20-11-2013

Мулоқоти кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Ива Хамил- мутахассиси Корпоратсияи Байналмиллалии Молиявӣ

Имрӯз, 20 ноябри соли 2013 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти кормандони Котибот бо Ива Хамил - мутахассиси Корпоратсияи Байналмиллалии Молиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Роҳбари Котибот- Завқиҷон Завқиев оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ гуфтугӯ намуда, барои гирифтани фикру пешниҳодоти мутахассис Нақшаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мутахассис фикру пешниҳодҳои худро нисбати ин Нақшаи чорабиниҳо иброз намуда қайд кард, ки диққати асосӣ ҳангоми таҳияи он бояд, на ба баланд кардани нишондиҳандаҳои мамлакат дар Ҳисоботи “Пешбурди Соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, балки ба такон бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат равона карда шавад.

Дар охир ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории самаранок дар дигар самтҳои мухталиф ва имконпазир омодагии худро баён намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид