19-09-2013

Мулоқоти Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Кристофер Миллер - Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 19 сентябри соли 2013 миёни Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кристофер Миллер - Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Зимни вохӯрии мазкур масоили ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба татбиқи ислоҳотҳои дар доираи Шӯро гузаронидашуда, аз ҷумла соддагардонии расмиёти ҳуҷҷатҳои сармоягузорон, рушди бахши сайёҳӣ ва “Пешбурди соҳибкорӣ” мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ҷавоб ба дархости Завқиҷон Завқиев Кристофер Миллер изҳори омодагӣ намуд, ки ба масъалаҳои дастгирии гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Пешбурди соҳибкорӣ” ва маблағгузории сомонаи Котиботи Шӯрои машваратӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд ҳам ҳамкориҳои муфидро идома медиҳанд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид