20-09-2013

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо доктор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳӣ

Рӯзи 20 сентябри соли 2013 мулоқоти дуҷонибаи Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо профессор Филипп Ридл – мушовири байналхалқӣ оид ба бахши сайёҳӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрии мазкур мавзӯи сафарҳои зергуруҳҳои гуруҳи корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Натиҷаи сафарҳои зергуруҳи гуруҳи корӣ оид ба раводид ва бақайдгирӣ ба Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва сафари зергуруҳи гуруҳи корӣ оид ба маълумот ва омор ба Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёбӣ гардида, ҷонибҳо ба нақша гирифтанд, ки ҳафтаи оянда вохӯриҳои алоҳидаи ҳар як зергуруҳ баргузор гардида, дар онҳо тавсияҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта муҳокима гарданд.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки якҷо таҳлили вазъи сармоягузориро дар бахши сайёҳӣ бо тавсияҳои муштарак таҳия менамоянд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид