Ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои Машваратӣ

27.05.2013

Рӯзномаи ҷаласа

1. Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.

2. Масъалаи ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар таҳрири нав.

4. Ахбороти Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

5. Пешниҳоди масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратӣ.

- Идомаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ дар заминаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ;

- Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши фаъолияти суғуртавӣ.

Аъзои доимии Шӯро:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов
Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби масъули Шӯро) Давлаталӣ Саидов
Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев
Аъзои муваққатии Шӯро:
Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром
Муовини Роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон Николас Гюгас
Директори кулли ҶСШК «НБО Сангтуда -1» Павел Лавров
Директори кулли ҶСШК «Помир Энерҷӣ» Далер Ҷумаев
Роҳбари Иттифоқи ассосиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд Маъсуда Тюряева
Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров
Роҳбари ҶДММ «Кафолат» Музаффар Саймудинов
Роҳбари ҶДММ «К.Даврон» Баҳром Рустамов
Шахсони даъватшуда:
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов
Роҳбари ҶДММ «Кафолат» Музаффар Саймудинов
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Менглиев
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Зарипов
Мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов
Роҳбари Ассосиатсияи Маркази дастгирӣ ва рушди ассосиатсияҳои Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов
Роoбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марша Олив
Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауер
Роҳбари Намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор Ари Айзен
Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Миллер
Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си. Си. Ю
Роoбари Намояндагии Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байнамилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэти Макдоналд
Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер
Роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкориҳои Шветсария дар Тоҷикистон Питер Микула
и.в. Роҳбари Бюрои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ханс Петер Ларсэн
Файл:
  Загрузить

30 апрели соли 2013, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа Сарвазири мамлакат, аъзои нави Шӯро аз ҷониби шарикони рушд ҷаноби Эдуард Ауер – Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ҷаноби Кристофер Миллер – Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов оид ба натиҷаҳои мониторинги ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки қарорњои қабулнамудаи ҷаласаҳои нуҳум ва даҳуми Шӯрои сармоягузорӣ оид ба ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, соддатар намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ равона шудаанд.

Бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳо идома доранд. Аз ҷумла лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи муайян намудани Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардида баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои сармоягузорӣ, директори кулли ширкати “Помир Энерҷӣ” – Далер Ҷумаев ва Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон – Улф Ҳиндстром баромад намуданд.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки вобаста ба муроҷиати соҳибкорон оид ба таъсири Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодии мамлакат таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронида аз натиҷааш ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро ахборот манзур намояд.

Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” кӯмакҳои ҳамаҷониба намоянд.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур Фарҳод Акбаров – Роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва Кристофер Миллер – Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баромад намуданд.

Нисбати масъалаи сеюми ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аз ҷониби Файзалӣ Раҷабов – аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун, Роҳбари Ассосиатсияи “Маркази инкишоф ва дастгирии ассосиатсияҳои Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуд. Инчунин баромади Роҳбари Намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Штефан Эрбер шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Сарвазири ҷумҳурӣ қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии татбиқи қонуни мазкур таъмини асосҳои ҳуқуқии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он шаклу усулҳои ҳавасмандагардонию танзими давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Фархор шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ин замина, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро, ахбороти Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Қодири Қосим оид ба фаъолияти Шӯрои минтақавӣ ва вазъи феълии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят шунида шуд.

Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нусратулло Давлатов, Раиси Бонки миллӣ – Абдуҷаббор Ширинов, Роҳбари Намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон – Ари Айзен ва Роҳбари Иттифоқи ассосиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд – Маъсуда Тюряева иштирок намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Сарвазири Ҷумҳурии ТоҶикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда супоришҳои дахлдор дода шуд.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли босуръати масъалаи раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оиди барасмиятдарории (легализатсияи) ҳуҷҷатҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Инчунин аз ҷониби Сарвазири кишвар супориш дода шуд, ки ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро натиҷаҳои таҳлил вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва идомаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ ва заминаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ пешниҳод карда шаванд.

Протоколи ҷаласа



Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид