яке аз усулҳои арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» дар сатҳи маҳал қайд карда шуд.

C1B8B1D0-E7C6-4C51-8C32-2A310C5145C7.jpeg

Вобаста ба масъалаи якум, инчунин Роҳбари Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон муҳтарам Умед Шомуродов, Муовини Намояндаи доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наока Такасу баромад намуданд.

Тибқи банди дуюми рӯзнома муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Шерализода Шараф вобаста ба масъалаҳои сармоягузорону фаъолияти соҳибкорон, тамоюли ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, масъалаҳои таҳкими механизмҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва сармояи дохилӣ ба татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат дар самти таъмини рушди иқтисодиёт қайд гардид.

Дар робита ба банди дуюми ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, Ян Питер Олтерс, Директори генералии ширкати “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон, муовини Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд, Айтен Рустамова баромад намуданд.

C2B2D246-3D26-4192-A29A-2EBAACD1ECD2.jpeg

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид дар рафти ҷаласа ҳамчунин роҷеъ ба як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ таҳкими рушди институтсионалии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал, бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон, таваҷҷуҳи хоса ба соддагардонии низоми андозбандӣ ва такмили маъмурикунонии андоз, таҳия ва роҳандозии Кодекси андози дар таҳрири нав, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳалли мушкилот дар раванди баррасии фаъолияти корхонаҳои мамлакат бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, сатҳу сифати иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои машваратӣ ибрози назар намуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбута супоришҳои дахлдор дода шуд.


01.11.2019 Баргузории Бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор

Санаи 1-2 ноябри сол ҷорӣ, дар меҳмонхонаи «ҲАЯТ РЕҶЕНСӢ», Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ҳамкории ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон Бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор ва намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулот ЭКСПО-2019 баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони ассосиатсияҳои бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалї аз кишварњои Осиёи Марказї ва ВАО иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории бонувони ташаббускори тоҷик, дар як вақт тавсеаи дастрасии занон ба малакаҳои зарурӣ, рушд ва дастгирии ҳунармандӣ миёни занон, аз ҷумла дар бахши саноати сабук маҳсуб меёбад.

Чорабинии мазкурро Роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Идигули Тағо, Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон - Ҷон Гинкель, Муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - Наоко Такасу, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, - Мэрилин Джозефсон, Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон - Айтен Рустамова бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Дар доираи Бизнес – форум як қатор соҳибкорзанони фаъоли ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ бахшида ба 5-умин солгарди «Рузи соҳибкорон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Раҳматнома”- и Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ се бахши асосиро, ки вобаста ба заминаи ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барномаҳои дастгирии васеъ намудани имкониятҳои занон дар минтақа, самтҳои иқтидории рушд дар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таърихи муваффақиятҳо ва иқтидории рушди минтақавиро дар бар мегирифт, бо мубодилаи афкор анҷом ёфт.

Ҳамзамон, рузи дуюми Бизнес - форум бо мизи мудаввар, сабақҳои коршиносон (мастер-классҳо) ва намоиши мол ва хидматҳо, ки маҳсули меҳнати занҳои соҳибкор дар самти сайёҳӣ, ҳунармандӣ, агросаноатӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳоро идома ёфт.

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди соҳибкории ҳунармандӣ дар Осиёи марказӣ: аз стандартикунонӣ то фурӯши молу маҳсулот” ва сабақҳои коршиносон вобаста ба рангкунии маҳсулоти кулолӣ – сафолӣ, истеҳсоли лӯхтакҳо ва санъати гулдузӣ доир карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши ярмаркаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумии занҳои соҳибкор баргузор гардид.

Дар анҷоми кори форум, иштирокчиён як қатор тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соҳибкории занон қабул намуданд.

31.10.2019 Раванди татбиқи боз як иқдоми Шӯрои машваратӣ

Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №480 маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2016-2017 таҳия гардида, дар асоси супориши протоколи ҷаласаи XVIII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 26 январи соли 2018 лоиҳаи мазкур дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо вазорату идораҳо такмил дода шуд ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Кодекси мазкур муқаррароти асосии Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилиро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба инобат гирифта шудаанд. Дар таҳияи Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо саҳми худро гузоштааст.

Қабул ва татбиқи саривақтии қарори мазкур барои ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвари мо мусоидат хоҳад кард.   

28.10.2019 Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Беҳтаршавии мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалӣ”

Имрӯз, дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2020 баргузор гардид.

Davlatali-Said22.jpg

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Мизи мудавварро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”- и Бонки ҷаҳонӣ, тадбирҳои то имрӯз амалинамуда ва қадамҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, қайд намуданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти назаррас оид ба соддагардонии расмиёти пешбурди соҳибкорӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” - и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ менамояд, дар соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, ҷои 106-умро ишғол намуд ва бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардид.

Дар ин росто, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух дар мавзӯи “Тоҷикистон: Роҳ сӯи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ” баромад намуда, аз ҷумла оид ба мавқеи ҷумҳурӣ дар нишондиҳандаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ва аз ҳисоби нишондиҳандаҳои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз ва тиҷорати беруна беҳтар гардидани мавқеи ҷумҳурӣ дар ин арзёбӣ ва қадамхои минбаъдаи ислоҳот ибрози назар намуд.

Дар чорабинии мазкур инчунин, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, коршиноси бахши молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Наргис Почоева, коршиноси бахши молиявии Бонки Ҷаҳонӣ, Тим Л. де Ваан, коршиноси калон оид ба бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ Тарик Сахович, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои беҳтар намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур баромад намуданд.

Пас аз муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён, мизи мудаввар аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷамъбаст гардида, дар ин ҷода ба намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯза барору комёбиҳо таманно гардид.

07.10.2019 Ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ

Нимаи дуюми имрӯз дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои бахши хусусӣ ва шарикони рушд ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷаласаро котиби гурӯҳи корӣ, мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҷураев А. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҷаласаро бо раванди иҷрои супориши протоколии ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019 шинос намуд. Тавре қайд гардид, дар доираи иҷрои супориши протоколии ҷаласаи мазкур ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ дар назди Кумита кори худро идома дода истодааст.

Дар ин замина аз ҷониби коршиносон лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва рушди кластери агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, як қатор вазорату идораҳо, хулосаву пешниҳодоти худро манзур намудаанд. Қобили қайд аст, ки ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июл ва ҷаласаи 2- юми он 19 сентябри соли 2019 баргузор ва масъалаҳои мазкур дар ҷаласа баррасӣ гардидааст.

Тибқи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати муаррифии таҷрибаи Австрия оид ба кластерҳо, гузориши ҷаноби Герман Визер, директори иҷроияи ташкилоти Агро-кластери Австрия оид ба рушди кластерҳо, Раиси Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон - Л.П. Кислякова вобаста ба ба лоиҳаҳои Консепсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди кластери агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Сипас, вобаста ба пешниҳодот ва лоиҳаҳои пешниҳодшуда табодули назар сурат гирифта, пешниҳодоти дигар манзур ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

26.09.2019 Семинар «Оценка регуляторного воздействия инвестиционного климата с учетом гендерных факторов в Таджикистане»

24-25 сентября 2019 года в городе Душанбе в рамках второй фазы проекта ЕБРР «Гендерно-ориентированное реформирование инвестиционного климата» в сотрудничестве с Межведомственной Рабочей группой по поддержке женского предпринимательства при Государственном комитете по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Секретариатом Консультативного совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан и ЕБРР проводится семинар по реализации эффективного гендерно-ориентированного анализа регуляторного воздействия.

IMG_5661.JPG

Целью проведение семинара является развитие навыков, необходимых для проведения анализа регулятивного воздействия (АРВ) с учетом гендерных аспектов, который включает в себя все фазы процесса и документы, необходимые для разработки или внесения поправок в законы и положения.

Вступительным словом семинар открыла Руководитель Межведомственной Рабочей группы, Заместитель Председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Нигина Анвари и отметила, что в текущем году мы начинаем Неделю предпринимательства с мероприятия, посвященного нашим женщинам, что свидетельствует о значимости роли прекрасной половины человечества в обществе.

IMG_5662.JPG

Также было отмечено, что внедрение механизма анализа регулятивного воздействия (АРВ) с учетом гендерных аспектов является одним из приоритетов реформ согласно рекомендациям проведенного в рамках деятельности Рабочей группы анализа гендерно-чувствительного инвестиционного климата. Другим важным моментом является, то что внедрение механизма анализа регулятивного воздействия (АРВ) с учетом гендерных аспектов включен в Среднесрочную Стратегию национального развития на 2016-2020 годы.

IMG_5667.JPG

В завершении первого дня мероприятия, участники выразили, что семинар будет способствовать наращиванию их потенциала как членов Рабочей группы, являющихся представителями отраслевых министерств и ведомств страны, так что каждый, обучившись, внесет свой непомерный вклад в развитие и поддержку женского предпринимательства в Таджикистане.

19.09.2019 Ҷаласа оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ

Нимаи дуюуми имрӯз дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои бахши хусусӣ ва шарикони рушд ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҷаласаро бо раванди иҷрои супориши протоколии ҷаласаи XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019 шинос намуд.

Тавре қайд гардид, бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба ташаккул ва рушди кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ дар назди Кумита таъсис дода шудааст.

Дар ин замина аз ҷониби коршиносон лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва рушди кластери агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, як қатор вазорату идораҳо, хулосаву пешниҳодоти худро манзур намудаанд. Қайд гардид, ки пешниҳоди лоиҳаҳои мазкур ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати муаррифии таҷрибаи Туркия оид ба кластерҳо, Эмрах Соганҷи, мушовир оид ба масъалаҳои тиҷоратии Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон - Л.П. Кислякова вобаста ба пешниҳодоти вазорату идораҳо ба лоиҳаҳои Консепсия рушди кластери агросаноатӣ дар Чумҳурии Тоҷикистонро баромад намуданд.

Сипас, вобаста ба пешниҳодот ва лоиҳаҳои пешниҳодшуда табодули назар сурат гирифта, ҳамзамон пешниҳодоти дигар манзур гардид.

Пас аз қабули қарорҳои дахлдор нақшаҳои минбаъда баррасӣ ва санаи баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ муайян гардид.

10.09.2019 Мулоқот бо ҳайати мушовирони Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Нимаи дуюми имрӯз дар идораи кории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқот доир гардид. Дар он ҳайати мушовирони Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд роҳбарият ва кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ иштирок намуданд.

IMG_20190910_145349.jpg

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ш. Шерализода ҳайати мушовиронро пазироӣ ва вобаста ба раванди ислоҳот ва дастовардҳо дар самти мазкур муаррифӣ манзур намуд.

Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориҳо бо ҷумҳурии моро дар раванди ислоҳот, аз ҷумла дар самтҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, инчунин таҳким бахшидани раванди мазкурро муҳим арзёбӣ намуданд.

IMG_20190910_144719.jpg

Қобили зикр аст, ки 1 июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бо маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардидааст.

IMG_20190910_144707.jpg

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.

03.09.2019 Ҷаласаи дуюми ГК оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ

Имрӯз дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони соҳа, кормандони хадамот иштирок намуданд.

IMG-b1afe7819735bef3292da8a7ef86e427-V.jpg

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И. Ҷ. аз ҷумла қайд кард, ки ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ 30 июли соли 2019 баргузор гардида, тибқи супориши протоколии он масъалаҳои таҳлилшавандаи соҳа ва лоиҳаи мундариҷаи ҳисобот бо назардошти мулоҳизаҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия ва ба баррасии ҷаласаи имрӯза пешниҳод карда шудааст.

Сипас, масъалаҳои таҳлилшавандаи соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он фикру мулоизаҳои аъзои Гӯруҳи корӣ пешниҳод гардид. Дар ҷаласа инчунин намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати технологиҳои иттилоотию коммуникатсиониро ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи зербанди 1, банди 8 протоколи ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ аз 20 феврали соли 2019 бо фармоиши Сардори Хадамот аз 23 июли соли 2019 таъсис дода шудааст.

16.08.2019 Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

15 августи соли 2019 ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони бахши хусусии соҳаи бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ифтитоҳ намуд.

Тавре қайд карда шуд, дар ҷаласаи навбатӣ кормандону мутахассисони бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иштирок дошта, ҷамъоварӣ ва баррасии пешниҳодоти ассосиатсияҳо ва коршиносони соҳавӣ барои таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласа аз ҷумла, Дадабоев Т.Д. мушовир оид ба масъалаҳои андози ҶСП “Индиго Тоҷикистон” , Ғафурова С., Хоҷаев А., намояндаи ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, Нуъмонов Т.И., Ҷалолов Ҷ. коршинос Д. Қурбоналиев мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро манзур намуда, дар ин раванд байни онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ин нишаст масъалаҳо оид ба мухолифати санадҳои қабулгардида дар соҳаи андоз, бартараф намудани талаботҳои иловагӣ ҳангоми бақайдгирӣ, ҳолатҳои андозбандии фаъолияти резидент ва ғайрирезидентҳо дар соҳа, дар кодекс муайян кардани манбаи суди сармоя, баҳисобгирии хароҷотҳо барои таъмир ва қисмҳои эҳтиётӣ, бартараф кардани ҳолатҳои баҳисобгирии натиҷаҳои даромад новобаста аз кам будани он нисбат ба соли гузашта, масъалаи мушаххас намудани мақомот оид ба пешниҳоди тавзеҳот, бартараф намудани шумораи зиёди иқтибосу шарҳҳо, паст кардани меъёрҳои ҷарима барои пардохти андозҳо, ба ҳисоби андозсупорӣ ворид кардани хизматрасониҳои ройгон, бартараф намудани маҳдудиятҳо барои реклама, мушкилоти қурби асъор, коҳиш додани ҳолатҳои номуайяни андоз, ки сабаби даст кашидани сармоягузорон аз фаъолият мегардад, мушкилоти андозсупорӣ вобаста ба иҷораи иншоот, бартараф намудани шумораи зиёди тавзеҳдиҳии кормандони андоз ва санадҳои дохилиидоравии мақомоти масъули андоз, мушаххас дарҷ намудани тамоми масъалаҳо дар кодекс, мутобиқ намудани ҳолатҳои андозсупорӣ ба манфитаҳои сармоягузори хориҷӣ, бартараф намудани таъсиррасонии дахолати дигар мақомотҳо ҳангоми муайян кардани сарбории андозҳо, ташкили фазои махсус бо пардохти меъёри камтари андоз дар соҳаи ТИК, озод намудани корхонаҳо бо шумораи камтар аз 5 нафар аз андози ҳифзи иҷтимоӣ, паст кардани меъёри андоз ба барномасозони компютерӣ қайд карда шуд.

Коршиноси соҳаи андоз Даврон Қурбоналиев оид ба пешниҳодоти манзурнамудаи иштирокчиён як қатор суолҳоро матраҳ ва вобаста ба онҳо ва посухи иштирокчиён фикру пешниҳодоти худро баён намуд.

Дар хотима қарор карда шуд, ки фикру пешниҳодҳо вобаста ба бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ манзур, мураттаб ва барои ирсол ба мақомоти дахлдор омода карда шавад.

02.08.2019 Ҷаласаи навбатӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз

Санаи 2-юми августи соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносону мутахассисон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Шерализода Ш. оғоз намуда, қайд карданд, ки коршиноси маҳалӣ дар ҳамкорӣ бо аъзои Гурӯҳи корӣ лоиҳаи консепсияи кодекси андоз дар таҳрири навро омода намуда, ба суроғаҳои электронии аъзои Гурӯҳи корӣ бо дигар маводҳои ҷаласа барои баррасӣ ва қабл аз ҷаласа омода намудани пешниҳодҳо ирсол карданд.

Сипас барои лоиҳаи консепсияи Кодекси андоз аз ҷониби коршиноси маҳаллӣ, Даврон Қурбоналиев муаррифӣ гардида, атрофи лоиҳа байни иштирокчиён муҳокимаи фаъол сурат гирифт.

Раисикунанда аз аъзои Гурӯҳи корӣ хоҳиш намуд, ки фикру пешниҳодҳои худро ба лоиҳаи консепсия инчунин ба таври хаттӣ манзур намоянд, то ин ки имконияти ба инобат гирифтани онҳо фароҳам оварда шавад.

Вобаста ба масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа нақшаи корӣ ва санаи ҷаласаҳои соҳавӣ таҷдиди назар гардида, вобаста ба ҷадвали мураттабгардида, аз аъзо хоҳиш ба амал оварда шуд, ки пешниҳоду таклифҳои худро тибқи шаклҳои омодашуда ба суроғаи электронии Котибот ду руз қабл аз ҷаласаи соҳавӣ манзур намоянд.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби раисикунанда ва аъзои Гурӯҳи корӣ пешниҳодҳо ҷамбаст ва қарорҳои мувофиқ қабул гардиданд.

30.07.2019 Ҷаласа оид ба технологияҳои иттилоотӣ

Имрӯз 30 июли соли 2019 дар бинои Маркази тиҷоратии “Созидание” ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони соҳа, кормандони хадамот иштирок намуданд.

2.jpg

Ҷаласаро муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И. Ҷ. ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи зербанди 1, банди 8 протоколи ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ аз 20 феврали соли 2019 бо фармоиши Сардори Хадамот аз 23 июли соли 2019 таъсис дода шудааст.

Қайд карда шуд, ки ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи корӣ гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, омода намудани тавсияҳои зарурӣ ва ба ҷаласаи навбатии Шӯро манзур намудани он иборат мебошад.

1.jpg

Дар ҷаласа масъалаҳои сохтор ва мундариҷаи таҳлили масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳи корӣ ва ҷамъбасти санадҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муаррифӣ пешниҳод гардида ва масъалаҳои қайдшуда шарҳу эзоҳ дода шуд.

Қобили қайд аст, ки натиҷаҳои таҳлил дар соҳа ба ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ манзур мегардад.

3.jpg

26.07.2019 Ҷаласа оид ба таҳияи Кодекси андоз

26 июли соли равон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносону мутахассисон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Шерализода Ш. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Гурӯҳи корӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, дар бораи таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав нав бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз он ташкили кор оид ба Ҷамъоварӣ намудани пешниҳодоти субъектҳои соҳибкорӣ бо асосноккуниҳои зарурӣ, фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари онҳо ва пешниҳодоти мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, муназзам ва мушаххассозии пешниҳодот ва маҷмуан самаранок намудани татбиқи минбаъдаи он барои андозсупорандагон ва буҷети мамлакат мебошад.


2.JPG

Дар ҷаласа қайд гардид, ки ҷамъоварӣ намудани пешниҳодот дар 6 бахши алоҳида, аз ҷумла соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ, энергетика ва сохтмон, нақлиёт ва логистика, молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорат ба роҳ монда мешавад.

Ба таваҷҷуҳи иштирокчиён ҳамчунин шакли махсуси барои ҷамъоварии таклифу пешниҳодот ба лоиҳаи Кодекси андоз манзур гардида, хоҳиш карда шуд, ки дар онҳо мулоҳизоту таклифҳо ба лоиҳа дарҷ ва ба Котиботи гурӯҳи корӣ ирсол гардад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҷамъоварии пешниҳодот ба лоиҳаи Кодекс дар сомонаи расмии Кумита тавассути равзанаи алоҳидаи “пешниҳод ба Кодекси андоз-2020” амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки илова бар ин, сафарбар намудани мутахассисон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ташкил намудани вохӯрӣ бо доираи бахши хусусӣ, сармоягузорон, ассотсиатсияҳо доир ба мушкилоти низоми андозбандӣ дар назар дошта мешавад.

Тавре Шерализода Ш. қайд намуд, ҷаласаҳои бахшҳо тибқи нақшаҳо баргузор гардида, дар онҳо фикру мулоҳизот ва пешниҳодот, мулоҳизаҳои мазургардида мавриди баррасӣ қарор ва барои ба лоиҳаи кодекс ворид намудани он тасмим гирифта мешавад. Вобаста ба зарурат дар Ҷаласаҳо коршиносону мутахассисони соҳаи андоз даъват карда мешаванд.

Сипас, вобаста ба фаъолияти гурӯҳи корӣ ва масъалаҳои ба он вобаста миёни иштирокчиён саволу посух ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

1.JPG

26.07.2019 Қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав

Шарикони муҳтарам,

Бо камоли эхтиром ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мутобиқи банди 8 Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва бо мақсади иҷрои банди 3 Амри Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 дар бораи тахияи лоихаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тахрири нав гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Маълумоти бештарро метавонед бо пахши линк пайдо намоед. 

Инчунин, пешниҳодоти худро ба лоиҳаи Кодекси андоз тибқи шакли мазкур метавонед манзур намоед.


Маълумот аз сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ташаккур барои ҳамкориҳои судманд.

16.07.2019 Баррасии масъалаҳои бахши хусусии бахши маориф

Дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони бахши хусусии соҳаи маориф мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Шерализода Ш. ифтитоҳ намуда, оид ба баргузории ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ аз 20 феврали соли 2019 ва баррасии масъалаҳои соҳаи маориф, нақши бахши хусусӣ дар рушди соҳаи маориф ва масъалаҳои соҳа ибрози назар намуд. Ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва дар ин замина лоиҳаи таклифу пешниҳодоти бахши хусусӣ вобаста ба он манзур гардид.

Сипас, ҳар як банди лоиҳаҳои нақшаи чорабиниҳо ва пешниҳодот ба он аз ҷониби иштироккунандагони мулоқот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, атрофи он табодули назар сурат гирифт.

Лоиҳа бо назардошти фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти бахши хусусии соҳаи маориф ба мақомоти дахлдор ирсол карда хоҳад шуд.

09.07.2019 Ҷаласаи машварати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии занони соҳибкори назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Санаи 5-уми июли соли 2019 соати 09:00 дар толори хурди Кумита ҷаласаи машварати Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии занони соҳибкори назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани семинар баррасии масъалаи амалигардонии марҳилаи дуюми лоиҳаи “Ислоҳоти фазои сармоягузорӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ” ва роҳандозии механизми арзёбии таъсири танзимкунии қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкории бонувон дар мақомоти давлатии дахлдор маҳсуб меёбад.

Дар ҷаласа аз ҷониби Гурӯҳи корӣ Роҳбари Гурӯҳи корӣ – Нигина Анварӣ ва аъзои он аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ аз ҷониби БАТР хонум хонум Харуми Тояма (мушовир оид ба масъалаҳои гендерии дафтари марказии БАТР дар Лондон) ва доктор Йоланда Гибб (коршиноси калони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ) ва иштирок карданд.

Аз ҷумла, дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

- Муайян намудани мақомоте, ки масъулиятро барои арзёбии таъсири танзимкунии қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ аз нигоҳи гендерӣ ба зимма мегирад;

- Ташаккули гуруҳи хурди корӣ барои таҳлил ва арзёбии сиёсат дар марҳилаи ибтидоии таҳияи он;

- Таҳияи лоиҳаи нақшаи амал бо дарназардошти механизми мониторинг, ки дар раванди амалигардонии лоиҳа (аз моҳи июли соли 2019 то моҳи марти соли 2020) ва марҳилаи минбаъда ба роҳ монда мешавад (он метавонад талаботи дахлдорро ба ҳисоботдиҳии давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии рушд ва нишондиҳандаҳои он дарбар гирад)

- Таҳия ва қабули Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Кумита, вазорату идораҳои аъзои Гурӯҳи корӣ, ва БАТР оид ба роҳандозии механизми арзёбии таъсири танзимкунии қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ аз нигоҳи гендерӣ, ки дар он ба таври дақиқ вазифа ва уҳдадориҳои ҳар як тарафи манфиатдор дарҷ мегарданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

08.07.2019 Конфронси байналмилалӣ «Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои бонувони соҳибкор дар Тоҷикистон»

Санаи 4-уми июли соли 2019 дар меҳмонхонаи Хилтон Душанбе дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои бонувони соҳибкор дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мақсад аз чорабинӣ муаррифии самараҳои Барномаи БАТР «Бонувон дар тиҷорат», ки моҳи сентябри соли 2017 ифтитоҳ гардина буд, маҳсуб меёбад.

Барномаи мазкур ба таъмини дастрасии васеи бонувони соҳибкор ба воситаҳои молиявӣ ва инчунин бизнес-машваратҳо барои мусоидат ба рушд ва баланд бардоштани рақобатпазирии фаъолияти соҳибкории онҳо равона карда шудааст.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қайд карданд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз аъзоёни фаъоли Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути амалигардонии барномаи мазкур Бонк ҳамчун шарики боэътимоди Ҳукумати кишвар ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти Гурӯҳи корӣ, яъне таъмини сарчашмаҳои молиявӣ ва тақвият бахшидани малакаҳои соҳибкории бонувони соҳибкор ба фаъолияти созандаи соҳибкорзанон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият ёфтани имкониятҳои иқтисодии онҳо мусоидати амиқ менамояд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ-аъзои Гурӯҳи корӣ, шарикони рушд, коршиносони байналмилалии Бонк аз кишварҳои хориҷӣ ва бахши хусусӣ, аз ҷумла манфиатбардорони Барномаи “Бонувон дар тиҷорат” иштирок варзида, оид ба самараҳо, таҷрибаи андухта, мушкилоти бамиёномада, роҳҳои ҳалли онҳо ва марҳалаи минбаъдаи татбиқи барнома бо васеъ намудани шумораи бонувони соҳибкори манотиқи гуногуни кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Дар хотимаи қисми расмии конфронс Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оғози марҳалаи дуюми Барномаи “Бонувон дар тиҷорат”-ро эълон карда, аз бонувони соҳибкори кишвар ва соҳибкорон муваффақ ба ҳайси менторон ва ментиҳо барои иштироки фаъол дар он даъват ба амал оварда шуд.

Инчунин кормандони фаъоли ташкилоти молиявии қарзие, ки дар марҳалаи аввали ин барнома иштирок карда, ба бонувони соҳибкор барои дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок мусоидат намуданд, бо раҳматномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

03.07.2019 Ставки налогов в Таджикистане будут снижены в частности, для частных учебных заведений от 18% до 5%

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, Председатель Консультативного совета по улучшению инвестиционного климата при Президенте Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на XIX сессии Консультативного совета от 20 февраля 2019 года поручил установить 5% налога для частного сектора в сфере образования.

В соответствии с подпунктом 5, пункта 3 Протокола № 1 / 22-4 министерству финансов было поручено в целях формирования устойчивой системы стимулирования инвестиций в дошкольное, среднее и начальное образование и средных профессиональных учреждений, принять меры по продлению срока действия упрощенной системы, т. е. установлению 5 процентов налога на добавленную стоимость.

Новые изменения охватили частных учебных заведений, строительства и сферы пищевой продукции.

Вопрос об упрощенном внедрении внедрения упрощенной системы, то есть 5% налога на добавленную стоимость для деятельности частного сектора в секторе образования, был рассмотрен и утвержден Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли 28 июня 2019 года.

Согласно новым изменениям, ставка налога для частных учебных заведений снизится с 18% до 5%.

В то же время:

Налоговая ставка для строительных компаний и общественного питания будет установлена до 7 процентов.

Напомним, что в рамках деятельности Консультативного совета, реформы по улучшению инвестиционного климата и развитию предпринимательства осуществляются регулярно.

02.07.2019 Вохӯрии Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабарти бо роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамгироии минтақавӣ

Тибқи дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 1 июли соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар доираи сафари расмии Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабарти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Бонк бо роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ташрифи Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабартиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид баромад намуда, қайд намуд, ки мо Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро яке аз шарики асосӣ ва боэътимоди худ мешуморем, ва миннатдории худро ба роҳбарияти бонк, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳор намуд.

Баъд аз суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабарти суханронӣ намуданд.


Дар чорабинӣ меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва бахши хусусию соҳибкорон иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор байни иштирокчиён баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият намуда истодааст.
Фаъолияти Бонк дар ҷумҳурӣ асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо нерӯи барқ, идоракунӣ ва сарфаи нерӯи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ, рушди соҳаи нақлиёт равона карда шудааст.
Ба ҳолати 1 июни соли 2019 маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфтаи Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии зиёда аз 840 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, ки аз ин 585 млн. доллари ИМА ба бахши давлатӣ ва беш аз 260 млн. доллари ИМА ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ, равона гардидааст.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва нақлиёт ба маблағи 521,7 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.
Инчунин, аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузории 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи 290,4 млн доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тариқи рушди бахши хусусӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат идома хоҳанд дод.

02.07.2019 Дар Тоҷикистон фоизи андозҳо коҳиш меёбад бахусус, барои муассисаҳои таълимии хусусӣ аз 18% то 5%:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ХIХ Шӯрои машваратӣ аз 20 феврали соли 2019 супориш доданд, ки барои муассисаҳои таълимии бахши хусусӣ дар соҳаи маориф фоизи андоз то 5% муқаррар карда шавад.

Дар ин замина тибқи зербанди 5, банди 3 протоколи №1к/22-4, ҷаласаи мазкур вазорати молия вазифадор гардид, ки бо мақсади фаъол гардонидани бахши хусусӣ дар соҳаи маориф доир ба ташаккули низоми устувори ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин ҷиҳати тамдиди муҳлати татбиқи низоми соддаркардашуда, яъне пардохти 5 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда барои фаъолият дар ин самт чораҷӯӣ намояд.

Тағйироти нав ба андозаи муассисаҳои таълимии хусусӣ, сохтмон ва саноати хӯрокворӣ вобастаанд.

Масъалаи тамдиди муҳлати татбиқи низоми соддаркардашуда, яъне пардохти 5 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда барои фаъолияти бахши хусусӣ дар соҳаи маориф санаи 28 июни соли 2019 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардида, маъқул дониста шудааст.

Мувофиқи тағйироти нав, меъёри андоз барои муассисаҳои таълимии хусусӣ аз 18% то 5% коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамзамон:

Нишондиҳандаи андоз барои ширкатҳои сохтмонӣ ва хӯрокворӣ 7 фоизро ташкил хоҳад дод.

Ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ идома дорад.

28.06.2019 Татбиқи боз як иқдоми Шӯрои машваратӣ

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»-ро ба имзо расониданд.

Қобили қайд аст, ки тибқи банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуда буд, ки:

- якҷо бо вазорату идораҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибкорон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти ҳунармандӣ» таҳия ва ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд.

Дар ин замина зимни таҳияи лоиҳаи қонун барои соқит намудани калимаи “фаъолияти” мувофиқи мақсад дониста шуд ва Котиботи Шӯрои машваратӣ таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳунармандӣ”- ро 28 июли соли 2017 ба анҷом расонида ва аз ҳамин сана дар сомонаи Котибот: www.investmentcouncil.tj ҷойгир намуд.

Лоиҳаи қонун минбаъд дар якчанд ҷаласаю мулоқотҳо бо ҳунармандону коршиносон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо протоколҳо тартиб дода шуд ва якҷо бо лоиҳаи қонун 16 феврали соли 2018 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар ин замина ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли ҷорӣ барои таъсиси Гурӯҳи корӣ ва таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» супориш дода шуда буд.

Кабл аз баимзорасонӣ лоиҳа имсол дар Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

26.06.2019 Мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ

Нимаи аввали имрӯз дар идораи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони бахши хусусии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро бо пазироии иштироккунандагон, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ш. Шерализода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин мулоқоту ҷаласаҳо ҷиҳати дастрас намудани пешниҳодоти бахши хусусӣ, баррасӣ ва мусоидат ба ҳалли онҳо супоришҳо додаанд.

Дар ин робита, супоришҳои XIX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба дастрас намудани пешниҳодоти бахши хусуcӣ, омӯзиш ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳо дар фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ёдрас карда шуд.

Дар ин замина ва дар доираи фаъолияти худ, Котиботи Шӯро баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони бахши хусусии самтҳои гуногун ба нақша гирифтааст, ки мулоқоти навбатӣ идомаи чунин иқдом ба ҳисоб меравад- қайд намуд, Ш. Шерализода.

Роҳбари Котиботи Шӯро, инчунин зербанди 1, банди 8 супориши протоколии ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ тазаккур дода, иброз дошт, ки ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис диҳад ва таҳлили масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузориро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ омода намуда, ба ҷаласаи навбатии Шӯро бо тавсияҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Дар ин робита, якчанд мукотиба бо Хадамоти алоқа, аз ҷумла мактуби Котибот барои ба гуруҳи корӣ ворид намудани намояндагони бахши хусусӣ аз 30 майи соли 2019 ёдрас гардид.

Иштироккунандагон нақши Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бахусус ҷаласаи 10-уми онро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки давраи минбаъда дар як марҳилаи муайян ҷумҳурии моро ба яке аз давлатҳои пешрафта дар соҳа табдил дод.

Зимни баромадҳо иштироккунандагони нишаст оид ба вазъи кунунӣ, мушкилоту монеаҳо, таъмини воқеии ҷанбаҳои бехатарии соҳа, андозбандӣ, танзимнамоӣ, нақши ТИК дар рушди маориф, иқтисодиёти рақамӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт, ташаккули ҳукумати электронӣ, таҳкими инфрасохтори соҳа, имконият ва зарурати ҳалли онҳо мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст, Роҳбари Котибот Ш. Шерализода дар муҳлатҳои наздиктарин таҳия намудани лоиҳаи масъалаҳои ҳисоботи таҳлилиро аз нигоҳи бахши хусусӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд ва изҳори итминон намуд, ки онҳо дар омода намудани санадҳои дахлдор, инчунин аъзои гуруҳи корӣ дар баррасию манзур намудани пешниҳодот дар ҷаласаҳои корӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

18.06.2019 Баррасии масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ дар Форуми байналмилалӣ

Тавре маълум аст, 14 июни соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – Кӯлоб 2019 баргузор гардид. Кори Форум дар 4 панел гузаронида шуда, аз ҷумла кори панели якум ба мавзӯи “Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноатию инноватсионии иқтисодиёти миллӣ” бахшида шуд. Дар он намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти далатӣ, бахши хусусӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Раисикунанда, Шерализода Шараф, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ нахуст иштироккунандагонро ба кори панели якуми форум хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар даврони истиқлолият дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд.

EF3B3319-158D-4402-A322-A900E516B4F5.jpeg

Вобаста ба ин, як қатор тадбирҳои дар ин самт андешида ва нақшаҳои зерин ёдрас карда шуд:

- тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидани ҳаҷми дурнамои воситаҳо аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузориҳо, аз 118,1 млрд. доллари ШМА 54,7 млрд. доллари ШМА (46,3 фоиз)-и он ба бахши хусусӣ марбут будан;

- тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 тибқи санадҳои барномавӣ то соли 2020 ду баробар