05-09-2013

Мулоқоти навбатии кормандони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо мушовири бахши беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ Филип Ридл

Имрӯз 5 сентябри соли 2013 миёни Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуҷаборов - мушовири калони иқтисодӣ, Дилшод Одинаев –мушовири иқтисодӣ ва Филип Ридл мушовири ширкати “VSO International” мулоқоти кории ғайрирасмиӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ ва зергуруҳҳои он, инчунин қадамҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баъди анҷом ёфтани сафарҳои зергуруҳҳои гуруҳи корӣ оид ба раводид ва бақайдгирӣ ва зергуруҳи корӣ оид ба маълумот ва омор ҳисобот ва тавсияҳои мушаххас вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ барои минбаъд пешниҳод намудан ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ таҳия ва омода менамоянд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид