Дастовардҳои асосии Шӯро

Оғози расмии фаъолияти Маркази “Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Аз 16 декабри соли 2019, №212/1

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба озод гардидани бонувони соҳибкор аз андозбандӣ дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд” аз 30 ноябри соли 2019, №605

Қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ “Дар бораи ҷорӣ намудани рақами кадастрии молу мулки ғайриманқул барои муттаҳид сохтани махзани маълумотҳои он” аз 13 июни 2019, №77

Фармоиши КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» оид ба Дастурамал дар бораи ҷорӣ намудани стандартҳои пешниходи хизматрасонӣ оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва механизмҳои алоҳидаи шикоят аз 28 июни соли 2019, №207

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ” ва “Номгӯи ашёи хоми дар кишвар истеҳсолшаванда” аз 22 июни соли 2019

Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” аз 8 октябри соли 2019. Тибқи он, воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод гардид.

Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ҷиҳати аз байн бурдани такроршавии мавзӯъ ва масъалаҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ ва дар ин замина кам кардани санҷишҳо аз 20 июни соли 2019, №1624

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук вобаста ба пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба соҳаи моҳипарварӣ, ки барои соҳаи парандапарварӣ татбиқ мешаванд, таҳия ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумат аз 20 июни соли 2019

Нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ барои солҳои 2019-2021 аз 31 майи соли 2019, №271

Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, ки аз 2 майи соли 2019, №223


Манбаъҳои муфид