09-02-2013

Меморандуми ҳамкорӣ миёни Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо(САҲА) ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7-уми феврали соли 2013 Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА аз ҷониби Раиси Кумита Саидов Д.Ш ва муовини роҳбари САҲА Ларсен Х.П. ба имзо расид.

Дар маросими баимзорасии Мемарандуми мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Завқиҷон Завқиев низ ҳузур доштанд.

Мувофиқи меморандуми мазкур ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар минтақаи Рашт (Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара) таъсис дода шуд, ки дастгирии техникии онро ҷониби САҲА ба ӯҳда гирифт.

Мақсад аз таъсис додани Шӯрои машваратии мазкур мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид